ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ

(АМОҶТ  с. 2002, №11, мод. 663; с. 2005, №12, мод. 634; с.2009, №3, мод.97)

 

Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии бунёд ва амал намудани субъектҳои фаъолияти хусусии тиббиро муайян мекунад, ҳуқуқу вазифаҳои онҳоро дар амалӣ намудани ин шакли фаъолият танзим менамояд.

 

Боби 1. Қоидаҳои умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд: «қҷт 26.03.09 №504»

— субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ – ташкилотҳои хусусии тиббие, ки  фаъолияти  хусусии тиббиро амалӣ мегардонанд, ҳамчунин  шахсони воқеие, ки ба амалияи хусусии тиббӣ машғул мешаванд;

— фаъолияти  хусусии тиббӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оиди расонидани ёрӣ ва хизмати тиббӣ ба аҳолӣ тибқи шартнома,  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— амалияи хусусии тиббӣ – фаъолият оиди расонидани ёрии тиббӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва миёнаи касбии тиббӣ мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст; «қҷт 26.03.09 №504»

— ташкилоти  хусусии тиббӣ – ташкилоти   тиббие, ки амволи он  аз моликияти хусусӣ ё моликияте, ки дар  асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст;

— ёрии тиббӣ – ин пешгирӣ ва ташхиси бемориҳо, пешгирӣ аз заҳролудшавӣ ва захмдоршавӣ, табобати беморон ва барқарорсозии  саломатӣ, назорат ба ҷараёни ҳомилагӣ, кўмаки момоӣ ва назорат ба давраи баъди таваллуд;

— хизматрасонии тиббӣ –  ёрии тиббии пардохтшаванда оиди намуди муайяни беморӣ, ки дар ҳаҷми муайян тибқи шартнома   расонда мешавад;

— стандартҳои ёрии тиббӣ — номгўи талаботҳо нисбат ба меъёрҳо, қоидаҳо ва хусусиятҳои намуди муайяни ёрии тиббӣ ва натиҷаҳои он;

Кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ –  муҳимтарин қисми системаи ҳифзи саломатӣ буда, сатҳи аввалини муносибати фард, оила ва ё ҷамъият бо системаи ҳифзи саломатӣ (субъекти фаъолияти хусусии тиббӣ) мебошад, ки ёрии тибию санитариро ба маҳали истиқомат ва  кори одамон ба дараҷаи ниҳоӣ наздик мекунад ва аввалин қисми раванди давомнокии ҳифзи саломатиро ифода менамояд. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 2.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф кардааст, иборат аст. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 3.  Вазифаи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар қатори муассисаҳои давлатии ҳифзи саломатӣ амалӣ гардидани сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ таъмин менамоянд. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  инҳо мебошанд:

— масъулияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ барои фароҳам овардани шароитҳое, ки расонидани ёрӣ ва хизмати тахассусии тиббиро таъмин менамояд;

— дастраси умум будани шабакаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ;

— илмӣ ва дорои самти пешгирӣ будани ёрӣ ва хизмати тиббӣ;

— аён ва ошкор будани фаъолият, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст. «қҷт 26.03.09 №504»

Боби  2.

Ташкил ва танзим намудани фаъолияти  хусусии тиббӣ

 

Моддаи 5. Ташкил кардан, фаъолият ва барҳам  додани ташкилоти  хусусии тиббӣ

Ташкилоти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ташкилоти хусусии тиббӣ таъсис диҳанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд. «қҷт 26.03.09 №504»

Ташкилоти хусусии тиббӣ  дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома, ки тибқи қонунгузорӣ оиди намудҳои муайяни фаъолияти тиббӣ дода мешавад ва дар асоси сертификати мутобиқати шароити фаъолияти онҳо ба стандартҳои муқарраршуда,  ба фаъолияти тиббӣ машғул шуда метавонад.

Аккредитатсияи ташкилоти хусусии тиббӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияҳои аккредитатсионӣ анҷом дода мешавад.

Азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ сурат мегирад.

         — Қисми шашум хориҷ карда шавад. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тиббӣ

Фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси иҷозатнома (литсензия) амалӣ карда мешавад.

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад.» (қҷт 26.12.05, №119)

 

Моддаи 7 хориҷ карда шавад. (қҷт 26.12.05, №119)

 

Моддаи 8. Шартҳои расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббию беҳдорӣ  (санитарӣ)

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси шартномаҳои бо ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ инчунин беморон  басташуда ёрии аввалиндараҷаи  тиббию беҳдорӣ (санитарӣ) мерасонанд. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 9.  Санадҳои тиббӣ ва ҳисобот

Санадҳо, хулосаҳои додаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ баробари хуҷҷатҳои тиббии намунаи давлатӣ қувваи қонунӣ доранд.

Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ дар ҳуҷҷатгузории худ аз бланкаҳои тиббии ҳисоботи ҳатмии намунаи давлатӣ, маълумотнома дар бораи таваллуд ва вафот, бланкаҳои дорухат истифода мекунанд.

Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ ўҳдадоранд, ки ҳамаи бақайдгирии оморӣ ва ҳисоботро, ки дар санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишон дода шудааст ба роҳ монанд ва барои дурустии онҳо масъуланд. Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғул ба амалияи хусусии тиббӣ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянгардида дар бораи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамоянд. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 10. Ба иҷора додани моликияти давлатӣ

Амволи моликияти давлатиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои истифодаи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ба иҷора додан мумкин аст.

 

Боби 3.

Фаъолияти молиявии субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

 

Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти  хусусии тиббӣ

Фаъолияти  хусусии тиббӣ  аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, воситаҳои  суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ, дигар манбаъҳое, ки  қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ  карда мешавад.

Таъминоти  давлатии субъектҳои  фаъолияти  хусусии тиббӣ ва иштироки онҳо дар амалӣ гардондани барномаҳои мақсадноки ҳифзи саломатӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ тибқи шартнома маблағгузорӣ карда мешавад.  Масъалаҳои мансуб ба фаъолияти  молиявӣ ва хоҷагии амалияи хусусии тиббиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 12. Шартнома  дар бораи расонидани ёрӣ ва хизмати тиббӣ

Шартнома  дар бораи расондани ёрӣ ва хизмати тиббӣ дар байни субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, инчунин  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиби тағйир додани он, дароз кардани мўҳлат  ва қатъ намудани он бо созиши тарафҳо  баста мешавад ва бояд ба талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқ бошад.

 

Моддаи 13. Пардохти ҳаққи  ёрӣ  ва хизмати тиббӣ

Пардохти  ҳаққи ёрӣ ва хизмати тиббие, ки ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ мерасонанд, дар асосҳои  зерин сурат  мегирад:

—  шартномаҳое, ки бевосита  бо беморон баста мешаванд;

— шартномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон оиди расонидани ёрии тиббӣ;

— шартномаҳое, ки бо идораҳои суғуртаи тиббӣ барои расондани ёрии тиббӣ аз рўи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ баста мешаванд;

—  шартномаҳое, ки аз рўи барномаҳои хайрия баста мешаванд.

Нархи хизмати тиббие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар доираи шартномаҳо бо шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо расонда мешавад, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Пардохти ёрии таъҷилии тиббие, ки ба шахсони эҳтиёҷманд расонда мешавад, аз ҷониби ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ мувофиқи қоидаҳои суғуртаи  тиббӣ сурат мегирад. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 14. Андоз аз субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ  ўҳдадоранд, ки тибқи Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз супоранд.

Боби 4.

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

 

Моддаи 15. Ҳуқуқи  шахсоне, ки ба  фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд

Шахсоне, ки ба  фаъолияти  хусусии тиббӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:

— аз рўи  бемориҳое, ки номгўи онҳоро Вазорати  нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст,  ёрии тиббӣ расонанд;

— усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ истифода баранд;

— бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои тиббӣ диҳанд;

— барои амалӣ кардани фаъолияти хусусии тиббӣ аз ҳамаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони дигаре, ки бо амалияи хусусии тиббӣ машғуланд, ахборот гиранд;

— бо натиҷаҳои муоинаи бемор шинос шаванд, дар ҳамаи зинаҳои навбатии табобат ба сифати мушовир иштирок намоянд;

— барои  амалӣ гардидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрӣ шинос шаванд;

— аз бланкаҳои тиббии ҳисоботии ҳатмии намунаи давлатӣ истифода баранд;

— бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи хусусии тиббӣ машғуланд, барои расондани  ёрии тиббӣ якҷоя фаъолият кунанд;

— барои таъмини фаъолияти касбӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кормандонро ҷалб намоянд;

— дар намуди нусха аз ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар бораи беморӣ ва аҳволи саломатии беморон хулосаҳои хаттӣ ва тавсияномаҳо диҳанд, ки онҳоро ҳамаи муассисаҳои тиббӣ истифода бурда  метавонанд;

— барои ба даст овардани доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ ба истиснои дорухати доруҳои нашъаовар, доруҳои ба онҳо баробар ва дорувориҳое, ки бо шартҳои имтиёзнок фурўхта мешаванд, ба бемор дорухат навишта, онро бо мўҳри  ташкилоти  хусусии тиббӣ  ё мўҳри шахсии мутахассис тасдиқ намоянд;

— дар бахшҳои беморхонавии ташкилоти хусусии тиббӣ барои мақсадҳои тиббӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  маводи нашъаовар ва психотропиро гиранд, нигоҳ доранд ва истифода баранд. «қҷт 26.03.09 №504»

Моддаи 16. Ўҳдадории шахсони машғул ба фаъолияти хусусии тиббӣ

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд,    ўҳдадоранд:

— танҳо ҳамон намуди фаъолиятро, ки барои он иҷозатнома дода шудааст, амалӣ кунанд;

— шарту қоидаҳои ёрии тиббиро, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, риоя кунанд; «қҷт 26.03.09 №504»

— ҳуҷҷатгузории  зарурии тиббиро, ки аҳволи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои ёрии тиббии ба ў расондашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;

— ҳисоботи тиббӣ, оморӣ ва молиявиро ба суроғаҳо дар мўҳлати муқарраршуда пешкаш кунанд;

— ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҳифзи саломатӣ санадҳои тиббӣ ва маълумотҳоро пешниҳод н0моянд; «қҷт 26.03.09 №504»

— усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ ва табобат, дорувориҳои гиёҳиро, ки бо тартиби  муқарраргардида дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, истифода баранд;

— ба марказҳои санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳодисаҳои дар беморон ошкор  шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом (лепра), саъфати пўст (микроспория), шукуфаи мўчин (трихофития), хоришак (чесотка), сил, СПИД, бемориҳои саратонӣ, нашъамандӣ, рўҳӣ ва ғайра бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар диҳанд; «қҷт 26.03.09 №504»

— дар мўҳлати  муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ савияи ихтисоси худро баланд бардоранд, агар ин дар шартномаҳо бо муассисаҳое, ки расондани ёрии  тиббиро маблағгузорӣ мекунанд,  пешбинӣ нашуда бошад;

— ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи шахсоне, ки дар натиҷаи захмдоршавии ҷисмонӣ, латхўрӣ ва заҳролудшавӣ барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд, хабар диҳанд;

— ба шахсоне, ки ба кўмаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, ёрии тиббии бемузд расонанд.

Ҳангоми  фаъолияти  хусусии тиббӣ амалҳои зерин манъ аст:

— гузаронидани сеансҳои оммавии табобатӣ, аз он ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма;

— истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин, дорувориҳои гиёҳӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нашуда, истифодаи онҳо дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст.

 

Моддаи 17.  Тартиби ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳое, ки байни  субъектҳои  фаъолияти хусусии тиббӣ, инчунин байни ин субъектҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба амал меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти хусусии  тиббӣ  барои машғул шудан бо тибби  халқӣ

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои тибби халқиро истифода бурда метавонанд.

 

Боби 5.

Қоидаҳои хотимавӣ

 

Моддаи 19. Таъминоти давлатии  субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ  ва иштироки онҳо дар амалӣ гардидани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ

Ташкилотҳои   хусусии тиббӣ  ва шахсоне, ки бо амалияи   хусусии тиббӣ  шуғл меварзанд,  дар амалӣ гардонидани барномаҳои мақсадноки суғуртаи  ҳатмии тиббӣ, таъминоти давлатӣ  ва ҳифзи саломатӣ дар асоси озмун иштирок  карда метавонанд.

Қоидаҳои гузаронидани озмунҳое, ки  ба ташкилотҳои   хусусии тиббӣ ва  барои шахсони машғули амалияи  хусусии тиббӣ барои  таъминоти давлатӣ ва иштирок дар барномаҳои мақсадноки ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ  медиҳад, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия муқаррар карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияи озмун дар асоси  баробарӣ намояндагони мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия,  иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони тиб, ташкилотҳои   хусусии тиббӣ ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ дохил мешаванд.

Шартномаҳо дар бораи таъминоти давлатии  ташкилотҳои   хусусии тиббӣ  ва шахсони машғули амалияи  хусусии тиббӣ ва иштироки онҳо дар амалӣ гардидани барномаҳои  мақсадноки ҳифзи саломатӣ дар ҳолатҳои иштироки онҳо дар барномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва худидораи маҳаллӣ, инчунин ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ баста мешаванд.

Муқараророти шартномаҳо:

— талабот нисбати сифати ёрии тиббӣ;

— ҳаҷми ёрии тиббӣ;

— шартҳо ва қоидаҳои пардохти ёрии тиббӣ;

— қоидаҳои назорат ба сифати ёрии тиббӣ;

— қоидаҳои бақайдгирӣ ва ҳисобот дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ аз рўи шартнома.

 

Моддаи 20. Назорати давлатӣ ба амалӣ гардидани фаъолияти хусусии тиббӣ

Назорати давлатиро ба сифати расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шўъбаҳои) нигаҳдории тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебароранд. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Моддаи 21. Ҳамкории байналмиллалӣ

Ҳамкории байналмиллалӣ дар соҳаи фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки агар дар байни Қонуни мазкур ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофот ба амал ояд, он гоҳ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ амал мекунад.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «қҷт 26.03.09 №504»

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 2 декабри соли 2002

                        № 60  

ШАРИКОН: