ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТ0Н Дар бораи муолиҷаи маҷбурии беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ

(ВСОҶТс.1991, №15, мод.272)

 

Боби аввал

Қоидаҳои умумӣ

 

Моддаи 1. Вазифаҳои қонуни муолиҷаи маҷбурӣ аз майзадагӣ ё нашъамандӣ

Қонуни муолиҷаи маҷбурӣ аз майзадагӣ ё нашъамандӣ вазифаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, муборизаи муқобили суиистифода аз нўшокиҳои спиртдор ва маводи нашъаовар, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки дар заминаи он содир мешаванд, дар бар мегирад.

Барои иҷрои ин вазифаҳо қонуни муолиҷаи маҷбурӣ аз майзадагӣ ё нашъамандӣ чӣ гуна шахсон ва дар кадом ҳолатҳо ба муолиҷаи маҷбурӣ аз майзадагӣ ё нашъамандӣ фирстодан ва шароитҳои иҷрои онҳоро муайян менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳуми муолиҷаи маҷбурӣ

Муолиҷаи маҷбурӣ ин муолиҷаест, ки дар асоси илтимосномаи шахсони муайянкардаи Қонун, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ё бо ташаббуси мақомоти милитсия дар асоси хулосаи комиссияи мақомоти тандурустӣ, бо қарори суди халқии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар муассисаҳои табобатию меҳнатии мақомоти корҳои дохилӣ ва бо режими муқарраршудаи нигоҳ доштан ва терапияи меҳнатӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 3. Асосҳои ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодан

Шахсоне, ки гирифтори бемории майзадагӣ ё нашъамандианду аз табобати ихтиёри саркашӣ мекунанд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон ё ҳуқуқи шахсони дигарро поймол менамоянд, ба муолиҷаи маҷбурӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳеҷ касро бе таъиноти суд ва хилофи Қонун ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодан мумкин нест.

 

Моддаи 4. Ҳолатҳое, ки барои ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодан монеъ мешаванд

Шахсони зайл ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристода намешаванд:

— шахсоне, ки ҳаждаҳсола нашудаанд;

— занҳои ҳомила ва занҳое, ки кeдакони то ҳаштсола доранд;

— шахсоне, ки дар муассисаҳои мақомоти тандурустӣ аз табобати зидди майзадагӣ ё зидди нашъамандӣ нагузаштаанд;

— шахсоне, ки ба корҳои ислоҳкунӣ ё маҳрумият аз озодӣ, шартан бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат маҳкум шудаанд, инчунин шахсони шартан пеш аз мўҳлат бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат аз маҳбас озодшуда;

— шахсони ба синни нафақа расида (мардони 60-сола, занони 55-сола);

— маъюбони гурўҳи якум ва дуюм;

— шахсони гирифтори бемории руҳӣ;

— шахсони гирифтори бемориҳои мувозии вазнине, ки онҳо барои дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳои мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ доштани беморон монеъ мешаванд. Номгўи ин бемориҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 5. Тартиби бемори майзадагӣ ё нашъамандӣ донистани шахс

Шахсро фақат дар асоси хулосаи комиссияи тиббии муассисаи табобатию пешгирии бемориҳои мақомоти тандурустӣ бемори майзадагӣ ё нашъамандӣ донистан мумкин аст.

Аз болои қарори комиссия дар бораи бемори майзадагӣ ё нашъамандӣ донистани шахс ба мақомоти тандурустии болоӣ ё суди халқии ноҳияи (шаҳри) маҳалли ҷойгиршавии муассисаи табобатию пешгирии бемориҳои мақомоти тандурустӣ дар мeҳлати даҳ рeз шикоят кардан мумкин аст.

Шахсоне, ки нисбаташон асоси кофӣ ҳаст, ки онҳо гирифтори майзадагӣ ё нашъамандӣ мебошанду аз муоина саркашӣ мекунанд, бо ташаббуси хешовандон, муассисаҳои дахлдори тиббӣ, бо талаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳатман ба мўҳлати то даҳ рўз барои муоина ба беморхона хобонда шаванд.

Хулосаи тиббӣ оиди шахсе, ки муоина мешавад, бояд дар бораи дар вай мавҷуд будани нишонаи бемории майзадагӣ ё нашъамандӣ далелҳои асоснок дошта бошад.

Дар сурати ба хулосаи тиббӣ розӣ набудан ин шахс ҳуқуқ дорад ба мақомоти тандурустии болоӣ ё ба суди халқӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда муроҷиат намояд.

 

Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристода шудаанд

Беморони майзадагӣ ё нашъамандие, ки дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар муолиҷаи маҷбурӣ мебошанд, аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳдудиятҳои вобаста ба зарурати риоя намудани режими муолиҷа ва терапияи меҳнатӣ истифода мебаранд.

Барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон ба онҳо ҳимояи судӣ ва назорати прокурорӣ кафолат дода, инчунии ёрии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ расонида мешавад.

Шахсони ба табобати маҷбурӣ фиристода судшуда ҳисоб намеёбанд.

 

Боби 2

Тартиби тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ва ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодан

 

Моддаи 7. Пешниҳоди илтимоснома ва ба расмият даровардани он

Дар бораи ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодани беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ хешони ин шахсон, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ илтимоснома дода метавонанд. Илтимосномаи хешон бо ариза, илтимосномаи коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ бошад, ба тариқи протокол таҳия мегардад.

Ҳуҷҷатҳоро дар бораи ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодани беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ мақомоти милитсия тайёр мекунад ва ба расмият медарорад.

 

Моддаи 8. Баррасии ҳуҷҷатҳо дар бораи ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодани беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ

Ҳуҷҷатҳои ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодани беморони майзадагӣ ё нашъамандиро суди халқии ноҳияи (шаҳри) маҳалли истиқомати бемор дар мeҳлати даҳ рўз дар мурофиаи кушоди судӣ ва нисбати шахсоне, ки ҷои истиқомати доимӣ надоранд, дар маҳалле, ки ҳангоми тайёр кардани илтимоснома дар он ҷо истиқомат доранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва бо хоҳиши онҳо бо иштироки ҳимоячӣ баррасӣ менамояд.

Агар шахсе, ки нисбати ў дар хусуси ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристоданаш илтимоснома пешниҳод шудааст, ба суд ҳозир нашавад, бо таъиноти суд ё қарори судяи халқӣ коркунони милитсия ўро маҷбуран меоранд.

 

Моддаи 9. Баровардани таъинот ва тартиби иҷрои он

Суди халқии ноҳия (шаҳр) дар хусуси ба муассисаҳои табобатию меҳнатии мақомоти корҳои дохилӣ ба мўҳлати аз шаш моҳ то як сол барои муолиҷаи маҷбурӣ фиристодан ё ин ки нафиристодани беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ таъинот мебарорад.

Мўҳлати муолиҷаи маҷбуриро дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун дароз кардан мумкин аст.

Аз болои таъиноти суди халқӣ шахсе, ки нисбати ў ин таъинот бароварда шудааст ё ин ки ҳимоячии он шикоят карда метавонанд ё мувофиқи тартиби кассатсионӣ прокурор дар мўҳлати ҳафт рўз ба суди болоӣ эътироз баён карда метавонад.

Додани шикоят ва эътирози прокурор мувофиқи тартиби кассатсионӣ иҷрои таъиноти судро боз медорад.

Таъиноти суд дар хусуси ба муолиҷаи маҷбури фиристодани шахс дар мўҳлати на дертар аз даҳ рўзи баъди ба ҳукми қонун даромаданаш аз тарафи мақомоти милитсия ба иҷро расонида мешавад.

 

Моддаи 10. Ҳисоб кардани мўҳлати дар муолиҷаи маҷбурӣ будан

Мўҳлати дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳои мақомоти корҳои дохилӣ муолиҷа ёфтани бемори майзадагӣ ё нашъамандӣ аз рўзи ба ин муассиса омадани ў ҳисоб карда мешавад. Вақти бе сабаб дар муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо набудани бемор ба мўҳлати табобати ў дар ин муассиса ҳисоб карда намешавад.

 

Моддаи 11. Асосҳои қатъ гардидани муолиҷаи маҷбурӣ

Муолиҷаи маҷбурӣ дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:

— ба итмом расиданн мўҳлати табобате, ки суд муайян кардааст;

— пеш аз мўҳлат дар сурати таъсири судбахши табобати меҳнатӣ;

— дар дигар мавридҳое, ки ба идомаи табобат монеъ мешаванд.

 

Моддаи 12. Тартиби пеш аз мўҳлат қатъ гардидани муолиҷаи маҷбурӣ

Барои гузаронидани муоинаи бемори майзадагӣ ё нашъамандӣ ба нияти пеш аз мўҳлат қатъ кардани муолиҷаи маҷбурӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якҷоягии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия ташкил медиҳад, ки он бо пешниҳоди маъмурияти муассисаи табобату пешгирии бемориҳо шахси шаш моҳ боз дар муолиҷаи маҷбурӣ бударо муоина мекунад.

Шахсе, ки нисбати ў дар хусуси пеш аз мeҳлат бас кардани муолиҷаи маҷбурӣ қарори рад қабул шудааст ё ҳимоячии манфиатҳои ў метавонад аз болои қарори комиссия мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кунад.

Дар асоси хулосаи комиссия дар бораи таъсири судбахши табобату меҳнат, маъмурияти муассисаи табобатию пешгирии бемориҳо барои ҳалли масъалаи пеш аз мўҳлат қатъ намуданн муолиҷаи маҷбурӣ ба суди халқии ноҳияи (шаҳри) маҳалли ҷойгиршавии ин муассиса ҳуҷҷатҳо пешниҳод мекунад.

 

Боби 3

Ташкили табобат, ҳуқуқҳои меҳнатию иҷтимоии шахси ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодашуда

 

Моддаи 13. Ташкили муолиҷаи маҷбурии беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ

Асоси ташкили муолиҷаи маҷбурии беморони майзадагӣ ё нашъамандиро татбиқи маҷмўи чораҳои характери тиббӣ дошта, дигар чораҳои солимгардонӣ, терапияи меҳнат, риояи режими муқарраргардидаи нигаҳдорӣ ва гузаронидани кори тарбиявӣ ташкил медиҳад.

 

Моддаи 14. Режими нигаҳдорӣ дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо

Дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба мақсади тарзи зиндагии солимро пеша кардани беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ тартиботе муқаррар мегардад, ки барои гузаронидани муолиҷаи маҷбурӣ, терапияи меҳнатӣ ва ҷудо нигоҳ доштани беморон шароити заруриро таъмин менамояд.

Ҷудо нигоҳ доштану назорат аз болои рафтори шахсони маҷбуран муолиҷашаванда аз тарафи посбонону назоратчиён мувофиқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад.

Агар асосҳои кофи бошад, ки шахсони маҷбуран муолиҷашаванда нияти овардан ё гирифтани маводи нашъаовар, нeшокиҳои спиртӣ, маводи спиртдор ё токсикӣ ва ё дигар чизу чораи ашёи манъшударо доранд, тафтиши чизу чораи беморон ва мусодираи чизу чора ё ашёи манъшуда, инчунин тафтиши шахсӣ раво дониста мешавад. Тафтиши мукотибаи ин шахсон, ба ғайр аз мавридҳои пешбиникардаи қонун, манъ аст.

 

Моддаи 15. Терапияи меҳнатии шахсоне, ки дар муолиҷаи маҷбурӣ мебошанд

Шахсони аз майзадагӣ ё нашъамандӣ маҷбуран муолиҷашаванда вазифадоранд, ки мувофиқи хулосаи комиссияи тиббӣ меҳнат кунанд.

Маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо вазифадор аст, ки бо назардошти хулосаи комиссияи тиббию риояи қонуни меҳнат ва имкониятҳои истеҳсолии мавҷуда шахсони дар муоилиҷаи маҷбурӣ бударо аз рўи ихтисосашон бо кор таъмин намояд.

Ба шахсоне, ки дар муолиҷаи маҷбурӣ мебошанд, барои гирифтани ихтисоси зарурӣ таълими касбҳои техникӣ ё бевосита дар истеҳсолот тайёрии касбӣ таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 16. Давомнокии вақти кор

Давомнокии вақти кори муътадили шахсони дар муолиҷаи маҷбурӣ буда мувофиқи нишондоди тиббӣ муайян гардида, дар як ҳафта аз 41 соат зиёд буда наметавонад.

Барои шахсони дар муолиҷаи маҷбурӣ буда ҳафтаи кори шаш рўз бо як рўзи истироҳат муқаррар карда мешавад.

Ба шахсони маҷбуран муолиҷашаванда дар мавриди табобати фаъол рўзи кори кўтоҳ муқаррар кардан мумкин аст.

 

Моддаи 17. Музди меҳнати шахсоне, ки дар муолиҷаи маҷбурӣ мебошанд

Музди меҳнати шахсоне, ки маҷбуран муолиҷа мешаванд, мувофиқи миқдору сифати корашон аз рўи меъёр ва нархҳои дар хоҷагии халқ амалкунанда дода мешавад.

Музди меҳнат бо назардошти қисман пардохтани хароҷоти нигоҳдории муассисаҳои пешгирии бемориҳо, инчунин барои хeрокворӣ ҳисоб карда мешавад.

Тартиб ва андозаи нигоҳ доштани маблағро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Андозаи умумии аз музди меҳнат нигоҳ доштани пул дар ҳама ҳолатҳо аз 20 фоиз зиёд буда наметавонад, ба ҷуз ҳолатҳое, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Маблағи ба бемор тааллуқдошта ба ҳисоби шахсии ў гузаронида шуда, бо хоҳиши вай ба андозае, ки барои харидани молҳои зарурӣ ба вай лозим аст, дода мешавад. Маблағи боқимонда ҳангоми қатъ шудани табобати маҷбурӣ ба бемор ё аз рўи боваринома ба хешовандони ў дода мешавад.

 

Моддаи 18. Рухсатии меҳнатии шахсони маҷбуран муолиҷашаванда

Ба беморони маҷбуран муолиҷашаванда, ки ба муолиҷаю терапияи меҳнатӣ софдилона муносибат мекунанд, пас аз гузаштани ду моҳи саршавии табобат ба мўҳлати то 48 соат рухсатии кўтоҳмуддат додан мумкин аст.

Бинобар ҳолатҳои махсуси шахсӣ (фавт ё бемории вазнини хеши наздик, офати табиие, ки ба оила зарари ҷиддӣ расонидааст ва дигар сабабҳои узрнок) ба шахсони маҷбуран муолиҷашаванда бе нигоҳ доштани музди меҳнат ба мўҳлати то ҳафт шабонарeз бе ҳисоби вақти роҳ рухсатӣ дода мешавад.

Барои додани чунин рухсатӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, асос шуда метавонанд.

Харҷии роҳ ба ҳар ду тараф аз ҳисоби шахси рухсатӣ гирифта мебошад.

 

 Модддаи 19. Суғуртаи иҷтимоии шахсони маҷбуран муолиҷашаванда

Харҷи роҳ ба ҳар ду тараф аз ҳисоби шахси рухсатӣ гирифта меиҷтимоӣ шаванд.

Суғуртаи иҷтимоии давлатии ин шахсон аз ҳисоби давлат сурат мегирад.

 

Моддаи 20. Таъминоти нафақавӣ

Ба шахсони дар муолиҷаи маҷбурӣ буда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин карда мешавад.

 

Боби 4

Кафолати шахсони аз бемории майзадагӣ ё нашъамандӣ маҷбуран муолиҷа шаванда

 

Моддаи 21. Кафолатҳои меҳнатии шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристода шудаанд

Ҷои кор ё хониши шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбурӣ аз майзадагӣ ё нашъамандӣ фиристода шудаанд, нигоҳ дошта мешавад.

Шахсони маҷбуран муолиҷашавандае, ки пеш кор накардаанд, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқи ҷои бозгашти ин шахсон бо кор таъмин карда мешаванд.

Кумитаҳои иҷроияи Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ вазифадоранд, дар муддати даҳ рўзи баъди муроҷиати ин гуна шахсон масъалаи бо кор таъмин кардани онҳоро ҳал намоянд.

Давраи муолиҷаи маҷбурӣ аз майзадагӣ ё нашъамандӣ стажи меҳнатиро қатъ намекунад ва ба стажи умумии кор дохил мешавад.

Рухсатии ҳарсолаи шахсоне, ки аз муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо баргаштаанд, аз ҷои кори охирин аз рўи вақти ҳақиқии корашон дода мешавад.

 

Моддаи 22. Кафолати манзилии шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристода шудаанд

Ҳуқуқи манзили шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбурӣ аз майзадагӣ ё нашъамандӣ фиристода шудаанд, дар ҷои истиқомати пештараашон нигоҳ дошта мешавад.

Ҳуқуқ ба манзили истиқоматии хизматӣ ва манзил дар хобгоҳҳо ба шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда дар мавриде нигоҳ дошта мешавад, ки баъди ба охир расидани мўҳлати табобат дар ҳамон корхона, муассиса ва ташкилот корро идома диҳанд.

Ҳуқуқи шахсони ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодашуда дар навбати гирифтани манзил нигоҳ дошта мешавад.

Боби 5

Ҳуқуқ ва вазифаҳои маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатӣ

 

Моддаи 23. Ҳуқуқҳои маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо

Маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо ҳуқуқ дорад, ки:

аз беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ иҷрои тартиби муқарраршудаи табобат, терапияи меҳнатӣ, режими кори муассиса, талаботи қонунҳои мавҷудаи оиди масъалаҳои муолиҷа аз майзадагӣ ё нашъамандиро талаб кунад;

чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазодиҳиро андешад;

ба суди халқӣ дар бораи давом додани мўҳлати муолиҷаи маҷбурӣ ба муддати на зиёдтар аз шаш моҳ нисбати беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ, ки ҳангоми табобат нўшокиҳои сипртӣ, маводи нашъадор ва сахтасиркунандаро истифода карда, аз муолиҷа саркашӣ намуда ва тартиби муқарраршудаи табобатро мунтазам вайрон мекунанд, илтимоснома пешниҳод намояд.

Ба мақомоти тандурустӣ ва корҳои дохилии ҷои истиқомат ва ё ҷои бозгашти шахсе, ки ҳангоми дар муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо буданаш тартиботи муқарраршудаи муолиҷа ва терапияи меҳнатиро мунтазам вайрон кардааст ва дар натиҷаи он чораҳои табобатию тарбиявӣ таъсири мусбат набахшидаанд, дар асоси хулосаи тиббӣ ба мақомоти тандурустӣ ва корҳои дохилии ҷои истиқомат ё ҷои бозгашт барои чораҳои пешгирикунандаи беморӣ ба мўҳлати як сол ба қайд гирифтани ў хабар диҳад.

Тартиби ба қайд гирифтан ва гузаронидани чораҳои пешгирикунии бемории ин шахсонро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

 

Моддаи 24. Вазифаҳои маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо

Маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо вазифадор аст, ки иҷрои талаботи ҳамин Қонунро таъмин намояд.

Ба ин мақсад он вазифадор аст ки:

якҷоя бо мақомоти тандурустӣ муолиҷаи маҷбурӣ ва таъминоти тиббию санитарии шахсони дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо нигоҳдошташавандаро ташкил кунад;

ҷиҳати моддию маишӣ ва кори беморони мубталои майзадагӣ ё нашъамандиро таъмин намояд;

шахсони маҷбуран муолиҷашавандаро бо шароитҳои зарурии манзилию маишии ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ мувофиқ, бо назардошти шароити иқлимӣ бо сару либос, либоси таг ва пойафзол, дар стационар бо либоси беморӣ, инчунин бо хўрок таъмин намояд. Беморон дар стационар бо хоҳиши худ метавонанд либосҳои худашонро истифода баранд;

фурўши маҳсулоти хeрокворӣ ва молҳои саноатиро ташкил намояд. Барои бемаҳдудият мукотиба намудан, гирифтани бандерол, посылка, озуқа, инчунин боздид бо хешовандон ҳуқуқ диҳад;

дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо режим, нигаҳбонӣ ва назорат, кори тарбиявӣ ва табобатию пешгирии бемориҳоро ташкил ва таъмин кунад.

 

Моддаи 25. Кори тарбиявӣ дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо

Дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо бо мақсади дар руҳияи тарзи зиндагии солим, риояи қонунҳо, муносибати софдилона ба муолиҷаю меҳнат тарбия намудани шахсони бемори майзадагӣ ё нашъамандӣ кори тарбиявӣ гузаронида мешавад, ки дар он бо иҷозати маъмурияти муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти маданият, физкултура ва спорт, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хешовандон, инчунин намояндагони ташкилотҳои динӣ иштирок карда метавонанд.

 

Боби 6

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонун дар бораи муолиҷаи маҷбурии беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои ба таври зарурӣ иҷро накардан ва вайрон намудани қонун дар бораи муолиҷаи маҷбурии беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ

Шахсоне, ки дар:

маҳдуд кардани ҳуқуқи ба шаҳрвандон додаи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд;

вайрон кардани режими нигаҳдорӣ;

нагузаронидан ё ба тарзи зарурӣ нагузаронидани курсӣ муолиҷа;

надодани ҷои кори пешина ё дигар кори баробар (мансаб), таҳсил дар ҳамон корхона, муассиса ва ташкилот;

қабул накардан ба кор бо сабаби дар муолиҷаи маҷбурӣ будан — гунаҳкоранд, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноятӣ ва ё дигар ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дигар вайронкуниҳои қонуни муолиҷаи маҷбурии беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ низ ҷавобгарӣ муқаррар карда метавонад.

 

 

       Презнденти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                     Қ. МАҲКАМОВ

27 июни соли 1991, шаҳри Душанбе

           № 370

ШАРИКОН: