Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаноби Олӣ,

Шарафёбам аз номи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик намоям.

1 октябр дар таърихи Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи сарнавиштсоз ба шумор рафта, он ба давраи нави рушду нумуи кишвари Шумо ибтидо гузошт. Чин дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ ба рушди бесобиқаи иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, бо пешбурди бомуваффақонаи сиёсати байналмилалӣ ба яке аз давлатҳои пешқадамтарини ҷаҳон табдил ёфт.

Мо робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Чинро, ки ба усулҳои неки ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва дастгирӣ асос ёфтаанд, қадр мекунем. Итминон дорам, ки хамкориҳои байнипарламентии кишварҳои мо минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар густариш хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Раис, саломатии қавӣ, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои нав ва ба мардуми бародари Чин шукуфоиву рушди баъдиро орзумандам.

Бо эҳтиром,

Рустами Эмомалӣ

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон