Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам Ален Робертович,
Шуморо бо иди миллӣ – Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям.
Мо ба робитаҳои созандаи байнипарламентии кишварҳоямон баҳои баланд дода, итминон дорем, ки рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳоямон мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Ален Робертович, саломатии қавӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ муваффақият ва ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.
Бо эҳтиром,
Рустами Эмомалӣ