Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ (CIDCA) Чэн Сяодун, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд. Дар оғоз ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби…

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули назар анҷом доданд. Аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои амалии Фонди рушди Саудӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои молиявии саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтории Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, гидроэнергетика, захираҳои…

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони гиромӣ! Сокинони меҳанпарвари пойтахт! Бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27 июн дар саросари мамалакат ҷашн гирифта мешавад, самимона муборакбод мегӯям. Ин санаи муҳиму таърихӣ таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти бузурги шаҳрвандон дар роҳи ҳифз ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.  Маврид ба зикри хос аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мардуми сарбаланди кишвар ба даст омадааст. Маҳз ҳамин арзишҳо барои…

Маросими пушидашавии Форуми XI – уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим” маросими пушидашавии Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» доир гардид. Дар маросим муовини Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ғафурзода Абдухалил ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкиливу муҳтавои баргузор намудани Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» изҳори сипос карда шуд. Гуфта шуд, ки дар ҷараёни Форум кӯдакон аз фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои кишварҳои иштирокчӣ баҳравар шуданд, ки барои тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод муҳим…

Изҳори ҳамдардии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинобар марги фоҷиавии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти фоҷиабори муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва фарзанди хурдсолаш ҷони худро аз даст доданд, сахт андӯҳгин мебошад.Ба аҳли хонавода, пайвандону наздикони марҳумон, инчунин ба роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамдардии самимӣ ва тасаллияти амиқи худро иброз менамояд.Мирзонабот Алишер Худобердӣ 26 августи соли 2022 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб гардида, дар вазифаи…

Маросими оғози расмии Форуми XI – уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Қасри Арбоб

Имрӯз дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Бонки миллии Тоҷикистон ва меҳмонону иштирокдорон маросими расмии оғози Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид. Нахуст паёми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ва дигар роҳбарони парламентҳои давлатҳои иштирокчӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Сипас, бо иштироки сардорони ҳайатҳо ва пахши тугмаи рамзӣ ба кори Форум оғози расмӣ дода шуд. Ҳадафи баргузории Форум муколамаи…

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 46 масъала қабул намуданд. Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия…

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 47 масъала баррасӣ гардид. Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва «Дар…

Форуми XI – уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Аз 15 то 24 июни соли 2026 дар мувофиқа бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо пешниҳоди Котиботи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар Форум намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Туркманистон иштирок менамоянд. Форуми мазкур дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шоҳин” воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардида, дар доираи он беш аз сӣ чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.  Дар ҷараёни Форум кӯдакон бо таъриху фарҳанг ва…

Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъват намудани иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Дар бораи даъват намудани иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум   Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қ а р о р   м е к у н а м: Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 16 июни соли 2026, соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.   Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ     ш. Душанбе, 5.06 соли 2026, №11