АМИНҶОНОВА Саодат Сайфинаджатовна

Муовини сардухтур оид бакорҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникавии №1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд

Соли таваллуд: 19 сентябри соли 1976
Ҷойи таваллуд: шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1999 Филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи  А.И. Сино дар шаҳри Хуҷандро хатм намудааст.
Ихтисос: духтури табобатчӣ
Номзади илмҳои тиб
Забонҳои русӣ, англисӣ ва узбекиро медонад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1999-2004-ассисенти кафедраи бемориҳои дарунии Филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. И. Синои дар шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 2004-2011-табиби шуъбаи амрози дарунии Беморхонаи клиникавии №1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 2011-2014-раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилоти Суғд;
  • Солҳои 2011-2014-табиби шуъбаи амрози дарунии Беморхонаи    клиникавии №1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд;
  • Аз соли 2014- то инҷониб муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии
  • Беморхонаи клиникавии № 1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд мебошад.
ШАРИКОН: