ҲОМИДЗОДА Абдураҳмон   

Директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 

Соли таваллуд: 19 феврали соли 1964
Ҷойи таваллуд: шаҳри Турсунзода
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистон ва соли 2007 Донишкадаи  пӯлоду хулаҳои шаҳри Москваро хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандис-механик, муҳандис
Забонҳои русӣ ва узбекиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор.

 Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1981-1982-донишҷӯи ОКТ–59-и шаҳри Турсунзода;
  • Соли 1982 (10)-электролизчии намакҳои обшудаи сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1982-1985-хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ;
  • Соли 1986 (01-11)-электролизчии намакҳои обшудаи сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1986-1987-шунавандаи шуъбаи тайёрии Институти политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1987-1992-донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1992-1993-электролизчии намакҳои обшудаи иморати №5-и сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1993-1996-устои истеҳсолоти иморати №5-и сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-1999-устои калони истеҳсолоти иморати №4-5-и сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1999-2003-сардори сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2003-2005-ҷонишини сардори маркази муҳандисию техникӣ- сардори сектори мониторинг ва таҳлили Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2005-2007-сардори сехи рехтагарии Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2007-2012-директори истеҳсолоти рехтагарии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;
  • Солҳои 2012-2015-сардори шуъбаи истеҳсолию танзимгарии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;
  • Аз  моҳи феврали соли 2015- то инҷониб директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошад.
ШАРИКОН: