Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Сокинони ватандӯсти пойтахт! Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳ ҳамаи шумоёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон – ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик ва муборакбод мегӯям. Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки мардуми шарафманди мо ҳамасола онро 9 сентябр бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил менамояд, санаи муқаддасу сарнавиштсоз ва рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, озодӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Истиқлолият бузургтарин неъмати миллӣ, пояи ҳастии давлати соҳибихтиёр, кафили ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ роҳи пурифтихор, вале ҳамзамон пур аз озмоишу мушкилоти таърихӣ буд. Ҷанги…
