Раҷабзода Ҳусния

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси ноҳияи Мурғоб

Соли таваллуд: 24 июни соли 1982

Ҷои таваллуд: ноҳияи Мурғоб

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, магистр аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ

Донандаи забонҳои русӣ, қирғизӣ ва англисӣ (бо луғат)

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мурғоб

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1999-2004 — донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2004-2006 — омӯзгори мактаби миёнаи №14-и ба номи С.Сайниев;
  • Соли 2006 (06-10) — мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб;
  • Солҳои 2006-2007 — сармутахассиси кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб;
  • Солҳои 2007-2008 — мутахассиси бахши назорати дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб;
  • Соли 2008 (02-03) — сармутахассиси бахши маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб;
  • Солҳои 2008-2010 — мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи     Мурғоб;
  • Соли 2011 (01-12) — магистранти Донишкадаи такмили ихтисоси хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2011-2013 — мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб;
  • Солҳои 2013-2020 — муовини раиси ноҳияи Мурғоб;
  • Аз моҳи марти соли 2020 то инҷониб раиси ноҳияи Мурғоб мебошад.
ШАРИКОН: