ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҳифзи иттилоот

(АМОҶТ  с. 2002, №11, мод. 696; с.2005, №12, мод. 646)

 

Қонуни мазкур принсипҳои асосии таъмини ҳифзи иттилоот ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии дар ин соҳа ба вуҷуд омадаро муқаррар менамояд.

 

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсадҳои ҳифзи иттилоот

Ба мақсадҳои ҳифзи иттилоот мансубанд:

— пешгирӣ намудани ихроҷӣ, дуздӣ, гумшавӣ, ғалат маънидодкунӣ, сохтакории иттилоот;

— пешгирӣ намудани амалиётҳои беиҷозат оиди нобудсозӣ, тағйирдиҳӣ, ғалат маънидодкунӣ, нусхабардорӣ ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот;

— пешгирӣ намудани амалиётҳои боиҷозат ва беиҷозат, ки боиси қасдан ё бидуни қасд нобудсозӣ, бастани роҳи паҳншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, ихроҷӣ, дигаргуншавӣ ва тағйирёбии иттилоот гардиданаш мумкин аст.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зайл истифода бурда мешаванд:

— таъмини техникии системаҳои иттилоотӣ — маҷмўи воситаҳои техникие, ки барои кори системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуҷҷатнокгардонии дахлдори ин воситаҳо ва равандҳои технологӣ;

— таъмини барномавии системаҳои иттилоотӣ — маҷмўи барномаҳо барои татбиқи мақсадҳо ва вазифаҳои системаи иттилоотӣ, инчунин барои мўътадил кор кардани маҷмўи воситаҳои техникӣ;

— ҳифзи иттилоот — маҷмўи чорабиниҳо, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ихроҷӣ, дуздӣ, гумкунӣ, нобудсозии беиҷозат, ғалат маънидодкунӣ, тағйирдиҳӣ (сохтакорӣ), нусхабардории беиҷозат ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот гузаронида мешаванд;

— самаранокии ҳифзи иттилоот —  дараҷаи мутобиқати натиҷаҳои ба даст омадаи амалҳо оиди ҳифзи иттилоот ба мақсадҳои ҳифз;

— назорати самаранокии ҳифзи иттилоот — санҷиши мутобиқати самаранокии чорабиниҳои ҳифзи иттилоот  ба талаботҳои муқарраршуда ё  меъёрҳои самаранокии ҳифз;

— бехатарии иттилоот — ҳолати ҳимояшавии иттилооти дар системаҳои иттилоотӣ кор карда баромада шуда аз таҳдиди дохилӣ ё берунӣ;

— хориҷшавии иттилоот —  паҳнкунии назоратнашавандаи иттилооти ҳифзшаванда дар натиҷаи дастрасшавии беиҷозат;

— дастрасшавии беиҷозат — ба даст овардани иттилооти ҳифзшаванда аз тарафи субъекти манфиатдор бо вайронкунии ҳуқуқ ё қоидахои дастрасшавии иттилооти ҳифзшаванда, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё молики (соҳиби) иттилоот муқаррар кардаанд;

— фошкунии иттилооти ҳифзшаванда — беиҷозат расонидани иттилооти ҳифзшаванда ба истеъмолкунандагоне, ки ҳуқуқи дастрас кардани ин иттилоотро надоранд;

— тағйирдиҳии иттилоот – дигаргун сохтани иттилоот, ки иҷозати муаллиф ё молики иттилоотро талаб менамояд;

— аз нав сохтани иттилоот — тағйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиёти аз тарафи система ё технологияи иттилоотӣ амрномадодашуда;

— ғалат маънидодкунӣ ва сохтакории иттилоот — тағйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиётҳои гузаронидашуда оид ба махфидорӣ, рафъсозӣ, иваз ё дохил намудани ягон хел унсурҳои иттилоот дар сатҳи синтаксисӣ, семантикӣ ё прагматикӣ;

— бастани роҳи паҳншавии иттилоот — амалиёте, ки натиҷаи он қатъ шудани дастрасии иттилоот мебошад;

— нобудсозии иттилоот — ин амали барқасдона ё беэҳтиётона мебошад, ки дар натиҷаи он мавҷудияти иттилоот барои шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар ҳаҷми пурра ё маҳдуд қатъ мегардад;

— сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот — раванди муқаррар намудани мутобиқати воситаҳои истифодашавандаи ҳифзи иттилоот ба талаботи стандартҳои давлатӣ ё ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот.

 

Моддаи 3. Қонунгузорӣ оид ба ҳифзи иттилоот

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст иборат аст.

 

Моддаи 4. Воситаҳои ҳифзи иттилоот

Ба воситаҳои ҳифзи иттилоот мансубанд:

— ташкилӣ;

— техникӣ;

— барномавӣ;

— дастгоҳӣ;

— ҷисмонӣ;

— криптографӣ.

 

Моддаи 5. Объекти ҳифз

Объекти ҳифз иттилооти ҳуҷҷатнокгардидае мебошад, ки нисбати он қоидаҳои муайян ва истифодаи маҳдуди он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи доранда ё молики чунин иттилоот муқаррар карда шудаанд.

 

Моддаи 6. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот давлат дар шахси мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муқаррар намудани қоидаҳои муайян ва тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин маҳдудиятҳоро хангоми кор бо иттилоот доранд.

 

Моддаи 7. Кафолати ҳифзи ҳуқуқӣ

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот барои муҳофизат аз зарари дар натиҷаи амалиётҳои қонунӣ ё ғайриқонунӣ расонидашуда, ки сабаби нобудшавӣ, бастани роҳи паҳншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, хориҷшавӣ, тағйирёбӣ, дигаргун шудани иттилоот гардидаанд, инчунин ҳангоми вайронкунии ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқи доранда ё молики иттилоот бо тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 8. Ба танзим даровардани муносибатҳои байни субъектҳои  муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот

Муносибатҳои байни субъектҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки категорияҳои иттилоотро аз рўи дараҷаи дастрасӣ ба он муайян менамоянд, тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин бо шартномаҳо ва созишномахое, ки байни субъектҳои муносибатҳои ҳукуқӣ баста шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.

Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ ўҳдадоранд якдигарро оиди хусусиятҳо, усулҳо ва шаклҳои коркарди иттилоот, ҳифзи он хабардор намоянд ва розигии молик ё дорандаи иттилоотро оиди коркарди он гиранд.

 

БОБИ II. ТАШКИЛИ  ҲИФЗИ  ИТТИЛООТ

 

Моддаи 9. Танзим ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳифзи иттилоотро бо роҳҳои зерин идора мекунад:

— гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ оид ба ҳифзи иттилоот;

— таҳияи консепсияҳо, талабот, асноди меъёрию техникӣ ва тавсияҳои илмию методии ҳифзи иттилоот;

— тасдиқ намудани тартиби ташкил, фаъолият ва назорати иҷрои тадбирҳои ҳифзи иттилооте, ки моликияти давлат аст, инчунин тавсияҳо оид ба ҳифзи иттилооте, ки моликияти шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ  мебошад;

— ташкили озмоиш ва сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;

— таъсиси сохторҳои идоравӣ ва соҳавии ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳифзи иттилоот;

— гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомот, марказу лабораторияҳои сертификатсионӣ, додани иҷозатнома дар соҳаи ҳифзи иттилоот; (ҚҶТ 26.12.05, №132)

— анҷом додани назорати иҷрои корҳо оиди ташкили ҳифзи иттилоот;

— муайян намудани тартиби ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ дастрас будани иттилооте, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки нисбат ба паҳн намудан ва истифодаи он аз ҷониби давлат маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд.

Вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳалли масъалаҳои ҳифзи иттилоотро дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд.

 

Моддаи 10.Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад. (ҚҶТ 26.12.05, №132)

 

Моддаи 11. Умури ҳифзи иттилоот

Дар муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ мумкин аст воҳидҳо, умурҳое ташкил карда шаванд, ки кори вобаста ба ҳифзи иттилоот, дастгирии сатҳи ҳифзи иттилоотро ташкил менамоянд ва барои самаранокии ҳифзи иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур масъул мебошанд.

 

Моддаи 12. Маблағгузории корҳо

Корҳои марбут ба иҷрои талаботи иловагӣ оид ба ҳифзи иттилоот, ки аз шакли сертификатсионӣ фарқ дорад, аз ҷониби ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки онҳоро муайян намудаанд ва ё дар асоси шартнома маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

БОБИ III. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 13. Таъмини ҳифзи иттилоот

Ҳифзи иттилоот бо роҳҳои зайл таъмин карда мешавад:

— аз тарафи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ риоя намудани меъёрҳо, талабот ва қоидаҳои хусусияти ташкилӣ ва техникидошта оиди ҳифзи иттилоот;

— истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор, таъмини барномавӣ ва дастгоҳӣ ва умуман воситаҳои ҳифз, ки ба талаботи муқарраршуда оиди ҳифзи иттилоот ҷавобгў мебошанд;

— ба ҷо овардани назорати ҳифзи иттилоот.

 

Моддаи 14. Муқаррар намудани талаботу қоидаҳо ва шартҳои  ҳифзи иттилоот

Талаботу қоидаҳои ҳифзи иттилоот, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооте, ки ҳифзи он аз тарафи давлат кафолат дода шудааст, аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешаванд.

Шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои коркарди иттилоот бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи дахлдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба ҷо оварда мешавад.

Ин талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот барои ҳамаи субъектҳои ин муносибатҳо ҳатмӣ мебошанд.

 

 

Моддаи 15. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ оид ба сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот

Воситаҳои ҳифзи иттилоот бояд сертификати мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

Дар рафти сертификатсияи воситаҳои ҳифз санҷиши (аттестатсияи) онҳо низ гузаронда мешавад.

Молики иттилоот ҳуқуқ дорад ба мақомоти сертификатсия бо дархост оиди гузаронидани санҷиши воситаҳои ҳифз ва гирифтани хулосаҳои дахлдор муроҷиат намояд.

Таъсис ва мутобиқати системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро оид ба талаботи бехатарии иттилоот мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад, ки он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот оид ба талаботи бехатарии иттилоот, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудаст, фаъолият мекунад.

Мақоми давлатие, ки сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро ба ҷо меорад, иҷрои вазифаҳои зайлро таъмин менамояд:

— ташкил ва мутобиқ кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои хифзи иттилоот ба талаботи бехатарии иттилоот;

— ташкил ва кор кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;

— муайян намудани феҳристи воситаҳои ҳифз, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд;

— муқаррар намудани қоидаҳои ваколатдоршавӣ барои гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия; (ҚҶТ 26.12.05, №132)

— таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методии системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;

— тартиб додани рўйхати давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсия;

— ба ҷо овардани назорати давлатӣ (аз ҷумла бозрасӣ) барои риоя

намудани қоидаҳои сертификатсия ва воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот;

— баррасии шикоятҳо оид ба масъалаҳои сертификатсия;

— ташкили нашри давравии маълумотҳо оиди системаи сертификатсия, талабот ва коидаҳои он, бо нишон додани феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бо параметрҳои сертификатсияшавандаи онҳо бояд сертификатсия карда шаванд, феҳристи мақомот оиди сертификатсияи намудҳои муайяни воситаҳои ҳифзи иттилоот, феҳристи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ, феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба мутобиқати талаботҳое, ки аз рўи онҳо сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот гузаронида мешавад ва ҳуҷҷатҳои методӣ оиди гузаронидани озмоишҳои сертификатсионӣ;

— мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти сертификатсия ва мақомоти озмоишӣ (лабораторияҳо), ки ба системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот дохиланд.

Системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсияи объектҳои иттилоотониро бо талаботи бехатарии иттилоот низ дарбар мегирад ва бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шаванд

 

Моддаи 16. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот

Таҳти мафҳуми объектҳои иттилоотонӣ, ки бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсия мешаванд, системаҳои автоматии (АС) сатҳҳои гуногун ва таъинотҳо, системаҳои алоқа, тасвир ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар якҷоягӣ бо биноҳое, ки дар онҳо гузошта шудаанд, иттилооти барои коркард ва додан пешбинишудае, ки бояд ҳифз карда шаванд, инчунин худи биноҳо, ки барои бурдани гуфтугўҳои  махфӣ пешбинӣ гардидаанд, фаҳмида мешавад.

Мавриди сертификатсияи ҳатмӣ воситаҳо, аз ҷумла истеҳсоли хориҷӣ, ки барои ҳифзи иттилоот таъин шудаанд ва сирри давлатиро ташкил менамоянд, инчунин дигар иттилоот бо маҳдудияти дастрасӣ, инчунин воситаҳое, ки дар идораи объектҳои аз ҷихати экологӣ хатарнок истифода мешаванд, қарор мегиранд. Феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз тарафи мақомоти давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, кор карда баромада ва тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳои боқимонда сертификатсия хусусияти ихтиёрӣ (сертификатсияи ихтиёрӣ) дорад ва бо ташаббуси таҳиягар, тайёркунанда ё истифодабарандаи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба ҷо оварда мешавад.

Озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилоот аз тарафи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишии ваколатдор дар базаи моддию техникии онҳо ё бо мувофиқа бо мақоми давлатие, ки системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ мекунад, дар базаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.

Асоси гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия шартномаи байни иштирокчиёни сертификатсия мебошад.

Хароҷоти гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба арзиши аслии он дохил карда мешавад.

Қарори боздоштан ё бекор кардани амали сертификат ва шаҳодатномаи ваколатдориро мақоми давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, қабул мекунад.

Мақомоте, ки фаъолиятро оиди сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба амал мебароранд ва марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, таъмини нигоҳдории сирри давлатӣ, дигар маълумотҳои махфӣ, инчунин барои риояи ҳуқуқҳои муаллифии аризадиҳандагон ҳангоми озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилооти онҳо ҷавобгар мебошанд.

Дар бораи амалҳои ғайриқонунии мақомоти сертификатсия мумкин аст ба тариқи судӣ шикоят карда шавад.

 

БОБИ IV. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 17. Ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот

Бо мақсади таъмини ҳамкории байнидавлатӣ мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда кори худро оиди ҳифзи иттилоот бо мақомоти ҳифзи иттилооти дигар давлатҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамоҳанг месозанд.

 

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ҷавобгарӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Товони зарари расонидашуда дар ҳаҷми пуррааш бо роҳи ихтиёрӣ ё бо тартиби судӣ рўёнида мешавад.

 

Моддаи 19. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз нашри расмиаш мавриди амал қарор дода  шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 2 декабри соли 2002

№ 71                       

ШАРИКОН: