Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардухтури беморхонаи №1 ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара
Соли таваллуд: 1 январи соли 1967
Ҷойи таваллуд: шаҳри Исфара
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1993 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: духтури бачагона
Донандаи забони русӣ
Оиладор.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1993-2000 — табиби навзоди шӯъбаи навзодони таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Исфара;
- Солҳои 2000 — 2014 — табиби бачагонаи Маркази саломатии ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара;
- Аз апрели соли 2014 то инҷониб Сардухтури беморхонаи №1 ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мебошад.