Муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу,
Шуморо бо иди миллӣ – Рӯзи истиқлолияти Қирғизистон самимона табрик мегӯям.
Ин рӯзи пурарзиш чун марҳилаи нав дар таърихи Қирғизистон ба таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва рушди пайвастаи иҷтимоию иқтисодии кишвар асос гузошт.
Итминон дорам, ки минбаъд низ муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳои мо, ки ба риштаҳои неки ҳамсоягӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд, аз ҷумла тавассути тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба нафъи давлатҳо ва халқҳоямон мунтазам таҳким хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ комёбиҳо ва ба мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.
Бо эҳтиром,
Рустами Эмомалӣ
