Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси шаҳри Ваҳдат
Соли таваллуд: 22 апрели соли 1986
Ҷои таваллуд: шаҳри Ваҳдат
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: журналистика
Унвонҷӯи факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донандаи забони русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат солҳои 2015-2020 ва 2020-2025
Оиладор.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 2008-2011 — муҳаррири хурди идораи «Субҳ»-и шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон;
- Солҳои 2011-2013 — муҳаррири хурди идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ;
- Солҳои 2013-2014 — муҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон;
- Аз 22 сентябри соли 2014 то инҷониб муовини раиси шаҳри Ваҳдат мебошад.