Ҷаласаи нахустини кумитаҳои тадорукоти муштараки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба омодагӣ ба Форуми VII байнипарламентии: «Россия- Тоҷикистон: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ»

9 июли соли 2021 ҷаласаи нахустини кумитаҳои тадорукоти муштараки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба омодагӣ ба Форуми VII байнипарламентӣ: «Россия- Тоҷикистон: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ » тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони кумитаҳои тадорукот муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Р. ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Журавлев Н.А. доир гардид.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо пешниҳодҳои якдигарро дар бораи тарҳи мизҳои мудаввари Форум, инчунин масъалаҳои дар онҳо баррасишаванда мавриди муҳокима қарор доданд. Мувофиқа гардид, ки кори Форуми дарпешистода аз рӯи 5 мизи мудаввари фарогири масоили: такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои байнипарламентӣ, муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, инчунин муҳоҷирати меҳнатӣ роҳандозӣ гардад.
Пешниҳод гардид, ки Форуми VII байнипарламентӣ: «Россия-Тоҷикистон: иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ» дар охири моҳи октябр — аввали ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

ШАРИКОН: