Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Сагатханулӣ Ашимбаев

Муҳтарам Маулен Сагатханулӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон пазиро бошед.

Қабули Конститутсия заминаи мустаҳками ҳуқуқии ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқӣ гардид, ки самтҳои стратегии рушди устувори Қазоқистон, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва ҳифзи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян мекунад.

Итминон дорам, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки чандинасраи Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байнипарламентӣ минбаъд низ дар руҳияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ пайваста таҳким меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Маулен Сагатханулӣ, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ комёбиҳои нав ва ба халқи бародари Қазоқистон сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Бо эҳтиром

Рустами Эмомалӣ