АҲМАДЗОДА Раҷаббой

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АҲМАДЗОДА Раҷаббой  

* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 интихоб шудааст, аз 7 марти соли 2018 дар мансаби раиси вилояти Суғд кор мекунад.

* Соли таваллуд: 16 сентябри соли 1971        * Ҷойи таваллуд: шаҳри Хуҷанд

* Миллат: тоҷик                                              * Таҳсилот:  олӣ

* Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон (рӯзона), соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм кардааст.

* Ихтисос: муҳандис-технолог, иқтисодчӣ

* Унвони илмӣ: надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони  халқи вилояти Суғд, даъвати шашум (солҳои 2020-2025)

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2011, №1133 ва Ордени Шараф дараҷаи 1  соли 2017, №907

* Вазъи оилавӣ:  оиладор, соҳиби 4 фарзанд

* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои 1993-1994- Муҳандис-технологи сехи шишабарории заводи «Лаъл», шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1994-1995- Муовини сардори заводи «Сангбурӣ», шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1995-1998- Сардори идораи робитаҳои иқтисоди берунии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпром-стройматериал»,  шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1998-2000- Муовини директори генералии ҷамъияти саҳҳомии  «Ленинободпромстройматериал», шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2000-2005- Директори генералии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал», шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2005-2007- Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд
Солҳои 2007-2009- Директори генералии корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2009-2011- Раиси шаҳри Гулистон (собиқ шаҳри Қайроққум)
Солҳои 2011-2012- Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2012-2016- Раиси шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2015-2016- Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум (аъзои Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология)
Солҳои 2016-2018- Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2018 (01-03)- Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд
Аз 7 марти соли 2018 — Раиси вилояти Суғд
Аз 27 июли соли 2018 то 17 апрели соли 2020 — Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати панҷум, солҳои 2015-2020 дар ҷараёни даъват интихоб шуда буд)
Аз 17 апрели соли 2020 — Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум, солҳои 2020-2025)
ШАРИКОН: