Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ…

Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид. Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии…

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи даъвати иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 11 апрели соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 3 апрели соли 2025 №1016

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос Муҳтарам устодон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ! Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти олии омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилии мамлакат самимона табрик мегӯям. Ифтитоҳи ин иншоот, ки дар арафаи таҷлили ҷашни  30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Рӯзи милитсияи тоҷик сурат мегирад, нишонаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мебошад. Дар остонаи ҷашни 30-солагии Конститутсия оғоз гардидани фаъолияти чунин муассиса басо…

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мулоқоти имрӯзаи мо дар даврае баргузор мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи омодагӣ ба таҷлили яке аз санаҳои воқеан таърихӣ – 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор доранд. Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар гардида истодааст. Дар ҷараёни сафари кории худ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят мо даҳҳо иншооту биноҳои навбунёдро, ки натиҷаи ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва…

Суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ

Суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ Муҳтарам ҷаноби Раис, Ҳозирини гиромӣ, Дар оғози сухан ҷаноби Филемон Янгро ба муносибати интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям. Ҳамчунин, ба ҷаноби Деннис Фрэнсис барои фаъолияти самарабахш дар мақоми Раиси Иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милал арзи сипос менамоям. Ҳозирини гиромӣ, Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Дар ин зимина, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи…

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ Ҳамватанони азиз! Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад. Тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди ин санаи таърихсоз самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон амнияту оромӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям. Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин…

Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар Муҳтарам олимону донишмандон! Ҳозирини гиромӣ! Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид. Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем. Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари…

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Ҳамватанони азиз! Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям. Дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад. Дар арафаи ид…

Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

Номаи табрикотӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям. Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу…