Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам Сагиба Алӣ гизи,
Шуморо бо иди миллӣ – Рӯзи Конститутсия табрик мегӯям.
Қабули Қонуни асосӣ қадами муҳим дар таҳкими давлатдории Озарбойҷон, бунёди заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин таъмини пешрафти устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
Мо ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории созандаи байнипарламентии байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки бар асоси шарикии стратегӣ ва эътимод асос ёфтаанд, арҷ мегузорем. Итминон дорам, ки ин робитаҳо ба манфиати рушди минбаъдаи кишварҳои мо боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт.
Ба шумо, муҳтарам Сагиба Алӣ гизи, дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу осоиштагӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Бо эҳтиром,
Рустами Эмомалӣ