Амонзода Илҳом Темур

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Соли  таваллуд: 8 декабри соли 1970

Ҷои таваллуд: ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм  кардааст.

Ихтисос: технологияи мошинсозӣ, муҳандис-механик

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1994-1998 — ассистенти кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 1998-2001 — аспиранти кафедраи технологияи масолеҳҳои конструксионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 2001-2002 — муаллими калони кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 2002-2003 — мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 2003-2008 — сардори Идораи таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 2008-2011 — муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 2011-2013 — декани факултети механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 2013-2014 — сардори идораи таълимию – методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 2014-2016 — муовини ректор оид ба корҳои илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Аз 11 июли  соли 2016 то инҷониб ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.
ШАРИКОН: