РАҲИМӢ ФАРҲОД

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Соли таваллуд: 19 сентябри соли 1968
Ҷойи таваллуд: шаҳри Панҷакент
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1992  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм  намудааст.
Ихтисос: физик, муаллими фанни физика
Доктори илмҳои физикаю математика, профессор
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Соли 2011 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2, соли 2006 барандаи Ҷоизаи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи  «Исмоили Сомонӣ» ва соли 2012 бо Ҷоизаи байналмиллалии ЭКО дар соҳаи «Илм ва технология» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1985-1992-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1987-1989-хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1992-1992-лабаранти калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1992-1995-аспиранти Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубна;
  • Солҳои 1995-1997-муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистон;
  • Солҳои 1997-2000-докторанти Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубна;
  • Солҳои 2000-2005-сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2005-2006-муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Солҳои 2006-2013-муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 23 майи соли 2020-то иҷнониб Президенти «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мебошад.
ШАРИКОН: