Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ҷаласа баргузор шуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» баррасӣ ва хулосаҳои дахлдорро ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.