Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Соли таваллуд: 7 декабри соли 1985
Ҷои таваллуд: шаҳри Кӯлоб
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2006 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
Самти фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи инсон ва падидаҳои ба он алоқаманд
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 2006-2012 — ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ;
- 19.05.2012-09.02.2012 — муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ;
- 09.02.2012 — 07.05.2014 — муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои таълим;
- 12.05.2014-27.07.2015 — муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 27.07.2015 — 25.02.2016 — мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Аз 01.03.2016 то инҷониб декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.