Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори раёсати маорифи шаҳри Конибодом
Соли таваллуд: 30 январи соли 1963
Ҷои таваллуд: шаҳри Конибодом
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1986 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: филолог, муаллими забони форсӣ, забон ва адабиёти тоҷик
Забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва англисиро медонад.
Бо ордени «Барои хизмат ба Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» дараҷаи 3 сарфароз гардонда шудааст
Оиладор
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1981-1986 — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин;
- Солҳои 1986-1988 — хизмати афсарӣ дар ҳайати қитъаоти маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон;
- Солҳои 1988-1990 — муовини директор оид ба мудофиаи гражданӣ, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар Техникуми технологии шаҳри Конибодом;
- Сольои 1990-1992 — котиби кумитаи комсомолии шаҳри Конибодом;
- Солҳои 1992-1994 — омӯзгори Техникуми технологии шаҳри Конибодом;