Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»
Соли таваллуд: 13 декабри соли 1974
Ҷои таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва соли 2013 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: Забон ва адабиёти тоҷик, ҳуқуқшинос
Номзади илмҳои филологӣ
Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро (бо луғат) медонад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Оиладор.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1991-1996 — донишҷӯи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
- Солҳои 1997-2006 — аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сармуаллимаи донишгоҳи мазкур;
- Солҳои 2006-2009 — мудири шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
- Солҳои 2009-2014 — ноиби ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
- Солҳои 2014-2017 — директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
- Аз моҳи январи соли 2017 то инҷониб директори муассисаи давлатии таълимии «Макттаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бустон» мебошад.