ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АШОҶТ  с.1994, № 3-4, мод.62; АМОҶТ с.1998, № 10, мод.127; с.2000, № 11, мод. 535; с.2002, № 4, к.1, мод. 260, мод.263; с.2003, №4, мод.141; с.2014,№11, мод. 658;  с.2015,№12, қ.1, мод.1111)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқӣ,  ҳайат, вазифаҳо, таъинот ва принсипҳои фаъолияти  қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1149)

 

ФАСЛИ I.

ҚОИДАҲОИ УМУМИ

 

Моддаи 1. Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қўшунҳои дохилӣ ба системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва ташкилоти ҳарбии он буда, барои иҷрои вазифаи хизматӣ-муҳорибавие, ки ин Қонун пешбинӣ мекунад, дар назар дошта шудаанд. Қўшунҳои дохилӣ барои муҳофизаи амният ва манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва дар замони ҷанг ба ҳайати он дохил мегарданд. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 2. Вазифаҳои қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — қўшунҳои дохилӣ) аз инҳо иборатанд:

— мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва назми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда;

— посбонӣ ва муҳофизаи объекту иншоотҳои махсусан муҳим ва дорои тартиботи махсуси роҳҳо ва борҳои махсус;

— посбонӣ ва муҳофизаи муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ, қаравулӣ карда бурдани маҳкумон ва шахсони маҳбус;

— иштирок дар мубориза бар зидди терроризм;

— иштирок дар бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои стихиявӣ, офатҳои калон ва дигар ҳолатҳои фавқулодда. (қҷт аз 10.05.02, №35; қҷт аз 22.04.03, №11)

Қўшунҳои дохилӣ вазифаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1149)

 

Моддаи 3. Принсипҳо ва асоси ташкилии фаъолияти қўшунҳои дохилӣ

Фаъолияти қўшунҳои дохилӣ дар асоси принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқи инсон, яккасардорӣ ва идоракунии марказонидашуда сурат мегирад.

Такмили қўшунҳои дохилӣ дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» сурат мегирад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 4. Ҳайати қўшунҳои дохилӣ

Ба ҳайати қўшунҳои дохилӣ инҳо дохил мешаванд;

— қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии таъиноти оперативӣ ва махсус;

— қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ барои муҳофизаи объектҳои муҳими давлатӣ ва борҳои махсус;

— қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизаи муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ;

— мақомоти идоракунӣ, муассисаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ барои таъмини фаъолияти қўшунҳои дохилӣ, таълимӣ, сохтмон, алоқа ва ғайра. (қҷт аз 22.04.03, №11)

Қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ба ҳайати Раёсати қўшунҳои дохилӣ шомил мебошанд.

 

 

Моддаи 5. Забони идоракунӣ ва коргузории қушунҳои дохилӣ

Идоракунӣ, коргузорӣ ва муросилоти хизматӣ дар қўшунҳои дохилӣ дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.

 

Моддаи 6. Фондҳои асосии қўшунҳои дохилӣ

Биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳракҳои ҷузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълими ҳарбӣ ва муассисаҳои қушунҳои дохилӣ, объектҳои таълимӣ, заминаи  таълимӣ ва моддию техникии дар онҳо буда ва  молу мулки дигар, ки аз тарафи қўшунҳои дохилӣ барои иҷрои вазифаҳои дар зиммаашон гузошташуда истифода мешаванд, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фондҳои асосии қушунҳои дохилиро ташкил медиҳанд. Ин молу мулк ва дигар  молу мулке, ки барои қушунҳои дохилӣ ҷудо карда шудааст, дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ истифода бурда мешавад.

Замин барои буду бош ва фаъолияти доимии ҷузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбӣ, барои қўшунҳои дохилӣ ҷиҳати истифодаи бемўҳлат, доимӣ, муваққатӣ ё иҷора аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи маҳаллӣ дар доираи салоҳиятҳои онҳо дода мешаванд.

 

Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бораи  қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (қҷт аз 22.05.98, №630; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1149)

 

 

ФАСЛИ II.

ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ ДАР МАҲАЛҲО ОИДИ РОҲБАРӢ БА ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 8. Ваколатҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба қонуни будани ҷалби қўшунҳои дохилӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зимаашон гузошташуда назорат мекунад;

— бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумӣ, сохтор ва ҳайати қўшунҳои дохилиро тасдиқ мекунад;

— либосҳои ҷанги ва байрақи қўшунҳои дохилиро тасдиқ мекунад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 9. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ҳар сол шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бояд ба хизматӣ ҳарбӣ ва ҷамъомадҳо дар қўшунҳои дохилӣ даъват карда шаванд, муайян мекунад;

— барои таъмини фаъолияти қўшунҳои дохилӣ маблағи зарурӣ ҷудо менамояд;

— бо силоҳу аслиҳа, маводи муҳорибавӣ, техникаи ҷангӣ, махсус ва воситаҳои алоқа таҷҳизонидани қўшунҳои дохилиро муайян мекунад;

— тартиби бо озуқа, молу мулк ва манобеъи дигари моддию техникӣ таъмин гардондани қўшунҳои дохилиро муайян менамояд;

— барои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо дар бобати омода сохтан, ба қўшунҳои дохилӣ додани воситаҳои нақлиёт, алоқа ва дигар воситаҳои моддию техникӣ ҳангоми эълони сафарбарӣ ва дар вақти ҷанг, инчунин дигар вазифаҳои вобаста ба сафарбариро муқаррар менамояд;

— феҳристи объекту иншоотҳои басо муҳим ва дорои тартиботи махсуси роҳҳо ва борҳои махсусро, ки бояд аз тарафи қисмҳои қўшунҳои дохилӣ посбонӣ карда шаванд, муайян мекунад;

— дар бораи муқаррар намудану бекор кардани посбонии ҳарбӣ дар объекту иншоотҳои басо муҳим ва дорои тартиботи махсуси давлатии роҳҳо ва борҳои махсус қарор қабул мекунад, шумораи ҳайати шахсиро, ки барои иҷрои ин вазифаҳо зарур аст, муқаррар менамояд;

— дар бораи ташкил, таъсис ва барҳам додани ҷузъу томҳо, қисмҳо, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбии қўшунҳои дохилӣ қарор қабул мекунад;

— асоси ба ҷумлаи гарнизонҳои дар маҳалҳои дурдаст ва дорои иқлими номусоид воқеъшуда нисбат додани қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбиро муайян мекунад;

— доир ба ҳимояи иҷтимоӣ, таъминоти моддӣ ва маишии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони дар эҳтиёт, истеъфобуда ва аъзои оилаҳои онҳо тадбирҳо меандешад;

— дигар масъалаҳои таъминоти фаъолияти қўшунҳои дохилиро, ғайр аз масъалаҳое, ки мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Қонуни мазкур ба салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, ҳал мекунад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи маҳаллӣ

Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо:

— дар доираи салоҳиятҳои худ дар баррасии таклифҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилу ҷойгиронии ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои қўшунҳои дохилӣ дар қаламрави тобеъашон иштирок менамоянд;

— барои қўшунҳои дохилӣ шароити мусоиди зиндагӣ муҳайё менамоянд, татбиқи кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро таъмин мекунанд;

— ба фармондеҳи қисмҳои қўшунҳои дохилӣ барои бо ҳайати шахсӣ такмил намудани воҳидҳои ҳарбӣ ёри мерасонанд. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 11. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар бобати ёри расонидан ба қўшунҳои дохилӣ

Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар доираи ваколатҳои худ ба қўшунҳои дохилӣ дар иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд, ёрӣ мерасонанд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ва ҷамъомадҳо дар қўшунҳои дохилӣ даъват мекунад, ҳайати шахсӣ ва техникаи қўшунҳои дохилиро ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон дар ҳолати фавқулодда интиқол медиҳад, барои ин онҳоро бо самолётҳои авиатсияи боркашони ҳарбӣ таъмин менамояд, ба онҳо дар тайёр намудан ва баланд бардоштани маҳорати кадрҳои афсарии қўшунҳои дохилӣ дар асоси шартномавӣ мадад мерасонад.

Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати қўшунҳои дохилӣ дар майдонҳои ҳавоии худ нишастан, истодан, бо сўзишворӣ таъмин намудан ва бархостани ҳавопаймоҳоеро, ки супоришҳои махсусро иҷро менамоянд, таъмин месозанд.

Роҳи оҳани тоҷик барои интиқоли маҳкумшудагон ва маҳбусон ба қўшунҳои дохилӣ вагонҳои махсусро ба иҷора медиҳад, дар истгоҳҳои роҳи оҳан ҷойҳои таҷҳизонидашударо барои таваккуфи вагонҳо ва ба вагонҳо савор кардану фуровардани шахсонеро, ки дар зери назорат ба ҷойҳои дигар кашонда мешаванд, дар ихтиёри қўшунҳои дохилӣ қарор медиҳад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

Шахсони мансабдори идораи ҳамагуна намудҳои нақлиёт, комендантҳои ҳарбӣ ва намояндагони мақомоти ҳарбӣ ва интиқолоти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт барои интиқоли хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон ёрӣ мерасонанд ва дар ҳолатҳои фавқулодда бе навбат фиристодани онҳоро таъмин менамоянд.

Вазорати мудофиа, Хадамоти алоқа, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳи оҳани тоҷик дигар вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хатҳо ва каналҳои алоқаро барои идоракунии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои қўшунҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаашон оид ба таъмини назми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда ва бартараф намудани оқибатҳои фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва бадбахтиҳои стихиявӣ дар ихтиёри онҳо қарор медиҳанд. (қҷт аз 22.05.98, №630)

Механизми амалӣ намудани ин вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

ФАСЛИ III.

ХИЗМАТ ДАР ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 12. Ҳайати шахсии қўшунҳои дохилӣ

Ҳайати шахсии қўшунҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиён ва коргаронро дарбар мегирад.

Хизматчиёни ҳарбӣ, яъне шахсоне, ки хизмати ҳақиқии ҳарбиро дар қўшунҳои дохилӣ адо менамоянд, дорои унвонҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва намуди муайяни либос мебошанд. Нисбати онҳо санадҳои меъёрӣ, ки шароит ва тартиби адои хизматро дар Қувваҳои Мусаллаҳ ба тартиб меандозанд, талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ, бо назардошти тағйироту иловаҳое, ки ин қонун пешбинӣ мекунад, татбиқ мешаванд.

Фаъолияти хизматӣ ва меҳнатии коргарон ва хизматчиёни қўшунҳои дохилӣ тавассути  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 13. Хизмати ҳарбӣ дар қўшунҳои дохилӣ

Қўшунҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ, ки ба хизмати ҳарбӣ мувофиқи қонуни мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд, такмил мегарданд. (қҷт аз 29.11.2000, №11)

Шароит, тартиб ва мўҳлатҳои адои хизмати ҳарбии хизматчиёни қўшунҳои дохилӣ, статуси онҳо, ҳуқуқ ва вазифаҳояшон, тартиби додани унвонҳои ҳарбӣ, ишғоли вазифа, аттестатсия, рухсат шудан ва таъминоти нафақавии онҳо тавассути қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба қўшунҳои дохилӣ шомил мешаванд, Савганди ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёд мекунанд.

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мувофиқи маҳдудиятҳое, ки хусусияти адои хизмати ҳарбӣ муайян мекунад, истифода мебаранд. Ба зиммаи онҳо, ғайр аз вазифаҳои конститутсионӣ, дигар вазифаҳои умумишаҳрвандӣ ва вазифаҳои хизмати ҳарбӣ, инчунин вазифаи ёрӣ расонидан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизаи тартиботи ҷамъиятӣ гузошта мешаванд.

Ба афсарон, прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизматашон изофамўҳлат ва хизматчиёни ҳарбӣ, ки шаҳодатномаи муқаррарӣ, ки ваколатҳои онҳоро тасдиқ менамояд, дода мешавад. (қҷт аз 29.11.2000, №11)

 

Моддаи 14. Тайёр намудани кадрҳои қўшунҳои дохилӣ

Тайёр намудани афсарон барои Қўшунҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълими ҳарбӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, сурат мегирад. Тайёр намудани афсарон инчунин дар муассисаҳои таълими ҳарбии давлатҳои дигар дар асоси шартномавӣ сурат гирифта метавонад.

Баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати афсарони қўшунҳои дохилӣ дар факултетҳо, курсҳо ва кафедраҳои академияҳои ҳарбии давлатҳои дигар дар асоси шартномавӣ сурат гирифта метавонад.

 

 

Модди 15. Масъулияти хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ барои содир намудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мувофиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ содир карда шудаанд, тавассути мақомоти додситони ҳарбӣ таҳиқ ва аз тарафи додгоҳҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Нисбати амалҳои хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ шаҳрвандон метавонанд мувофиқи тартиби муқарраршуда ба командир, сардор, додситони ҳарбӣ ё дар ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст, ба суд шикоят кунанд. (қҷт аз 22.05.98, №630)

Дар сурати аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ вайрон карда шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон командирҳо (сардорон), вазифадор ҳастанд, ки барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо, ба ҷавобгарӣ кашидани гуннаҳкорон ва ҷуброн намудани зарари расонидашуда мувофиқи тартиботи мавҷуда чора бинанд.

 

Моддаи 16. Иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ дар маҳалли ҷойгиршавии қисм ва воҳиди ҳарбӣ, таълимгоҳи ҳарбӣ, муассиса ё берун аз онҳо, аз ҷумла дар роҳи рафтан ба хизмат ё бозгашт аз он қарор доранд.

Вазифаҳои хизматии хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ва тартиби иҷрои ин вазифаҳо тавассути Қонуни мазкур ва оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

ФАСЛИ IV.

ВАЗИФАҲО ВА ҲУҚУҚИ ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 17. Вазифаҳои ҷузъу томҳо ва қисмҳои қўшунҳои дохилӣ

Ба зиммаи ҷузъу томҳо ва қисмҳои қўшунҳои дохилӣ чунин вазифаҳо гузошта мешаванд:

— якҷоя бо мақомоти корҳои дохилӣ иштирок кардан дар посбонии тартиботи ҷамъиятӣ бо иҷрои хизмати патрулӣ ва қаровулӣ, инчунин дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ;

— мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини муҳофизаи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми тасодумот, фалокатҳо, сухтор, офатҳои табиӣ, инчунин дар таъмини назми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда;

  • иштирок дар мубориза бар зидди терроризм;
  • иштирок дар пешгирӣ намудани бетартибиҳои оммавӣ дар маҳалҳои аҳолинишин;
  • иштирок дар кофтукови маҳкумшудагон ва шахсони маҳбус, ки аз таҳти посбонии қаровулони қўшунҳои дохилӣ гурехтаанд, ёрӣ расондан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар кофтуков ва дастгир намудани шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд;
  • посбонии анборҳо ва базаҳои ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— посбонии объекту иншоотҳои махсусан муҳим ва дорои тартиботи махсуси роҳҳо ва борҳои махсус, ки ба феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд;

— иштирок дар бартараф намудани оқибатҳои садамот, фалокатҳо, сўхтор, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда дар объектҳо ва иншооте, ки таҳти посбонӣ қарор доранд;

— иштирок дар кофтуков ва дастгир намудани шахсоне, ки пинҳонӣ ба ҳудуди посбонишаванда дохил, шудаанд. (қҷт аз 22.05.98, №630; қҷт аз 10.05.02, №35; қҷт аз 22.04.03, №11)

Моддаи 18. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммашон гузошта шудаанд

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳуқуқ доранд:

а) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи ҷамъиятиро талаб кунанд, ҷинояткорӣ, қонуншикании маъмурӣ ва аъмолеро, ки ба иҷрои вазифаҳои онҳо мамоният мекунанд, пешгирӣ намоянд;

б) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони мансабдорро барои муайян намудани шахсияти онҳо, агар ба содир намудани ҷиноят ё қонуншикании маъмурӣ гумонбар шудани онҳо асоси комил дошта бошанд, тафтиш кунанд;

в) шахсонеро, ки қонуншиканӣ намудаанд ё қасди онро доштаанд ё ба мақсади муайян намудани шахсияташон дастгир намуда, ба мақомоти милиса оваранд;

г) шахсонеро, ки ба объектҳои посбонишаванда қасд намудаанд, дастгир карда, то се соат онҳоро дар бинои хизматии қўшунҳои дохилӣ то супориданашон ба мақомоти милисия нигоҳ дошта, тафтиш кунанд, чизҳо ва ҳуҷҷатҳояшонро аз назар гузаронанд ва мусодира намоянд;

д) воситаҳои нақлиёт, воситаҳои шиноварӣ (киштиҳо)-еро, ки қоидаҳои дар объектҳои посбонишаванда муқарраргардидаро вайрон кардаанд, тафтиш кунанд.

е) дар ҳар вақти шабу рўз бидуни мамоният ба маҳал ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои посбонишаванда сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ба истиснои онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд, дохилшаванд ва онҳоро ба мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунад, аз назар гузаронанд, шахсонеро, ки ба ҳудуди маҳалли посбонишаванда ворид шудаанд, кофтуков намуда, дастгир кунанд, маҳкумшудагон ва шахсони маҳбусро, ки гуннаҳкоранд, ҷустуҷў кунанд;

ж) бо қарори сардори баландтари оперативӣ ва дар ҳолатҳои фавқулодда — командири қисм ё воҳиди ҳарбӣ қитъаҳои маҳаллот, биноҳо ва объектҳои алоҳидаро ҳангоми кофтукови маҳкумшудагон ва маҳбусоне, ки гурехтаанд, таъқиби шахсоне, ки ба ҳудуди маҳалли посбонишаванда дохил шудаанд, пешгирӣ намудани бетартибиҳои оммавӣ ва ба таври дастҷамъи вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табий, садамот ва фалокатҳо касалиҳои сирояткунандаи инсонӣ ва ҳайвонӣ, дигар ҳолатҳои фавқулодда иҳота, муҳосира намуда, дар сурати зарурат воситаҳои нақлиёт ва воситаҳои шиноварӣ (киштиҳо)-ро тафтиш кунанд;

и) шаҳрвандонеро, ки ба қўшунҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон нағз ёрӣ расонидаанд, ҳавасманд гардонанд. (қҷт аз 22.04.03, №11)

Ҳангоми иҷрои вазифа дар шароити низоми вазъияти фавқулодда ба қўшунҳои дохилӣ ҳуқуқҳои иловагии зерин дода мешавад;

а) ба хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, қитъаҳои ба онҳо тааллуқдошта, ҳудуд ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, ба истиснои онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд ва барои тафтиши он ҷойҳо ҳангоми таъқиб намудани шахсоне, ки ба содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, ё дар сурати мавҷуд будани далелҳои кофӣ дар бораи он, ки он ҷо ҷиноят содир шуда истодааст ё ҷиноят ё бадбахтие рўй додааст, бемамоният ворид шаванд.

Дар ҳамаи ҳолатҳои дохил шудан ба манзил бидуни розигии сокинони он фармондеҳи қисм дар давоми 24 соат ба додситон хабар медиҳад.

б) ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳоро муваққатан манъ ё маҳдуд намоянд, онҳоро дар кўчаҳо ва роҳҳо ба мақсади ҳифзи саломатӣ, зиндагӣ, молу мулки шаҳрвандон тафтиш кунанд;

в) воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шаҳрвандонро (ғайр аз нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ тааллуқ доранд ва воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус) барои савор шуда рафтан ба маҳалли ҳодисаҳои фавқулодда, ба муассисаҳои табобатӣ расонидани шаҳрвандоне, ки ба ёрии таьҷилии тиббӣ мўҳтоҷ мебошанд, барои таъқиби шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ва бурдани онҳо ба мақомоти милисия истифода намоянд;

г) шаҳрвандонро ба баъзе ҷойҳо ва объектҳо роҳ надиҳанд, онҳоро водор намоянд, ки дар ҷойҳои худ истанд ё он ҷойҳоро ба мақсади ҳифзи саломатӣ, ҳаёт ва молу мулки шаҳрвандон тарк намоянд;

д) ба мақсадҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқае, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон (ба истиснои онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон тааллуқ доранд, бепул истифода баранд;

е) аз корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияти онҳо барои истифода дар вазифаҳои хизматӣ маҷҷонӣ дарёфт намоянд, ба истиснои мавридҳое, ки қонун таври дигари гирифтани маълумоти дахлдорро муайян кардааст;

ж) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро дар сурати зарурат тафтиш кунанд ва дар ҳолатҳои фавқулодда агар дар хусуси силоҳ доштани онҳо маълумот бошад, онҳоро шахсан тафтиш намуда, ашё, манзил ва воситаҳои нақлиёти онҳоро аз назар гузаронанд.

з) шаҳрвандонеро, ки низоми соати комендантиро пеш аз хатми он вайрон кардаанд ва шахсоне, ки ба худ ҳуҷҷат надоранд, то муайян сохтани шахсияташон, вале на бештар аз се шабонарўз, боздошт намоянд.

Афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии изофамўҳлати қўшунҳои дохилӣ барои нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани воситаҳои махсуси табели ва силоҳи шахсӣ ва кор фармудани онҳо мувофиқи ин қонун ҳуқуқ доранд.

 

ФАСЛИ V.

ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӢ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС, СИЛОҲ ВА ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ АЗ ТАРАФИ ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 19. Шароит ва ҳадду ҳудуди истифодаи қувва, воситаҳои махсус, силоҳ, ва техникаи ҳарбӣ

Қўшунҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳо ва тартибе, ки ин қонун пешбинӣ намудааст, қувваи ҷисмониро истифода баранд, воситаҳои махсус, силоҳи табелӣ ва техникаи штатии ҳарбиро кор фармоянд.

Хизматчиёни қўшунҳои дохилӣ бояд аз тайёрии махсус ва санҷиши мунтазам барои короӣ ба амалиёт дар шароите, ки ба истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ, ва техникаи ҳарбӣ вобаста аст, гузаранд. Инчунин ба зарардидагон то омадани духтур ёрии тиббӣ расонида тавонанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё техникаи ҳарбӣ вазифадоранд:

— дар бораи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ё техникаи ҳарбӣ пешакӣ огоҳ, намоянд ва зимнан барои иҷрои талаботаш ба қадри кофӣ мўҳлат диҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъхир намудан дар ин кор ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хатар дошта бошад ва боиси оқибатҳои вазнин гардад ё вақте ки чунин огоҳкунӣ дар вазъияти баамаломада ноҷоя ё номумкин аст;

— ба шахсоне, ки зарари ҷисмонӣ дидаанд, то расидани духтур кўмак намоянд;

— бо фармон дар ҳар мавриди истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ хабар диҳад.

Фармондеҳони дахлдори қисмҳо, воҳидҳо вазифадоранд, ки дар бораи ҳамаи ҳолатҳои захмдоршавӣ ё марг фавран ба додситон хабар диҳанд.

Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ё техникаи ҳарбӣ бо суиистифода аз ваколатҳо мувофиқи қонун боиси ҷавобгарии хизматчиёни ҳарбӣ мешавад.

 

 

 

Моддаи 20. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҳарбии муборизаро барои пешгирӣ намудани ҷиноят ва қонуншикании маъмурӣ, боздошт намудани шахсоне, ки онро содир намудаанд, бартараф намудани амали хилофи талаботи қонунии хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ истифода баранд, дар сурате, ки дигар усулҳо иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо таъмин карда натавонанд.

 

Моддаи 21. Истифодаи воситаҳои махсус

Хизматчиёни қўшунҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё дар ҳайатӣ воҳиди ҳарбӣ воситаҳои махсусро дар чунин ҳолатҳо истифода баранд:

а) барои рафъи ҳуҷум ба шаҳрвандон, коркунони муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ё кормандони мақомоти корҳои дохилӣ;

б) барои пешгирӣ намудани зиддиятнишондиҳии ғайриқонунӣ ба хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ;

в) барои боздоштани шахсе, ки дар ҳолати содир намудани ҷиноят ғофилгир шуда, кўшиши гурехтан мекунад;

г) барои боздоштани шахсоне, ки дар хусуси қасди зиддияти мусаллаҳона нишон додани онҳо асоси кофӣ вуҷуд дорад;

д) барои овардани шахсони боздошташуда ба мақомоти милиса, қаровулӣ карда бурдан ва посбонӣ намудани шахсони боздошташуда, инчунии шахсоне, ки мавриди боздошти маъмурӣ ва таҳти ҳабс қарор доранд ва аз рафтори онҳо дида мешавад, ки онҳо қасди фирор ё ба атрофиён ё ба худ зарар расонидан доранд ё ба хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ зиддият нишон медиҳанд;

е) барои рафъи ҳуҷум ба шаҳракҳои ҳарбӣ, эшелонҳо ва колоннаҳои ҳарбӣ, объектҳо, иншоот ва борҳои таҳти муҳофиза;

ж) барои озод намудани гаравгонҳо, биноҳо, хонаҳо, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва маҳалҳои зер карда гирифташуда;

з) барои пешгирӣ намудани бетартибиҳои оммавӣ ва амалҳое, ки ба кори нақлиёт, алоқа, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо халал мерасонанд, инчунин назми кори муассисаҳои ислоҳоти меҳнатиро вайрон мекунанд;

и) дар шароити низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда барои таваккуф додани воситаи нақлиёт, ки ронандаи он талаби қонуниро дар бораи таваккуф намудан иҷро накардааст, инчунин ҳангоми дастгир намудани маҳкумшуда ё маҳбусе, ки ба воситаи нақлиёт фирор намудааст;

к) барои кофтуков ва дастгир намудани маҳкумшуда ва шахсони маҳбус, ки аз ҳабс фирор кардаанд.

Ба сифати воситаҳои махсус инҳо истифода бурда шуда метавонанд:

— калтакҳои резинӣ — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «а», «б», «е», «ж», «з», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;

— гази ашковар — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «а», «б», «г», «е», «ж», «з», «к»- қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;

— завлонаи даст — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «б», «в», «д», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;

— воситаҳои нурусадои таъсираш ҳушро ба сўи дигар ҷалбкунанда — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «а», «г», «е», «ж», «з», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;

— воситаҳои вайронкунандаи монеаҳо — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «г», «ж», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;

— воситаҳои маҷбуран таваккуф додани нақлиёт — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «к», «и»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд;

— обпошҳо ва мошинаҳои зиреҳпўш-дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «г», «е», «ж», «з», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд, фақат бо амри фармондеҳи қисми ҳарбӣ ё ҷонишини фармондеҳи қисми ҳарбӣ бо огоҳ намудани додситон дар давоми 24 соат аз вақти истифода бурда шуданашон;

— сагҳои махсус — дар ҳолатҳое, ки дар бандҳои «а», «б», «в», «г», «д», «е», «ж», «з», «к»-и қисми аввали ин модда пешбинӣ шудаанд. Ҳамаи намудҳои воситаҳои махсус, ғайр аз ин, дар ҳолатҳое, ки моддаи 22 ин Қонун пешбинӣ намудааст, истифода бурда шуда метавонанд,

Воситаҳои махсусро нисбати занони ҳомиладор, шахсони аломати маълуми маъюбӣ ва хурдсолон, ғайр аз ҳолатҳои аз тарафи онҳо нишон дода шудани зиддияти мусаллаҳона, ҳуҷум, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид карда метавонанд, истифода бурдан мумкин нест.

Дар ҳолати дифои машрўъ ё зарурати ночор хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ дар сурати набудани воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон метавонад аз ҳар гуна воситаҳои дар зери дасташ буда истифода барад.

Моддаи 22. Истифодаи силоҳ

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳақ доранд шахсан ё дар ҳолати дастҷамъӣ дар чунин мавридҳо силоҳро истифода баранд;

а) барои ҳимояи шаҳрвандон аз ҳуҷуме, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад;

б) барои рафъи ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва коркунони муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ, вақте ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо хатар таҳдид мекунад, инчунин барои пешгирӣ намудани кушиши кашида гирифтани силоҳи онҳо;

в) барои озод намудани гаравгонон, объектҳо, иншоот, борҳо ва техникаи ҳарбии зуран гирифташуда;

г) барои боздошт намудани ашхосе, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят бар зидди хаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон ғофилгир шудаанд ва кўшиши фирор кардан доранд, инчунин онҳое, ки зиддияти мусаллаҳона нишон медиҳанд;

д) барои пешгирӣ намудани фирори инҳо аз таҳти назорати посбонон:

— шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноят гумонбар шуда боздошт гардидаанд;

— шахсоне, ки нисбати онҳо ҳабс чораи пешгирӣ интихоб карда шудааст;

— шахсоне, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд;

е) барои пешгирӣ намудан кўшишҳои зуран озод намудани шахсоне, ки дар банди «д»-и ин модда зикр ёфтааст;

ж) барои таваккуф додани воситаи нақлиёт бо роҳи нуқс расондан ба он, дар сурате, ки ронанда дар шароити низоми вазъияти фавқулодда бо вуҷуди тақозои корманди милисия ё хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ аз нигоҳ доштани нақлиёт саркашӣ кунад;

з) барои зада гардонидани ҳуҷуми дастҷамъӣ ё мусаллаҳона ба шаҳракҳои ҳарбӣ, эшелонҳо ва колоннаҳои ҳарбӣ, объектҳо, иншоот ва борҳои таҳти муҳофиза, манзили шаҳрвандон, биноҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, аз он ҷумла бо истифодаи воситаҳои нақлиёт;

и) барои пахш намудани зиддияти гурўҳҳои мусаллаҳ, ки талаби қонунии хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилиро дар бораи бас кардани амалиёти ғайриқонунӣ ва супурдани силоҳ ва техникаи ҳарбии дар дасташон буда иҷро намекунанд;

к) барои огоҳ намудани шаҳрвандон аз нияти истифода бурда шудани силоҳ, додани бонги хатар ва даъват ба ёрӣ;

бидуни огоҳкунӣ аз силоҳ, ҳангоми зада гардондани ҳуҷум бо истифодаи силоҳ, техникаи ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, аппаратҳои парвозкунанда ва киштиҳо, ҳангоми фирор аз зери назорати посбонон бо силоҳ, ё бо ёрии воситаҳои нақлиёт ва аппаратҳои парвозкунанда, инчунин ҳангоми фирор дар шароити торик будани ҳаво ва ҳангоми фирор аз воситаи нақлиёт дар вақти ҳаракат истифода бурда мешавад.

Истифодаи силоҳ нисбати занон, шахсоне, ки нишонаҳои маъюб будани онҳо аён аст ва ноболиғон, ки синну солашон маълум мебошад, мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳои аз тарафи онҳо нишон додани зиддияти мусаллаҳона ё ҳуҷум, ки ба ҳаёти одамон таҳдид мекунад.

 

Моддаи 23. Истифодаи техникаи ҳарбӣ

Техникаи штатии ҳарбӣ, ки қўшунҳои дохилӣ бо он мусаллаҳ мебошанд, дар чунин ҳолатҳо истифода шуда метавонад;

а) барои озод намудани гаравгонон, объектҳо, иншоот, борҳо ва техникаи ҳарбӣ, ки таҳти посбонӣ қарордошта забт карда шудаанд;

б) барои боздошт намудани шахсоне, ки зиддияти мусаллаҳона нишон медиҳанд;

в) барои таваккуф додани воситаҳои нақлиёт дар шароити низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда;

г) барои зада гардонидани ҳуҷуми дастҷамъӣ ё мусаллаҳона ба шаҳракҳои ҳарбӣ, эшелонҳо ва колоннаҳои ҳарбӣ, объектҳо, иншоот ва борҳои таҳти муҳофиза, манзили шаҳрвандон, биноҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои нақлиёт;

д) барои пахш кардани зиддиятҳои гурўҳҳои мусаллаҳ, ки аз иҷрои тақозои қонунии хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилиро дар бораи бас кардани амалиёти ғайриқонунӣ ва супурдани аслиҳа ва техникаи ҳарбие, ки дар даст доранд, саркашӣ мекунанд.

 

Моддаи 24. Кафолати амнияти шахсии хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳақ дорад силоҳи худро ба даст гирифта, онро ба ҳолати омодабош оварад, агар чунин шуморад, ки дар вазъияти ба амаломада барои истифодаи он метавонад асосҳое бошанд, ки дар моддаи 22 ин Қонун пешбинӣ шудаанд.

Кўшишҳои дастгиршаванда барои наздик шудан ба хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо силоҳи аз ғилоф кашидашудаи сард ё оташфишон, ё бо асбобе, ки бо ёрии он зарари ҷисмонӣ расонидан мумкин аст ва дар зимни кўтоҳ, намудани фосилае, ки хизматчии ҳарбӣ нишон додааст, инчунин кўшиши он барои ба силоҳи хизматчии ҳарбӣ даст задан, ба хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқ медиҳад, ки мувофиқи банди «б» моддаи 22-юми ҳамин Қонун силоҳро истифода барад.

Ба манфиати таъмини амнияти хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ нашр кардани иттилоот дар бораи маҳалҳои ҷойгиршавии (тағйири ҷой намудани) қисмҳои ҳарбӣ, ки дар задухурдҳо бо гурўҳҳои мусаллаҳи ҷинояткорон иштирок намудаанд, мумкин нест. Иттилоот дар бораи фаъолияти хизматию ҳарбии қўшунҳои дохили фақат бо иҷозати фармондеҳи қисми ҳарбӣ, сардори таълимгоҳи ҳарбӣ ё муассисаи қўшунҳои дохилӣ дода мешаванд.

 

ФАСЛИ VI.

РОҲБАРӢ БА ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 25. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қўшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад ва ба қонунӣ будани иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ҷавобгар мебошад.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти қўшунҳои дохилӣ дар иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ мебарорад;

— сохтор ва штатҳои Раёсати қўшунҳои дохилӣ, ҷузъу томҳо, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбии қўшунҳои дохилиро тасдиқ мекунад;

— афсаронро ба гирифтани унвонҳои ҳайати олии афсарӣ пешбарӣ мекунад;

— бо пешниҳоди Фармондеҳи қўшунҳои дохилӣ афсаронро ба мансабҳои фармондеҳи қисм ва баландтар аз он таъин менамояд;

бо унвонҳои якуми афсарӣ, инчунин унвонҳои ҳарбиро то рутбаи полковник сарфароз менамояд;

— афсаронро мувофиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизмати ҳарбӣ рухсат медиҳад;

— таълим ва такмили қўшунҳои дохилиро ба воситаи Фармондеҳи қўшунҳои дохилӣ, мақомоти минтақавии корҳои дохилӣ ва дар сурати зарурат ба воситаи  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;

— барои бо кор ва аз ҷиҳати моддию маишӣ таъмин намудани оилаҳои хизматчиёни қўшунҳои дохилӣ, ки ҳалок гардидаанд (вафот кардаанд) мувофиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад;

— ҳаҷми вазифаҳои хизматиро барои қисмҳо ва қисмҳои махсуси моторикунонидашудаи милиса, дар асоси шумора ва бо назардошти фароҳамсозии шароити таълим, тарбия ва истироҳати ҳайати шахсӣ, инчунин талаботи санадҳои асосии меъёрӣ барои қўшунҳо муайян менамояд;

— ба фаъолияти қисмҳои ҳарбии мазкур назорат мекунад. (қҷт аз 22.05.98, №630; қҷт аз 22.04.03, №11) (ҚҶТ аз 25.122015,№1265)

 

Моддаи 26. Фармондеҳи қўшунҳои дохилӣ

Фармондеҳи қўшунҳои дохилӣ бевосита қўшунҳои дохилиро идора менамояд.

Фармондеҳи қўшунҳои дохилӣ дар замони осоишта ва ҷанг барои дар ҳолати омодабоши муҳорибавӣ ва сафарбарӣ нигоҳ доштани қўшунҳои дохилӣ ва бомуваффақият иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда масъул мебошад.

Фармондеҳи қўшунҳои дохилӣ:

— сардори бевоситаи тамоми ҳайати шахсии қўшунҳои дохилӣ мебошад;

-мувофиқи фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили фаъолият, сохтори қӯшунҳои дохилӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ташкилӣ таклифҳо пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 25.122015,№1265)

— нақшаҳои дар асоси даъват бо хизматчиёни ҳарбии хизмати мўҳлатдор такмил додани қўшунҳои дохилиро тартиб медиҳад, онҳоро аз хизмати ҳарбӣ мувофиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат менамояд;

— фармонҳо, директиваҳо, дастуруламалҳо, низомномаҳо мебарорад, накшаҳо ва барномаҳои тайёрии муҳорибавӣ ва сафарбарии қўшунҳои дохилӣ, инчунин нақшаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро тартиб медиҳад; (ҚҶТ аз 25.122015,№1265)

— масъалаи адои хизмати ҳарбиро аз тарафи афсарон, прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлат мувофиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд;

— афсаронро ба мансабҳои то муовини командири қисми ҳарбӣ, муовини сардори шўъбаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ таъин мекунад; (ҚҶТ аз 25.122015,№1265)

— ба афсарон унвонҳои ҳарбӣ медиҳад ва афсаронро то рутбаи майор аз хизмати ҳарбӣ рухсат медиҳад, инчунин ба афсарони рутбаи то капитан пеш аз мўҳлат унвони ҳарбӣ медиҳад;

— инкишофи заминаи моддӣ ва муҳайё сохтани шароити зарурии иҷтимоию маиширо барои ҳайати шахсӣ таъмин менамояд;

— хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиён ва кормандони қўшунҳои дохилиро ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ мекунад;

— дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусаллаҳ намудани қўшунҳо, техникаи ҳарбӣ ва молу мулки дигарро қабул менамояд;

—  молу мулки корношоям ё маводи қиматнок ва маблағи пули гумшудаи ҳарбӣ (буҷетӣ)-ро ба тартибе, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз ҳисоб мебарорад;

— дар ҳадду ҳудуди ваколатҳое, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷорӣ намудани низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда барояш дода шудааст, амалиёти қўшунҳои дохилӣ, мақомоти дахлдори минтақавии корҳои дохилиро, ки барои таъмини низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда ҷалб карда мешаванд, ҳамоҳанг месозад. (қҷт аз 22.05.98, №630; қҷт аз 29.11.2000, №20)

 

 

Моддаи 27. Раёсати қўшунҳои дохилӣ

Раёсати қўшунҳои дохилӣ  дар нақшаи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (ҚҶТ аз 25.122015,№1265)

Ташкил ва тартиби фаъолияти Раёсати қўшунҳои дохилӣ мувофиқи низомномае, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муқаррар карда мешавад.

ФАСЛИ VII

ҶАЛБИ ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ БАРОИ ИҶРОИ ВАЗИФАҲОЕ, КИ БА ЗИММААШОН ГУЗОШТА ШУДААНД

 

Моддаи 28. Тартиби вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро кардани ҷузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои қўшунҳои дохилӣ

Тартиби вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро намудани ҷузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо ҳамин Қонун ва Оинномаи хизмати ҳарбии Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва санадҳои меъёрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Муддати ҷалби ҷузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ барои иҷрои вазифаҳояшон дар шароити низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда набояд аз се моҳ, зиёд бошад. Зимнан барои афсарон прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамуддат хизмат мекунанд, мўҳлати хизмат як бор се ҳамчун хизмати дарозмуддат, ки ба нафақа ҳуқуқ медиҳад ва барои хизматчиёни ҳарбии хизмати мўҳлатнок як бор се ҳамчун собиқаи кор барои таъини нафақа ҳисоб мешавад, инчунин бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба онҳо маоши зиёдтар дода мешавад. (қҷт аз 29.11.2000, №20)

 

Моддам 29. Ҷалби ҷузъу томҳо қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии қўшунҳои дохилӣ барои иҷрои вазифаашон берун аз ҳудуди ҷойгиршавии онҳо

Ҷалби ҷузъу томҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии қўшунҳои дохилӣ барои иҷрои вазифаҳояшон берун аз ҳудуди ноҳияҳои ҷойгиршавии онҳо аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ба сардорони калони оперативӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки воҳидҳои моторикунонидашудаи махсуси қисмҳои ҳарбиро ба муддати то як моҳ ҷиҳати ёрӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ барои муҳофизаи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди минтақаҳои дахлдор ҷалб намоянд ва аз ин қарори худ ҳатман Раёсати қўшунҳои дохилиро, огоҳ созанд.

 

ФАСЛИ VIII.

КАФОЛАТИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 30. Ҳатман иҷро карда шудани талаботи қонунии хизматчиёни қўшунҳои дохилӣ

Иҷрои талаботи қонунии хизматчии қўшунҳои дохилӣ аз тарафи шаҳрвандон, ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад;

Барои иҷро накардани талаботи қонунии хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ва амале, ки ба иҷрои вазифаи ба зиммаи вай гузошташуда халал мерасонад, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст.

 

Моддаи 31. Дифоъи машрўъ ва зарурати фавқулодда, ки дар фаъолияти хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ татбиқ мешавад

Дар фаъолияти хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дифоъи машрўъ ва зарурати фавқулодда татбиқ мешавад.

 

 

Моддаи 32. Нораво будани мудохила ба амали хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳангоми адои хизмат вазифаҳои ба зиммаш гузошташударо иҷро намуда, фақат дар асоси қонун амал мекунад, намояндаи ҳокимият мебошад ва аз тарафи давлат ҳимоя карда мешавад.

Ҳеҷ кас ҳақ надорад ба амали қонунии хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ мудохила кунад, ғайр аз шахсоне, ки ин Қонун онҳоро ба ин кор ваколатдор намудааст.

Ҳеҷ кас ҳақ надорад хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилиро ба иҷрои вазифаҳое, ки ин Қонун ба зиммаи қўшунҳои дохилӣ нагузоштааст, маҷбур кунад.

 

Моддаи 33. Гувоҳии хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Гувоҳии хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ доир ба парвандаи ҷиноят ё қонуншикании маъмурӣ, ки вай ҷабрдида ё шоҳид мебошад, бо гувоҳии дигар, ки ба тартиби муқарраркардаи қонун гирифта шудааст, баробар дониста мешавад.

 

Моддаи 34. Ҳуқуқи хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ба ҳимояи судӣ

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ба ҳимояи судӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ  ҳақ доранд.  (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 35. Суғуртаи давлатӣ ва ҷуброни товони зарар дар сурати ҳалок ё маъюб шудани хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳатман аз ҳисоби маблағи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта карда мешаванд.

Дар сурати ҳалок шудани (вафот кардани) хизматчии ҳарбии қўшунҳхои дохилӣ ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматӣ ё марги вай дар давоми як соли баъди рухсат шуданаш аз хизмат дар натиҷаи садама, захм, беморӣ, ки дар давраи адои хизмат ба вай расидааст, ба оилааш ва дастнигаронаш ёрии якдафъаина ба андозаи 10-сола маоши вай аз рўи маоши вазифагӣ ва маоши аз рўи унвони ҳарбӣ, ки дар вақти марги вай вуҷуд дошт, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад ва баъдан ин маблағ аз шахсони гуннаҳкор ситонида мешавад.

Ҳар гоҳ хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти хизмати садама бинад, захмӣ ва бемор шавад, ки он дигар ба адои хизмат имкон намедиҳад, барои кўмакпулии якдафъаина ба андозаи маоши 5-солааш аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад ва баъдан ин маблағ аз шахсони гуннаҳкор ситонида мешавад.

Зараре, ки ба молу мулки хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ё оилаи вай ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, пурра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн гардида, баъдан ин маблағ аз шахсони гуннаҳкор ситонида мешавад.

Моддаи 36. Таъмини хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо манзил

Барои афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлат манзил дар шакли хонаи алоҳида ё ҳавлӣ аз рўи меъёрҳои муқарраршуда аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи маҳаллӣ, инчунин аз тарафи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор, ки объектҳои онҳоро қўшунҳои дохилӣ посбонӣ мекунанд, ба тартибе, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дода мешавад.

Барои сохтмони манзил дар гарнизонҳои алоҳида ва шаҳракҳои махсуси ҳарбӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва захираҳои марказонидашудаи моддӣ-техникии давлатӣ маблағ ҷудо мекунанд. (қҷт аз 29.11.2000, №20)

Хонаҳои истиқоматии хусусинашудаи фонди манзили давлатӣ, ки дар онҳо шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии изофамўҳлат истиқомат мекунанд, ба қўшунҳои дохилӣ вобаст карда мешаванд. Ҳангоми холӣ шудани ин биноҳо дар онҳо хизматчиёни қўшунҳои дохилӣ ҷой дода мешаванд. Дар сурати ба ҷои дигар нақл макон намудани қисми ҳарбӣ ва дар ин минтақаҳо вуҷуд надоштани дигар қисмҳои ҳарбии қўшунҳои дохилӣ биноҳое, ки хизматчиёни ҳарбии ин қисми ҳарбӣ ишғол мекард, ба мақомоти  ҳокимияти давлатӣ ва идораи маҳаллӣ баргардонида мешаванд, ба шарте, ки дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ, ғайр аз хизматчиёни ҳарби хизмати мўҳлатдор, барои дохил шудан ба кооперативҳои сохтмони манзил (кооперативҳои манзил), ба харидан ва сохтани хонаҳои истиқоматии шахсӣ дар маҳалли хизмат ба тартиб ва шартҳое, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҳақ доранд. Хизматчиёни ҳарбие, ки дар минтақаҳои дорои шароити вазнини иқлимӣ ва дар гарнизонҳои ҷудогона ва шаҳракҳои махсуси ҳарбӣ хизмат мекунанд ва дар он ҷо барои хизмачиёни ҳарбӣ мўҳлати ниҳоии хизмат муқаррар карда шудааст, дар сурати доштани 15-сола собиқаи хизматӣ тақвимӣ ва зиёда аз он, сарфи назар аз маҳаллӣ адои хизмат — дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолиниши ки онҳо интихоб мекунанд, шомили кооперативҳоӣ манзил (сохтмони манзил) шаванд. Зимнан барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро пайдарпаи дар давоми 10 соли тақвимӣ ва беш аз он бенуқсон адо    намудаанд ва бо манзил таъмин нестанд ё барои беҳбуди шароити манзил эҳтиёҷ дошта, шомили кооперативҳои манзил (сохтмони манзил) шуданд, ё хонаҳои истиқоматии шахсӣ месозанд аз ҷои хизматашон ба андозаи 75 фоизи арзиши манзили кооперативӣ ёрии молиявии маҷҷони расонида мешавад ё қарзи аз бонк барои сохтмони хонаи истиқомати шахсӣ гирифтаи онҳо пардохт мегардад.

Шахсони ҳайати афсарӣ дар рутбаи полковник ва баландтар аз он, ки адои хизмат мекунанд ё аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, фармондеҳони қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ — муаллимони муассисаҳои таълими ҳарбӣ ва кормандони илмӣ, ки унвони илмӣ доранд ба масоҳати иловагии истиқоматӣ ё як хонаи иловагӣ ба андозаи на камтар аз 10 мураббаъметр ҳақ доранд.

Барои хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ, ғайр аз хизматчиёни ҳарбии хизмати мўҳлатдор ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳамронашон зиндагӣ мекунанд, дар муддати на бештар аз 6 моҳи аз рўзи омаданашон ба (маҳаллӣ хизмат манзил дода мешавад, ки он бояд ҷавобгўи талаботи қонуни манзил ва меъёрҳои санитарӣ бошад. То гирифтани манзили доими ин шахсон бояд бо хонаи истиқоматии муваққатӣ ё хобгоҳ таъмин карда шаванд.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ то гирифтани хонаи истиқоматӣ дар муддати муқаррарӣ барои иҷораи манзили муваққатӣ мувофиқи шартномаи иҷораи манзил ҷубронпулӣ дода мешавад.

Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ метавонанд ба хизматчиёни ҳарбӣ қўшунҳои дохилӣ, ғайр аз хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлат, манзилро бо шартҳои имтиёзнок ба нисфи арзишаш фурушанд.

Ба афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ки 20 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат доранд ва шахсоне, ки бинобар синну сол, беморӣ, ихтисори ҳарбиёни қўшунҳо ё штат ё вазъи маҳдуди саломатӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва дорои 20 соли тақвимӣ ва зиёда аз ин собиқаи хизмат мебошанд, иштирокчиёни ҷанг, ҷанговарони интернатсионалист, инчунин ба аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар натиҷаи захмдоршавӣ, садама, маъюбӣ ва беморӣ фавтидаанду дар хонаҳои фонди давлатӣ ва тобеи идора зиндагӣ мекунанд, манзилҳояшон ҳамчун моликияти шахсӣ барояшон ройгон дода мешавад.

Тартиби ба шахсони мазкур додани имтиёзҳо оид ба андози вобаста ба хусусигардонии манзил тавассути қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлат, ки аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт рухсат шудаанд ё ба истеъфо баромадаанд, инчунин оилаҳои онҳо дар маҳаллӣ сукунати интихобкардаашон ба навбати аввал, вале на дар мўҳлати дертар аз се моҳ бо манзил таъмин карда мешаванд. Дар сурате, ки таъмини манзил дар мўҳлати муқарраршуда имкон надошта бошад, бо ризоияти хизматчии ба эҳтиёт (истеъфо) баромада барояш то гирифтани манзил ба андозае, ки дар шартномаи иҷораи манзил зикр шудааст, ҷубронпулӣ дода мешавад. Вазифаи амалӣ гардонидани ин ҳуқуқи хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ба зиммаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ гузошта мешавад. Агар хизматчии ҳарбии қўшунҳои дохилӣ дар вақти иҷрои вазифа ҳалок гардида бошад, барои оилаи вай ҳуқуқи гирифтани манзил ба ҳамон асосҳое, ки дар вақти ба навбат  гузоштани эҳтиёҷмандони беҳбуди шароити манзил вуҷуд дошт, ҳифз мегардад ва зимнан манзил барои он оила на дертар аз як соли ҳалок шудани хизматчии ҳарбӣ дода мешавад.

 

Моддаи 37. Таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо телефон ва муҳайё намудани ҷой барои кўдакони онҳо дар муассисаҳои томактабии кўдакон

Афсарони қўшунҳои дохилӣ барои бенавбат дар манзилҳояшон гузошта шудани телефон ҳуқуқ доранд.

Дар муассисаҳои томактабии кўдакон барои кўдакони хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои дахлдор дар муддати 6 моҳи баъд аз додани ариза ҷой бо пардохт дар асосҳои имтиёзнок, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, муҳайё карда мешавад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 38. Таъминоти тиббии хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ва оилаҳои онҳо

Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ба таъминоти тиббӣ бо роҳи дар қўшунҳо гузаронидани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ, профилактикӣ ва табобатӣ, назорати доимӣ ба вазъи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, ба онҳо расонидани ёрии тиббӣ дар сурати захмдоршавӣ ё беморӣ дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ, бепул додани дору, даво ва хизматрасонии гуногуни тиббӣ, инчунин хизматрасонии имтиёзноки санитарию курорти бо пардохти 10 фоизи арзиши роҳхат аз тарафи афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлат ва пардохти 30 фоизи арзиши роҳхатҳо аз тарафи оилаҳои онҳо амалӣ гардонида мешавад.

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ба дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои муассисаҳои табобатии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асосҳои шартномавӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикии дигар вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат қабул карда мешаванд.

Дар сурати зарурати ёрии таъҷилии тиббӣ ба хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ингуна ёри дар ҳама муассисаҳои наздиктарини тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бепул расонида мешавад.

Аъзои оилаҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлат, инчунин хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт ё истеъфо баромада, собиқаи хизматашон на камтар аз 20 сол мебошад, ба хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои табобатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Таъминоти санитарӣ-эпидемиологии хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар шаҳракҳои ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҷойгир мебошанд, аз тарафи хадамоти санитарию эпидемиологии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути шабакаҳои муассисаҳои санитарию эпидемиологии минтақавӣ, ки қўшунҳои дохилӣ барои дар қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ гузаронидани чорабиниҳо ва амалӣ намудани назорати санитарии идорӣ ёрии бепул мерасонанд, сурат мегирад.

Моддаи 39. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ барои истифодаи бепул аз нақлиёт

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ ғайр аз такси, инчунин нақлиёти дар роҳ вохўрда дар кишлоқҷойҳо истифода мебаранд.

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ, ки дар ноҳияҳои низоми ҳуқуқии вазъи фавқулодда хизмат мекунанд, ғайр аз ин, барои бепул истифода бурдан аз поездҳо дар ҳудуди маҳалҳое, ки онҳо хизмат мерасонанд, ҳуқуқ доранд.

Барои хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки ҳамроҳи оилаашон, ғайр аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбии хизмати мўҳлатдор, дар як сол як маротиба ба маҳаллӣ гузаронидани рухсатии навбатӣ аз ҳисоби маблағи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул рафта оянд.

Барои афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлати қўшунҳои дохилӣ, ки ба мақсадҳои хизмати нақлиёти шахсии худро истифода мебаранд, ба тартиб ва андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҷубронпулӣ дода мешавад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 40. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ҳангоми маъмурият

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ, ки ба маъмурияти хизмати фиристода мешаванд, ҳуқуқ доранд дар асоси шаҳодатномаи маъмурият ба ҳамаи намудҳоӣ нақлиёт бенавбат билет харанд ва дар меҳмонхонаҳо ҷой гиранд.

 

Моддаи 41.Таъминоти иҷтимоӣ-маишӣ ва имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Хизматрасонии тиҷоратию маишӣ барои хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ва оилаҳои онҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаҳои ҳарбии савдо ба тартибе, ки барои қувваҳои мусаллаҳ, муқаррар карда шудааст, инчунин ба воситаи дигар муассисаҳои савдо аз захираҳое, ки бо дархости фармондеҳон ва сардорони қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ ҷудо карда мешаванд, сурат мегирад.  (қҷт аз 10.05.02, №36)

Афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлати қўшунҳои дохилӣ, ки дар хизмати ҳарбӣ мебошанд, инчунин онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ аз рўи синну сол, беморӣ, ихтисори шумораи қўшунҳо ва штатҳо ё ба нисбати маҳдудияти вазъи саломатӣ рухсат шудаанд ва бештар аз 20 соли тақвимӣ собиқаи хизмат доранд, ҳаққи истифодаи манзили фонди давлатӣ ва тобеи идорӣ, инчунин хизматрасонии коммуналиро, ба шумули телефон, аз ҷумла дар биноҳо ва хонаҳое, ки моликияти худашон мебошад, дар ҳаҷми 50 фоиз пардохт менамоянд.

Барои хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ, ки 15 соли тақвимӣ ё зиёда аз он собиқаи хизмат доранд ва шахсоне, ки аз рўи син, беморӣ, ихтисори афроди қўшунҳо ва штатҳо, ё ба нисбати вазъи саломатӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, дорои 15 соли тақвимӣ ва беш аз он собиқаи хизмат мебошанд, барои аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳалок гардиданд ё дар натиҷаи захмдоршавӣ, садама, маъюбӣ ва бемории вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд, барои сохтмони хонаи шахсӣ ва хоҷагии боғу обчакорӣ аз рўи меъёрҳои на камтар аз он, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бепул қитъаҳои замин ҷудо карда ва барои сохтани хонаҳо ба андозае, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, қарз дода мешавад. (қҷт аз 10.05.02, №36)

Барои афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлат, ки аз рўи синну сол, беморӣ, ихтисори шумораи қўшунҳо ва штатҳо ё ба сабаби маҳдудияти вазъи саломатӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешаванд, барои собиқаи хизмат ба қарори зайл ёрдампулии якдафъина дода мешавад:

— аз 10 то 15 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 6-моҳа;

— аз 15 то 20 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 7-моҳа;

— аз 20 то 25 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 8-моҳа;

— аз 25 то 30 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 9-моҳа;

— зиёда аз 30 соли тақвимӣ — ба андозаи маоши 10-моҳа;

Барои афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофа аз мўҳлат, ки 20 соли тақвимӣ ё зиёда аз он собиқаи хизматӣ доранд, мувофиқи хоҳишашон аз рўи арзиши ибтидоии бақиявӣ автомашина ва техникаи автомобилию тракторӣ, ки дар ихтиёри қўшунҳои дохилӣ буданд, ба тартибе, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, фурўхта мешавад.

Ба занони бекори афсарон, прапоршикҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати изофамўҳлат, ки дар гарнизонҳо ва дар маҳалҳои дурдаст хизмат мекунанд ва дар он ҷо барои бо кор таъмин намудани онҳо имконият нест, ҳар моҳ, мувофиқи андозаи камтарини маош, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ёрдампулӣ дода мешавад ва мўҳлати гирифтани ин ёрдампулӣ ба собиқаи умумии кор шомил мегардад.

Нуқтаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин Қонун пешбинӣ нашудаанд, нисбати хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ пурра татбиқ мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ метавонанд имтиёзҳо ва дигар намудҳои кафолати ҳимояи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ва оилаҳои онҳоро, ки дар ин Қонун пешбинӣ намудаанд, муқаррар намоянд. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

Моддаи 42. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Дар сурати риоя карда нашудани кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ ва оилаҳои онҳо, ки ин қонун пешбинӣ мекунад, шахсони мансабдори ба ин гунаҳкор, тавре, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

ФАСЛИ IХ.

ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 43. Таъминоти молиявии қўшунҳои дохилӣ

Қўшунҳои дохилӣ аз ҳисоби маблағе, ки махсус аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, инчунин маблағе, ки вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои посбонии объектҳояшон дар асоси шартномаҳои мувофиқи қонун басташуда ва аз буҷети маҳаллӣ барои бо пул таъмин намудани қисмҳои таъиноти оперативӣ ва қисмҳои моторикунонидашудаи махсуси милитсия ҷудо мекунанд, таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 44. Таъминоти моддию техникӣ ва ҳарбии қўшунҳои дохилӣ

Тартиб ва меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва ҳарбии Қўшунҳои дохилӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

Таъмиркунии техникаи ҳарбӣ дар корхонаҳои таъмири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои (дархостҳои) қўшунҳои дохилӣ сурат мегирад.

Сохтмон ё додани объектҳо барои ҷойгиршавии қисмҳои (воҳидҳои) ҳарбии қўшунҳои дохилӣ аз рўи тартиб ва (меъёрҳое, ки барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти хусусиятҳое, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз ҳисоби вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки объектҳои тобеи онҳоро қўшунҳои дохилӣ посбонӣ мекунанд ва барои ҷойгир намудани Раёсати қўшунҳои дохилӣ, раёсатҳои ҷузъу томҳои қўшунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбии таъиноти оперативӣ ва қисмҳои ҳарбии моторикунонидашудаи махсус, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбии қўшунҳои дохилӣ — дар навбати худ аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷети маҳаллӣ бо таъминоти марказонидашудаи захираҳои моддӣ сурат мегирад.

Таъмир ва хизматрасонии коммуналии шаҳракҳои ҳарбӣ, биноҳо ва иншооте, ки онҳоро барои ҷойгир намудани қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо медиҳанд, аз ҳисоби маблағи барои захираҳои меҳнатӣ ва моддӣ ҷудо кардаи буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ин маблағҳоро ба ин мақсад вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳайати шахсии қўшунҳои дохили ба манфиатҳои онҳо адои хизмат мекунанд ва инчунин мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷудо менамояд.

Сохтмон, таъмири асосӣ ва таҷдиди сохтмони воситаҳои инженерию техникӣ ва таъмини истифодабарии онҳо аз ҳисоби маблағи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ сурат мегирад, ки объектҳои тобеи онҳоро қўшунҳои дохилӣ посбонӣ мекунанд.

Таъмир ва хизматрасонии коммуналии биноҳои Раёсати қўшунҳои дохилӣ, раёсатҳои ҷузъу томҳои қўшунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбии таъиноти оперативӣ ва қисмҳои моторикунонидашудаи махсус, муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳарбии қўшунҳои дохилӣ чунон, ки бояд аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷети маҳаллӣ бо таъминоти марказонидашудаи захираҳои моддӣ сурат мегирад.

Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ, ки муваққатан вазифаи худро дур аз маҳаллӣ ҷойгиршавии доимии қисми ҳарбии худ адо менамоянд, бо хонаву ҷой, хизматрасонии коммуналӣ, хатту каналҳои алоқа, нақлиёти автомобилӣ ва маводи сўзишворию равғанҳои молиданӣ, хўроки иловагӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки махсус аз буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад ва буҷети маҳаллӣ таъмин карда мешаванд.

ФАСЛИ Х.

НАЗОРАТ БА ҚОНУНӢ БУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 45. Назорати идорӣ ба қонунӣ будани фаъолияти қўшунҳои дохилӣ

Назорати идорӣ ба истифодаи оқилонаи қувваҳо ва воситаҳо дар қўшунҳои дохилӣ, ба сохтори ташкилии воҳидҳои ҳарбӣ мувофиқат кардани ҳаҷм ва хусусияти вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд, инчунин назорат ба қонунӣ будани фаъолияти онҳо аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 46. Назорати додситонӣ ба қонуни будани фаъолияти қўшунҳои дохилӣ

Назорат ба қонунӣ будани фаъолияти қўшунҳои дохилӣ аз тарафи Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи вай сурат мегирад. (қҷт аз 22.05.98, №630)

 

 

Раиси Шўрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Э. РАҲМОНОВ

шаҳри Душанбе, 28 декабри соли 1993.

                        № 916.

ШАРИКОН: