Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»
Соли таваллуд: 11 январи соли 1970
Ҷои таваллуд: шаҳри Хоруғ
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1992 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: муаллимаи фанни таърих
Донандаи забони русӣ ва англисӣ
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019)
Оиладор, соҳиби соҳиби 2 фарзанд.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Соли 1992 — омӯзгори фанҳои таъриху ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи №10-и шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 1992 — 1995 — омӯзгори фанни таърих дар мактаби миёнаи №9-и шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 1995-2005 — омӯзгори фанни таърих дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №8-и шаҳри Хоруғ;
- Соли 2005 омӯзгори фанҳои таъриху ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи №7-и шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 2009-2013 — ҷонишини директор оид ба корҳои таълим дар мактаби миёнаи №7-и шаҳри Хоруғ;
- Соли 2013 омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ;
- Соли 2014 ҷонишини директор оид ба корҳои таълими Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ;
- Аз соли 2017 то инҷониб директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» мебошад.