Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб»
Соли таваллуд: 17 марти соли 1972
Ҷойи таваллуд: шаҳри Кӯлоб
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст.
Ихтисос: муаллимаи забон ва адабиёти рус
Донандаи забони русӣ
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1989-1994 — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб;
- Солҳои 1994-1996 — омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №28-и шаҳри Кӯлоб;
- Солҳои 1996-1997 — ҷонишини директори мактаби таҳсилоти умумии №28-и шаҳри Кӯлоб;
- Солҳои 1997-2004 — директори мактаби таҳсилоти умумии №15-и шаҳри Кӯлоб;
- Солҳои 2004-2006 — мураббии кӯдакистони №18-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2006-2009 — мураббии кӯдакистони №126-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2009-2010 — мудири кӯдакистони №127-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2010-2011 — муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
- Аз 02.соли 2010 — мутахассиси пешбар ва муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Солҳои 2011-2015 — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2015-2017 — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2017 то 11. 04. 2018 — муовини аввали директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Аз 11 апрели 2018 то инҷониб директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» мебошад.