Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Соли таваллуд: 1 январи соли 1966

Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1989 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Ихтисос: духтури муолиҷавӣ

Доктори илмҳои тиб аз соли 2007

Забонҳои русӣ (дараҷаи олӣ) ва англисиро (сатҳи миёна) медонад.

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • 1983-06.1989 — донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 08.1989-08.1990 — духтур-интерни шуъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб;
  • 08.1990 — 06.1991 — духтур-ҷарроҳи беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб;
  • 07.1991-10.1993 — ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 08.1995-10.2001 — духтур-ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи клинкии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе, Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 10.2001-09.2003 — ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 09.2003-08.2007 — дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 09.2005-02.2009 — декани факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 03.2008-то ҳол — профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 02.2009-09.2009 — декани факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 09.2009-02.2016 — муовини ректор оид ба илм ва нашрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • 02.2016 то инҷониб ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.
ШАРИКОН: