Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директори  неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев

Соли таваллуд 5 октябри соли 1959

Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1982 Техникуми барқӣ-сохтмонии шаҳри Норакро (шабона),  соли 2004 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро (ғоибона)  хатм кардааст.

Ихтисос: техник-гидротехник, муҳандис — барқкор

Донандаи забон русӣ

Соли 1998 бо медали «Хизмати шоиста» ва соли 2013 бо ордени «Шараф»  дараҷаи 2 сарфароз гардонда шудааст.

Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1976-1977 — сарвожатии мактаби миёнаи  №2-и шуъбаи маорифи шаҳри Норак;
  • Солҳои 1977-1979 — хизмати ҳарбӣ;
  • Солҳои 1979-1982 — челонгари дараҷаҳои 2-6-и коргоҳи мошинҳои неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев;
  • Солҳои 1982-1986 — устои коргоҳи мошинҳои неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев;
  • Солҳои 1986-1988 — устои калони коргоҳи мошинҳои неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев;
  • Солҳои 1988-1993 — муовини сардори коргоҳи мошинҳои неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев;
  • Солҳои 1993-2005 — сардори коргоҳи мошинҳои неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев;
  • Солҳои 2005-2006 — муовини сармуҳандиси неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев;
  • Солҳои 2006-2010 — сармуҳандиси неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев;
  • Аз январи соли 2010 то инҷониб директори неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев мебошад.
ШАРИКОН: