ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РЕКЛАМА

(АМОҶТ с.2003, №8, мод.457; с. 2007, №6, мод. 432; с.2008, №10. мод. 824; с.2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262; с.2014, №11, мод.672; с.2015,№ 3,мод.224)

 

 

Қонуни мазкур муносибатҳои соҳаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёсӣ) ба танзим  дароварда, онро аз рақобати бевиҷдонона ҳифз менамояд ва рекламаи  номуносиберо, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозад ё ба саломатии онҳо, молу мулки шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории  шахсони мазкур зарар расонад, инчунин ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардўстӣ ва ахлоқӣ таҳдид кунад, пешгирӣ ва манъ  менамояд. (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонун

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди  истеҳсол, ҷойгиронӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонии (минбаъд — мол) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозорҳои хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки бо истифодабарии маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дар бозорҳои қоғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

Қонун ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки амалҳои берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содиркардаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи реклама боиси маҳдудияти рақобат, ба иштибоҳ андохтани шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд ё оқибатҳои дигари манфиро дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоранд, татбиқ карда мешавад, агар муносибатҳои  байни давлатҳо  бо созишномаҳои байналмилалӣ  ба танзим дароварда шуда бошанд.

Ҳамин Қонун нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд — соҳибкорони инфиродие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рекламаро истеҳсол, ҷойгир ва паҳн мекунанд, низ татбиқ мегардад.

Қонуни мазкур ба эълонҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла  дар воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул  нестанд, дахл надорад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии  зерин истифода  мегарданд:

— реклама — иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо ( ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул  ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурўхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд;

— рекламаи номуносиб — рекламаи  бевиҷдонона,  нодуруст, беодобона, ошкоро бардурўғ, пинҳонӣ ё дигар рекламае, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, вақт, маҳал ва тарзи паҳнкунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудааст;

— рекламаи мутақобил — рад кардани рекламаи номуносиб, ки бо мақсади барҳам додани оқибатҳои он паҳн карда мешавад; (қҷт. 16.04.2012 №812)

— рекламадиҳанда — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ,  ки бо фармоиши он реклама таҳия ва  паҳн  карда мешавад; (қҷт. 16.04.2012 №812)

— истеҳсолкунандаи реклама — шахси  воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро пурра ё қисман дар шакли тайёр барои паҳнкунӣ омода месозад;

— паҳнкунандаи реклама — шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти  рекламаро бо роҳи пешниҳод ё истифодаи молу мулк, аз ҷумла, воситаҳои техникии радио, телевизион, инчунин шабакаҳои алоқа, вақти намоиш  ва бо истифода аз дигар воситаҳо анҷом медиҳад; (қҷт. 16.04.2012 №812)

— истифодабарандагони реклама — шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки реклама ба маълумоташон расонида мешавад;

— рекламаи беруна — плакатҳо, стендҳо, овезаҳои  номалавҳаи мунаввар ва воситаҳои дигари техникӣ, ҷойгиронии устувори он дар ҳудуди муайян;

— рекламаи дохилӣ ҳар гуна рекламае, ки дар дохили хонаҳо, биноҳо, иншоотҳо ҷойгир карда шудааст;

— рекламаи иҷтимоӣ – рекламаи ғайритиҷоратӣ, ки  дар он тарзи ҳаёти солим,  ҳифзи саломатӣ, ҳифзи муҳити зист, амнияти аҳолӣ,  пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои  иҷтимоӣ ифода шудааст; (қҷт. 16.04.2012 №812; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

— оферта — пешниҳод ба бастани шартнома буда, ба як ё якчанд шахсони мушаххас фиристода мешавад ва талабҳои асосии шартномаро дар бар мегирад;

— аксепт — ҷавоби шахсе, ки офертаи ба ў пешниҳод кардашударо гирифтааст;

— сарпарастӣ аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузоштани саҳм (дар шакли пешниҳоди молу мулк, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ,  хизматрасонӣ, анҷом додани корҳо) ба фаъолияти шахси дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ (кўмакгиранда) бо шартҳои паҳн кардани рекламаҳои кўмакгиранда оид ба сарпараст ва молҳои ў; (қҷт. 16.04.2012 №812)

— саҳми сарпарастӣ — пардохт барои реклама аз ҷониби сарпараст  (рекламадиҳанда) ба кўмакгиранда (паҳнкунандаи реклама). (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он барои реклама

Реклама метавонад пурра ё қисман объекти ҳуқуқи муаллиф  ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бошад.

Дар ин ҳолат ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста  ба он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

 

БОБИ 2.

ТАЛАБОТИ УМУМӢ ВА МАХСУС БА РЕКЛАМА (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 5. Талаботи умумӣ ба реклама

Реклама  бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама фаҳмида шавад. (қҷт. 16.04.2012 №812)

Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар маҳсулоти чопии дорои хусусияти ғайрирекламавӣ истифодаи мақсадноки таваҷҷўҳи  истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иҷрокунанда, фурўшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онҳо бе маълумоти муносиби пешакӣ дар ин маврид (ба хусус, бо роҳи қайд кардан «ҳамчун реклама») иҷозат дода намешавад.

Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии  реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ  гирифтани маблағ манъ аст.

Реклама дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот  ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд. (қҷт. 16.04.2012 №812)

Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиҳанда,  ҳамчунин ба рекламаи молҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи онҳо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ки бояд ҳатман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад. (ҚҶТ  13.06.07, №276)

Рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди «ҳатман сертификатсия кунонида шаванд» дошта бошанд.

Истифода намудани объектҳои ҳуқуқҳои истисноӣ (моликияти зеҳнӣ) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зўроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.

Ба истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори рекламае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намекунад, иҷозат дода намешавад. (қҷт. 16.04.2012 №812; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

 

Моддаи 6. Рекламаи бевиҷдонона

Рекламаи бевиҷдонона рекламае мебошад, ки:

шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз молҳои рекламашаванда  истифода намекунанд, беобрў менамояд;

дорои муқоисаҳои носаҳеҳи моли рекламашаванда бо моли (молҳои)  дигар шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқӣ буда, инчунин мулоҳизаҳо  ва тасвирҳое дорад, ки иззат, шаъну шараф  ё эътибори кории рақибонро паст мезананд; (қҷт. 16.04.2012 №812)

истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи тақлиди (нусхабардории ё тақлидкории) лоиҳаи умумӣ, матн,  формулаҳои рекламавӣ, тасвир, таъсироти мусиқӣ ва савтии дар рекламаи молҳои дигар истифодашаванда ё тавассути сўиистифодаи боварии шахсони воқеӣ  ё нокифоя будани таҷрибаю дониши онҳо, аз ҷумла бо сабаби дар реклама мавҷуд набудани қисматҳои муҳими иттилоотӣ ба иштибоҳ меандозад.

Ба рекламаи бевиҷдонона роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 7. Рекламаи нодуруст

Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондиҳандаҳои зерин маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ мавҷуд аст:

— тавсифи молҳо ҳамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онҳо, таъинот, хусусияти истеъмолӣ, шароитҳои истеъмол, мавҷудияти сертификати мутобиқат, аломатҳои сертификатсионӣ ва аломатҳои мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ, теъдод, маҳалли истеҳсол;

— мавҷудияти мол дар бозорҳо, имкониятҳои дар ҳаҷми мазкур харидорӣ намудани он, вақт ва маҳал;

— арзиши (нархи) молҳо дар лаҳзаи паҳн кардани реклама;

— шароитҳои иловагии пардохт;

— бурда расонидан, табодул, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол;

— ўҳдадориҳои кафолатӣ, мўҳлати хизмат, мўҳлати истифода;

— ҳуқуқ барои истифодаи рамзҳои давлатӣ, инчунин рамзҳои ташкилотҳои байналмилалӣ;

— эътирофи расмӣ, гирифтани медалҳо, ҷоизаҳо, дипломҳо ва дигар мукофотҳо;

— пешниҳоди маълумот доир ба тарзҳои харидани силсилаҳои пурраи молҳо, агар  мол як қисми силсила  бошад;

— натиҷаи тадқиқот ва санҷишҳо, истилоҳоти илмӣ, иқтибосҳо аз нашрияҳои техникӣ, илмӣ ва дигар интишорот;

— маълумоти оморие, ки асоснокии онҳо набояд дар шакли аз ҳад зиёд  нишон дода шавад;

— истинод ба ягон тавсияҳо  ё эътирофи шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба тавсияву эътирофҳои кўҳнашуда;

— истифодаи истилоҳот бо дараҷаи баланд, аз ҷумла тавассути  истифодаи калимаҳои «беҳамто», «мутлақо», «ягона» ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат;

— муқоиса бо дигар мол (молҳо), инчунин бо ҳуқуқ ва вазъи дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

— истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молҳои рекламашаванда;

— ҳаҷми воқеии талабот ба мол;

— маълумот доир  ба худи рекламадиҳанда.

Ба рекламаи нодуруст роҳ дода намешавад .

 

Моддаи 8. Рекламаи беодобона

Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки :

— дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ буда, меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурўҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозад;

— объектҳои санъатро , ки дорои арзиши миллӣ ё фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд, беобрў  менамояд, рамзҳои давлатӣ,  пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё асъори давлати дигар ва рамзҳои мазҳабиро бадном мекунад;

— ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

Шахси воқеӣ  ё ҳуқуқие, ки аз истеҳсол ё паҳн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи шаъну шараф ё эътибори кории ў огоҳ шудааст, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқҳои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд, инчунин агар рекламадиҳанда ин талаботро ихтиёрӣ иҷро накунад, ҳуқуқ дорад аз рекламадиҳанда раддияи чунин рекламаро бо ҳамон тарзе ки паҳн карда шуда буд, талаб намояд. (қҷт. 16.04.2012 №812)

Ба рекламаи беодобона роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 9. Рекламаи бардурўғ

Рекламаи бардурўғ чунин рекламае мебошад, ки тавассути он рекламадиҳанда (истеҳсолкунандаи реклама, паҳнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро қасдан ба иштибоҳ меандозад.

Ба рекламаи бардурўғ роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 10. Рекламаи пинҳонӣ

Дар асари радио, аудио, намоишномаҳои телевизиону видео, дар маҳсулоти кино, ҳамчунин дар маводи дигар истифода  кардан ва бо роҳу воситаҳои дигар интишор намудани рекламаи пинҳонӣ, яъне рекламае, ки ба ҳушу идроки истеъмолкунанда, аз ҷумла бо роҳи истифодаи сабтҳои махсуси видеоӣ  (сабти овози дуҷўра) таъсири беихтиёр  мерасонанд, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 11. Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион

Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:

— суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам  ва дигар маросимҳои расмӣ;

— барномаҳои динӣ;

— барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа  то 30 сония;

барномаҳои радио ва филмҳои бадеӣ  бе розигии соҳибҳуқуқон; (қҷт. 16.04.2012 №812)

— барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;

— барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.

— ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври «сатри муҳаррик», андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр зиёд набошад.

Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа  дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда  дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.

Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда  ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарўзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.

Дар барномаҳои кўдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши  реклама манъ аст.

 

Моддаи 12. Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ

Дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама  набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ  ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.

Дар воситаҳои ахбори оммае, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта  намешавад. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

 

Моддаи 13. Хусусиятҳои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотӣ

Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои  молумулкии муаллиф ба  чунин асарҳо  ҷойгир намудани реклама манъ аст. (қҷт. 16.04.2012 №812)

Ҳангоми хизматрасонии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ реклама танҳо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешниҳод  шуда метавонад.

Ҳангоми хизматрасонии пулакии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ ё дигар хизматрасонӣ реклама танҳо бо розигии абонент  пешниҳод карда мешавад.

Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.

Истифодаи рақамҳои бепули телефонҳои хадамоти ёрии таъҷилӣ, милитсия, сўхторнишонӣ ба мақсади паҳнкунии  реклама манъ карда мешавад.

 

Моддаи 14. Хусусиятҳои рекламаи берунӣ

Паҳн кардани реклама дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо метавонад дар шакли плакатҳо (овезаҳо), стендҳо, номалавҳаҳои мунаввар, дигар воситаҳои техникии устувори ҷойгиронии мавзеъӣ амалӣ гардад.

Рекламаи берунӣ бояд бо аломатҳои роҳҳо ва нишонаҳо мушобеҳ набуда, дидани онҳоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии ҳаракат дар роҳ халал  нарасонад, ҳамзамон реклама (овеза, номалавҳа, стендҳо ва ғайраҳо) бояд дар болои  роҳи автомобилгард  ё аз тарафи рости роҳ ҷойгир шавад. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

Паҳн намудани рекламаи берунӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо ҳангоми мавҷуд будани иҷозати мақомоти дахлдори   маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад:

— аз тарафи мақомоти дахлдори раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, инчунин воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар хати ҷудокарда ва минтақаи  наздироҳии роҳҳои автомобилгард — берун аз қаламрави шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот;

— аз тарафи воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар қаламрави шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот;

— аз тарафи мақомоти дахлдори идораи роҳҳои оҳан — дар хати ҷудокардаи роҳи  оҳан.

Барои додани иҷозати паҳн намудани рекламаи берунӣ бо назардошти талаботе, ки дар қисми якуми ин модда пешбинӣ шудаанд, бо тартиб ва андозаҳои муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бо мувофиқаи мақомоти дахлдоре, ки дар сархатҳои якум ва дуюми қисми сеюми моддаи мазкур зикр гардидаанд, маблағ ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

Ҳамзамон ҳаҷми пардохт бояд аз андозаи хароҷоти корҳои анҷомдодашуда барои додани иҷозати  паҳн намудани рекламаҳои берунӣ, муайян намудани ҷойи паҳн кардани он ва назорати ҳолати рекламаҳои берунӣ ва воситаҳои техникии ҷойгиронии устувори мавзеъии  он зиёд набошад.

Паҳн намудани рекламаи берунӣ бо роҳи ҷойгиркунӣ дар мавзеъ (аз ҷумла, дар мавзеъҳои ёдгориҳои фарҳангӣ, иншооти расму ойин, маҷмўаҳои ҳифзшавандаи  табиӣ), бино, иншоот ва дигар объектҳо, инчунин муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти маблағ барои паҳн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба молу мулк ҳуқуқи моликидошта анҷом дода мешавад, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахси ба молу мулк ҳуқуқи моликидошта ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад ва дар мавриди мавҷуд будани иҷозат қисми  сеюми пешбинишудаи ин модда амалӣ мегардад. (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 15. Хусусиятҳои реклама дар воситаҳои нақлиёт ва муросилоти почта

Паҳн намудани реклама дар воситаҳои нақлиёт дар асоси шартномаҳо бо соҳибони воситаҳои нақлиёт ё бо шахсони ба воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликидошта, агар мутобиқи қонун ё шартнома  нисбати шахсоне, ки ба ин молу мулк ҳуқуқи моликӣ доранд, ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, сурат мегирад. (қҷт. 16.04.2012 №812)

Ҳолатҳои маҳдудият ва манъи паҳн кардани рекламаро дар воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат мақомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии ҳаракат дар роҳ ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд.

Паҳн кардани реклама дар муросилоти почта танҳо бо иҷозати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 16. Рекламаи дохилӣ

Ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ манъ аст. (қҷт. 16.04.2012 №812; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

 

 Моддаи 17. Хусусиятҳоирекламаинавъҳоиалоҳидаимолҳо

Рекламаи спирти этилӣ, машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кўдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдўшӣ), макаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳи ҷангӣ, силоҳи хизматӣ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин ҳангоми рекламаи доруворӣ муқоиса намудани он бо дигар доруворӣ манъ аст.

Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобати юпрофилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдор ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур, амалӣ карда мешавад.

Рекламаи силоҳи ғайри низомии иҷозатдошта, аз ҷумла силоҳи  шикорӣ ва варзишӣ, танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсусгардонида шудаанд, дар дигар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои истифодабарандагони чунин силоҳ пешбинӣ шудаанд, дар ҷойҳои истифодаи силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, дар воситаҳои электронии иттилоотии умумӣ бошад, танҳо баъди соати 22  вақти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1202)

 

Моддаи 18. Хусусиятҳои рекламаи хизматрасонии молиявӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматнок

Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонкӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва дигарҳо, ки бо истифодаи маблағи шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин коғазҳои қиматнок ба амалҳои зерин роҳ дода намешавад:

— дар реклама нишон додани маълумоти миқдорӣ, ки бевосита ба хизматрасониҳои  рекламашаванда ё коғазҳои қиматнок алоқаманд нестанд;

— кафолат додани ҳаҷми даромадҳо тибқи саҳмияҳои номии оддӣ;

— реклама кардани коғазҳои қиматнок то ба қайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онҳо;

— пешниҳод намудани ҳама гуна кафолатҳо, ваъдаҳо ё тахминҳо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла бо роҳи эълон намудани баландшавии қурби коғазҳои қиматнок;

— ном набурдани ҳатто яке аз шартҳои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартҳои шартнома иттилоъ дода шавад.

Моддаи 19. Рекламаи иҷтимоӣ

Рекламаи иҷтимоӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои хайриявӣ нигаронида шудааст.

Дар рекламаи иҷтимоӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ, навъҳои мушаххаси (моделҳои, артикулҳои) молҳои онҳо, ҳамчунин навъҳои молҳое, ки натиҷаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.

Фаъолияти  ба таври ройгон анҷомдодашудаи шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқӣ барои истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи  иҷтимоӣ, аз ҷумла тарзи солимии  ҳаёт  ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, додани моликияти худ, аз ҷумла воситаҳои пулӣ  ба дигар шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқӣ, дар истеҳсол  ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, ҳамчун фаъолияти эҳсонкорӣ дониста шуда, аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бархурдор мебошанд.

Паҳнкунандагони реклама — воситаҳои ахбори омма ўҳдадоранд, ки ҷойгиронии рекламаҳои иҷтимоии пешниҳодкардаи рекламадиҳандагонро дар доираи 10 фоизи вақти намоиш (масоҳати асосии чопӣ ) дар як сол, ки қонунгузорӣ барои реклама муқаррар  кардааст, ҷойгир намоянд.

Паҳнкунандагони рекламае, ки воситаҳои ахбори омма намебошанд, ўҳдадоранд рекламаи иҷтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.

Истеҳсолкунандагони реклама ўҳдадоранд хизматрасониро  оид ба истеҳсоли рекламаи иҷтимоӣ дар доираи 10 фоизи ҳаҷми солонаи рекламаҳое, ки истеҳсол мекунанд, пешниҳод намоянд.

Шартҳои ба вақти ҷойгиронӣ ва воситаҳои паҳнкунии рекламаи иҷтимоӣ тааллуқдошта, ки рекламадиҳанда пешниҳод мекунад, барои паҳнкунандаи реклама ҳатмӣ мебошад, агар рекламадиҳанда ба паҳнкунандаи реклама на дертар аз як моҳи мўҳлати дар назардоштаи паҳни рекламаи иҷтимоӣ муроҷиат намояд.

Пардохти маблағи истеҳсол, ҷойгир  ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.

Дар сурати зиёд будани ҳаҷми фармоишҳо барои истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ назар ба меъёрҳои вақти муқаррарнамудаи намоиши чунин рекламаҳо, масоҳати асосии чопӣ, ҳаҷми  истеҳсол, ҷойгиронӣ, паҳн кардан ва дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳсҳо навбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ бо тартиби аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама  гирифтани офертаи рекламадиҳанда муайян карда мешавад.

Ба амалҳои истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, ки ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ монеа ба вуҷуд меоранд, иҷозат дода намешавад.

Дар сурати роҳ додан ба чунин амалҳо рекламадиҳандагон метавонанд бо тартиби муқарраргардида  ба суд шикоят намоянд.

Моддаи 20. Маҳдудият  дар фаъолияти сарпарастӣ

Сарпараст  ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти  кўмакгиранда дахолат намояд.

Шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот ва тамоку истеҳсол мекунанд, сарпараст буда наметавонанд.

Сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор ва воқеаҳои ҷорӣ манъ аст. (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 21. ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаҳо

Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама бо мақсади муҳофизати ноболиғон аз суиистифодаи зудбоварӣ ва бетаҷрибагӣ ба амалиётҳои зерин роҳ дода намешавад:

— паст задани шаъну шарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва омўзгорон, инчунин коҳиш додани боварии ноболиғон нисбат ба онҳо; (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

— талқини бевоситаи ноболиғон нисбати водор сохтани  падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба харидани молҳои рекламашаванда; (қҷт. 16.04.2012 №812)

— ҷалб намудани диққати ноболиғон ба ин ё он молҳое, ки  ба даст оварданашон ба онҳо нисбат  ба дигар ноболиғон ягон бартарӣ медиҳад, инчунин ба молҳое, ки набуданашон натиҷаи баръакс медиҳад;

— дар реклама ҷойгир намудани маълумоти матнӣ, биноӣ ё савтӣ, ки ноболиғонро дар ҷойҳо  ва вазъиятҳои  хатарнок нишон  медиҳанд;

— паст намудани сатҳи зарурии малакаҳои истифодаи мол  аз ҷониби ноболиғон, ҳамзамон дар сурате, ки агар таҷрибаи истифодаи мол нишон  дода ё тавсиф шуда бошанд, реклама бояд дар хусуси он ки кадом чиз воқеан барои ноболиғони гурўҳи муайяни синну сол, ки мол барояшон пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад;

— ба ноболиғон  талқин намудани хаёлоти ғайривоқеӣ  (таҳрифшуда) оид ба арзиши (нархи) мол, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои «танҳо», «ҳамагӣ» ва ба ҳамин монанд, инчунин бо роҳи бевосита нишон додани он ки моли рекламашаванда барои буҷети тамоми оилаҳо дастрас мебошад.

Истифодаи тасвири матнӣ, биноӣ ё савтии ноболиғон дар рекламае, ки бевосита ба молҳои барои ноболиғон дахл надоранд, роҳ дода намешавад.

 

БОБИ 3.

ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ РЕКЛАМАДИҲАНДАГОН,

ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОН ВА ПАҲНКУНАНДАГОНИ РЕКЛАМА (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 22. Мўҳлати нигоҳдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад

Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон  ва паҳнкунандагони реклама ўҳдадоранд маводҳо ё нусхаҳои  онҳоро, ки рекламаро дар бар мегиранд, аз ҷумла ҳамаи тағйироти минбаъдаи ба онҳо воридшавандаро дар муддати шаш моҳ аз рўзи паҳн шудани рекламаи охирин нигоҳ доранд.

 

Моддаи 221. Ҳуқуқҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама

Рекламадиҳанда,  истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд. (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 23. Пешниҳоди маълумот барои истеҳсол ва паҳн кардани реклама

Истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқи  талаб карданро дорад ва рекламадиҳанда дар ин ҳолат ўҳдадор аст  тасдиқи дурустии  маълумоти рекламаро бо ҳуҷҷат пешниҳод намояд. (ҚҶТ  13.06.07, №276)

 

Моддаи 24. Ўҳдадориҳои истеҳсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории оид ба реклама

Истеҳсолкунандаи реклама ўҳдадор аст сари вақт ба рекламадиҳанда хабар диҳад, ки риояи талаботи ў ҳангоми истеҳсоли реклама метавонад ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама оварда расонад.

Агар рекламадиҳанда сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асоснокшудаи истеҳсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама тағйир надиҳад ё мутобиқи талаботи истеҳсолкунандаи реклама тасдиқи ҳуҷҷатии дурустии маълумоти барои истеҳсоли реклама  пешниҳодшавандаро пешкаш накунад ё дигар ҳолатҳоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истеҳсолкунандаи реклама ҳуқуқ дорад, бо тартиби муқарраргардида шартномаро қатъ намояд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброни пурраи зарарҳоро талаб намояд.

 

Моддаи 25. Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ

Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама бо талаби  мақоми ваколатдори давлатӣ (мақомоти минтақавии онҳо), ки назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ўҳдадоранд дар мўҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои дуруст  ва тавзеҳотро дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ, сабтҳои видеоӣ ва овозӣ,  инчунин дигар маълумоте, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур зарур мебошанд, пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

 

Моддаи 26. Пешниҳоди оммавӣ  оид ба бастани шартнома  дар реклама

Оқибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммавӣ (офертаи оммавӣ) (пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Рекламадиҳанда вазифадор аст мўҳлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунонӣ (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама ақаллан яке аз шартҳои асосӣ  хабар дода шуда бошад), инчунин рекламаҳоеро, ки ба ҳайси шартномаҳои оммавӣ (офертаҳои оммавӣ) амал мекунанд, нишон диҳад.

Агар  рекламадиҳанда баъди бо тартиби муқарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммавӣ ба номи ў  мебошад, аз бастани шартнома саркашӣ кунад, ин шахс  ҳуқуқ дорад  бо талаби бастани шартнома  ва ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи беасос рад намудани рекламадиҳанда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд муроҷиат  намояд.

 

БОБИ 4.

НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ РЕКЛАМА (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 27. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи реклама

Назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Мақоми ваколатдори давлатӣ:

-сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи реклама вафаъолияти рекламавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони реклама ва назорати фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд;

-барномаҳои давлатии рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд;

-фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад ва муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд;

-мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд, махзани ягонаи иттилоотиро дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ташкил намуда, онро идора мекунад;

ба  реклама диҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама доир ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама амрнома медиҳад, аз ҷумла қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро равон мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд;

дар сурати ба ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо алоқаманд будани фаъолияти рекламавии реклама диҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама маводҳоро бо тартиби пешбини намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасии минбаъда ирсол менамояд;

-дар доираи ваколатҳои худ вазифаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии рақобати бевиҷдононаро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ анҷом дода, ба суд доир ба бе эътибор донистани аҳдҳои марбут ба рекламаи номуносиб даъво пешниҳод менамояд;

-дигар ваколатҳоеро, киқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1202)

 

 

 

 

Моддаи 28. Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама

Ииттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама таъсис диҳанд. (қҷт. 16.04.2012 №812; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163) (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1202)

Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама:

— барои иштирок дар таҳияи талаботи реклама, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд; (қҷт. 16.04.2012 №812)

— экспертизаи мустақили рекламаро  ҷиҳати  муайян кардани мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияҳои дахлдорро  ба рекламадиҳандагон, истеҳсол ва паҳнкунандагони реклама  мефиристанд;

— аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҷалб карда мешаванд.

 

БОБИ 5.

РЕКЛАМАИ МУТАҚОБИЛ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РЕКЛАМАИ НОМУНОСИБ (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 29. Рекламаи мутақобил

Ҳангоми муқаррар намудани далели вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҳуқуқвайронкунанда вазифадор аст дар мўҳлати муқаррарнамудаи  мақоми ваколатдори давлатӣ рекламаи мутақобилро анҷом диҳад. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1163)

Ҳамзамон ҳуқуқвайронкунанда хароҷоти рекламаи мутақобилро  дар ҳаҷми пурра мепардозад.

Ҳангоми дар мўҳлати муқарраргардида аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дода нашудани рекламаи мутақобил  мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, ҳуқуқ дорад дар хусуси ба таври пурра  ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда то рўзи ба охир расонидани паҳн кардани рекламаи мутақобил  қарор қабул  намояд.

Ҳамзамон мақоме, ки дар хусуси пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда қарор қабул намудааст, ўҳдадор аст, ки аз ҳуқуқвайронкунанда талаб намояд, то ки ў тамоми тарафҳои шартномаи бо ҳуқуқвайронкунанда нисбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаҳои басташударо фавран хабардор намояд.

Рекламаи мутақобил тавассути ҳамон воситаҳои паҳнкунанда ва бо истифодаи ҳамон тавсияҳои давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анҷом расонида мешавад.

Мазмуни рекламаи мутақобил бо мақоми ваколатдори давлатӣ, ки далели вайронкуниро муқаррар  ва дар хусуси ислоҳи он ҚАРОРИ дахлдор қабул намудааст, мувофиқа  карда мешавад.

Дар ҳолатҳои алоҳида тибқи ҚАРОРИ мақоми ваколатори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, иваз намудани воситаҳои паҳнкунӣ, таснифи давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартиби амалӣ намудани рекламаи мутақобил  иҷозат дода мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №812)

Моддаи 30. Ҷавобгарии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама (қҷт. 16.04.2012 №812)

Рекламадиҳанда барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба ҷойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешниҳодшаванда ҷавобгар мебошад, агар исбот нашуда бошад, ки ҳуқуқвайронкунии  мазкур бо айби истеҳсолкунандаи реклама  ё паҳнкунандаи реклама ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсолкунандаи реклама барои вайрон кардани  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарорӣ, истеҳсол ва таҳияи реклама ҷавобгар мебошад.

Паҳнкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба вақт, маҳал ва воситаҳои ҷойгиронии реклама  ҷавобгар мебошад.

Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рўёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд. (қҷт. 16.04.2012 №812)

Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

      Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт. 16.04.2012 №812)

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор  дода шавад.

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Э.РАҲМОНОВ

ш.Душанбе, 1 августи соли 2003

              №34

ШАРИКОН: