Низом Қосим

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Соли таваллуд: 16 сентябри соли 1958

Ҷои таваллуд: шаҳри Бохтар

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: филолог-журналист

Донандаи забони русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Бо медали «Хизмати шоиста» (2001), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2006), медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2014), Ҷоизаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои Иттиҳод» (2017), ордени «Меҳнат шуҳрати» (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2018) сарфароз гардонда шудааст.

Дорандаи мукофотҳои соҳавии Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) ва Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1974-1979 — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1979-1980 — хабарнигори рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»;
  • Солҳои 1980-1984 — мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»;
  • Солҳои 1984-1986 — корманди Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
  • Солҳои 1986-1988 — ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ»;
  • Солҳои 1988-1992 — мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»
  • Солҳои 1995-2004 — муҳаррири шуъбаи рӯзномаи «Садои мардум»;
  • Солҳои 2004-2006 — муҳаррири варзидаи нашриёти «Адиб»;
  • Солҳои 2006-2010 — директори Телевизиони «Баҳористон»;
  • Солҳои 2010-2015 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 30 июни соли 2015 то инҷониб  раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

 

ШАРИКОН: