Одилбекова Лола Қиёбековна

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Соли таваллуд :  13 апрели 1964

Ҷои таваллуд: ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод)

Миллат: тоҷик

Таҳсилот : олӣ

Соли 1986 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Ихтисос: филолог-муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (2015-2020)

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1986-1990 — муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №4 ба номи Т. Собирови шаҳри Ваҳдат;
  • Солҳои 1990-1991 — муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №37 ба номи А.Мироненкои шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1991-2001 — ҷонишини директор оид ба кори таълиму тарбия дар мактаби миёнаи №37 ба номи А.Мироненкои шаҳри Душанбе;
  • Аз моҳи апрели соли 2001 то августи  2001 — мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Фрунзе (ҳозира Сино)-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2001-2003 — ҷонишини директор оид ба кори таълиму тарбия дар гимназияи М.Муродови шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2003-2005 — ҷонишини директор оид ба кори таълиму тарбия дар мактаби миёнаи №67-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2005-2008 — директори гимназияи “САРПАРАСТ”  дар шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2008-2010 — директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №33 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2010-2011 — директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №66-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2011-2012 — директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №33-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2012-2017 — директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
  • Аз 15.03.2017 то инҷониб мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебошад.
ШАРИКОН: