Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам Дунягозел Акмухаммедовна,

Шуморо бо  иди миллӣ – Рӯзи истиқлолияти Туркманистон самимона табрик мегӯям.

Бо хушнудӣ сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро, ки ба арзишҳои муштараки фарҳангӣ, принсипҳои ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст, таъкид менамоем.

Итминон дорам, ки ҳамкориҳои байнипарламентии мо минбаъд низ бемайлон инкишоф ёфта, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Ба Шумо муҳтарам Дунягозел Акмухаммедовна, саломатии қавӣ, дар кори пурмасъулатон комёбиҳои минбаъда ва ба мардуми бародари Туркманистон сулҳ, некуаҳволӣ ва шукуфоиро таманно дорам.

Бо эҳтиром,

Рустами Эмомалӣ

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон