Муҳтарам Танзила Камаловна,
Шуморо бо иди миллӣ – Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мегӯям.
Ин рӯзи фархунда дар таърихи навини кишвари Шумо марҳилаи муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ гардид.
Итминон дорам, ки минбаъд низ муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба арзишҳои муштараки таърихию маънавии халқҳоямон асос ёфтаанд, аз ҷумла ба василаи ҳамкориҳои фаъоли байнипарламентӣ, пайваста таҳким меёбанд.
Ба Шумо, муҳтарам Танзила Камоловна, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ комёбиҳои минбаъда ва ба халқи бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно дорам.
Бо эҳтиром,
Рустами Эмомалӣ
