Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор шуд.
Аъзои кумита шаш масъала – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам»-ро баррасӣ намуда, хулосаҳои дахлдорро ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.