Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Расадхонаи шаҳри Теҳрон

Боздид аз Расадхонаи шаҳри Теҳрон Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боздид ба Расадхонаи шаҳри Теҳрон ташриф оварданд. Расадхонаи шаҳри Теҳрон дар ҳудуди маҷмааи Бурҷи милод ҷойгир буда, маркази бузурги маълумотҷамъоварии идоравӣ барои ниҳодҳои давлатии шаҳр, аз ҷумла аъзои Шӯрои шаҳри Теҳрон мебошад. Дар маркази мазкур маълумот бо истифода аз аксҳои фазоии шаҳрдории Теҳрон, харитаи сеандозаи Теҳрон, системаи харитасозии Теҳрон, инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаи шаҳрӣ таҳия ва пешниҳод мегардад. Тамоми маълумотҳо оид ба шаҳри Теҳрон дар як нуқта мутамарказ шуда, ба таври онлайн ҷамъоварӣ ва мавриди…

Боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон

Боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон Дар идомаи рӯз дар ҳошияи барномаи сафари расмӣ  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон дар шаҳри Теҳрон боздид ба амал оварданд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Хонаи навовариҳои технологии Эрон марказест, ки дар он навтарин дастоварду маҳсулоти илмӣ ва нанотехнологии Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, вояҳои чорво ва парранда, доруҳои растанӣ ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шудааст. Зикр гардид, ки ниҳоди…

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Худи ҳамин рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти  Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ расонданд. Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз…

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳо

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳо 8 январ дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд. Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона хайрамақдам гуфт. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси…

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф     4 январи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:     «Муҳтарам ҷаноби Раис, Дар робита бо ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон ба Шумо ва кулли мардуми Эрон ҳамдардии амиқи худро баён менамоям. Ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».