Мӯъминова Фирӯза Исроиловна

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истравшан

Соли таваллуд: 29 ноябри соли 1974

Ҷои таваллуд: шаҳри Истаравшан

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 2012  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм кардааст.

Ихтисос: омӯзгор, (педагогика ва методика)

Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро медонад.

Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1992-1995 — котиби коргузори созмони ҷавонони шаҳри Ӯротеппа;
  • Солҳои 1996-1997 — котиба-коргузори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи В.Чапаеви шаҳри Ӯротеппа;
  • Солҳои 1998-2017 — омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6;
  • Солҳои 2008-2012 — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров;
  • Аз ноябри соли 2017 то инҷониб мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мебошад.
ШАРИКОН: