ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ

(АМОҶТ с. 2002, №4, қ.1. мод.296; с.2009, №7-8, мод. 498, с. 2013, №7, мод. 527, №12, мод. 895; с. 2016,№3, мод.155)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти роҳдориро муайян намуда, ба тараққӣ додани шабакаҳои роҳҳои автомобилгард ва беҳтар кардани истифодаи онҳо ҷиҳати таъмини интиқоли мусофирон ва борҳо равона шудааст. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ  (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1302)

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-роҳи автомобилгард – маҷмўи ҷузъҳои аз ҷиҳати вазифа ба ҳам алоқаманди конструктивӣ ва  иншоотҳои муҳандисие, ки дар он ҳаракати доимию бехатари автомобилҳо ва воситаҳои дигари нақлиёт бо суръат, вазн ва андозаҳои муқарраршуда сурат мегирад ва нигоҳдории ҳолати зарурии нақлиётиву истифодабарии иншоотҳои роҳдориро дар қитъаҳои замин ва дар фазои ҳаво, дар ҳудудҳои муқарраршуда, ки барои ҷойгиркунии ин комплексҳо ҷудо шудаанд, таъмин менамояд;

-роҳи автомобилгарди истифодаи умум – роҳи автомобилгарде, ки ба мақсади қонеъ намудани ниёзи аҳолӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон дар байни маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот, зарурати иҷтимоию иқтисодӣ ва мудофиавии давлатиро таъмин менамояд ва барои ҳар шахсе, ки қоидаҳои  истифодаи роҳҳои автомобилгардро риоя менамояд, боз мебошад;

-соҳибони роҳҳои автомобилгард –  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории роҳҳои автомобилгардро доранд;

-фаъолияти роҳдорӣ лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, таъмир, нигоҳдорӣ, таъминоти илмию иттилоотӣ ва фаъолиятҳои дигари роҳҳои автомобилгард, амалӣ намудани сиёсати ягонаи, идоракунӣ ва назорат дар хоҷагии роҳдорӣ, инчунин омўзондани кадрҳо ба ин мақсад;

-истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошанд, инчунин дар роҳҳои автомобилгард ба фаъолиятҳои иҷозатдодашуда машғуланд (ба ғайр аз фаъолияти  роҳдорӣ ва корҳои роҳсозӣ);

 -хоҷагии роҳдорӣ маҷмўи истеҳсолию хоҷагие, ки ба он роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти роҳдорӣ машғуланд, шомил мебошанд;

-мақомоти роҳдорӣ мақомоти давлатӣ ва ё маҳаллие, ки салоҳият доранд иҷрои вазифаҳои идоракуниро дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ амалӣ гардонанд;

-корхонаи хоҷагии роҳдорӣ корхонаи давлатӣ ва ё  шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки корҳои роҳдориро дар асоси иҷозатномаҳо анҷом медиҳанд;

-иншоотҳои роҳдорӣ иншоотҳое, ки қисмҳои бевоситаи конструктивии роҳ мебошанд: иншоотҳои сунъӣ (кўпрукҳо, эстакадаҳо, қубурҳо, туннелҳо ва ғайра), корхонаҳои истеҳсолӣ (аз ҷумла истиқоматӣ), иморатҳои ташкилотҳои роҳдорӣ;

-замини роҳҳои автомобилгард – қитъаи замини нақлиёти автомобилгард (бо шумули ҳудуди ҳамшафат), ки ҷиҳати истифодабарии доимӣ ва ё ба шакли иҷора ба мақомоти роҳдорӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – соҳибони роҳҳои автомобилгард барои сохтани роҳҳои автомобилгард, таъмини сохтмону таҷдид ва истифодабарӣ, инчунин барои иморату иншоотҳое, ки барои хизматрасонии иштирокчиёни ҳаракати роҳ пешниҳод шудаанд;

ҳудудҳои муҳофизатшавандаи ҳамшафати роҳ ҳудуди паҳлуи роҳи автомобилгарди истифодабарии умумӣ, бо шароитҳои махсуси истифодабарии замин, ки барои таҷдид, васеъкунӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, вобаста ба тараққии ояндаи он ва ҷойгиркунии иморатҳои роҳдорӣ пешбини шудаанд;

қитъаи ҷудошуда — замини роҳи автомобилгард, ки барои ҷойгиркунии ҷузъҳои конструктивӣ ва ё иншоотҳои  муҳандисии роҳи автомобилгард пешбинӣ шудаанд, инчунин бино, сохтмон, минтақаҳои дарахтшинондашудаи  муҳофизатӣ ва ороишӣ, таҷҳизоте, ки барои истифодаи онҳо заруранд;

— объектҳои хизматрасонӣ дар роҳ – биною иморат, иншоот ва дигар объектҳое, ки барои хизматрасонии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудаанд (нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ, терминалҳо, меҳмонхонаҳо, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёт);

— роҳҳои автомобилгарди пулакӣ — роҳҳоиавтомобилгарде, ки истифода барии онҳо дар асоси пулакӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст; (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1302)

-таъмири роҳҳои автомобилгард – корҳои аз нав барқарор кардани қабати фарсудашудаи роҳ, беҳтар кардани ҳамворӣ, баланд бардоштани ҳолати часпиш, мустаҳкам кардани қабати болоии роҳ ва замин, барқароркунии иншоотҳои фарсудашудаи роҳ ва ё иваз кардани онҳо ба иншоотҳои мустаҳкам ва камхарҷ, инчунин иҷрои корҳо ҷиҳати ташкили бехатарии ҳаракат, беҳдошти роҳҳо, ки дар натиҷаи он хусусиятҳои нақлиётиву истифодабарии роҳҳои таъмиршаванда ва иншоотҳои роҳ барқарор шуда, шартҳои зарурии ҳаракат таъмин мегардад;

-нигоҳдории роҳҳои автомобилгард – маҷмўи корҳои пешгирикунанда оиди нигоҳубини роҳ, иншоотҳои роҳдорӣ ва қитъаҳои ҷудошуда, ҷузъҳои ҷиҳозонидашудаи роҳ, ташкили бехатарии ҳаракат, инчунин бартараф кардани тағйирёбиҳои ҷузъӣ ва вайронии қисмҳои роҳ ва иншоотҳои роҳ, ки дар натиҷаи он хусусиятҳои нақлиётиву истифодабарии роҳҳои таъмиршуда ва иншоотҳои роҳдорӣ, ки дар давоми сол (восбаста ба фаслҳо) анҷом дода мешаванд ва дар натиҷаи онҳо хусусиятҳои накқлиётиву истифодабарии роҳҳои таъмиршуда ва иншоотҳои роҳ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин мегардад;

-воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ чароғҳои роҳнамо (светофор), аломатҳо, ишораҳо ва нишонаҳои роҳ, таҷҳизот ва минтақаҳои иҳоташуда, ки дар роҳҳои автомобилгард барои танзими ҳаракат гузошта шудаанд.

 

Моддаи 11. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:

— таъмини амният ва тараққиёти роҳҳои автомобилгард, беҳтаргардонии ҳолати техникии онҳо;

— мусоидат ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва стандартҳо дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;

— таъмини рақобати босамар ва солим дар бозори кор ва (ё) хизматрасонӣ;

— беҳтар гардонии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;

— таъмини пайвастшавии роҳҳои автомобилгард ба шабакаҳои нақлиёти байналмилалӣ. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1302)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

 

Моддаи 3. Принсипи танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ

Танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

-таъмини ҳаракати бемонеаи борҳо ва мусофирон дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-банақшагирии давлатии инкишофи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;

-таъмини боэътимодӣ ва бехатарии роҳҳои автомобилгард (аз ҷумла бехатарии экологӣ) ва таъсиси шабакаи роҳҳои автомобилгард дар асоси меъёрҳои ягонаи техникӣ ва стандартӣ;

-таъмини афзалияти таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард нисбати дигар шаклҳои фаъолияти роҳдорӣ;

-назорати давлатӣ оиди фаъолияти роҳдорӣ оид ба риояи меъёру қоидаҳои муқарраршуда;

-таъмини  баробарҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ сохтани фаъолияти роҳдорӣ;

-инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият дар роҳҳои автомобилгард;

-афзалияти баҳисобгирии манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ;

-дастрас будани маълумот оиди роҳҳои автомобилгард ва шароити ҳаракати роҳ;

-васеъ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ, мусоидат барои ҳамгароии роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаи байналмилалии алоқаи роҳ. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Моддаи 4. Таснифи роҳҳои автомобилгард

Вобаста ба нақши роҳҳои автомобилгард дар шабакаи роҳҳо, таъиноти вазифавӣ, андозаҳои ҳудудҳои геометрӣ, инчунин шароити ҳаракат дар роҳ роҳҳои автомобилгард таснифи техникӣ доранд, ки хосиятҳои истифодабарии онҳоро инъикос мекунанд.

Аз рўи шакли моликияташон роҳҳо ба давлатӣ (истифодаи умум), муассисавӣ ва хусусӣ тақсим мешаванд.

Таснифи техникии роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ аз тарафи мақомоти роҳдорӣ муқаррар карда мешавад.

Таснифи техникии роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ бояд ба таснифоти техникӣ барои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ муқарраргардида мутобиқ бошад.

Аз нав дида баромадани таснифи роҳҳои автомобилгард аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 5. Намудҳои роҳҳои автомобилгард

Роҳҳои автомобилгард аз рўи таъиноташон ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

-роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум (дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ);

роҳҳои автомобилгарди истифодаи махсус (аҳамияти муассисавӣ, фаръӣ, технологӣ, дохилихоҷагӣ, хизматӣ ва ғайра).

Роҳҳои автомобилгард аз рўи субъектҳои ҳуқуқии моликият ба намудҳои зайл тақсим мешаванд:

-роҳҳои автомобилгарде, ки ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд;

-роҳҳои автомобилгарде, ки  ба моликияти коммуналӣ тааллуқ доранд (роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ);

-роҳҳои автомобилгарде, ки ба моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мансубанд (роҳҳои автомобилгарди хусусӣ). (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

 

Моддаи 6. Роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуридошта

Ба роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуридошта роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ки дар байни шаҳру деҳот ҷойгиранд ва ҳамчунин роҳҳои автомобилгарди   байналмилалие дохил мешаванд, ки барои таъмини  робитаҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар пешбинӣ шудаанд. Мақоми (статуси) роҳи автомобилгарди байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Роҳҳои автомобилгарди ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта метавонанд ба қатори роҳҳои автомобилгарди аҳамияти мудофиавӣ дохил шаванд ва онҳоро ғайридавлатӣ кунондан ва хусусӣ гардондан манъ аст.

Тасдиқи феҳристи роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва ворид кардани тағйироту иловаҳо ба он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми давлатии идоракунии фаъолияти  роҳдорӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 7. Роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ

Ба роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ кўчаҳо, гузаргоҳҳо, хатҳои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии шаҳру деҳот, роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта, ки дар ҳудуди ин таъсисот робитаҳои нақлиётиро таъмин менамоянд, дохил мешаванд.

Шабакаи роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ қисми таркибии сохтори дохилии маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳотии аҳолинишин мебошад ва дар асоси нақшаҳои умумии инкишофи он ташаккул меёбад.

Тасдиқи феҳристи роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта ва ворид кардани тағйироту иловаҳо ба он аз тарафи мақоми давлатии идораи роҳдорӣ  бо ризояти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо амалӣ мегардад.

 

Моддаи 8. Роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ

Ба роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ роҳҳои автомобилгарде дохил мешаванд, ки ба идоракунии оперативӣ ва ё хоҷагидорӣ мансуб буда, дар мувозинати баланси корхона қарор доранд ва барои ҳалли вазифаҳои махсуси давлатӣ, таъмини боркашониҳои дохилихоҷагӣ, истеҳсолӣ ва технологӣ истифода мешаванд.

Ба роҳҳои автомобилгарди хусусӣ роҳҳои автомобилгарде дохил мешаванд, ки моликияти  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Роҳҳои автомобилгарди истифодаи муассисавӣ ва  хусусӣ бо қарори соҳибони онҳо метавонанд барои истифодаи умум баъди гирифтани хулосаи мусбати мақоми роҳдорӣ ва  мақоме, ки назоратро оиди бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ менамояд, кушода шаванд.

Тартиби истифодаи роҳҳои муассисавӣ ва хусусиро соҳибони ин роҳҳо муқаррар мекунанд.

 

Моддаи 9. Номгузорӣ ва индексгузории роҳҳои автомобилгард

Ҳамаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ном ва индекс дошта бошанд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Номгузории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз номи маҳалҳои  аҳолинишине, ки дар аввал ва охири ин роҳҳо ҷойгиранд, бармеояд, ҳангоми зарурат, инчунин номи маҳалҳои аҳолинишини мобайнӣ ба ин номгўй дохил карда мешаванд. Номгузории ниҳоии роҳи автомобилгардро ба номи объекти ҷуғрофӣ ва дигар объектҳо ва инчунин бо назардошти воқеаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ гузоштан мумкин  аст.

Ном ва индекси роҳҳои автомобилгард бояд дар харита ва атласҳои роҳҳои автомобилгард, инчунин дар худи роҳи автомобилгард бо тарзи гузоштани аломатҳои махсус ва нишон инъикос ёбад.

Ном ва индексҳои роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуридошта аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми давлатии идорае, ки бо фаъолияти роҳдорӣ машғул аст, тасдиқ карда мешаванд.

Ном ва индексҳои роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, бо ризояти мақоми давлатии идораи роҳдорӣ гузошта мешаванд.

Ном ва индексҳои роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, бо созишномаҳои байналмилалӣ гузошта мешаванд.

Ном ва индексгузории роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ аз тарафи соҳибони онҳо, бо мувофиқаи  мақоми   давлатии роҳдорӣ гузошта мешавад.

 

Моддаи 10. Ҳисоби масофа дар роҳҳои автомобилгард

Масофа дар роҳҳои автомобилгард дар байни нуқтаҳои шартии аввал ва охир ба ҳисоб гирифта мешаванд. Онҳо иборатанд аз:

-почта, иморатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иншоот ва ё аломатҳои махсус гузошташуда, ки дар маркази маҳали аҳолинишин барои роҳҳои пайвасткунандаи маҳалҳои аҳолинишин гузошта шудаанд;

-хатти бурриши роҳҳои пайваст – барои роҳҳое, ки роҳҳои автомобилгарди дигари истифодаи умум ва роҳҳои автомобилгарди ҳамшафати онҳоро пайваст менамоянд;

-сарҳади объектҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ ва ғайра, барои роҳҳое, ки ин объектҳоро ба ҳам мепайванданд.

Моддаи 11. Руйхати давлатии роҳҳои автомобилгард

Руйхати (реестри) давлатии роҳҳои автомобилгард маҷмўи маълумотҳоро оиди тамоми роҳҳои автомобилгарди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз категория, хусусияти истифодабарӣ, мансубияти ҳуқуқи моликият ба ин ё он шахс, дарбар мегирад. Рўйхатгирӣ ба мақоми давлатии идораи роҳдорӣ вогузор карда мешавад.

Ҳангоми баҳисобгирии давлатии роҳҳои автомобилгард дарозӣ, шиддатнокии ҳаракат, ҳолат ва дигар нишондиҳандаҳое, ки барои муайян кардани ояндаи инкишоф, амалӣ сохтани чораҳо ҷиҳати самарабахш истифода бурдани роҳҳои автомобилгард заруранд, муқаррар карда мешаванд.

Номгўи роҳҳои автомобилгард бо нишон додани ном, индекс ва дарозии ҳар роҳ, арзиши мувозинатӣ ва фарсудашавии ҳар роҳи автомобилгард тартиб дода мешавад. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Руйхати давлатӣ дар асоси шиносномаҳои техникии роҳҳои автомобилгард ва бонки маълумот оиди ҳолати онҳо ва дар он ҷой додани маълумот оид ба навъи рўпўши роҳ, ҷойгиршавии аломату нишонаҳои роҳ, масоҳати замини ишғолкардаи роҳи автомобилгард ва маълумоти дигаре, ки барои банақшагирӣ, инкишоф ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард заруранд, тартиб дода мешавад.

Тартиби ба рўйхатгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

БОБИ 2. ИДОРАИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ

 

Моддаи 12. Системаи мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ

Идораи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва фаъолияти роҳдорӣ аз тарафи  мақоми идораи давлатии фаъолияти роҳдорӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ мегардад.

Идоракунии роҳҳои автомобилгарди истифодаи махсус тавассути вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдоре, ки ин роҳҳо дар ихтиёрашон ҳастанд, амалӣ мегардад.

Идоракунии роҳҳои маҳаллӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, амалӣ мегардад.

Салоҳияти мақоми давлатии идоракунии фаъолияти роҳдорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мегардад.

Моддаи 13. Мақоми давлатии роҳдорӣ

Самтҳои асосии фаъолияти мақоми давлатии роҳдорӣ иборатанд аз:

-идоракунии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;

-муқаррар кардани қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва низомномаҳои дигар оиди масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард;

-банақшагирии тараққиёт ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар асоси барномаҳои пешрафти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-иҷрои вазифаҳои фармоиши давлатӣ оиди коркард ва амалӣ намудани барномаҳои соҳаи роҳсозӣ, инчунин лоиҳаҳои таҷдид, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;

-муайян кардани равандҳои мушаххаси истифодаи захираҳои молиявӣ ва идораи оперативии ин воситаҳо;

-муқаррар кардани таснифоти техникӣ ва ба руйхатгирии роҳҳои автомобилгард;

-ташкили ҳисоботи якхелаи оморӣ оиди ҳолати роҳҳои автомобилгард;

-таҳияи лоиҳаҳои асноди меъёриву ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти роҳдорӣ;

-ба эҳтиёҷоти сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ҷалб кардани манбаъҳои молиявии ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағгузориҳои хориҷӣ;

-иҷрои тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;

-ҳамоҳангсозӣ ва созмондиҳии фаъолиятҳои муштарак бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба пешрафт ва истифодаи роҳҳои автомобилгард вобастаанд;

-иҷрои ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оиди  масъалаҳои идоракунии фаъолияти  роҳдорӣ

Ба ваколати мақомоти ҳокимияти иҷроия дар  маҳалҳо оид ба масъалаҳои идоракунии фаъолияти роҳдорӣ мансубанд:

-таъмини мутобиқати сиёсати давлатӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;

-таъмини фаъолияти ҳамкории мақомоти роҳдорӣ дар сатҳҳои гуногун;

-муҳофизати роҳҳои автомобилгард, маҳдуд ва қатъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва муайян кардани меъёру қоидаҳои дигаре, ки фаъолиятро дар роҳҳои автомобилгард муқаррар мекунанд;

-тартиб додан ва иҷрои барномаҳои инкишоф ва такмили шабакаи роҳҳои автомобилгард;

-муқаррар намудани тартиботи махсуси фаъолияти хоҷагидорӣ дар минтақаҳои муҳофизатшавандаи роҳҳои автомобилгард. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Моддаи15. Ваколатҳои мақомоти роҳдории маҳаллӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти роҳдорӣ

Бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ мақомоти роҳдории маҳаллӣ  таъсис дода мешаванд.

Сохтор, ҳуқуқу ўҳдадориҳо, инчунин тартиби фаъолияти мақомоти роҳдории маҳаллӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо муайян мегардад.

Фаъолияти мақомоти роҳдории маҳаллӣ дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти роҳдории ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ амалӣ мегардад.

Мақомоти роҳдории маҳаллӣ таъмин менамояд:

-таҳия ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар қисми сарфи маблағҳо ба фаъолияти  роҳдорӣ;

-идоракунии моликияти роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ;

-инкишофи шабакаи кўчаҳо, гузаргоҳҳо, самтҳои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта;

-ташкили ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо бозрасии давлатии автомобилии ноҳия, шаҳр;

-иҷрои фаъолиятҳои дигаре, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо вогузор гардидааст.

 

Моддаи 16. Иҷозатномадиҳӣ ва гузаронидани аттестатсия

 Фаъолияти роҳдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ  ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ мегардад. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Мутахассисоне, ки дар соҳаи роҳдорӣ фаъолият менамоянд ва эътимоднокию бехатарии роҳҳои автомобилгард ба натиҷаи меҳнати онҳо вобаста аст, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон аз аттестатсия гузаранд.

БОБИ 3. АСОСҲОИ ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ ВА

НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

 

Моддаи 17. Маҷмўи амволи роҳҳои автомобилгард

Ба маҷмўи молу мулки роҳҳои автомобилгарди ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта роҳҳои автомобилгард, ба шумули иншоот ва таҷҳизоте, ки барои нигоҳдории онҳо заруранд, инчунин замини роҳҳои автомобилгард дохил мешаванд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Маҷмўи амволи роҳҳои маҳаллӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳал бо назардошти хусусиятҳои шабакаи кўчаю роҳ муайян карда мешавад.

Маҷмўи амволи роҳҳои автомобилгарди хусусӣ аз тарафи моликони онҳо, бо назардошти вазифаҳои истифодаи онҳо ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бехатарии ҳаракатро дар роҳ танзим менамоянд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Идораи маҷмўи амволи роҳҳои  автомобилгарди истифодаи умум

Идоракунии маҷмўи молу мулки роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, мутобиқи ҳуқуқи идоракунии бевосита ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи идораи роҳҳои автомобилгард, ки ҳуқуқи пешбарии хоҷагиро ба корхонаҳои давлатии нигоҳдории роҳ доранд, вогузошта мешавад.

Муассисаҳои махсусгардонидашуда аз тарафи мақоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи роҳдорӣ таъсис дода мешаванд. (қҷт аз 22.07.13, №999)

Додани моликияти ғайриманқули роҳҳои автомобилгарди давлатӣ ба идоракунии оперативии муассисаҳои махсус ва ё ба ихтиёри хоҷагии муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, инчунин ҳуқуқии интихоби роҳҳои автомобилгард ва ё қитъаҳои онҳо, ки ба идораи оперативии муассисаҳои махсус вобастаанд,  бо қарори мақоми давлатии идораи роҳдорӣ, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 19. Ҳамкории корхонаҳои хоҷагии роҳдорӣ ва мақомоти роҳдорӣ

Хоҷагии роҳдорӣ сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгардро таъмин менамояд ва дар асоси принсипҳои ягонаи фаъолияти роҳдорӣ, шаклҳои гуногуни моликият ва рақобат фаъолият менамояд.

Иҷрои корҳое, ки ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва санҷиши роҳҳои автомобилгард вобастаанд, дар асоси шартномаҳои пудратӣ, ки дар байни мақомоти роҳдорӣ ва иҷрокунандагони кор – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси озмунӣ баста шудаанд, амалӣ мегардад. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Иҷрои корҳои сохтмонӣ, таҷдид ва таъмири роҳҳои автомобилгард дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ ва тендерӣ, ки мутобиқи тартиби муқарраркардаи мақоми давлатии идоракунии роҳдорӣ тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад.

Ҳангоми иҷрои корҳои роҳдорӣ корхона ва ташкилотҳо бояд талаботи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ва ҳамин қонунро, ки  бехатарии ҳаракатро дар роҳҳои автомобилгард амалӣ месозанд, таъмин намоянд.

Назорат аз болои сифати корҳои роҳдорӣ аз тарафи мақомоти роҳдорӣ,  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои ин кор мутобиқи муқаррарот ҳуқук доранд, ба ҷо оварда мешавад.

Моддаи 20. Маблағгузории роҳҳои автомобилгард

Манбаи асосии маблағгузории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро андозҳои роҳ, ки мутобиқи тартиботи муқарраршуда ситонида мешаванд ва аз ҳисоби маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда шудаанд, ташкил медиҳанд.

Манбаи маблағгузории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ буҷетҳои маҳаллӣ мебошанд.

Манбаи маблағгузории роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ маблағи идораҳое мебошанд, ки ин роҳҳо дар мувозинати онҳо қарор доранд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Манбаи маблағгузории роҳҳои автомобилгарди хусусӣ маблағи соҳибони онҳо мебошад.

Маблағгузории роҳҳои автомобилгард бояд дар ҳаҷме амалӣ гардад, ки бехатарии ҳаракат ва нигоҳдории роҳро таъмин намояд.

 

Моддаи 21. Рақобат дар фаъолияти роҳдорӣ

Мақомоти роҳдорӣ барои инкишофи рақобат ва муомилоти корҳои роҳдорӣ мусоидат менамоянд.

Муносибат бо ташкилотҳое, ки корҳои роҳдориро иҷро менамоянд, дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад.

Супоридани пудратҳо барои корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии роҳхои автомобилгард бояд дар асоси тендер сурат гирад.

Ҳангоми иҷрои фаъолияти пудратӣ як шахс вазифаҳои фармоищдиҳанда ва иҷрокунандаро иҷро карда наметавонад.

 

Моддаи 22. Лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум

Лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон сурат мегирад.

Лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан,  иншоотҳои сунъӣ, инчунин ободонӣ ва сохтмони иншоотҳои тиҷоратӣ, саноатӣ,  объектҳои хизматрасонӣ дар роҳ, ҷиҳати муайян кардани мутобиқати онҳо ба талаботи қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бехатарии роҳҳо бояд аз экспертизаи давлатӣ гузаронда шаванд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Шартҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони кўпрукҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ, ки аз болои иншоотҳои обӣ мегузаранд, бояд бо Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шаванд.

Роҳҳои автомобилгарди навсохташуда ва таҷдидшуда ба руйхат (реестр) дохил карда мешаванд ва бояд чун объектҳои ғайриманқул дар асоси тартиботи муқарраршудаи санадҳои қабули ин объектҳо барои истифодабарӣ ба қайд гирифта шаванд.

Маблағгузории сохтмон, нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди давлатӣ аз ҳисоби воситаҳои хусусияти мақсаднок, мутобиқи муқаррароти муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 23. Қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард

Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба мақсади таъмини бехатарӣ ва ҳаракати доимии нақлиёт, сурат мегирад.

Қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи мақоми давлатии  идоракунии фаъолияти роҳдорӣ муқаррар мегардад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад.

Соҳибони роҳҳои автомобилгарди хусусӣ ва истифодаи махсус роҳҳоро дар ҳолате нигоҳ медоранд, ки риояи талаботи стандартҳои бехатарии ҳаракатро дар роҳ таъмин менамоянд.

 

Моддаи 24. Талабот оид ба ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ

Объектҳои чароғаки роҳнамо (светофор), аломатҳои роҳ, ишораҳо, нишонаҳои роҳ, таҷҳизоти ҳимоякунанда ва ҳидояткунанда, воситаҳои дигари танзими ҳаракати роҳ, ҳангоми ҷойгиркунӣ бояд ба талаботи стандартҳои давлатӣ  ва меъёрҳои техникӣ бо назардошти беҳтару намоён ва мувофиқ будани  истифодабарӣ ва хизматрасонӣ, инчунин пешгирии имкониятҳои вайроншавиҳои тасодуфӣ мувофиқат намоянд.

Воситаҳои техникии ҳаракати роҳ барои ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо расондани иттилоот оиди шароити ҳаракат дар роҳҳо  муқаррар карда шудаанд.

Роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ки ҳаракат дар онҳо зиёд аст, ҷиҳати даъват намудани ёрии тиббии таъҷилӣ, кормандони корҳои дохилӣ ва ташкилотҳои роҳдорию истифодабарӣ бояд бо воситаҳои алоқаи таъҷилӣ таъмин карда шаванд.

 

Моддаи 25. Тартиби ҷойгиркунии иншоотҳои коммуникатсионӣ дар роҳҳои автомобилгард

Гузаронидани ҳаргуна иншоотҳои коммуникатсионӣ аз қитъаи ҷудошудаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, бе мувофиқаи шартҳои техникии гузаронидани онҳо бо мақомоти дахлдори роҳдорӣ манъ карда мешавад.

Иншоотҳои коммуникатсионие, ки пештар аз қитъаи ҷудошуда қад-қади роҳи автомобилгард гузаронда шудаанд, аз ҳисоби маблағи соҳибони иншоотҳои коммуникатсионӣ аз ҳудуди роҳ бароварда мешаванд.

Сохтмон ва азнавсозии иншоотҳои коммуникатсионӣ, ки аз ҳудуди роҳхои автомобилгарди мавҷуда гузаронда мешаванд, аз ҳисоби воситаҳои соҳибони иншоотҳои коммуникатсионӣ, дар асоси иҷозатномаҳо ва шароитҳои техникие, ки аз тарафи мақомоти дахлдори роҳдорӣ дода шудаанд, амалӣ мегардад.

Фармоишдиҳандагоне, ки иншоотҳои муҳандисии коммуникатсиониро аз роҳҳои автомобилгард мегузаронад, бояд зарареро, ки дар натиҷаи ба ҷо овардани ин корҳо ба роҳ расонида шудааст, пурра ҷуброн намоянд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Ҳангоми гузаронидани тамоми навъҳои иншоотҳои коммуникатсионӣ дар заминҳои роҳҳои автомобилгард, мақоми дахлдор ҳуқуқ дорад рафти иҷрои ин корҳоро назорат намояд ва дар маросими ба истифода додан ва қабул кардани иншоотҳои коммуникатсионӣ иштирок намояд.

Моддаи 26. Гузаронидани коммуникатсияҳо аз иншоотҳои  роҳҳои автомобилгард

Дар нақбҳои автомобилгард аз кўпруку гузаргоҳҳо ва иншоотҳои дигари сунъӣ гузаронидани иншоотҳои коммуникатсионӣ манъ аст. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Дар ҳолатҳои истисно бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коммуникатсияҳоро дар асоси иҷозатнома ва шартҳои техникие, ки аз тарафи мақомоти дахлдори роҳдорӣ дода мешаванд, гузаронидан мумкин аст.

Дар ин ҳолат тамоми хароҷоти гузаронидани коммуникатсияҳо, сохтмон ва муҷаҳҳаз сохтани иншоотҳо, ба таври иловагӣ мустаҳкам кардани конструксияҳо ва хароҷоти иловагиро барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард соҳибони иншоотҳои коммуникатсионӣ бар ўҳда доранд.

Соҳибони иншоотҳои коммуникатсионӣ вазифадоранд истифодабарии онҳоро дар ҳолати дурусти техникӣ, мутобиқи меъёрҳое, ки ба вайрон кардани иншоотҳои сунъии роҳҳои автомобилгард роҳ намедиҳанд, таъмин намоянд.

Азнавсозӣ, баровардан, гузарондан ва таҷдиди иншоотҳои коммуникатсионӣ, ки бо сабаби  таъмиру таҷдиди онҳо ва ё таъмир ва ё таҷдиди роҳи автомобилгард ба миён меоянд,  аз ҳисоби худи фармоишдиҳандаи сохтмон, амалӣ мегардад.

Моддаи 27. Бурида гузаштани роҳи автомобилгард аз роҳи дигари  автомобилгард

Сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои ҳамроҳшавӣ ва бурида гузаштани роҳҳои автомобилгард бо роҳҳои дигари автомобилгард дар ҷойҳое ичозат дода мешаванд, ки аз тарафи мақоми дахлдори роҳдорӣ нишон дода шудааст ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавии зарурӣ тибқи муқаррароти мувофиқашуда ва тасдиқшуда мавҷуд бошанд.

Ҳамаи хароҷотҳое, ки ба ҷойгиркунии гузаргоҳхо ва нуқтаҳои ҳамроҳшавӣ ва шиддатҳои  иловагӣ дар роҳи автомобилгард, корҳои иловагии вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, обпарто ва корҳои дигари мутобиқи меъёрҳо муқарраргардида вобастааст, аз тарафи фармоишдиҳандае, ки ба сохтмони гузаргоҳ ва ё нуқтаҳои ҳамроҳшавӣ машғул аст, пардохта мешавад.

Мақоми дахлдори роҳдорӣ ҳуқук дорад, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бе розигии вай ба корҳои сохтмонӣ, таҷдид ва ё таъмири нуқтаҳои ҳамроҳшавӣ ва гузаргоҳҳои роҳҳои автомобилгард машғул аст, талаб намояд, ки иншоотҳоро ҷудо карда роҳи автомобилгардро ба ҳолати аввалааш биёрад. Ҳангоми рад кардани иҷрои  ин корҳо ва ё саркашӣ аз қабули ўҳдадориҳо ҷиҳати иҷрои онҳо дар мўҳлатҳои муайяншуда мақоми роҳдорӣ вазифадор аст, ки барои ба ҳолати аввала баргардонидани роҳи автомобилгард чораҳо андешад ва аз тариқи судӣ хароҷотеро, ки бо сабаби ба ҷо овардани ин корҳо сурат гирифтааст, аз шахсони ин амали ғайриқонуниро  анҷомдода ситонад.

 

Моддаи 28. Бурида гузаштани роҳҳои автомобилгард аз роҳи оҳан

Ҷойҳои гузаштани роҳҳои автомобилгард аз болои роҳи оҳан (гузаргоҳҳои роҳи оҳан) мутобиқи қоидаҳои истифодаи техникии роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ муқаррар мегардад.

Дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дар сатҳҳои гуногун соҳибони  иншоотҳои сунъӣ вазифадоранд маҷмўи тадбирҳоро ҷиҳати нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ ва таъмири иншоотҳо  барои таъмини ҳаракати бехатар ва доимии онҳо амалӣ намоянд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Дар ҷойҳои бурида гузаштани роҳи оҳан дар як сатҳ соҳибони роҳҳои оҳан вазифадоранд қитъаи роҳи автомобилгардро дар масофае, ки қоидаҳои истифодаи техникии роҳи оҳан муайян кардааст, дар ҳолати муносиб нигоҳ доранд.

Сохтмони гузаргоҳҳои роҳи автомобилгард аз болои роҳи оҳан, ки ба таъмири роҳҳои мавҷуда ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан вобастаанд, аз ҳисоби воситаҳои соҳибони роҳҳои оҳан амалӣ мегардад. Дар ҳолатҳое, ки муҷаҳҳаз сохтани ин гузаргоҳҳо ба сохтмони роҳи нав ва ё васеъ кардани роҳҳои автомобилгарди мавҷуда вобаста бошад, сохтмони гузаргоҳҳо аз ҳисоби соҳибони роҳҳои автомобилгард сурат мегирад.

Ҳангоми сохтани гузаргоҳҳои роҳи автомобилгард аз болои роҳи оҳан, соҳибони роҳи оҳан танзими ҳаракати қатораҳоро ташкил карда, барои иҷрои корҳо иҷозатнома медиҳанд ва шароити техникӣ ба вуҷуд меоранд.

Ҳангоми сохтани гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз болои роҳи автомобилгард, мақоми дахлдори роҳдорӣ танзими ҳаракати воситаҳои нақлиётиро  ташкил карда, шартҳои техникиро оиди иҷрои корҳо мувофиқа мекунанд.

Қарор оиди бастан ва ё кушодани гузаргоҳҳои роҳҳои автомобилгард аз болои роҳи оҳан дар як сатҳ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хулосаҳо ва бо пешниҳоди мақомоти роҳдорӣ, Бозрасии давлатии автомобилии умури корҳои дохилӣ ва мақоми идоракунии нақлиёти роҳи оҳан қабул карда мешавад.

 

Моддаи 29. Назорат, таҳқиқ ва ташхиси роҳҳои автомобилгард

Мақомоти роҳдорӣ вазифадор аст ба таври доимӣ ҳолати роҳҳои автомобилгардро назорат кунад, ҳамчунон на камтар аз ду маротиба дар як сол ба мақсади муайян кардани вазъи нигоҳдорӣ, истифодабарии нақлиёт, боъэтимодӣ ва бехатарӣ, дараҷаи мувофиқ будани нишондиҳандаҳои истифодабарии нақлиётро ба талаботи қонуни мазкур муқаррар намуда,  таҳқиқ ва ташхис гузаронад.

 

Моддаи 30. Ҳифзи роҳҳои автомобилгард

Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи соҳибони роҳҳои автомобилгард муҳофизат карда мешаванд.

Мақомоте, ки муҳофизати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро таъмин менамояд, муҳофизати молу мулки роҳдориро низ таъмин карда, вазифаҳои дигарро, ки дар Низомномаи онҳо пешбинӣ шудааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти роҳдорӣ ва соҳибони роҳҳои автомобилгард иҷро менамоянд.

Сохтор, ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилотҳоеро, ки муҳофизати роҳҳои автомобилгардро амалӣ месозанд, мақомоти  ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳоро таъсис додааст, муайян менамоянд.

 

Моддаи 31. Ҳифзи муҳити зист

Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ бояд бехатарии муҳити зист ва ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ба назар гирифта шавад ва мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист оид ба ҳимояи муҳити зист чорабиниҳо пешбинӣ гардад. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Иҷрои корҳо мутобиқи лоиҳае, ки ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард вобастаанд, танҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбати экспертизаи экологии давлатӣ амалӣ мегардад.

Истифодаи технологияҳо, маҳсулот, пайвастагиҳою маводи кимиёии нав дар сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард танҳо баъди гузарондани экспертизаи дахлдор ва муайян кардани таъсири онҳо ба муҳити табии зист иҷозат дода мешавад.

Ташкилотҳое, ки лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро иҷро менамоянд, бояд корҳоро бо риояи талаботи меъёрҳои бехатарии экологӣ иҷро намоянд.

Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард набояд дар фаъолияти худ ба муҳити зист зарар оварда, замини роҳҳои автомобилгард ва заминҳои ҳамшафати онро олуда намоянд.

 

Моддаи 32. Омода кардани роҳҳои автомобилгард ба сафарбарӣ

Омода кардани роҳҳои автомобилгард ба сафарбарӣ тавассути мақомот ва ташкилотҳои роҳдорӣ мутобиқи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини омодагии роҳҳои автомобилгард барои истифодабарӣ дар ҳолатҳои фавқулода амалӣ мегардад.

Моддаи 33. Принсипҳои умумии ташкили системаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои  ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи баҳисобгирӣ оиди бехатарии воситаҳои нақлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, фалокатҳо ва осебҳои нақлиётиву роҳ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи ҳаракати роҳ ва ғайра, нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ муқарар карда шудааст.

Номгўи нишондодҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ 4. ЗАМИНХОИ  НАҚЛИЁТ БАРОИ ҶОЙГИРКУНИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

 

Моддаи 34. Додани қитъаҳои замин барои ҷойгиркунии  роҳҳои автомобилгард

Қитъаҳои заминҳо барои ҷойгиркунии роҳҳои автомобилгард таъиншуда, бо тартиби ҷудо кардани заминҳо барои эҳтиёҷоти ғайри- кишоварзӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Мақоми роҳдорӣ, корхона ва муассисаи хоҷагии роҳдорӣ барои мақсадҳое, ки хусусияти  муваққатӣ доранд, метавонанд заминро ба иҷора гиранд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Бо мақсадҳои сохтан ва истифодаи роҳҳои автомобилгард мутобиқи тартиби муқарраршуда, инчунин заминҳои дигаре, ки ба минтақаи ҷудошуда ҳамшафат нестанд ва аз тарафи ташкилотҳои давлатии фаъолияти роҳдорӣ ишғол шудаанд, барои истифодабарии доимӣ ва ё муваққатӣ ҷудо карда мешаванд.

Тамоми хароҷотеро, ки барои баргардонда гирифтани қитъаҳои замин барои роҳҳои автомобилгард аз ҷумла ҷуброни зараре, ки ба заминистифодабарандагон расонида шудааст, ташкилот ва шахсоне бар ўҳда доранд, ки қитъаҳои заминро гирифтаанд.

 

Моддаи 35. Тартиботи ҳуқуқии истифодаи замини роҳҳои автомобилгард

Замини роҳҳои автомобилгард ба таркиби заминҳои нақлиётӣ дохил гардида, ҳатман барои ҳадафҳои мақсаднок истифода мешаванд.

Барои таъмини бехатарии аҳолӣ, ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ барои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, иҷрои талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ дар тўли роҳҳои дорои тартиботи махсуси истифодабаридошта ҳудудҳои ҳамшафат  ва захиравӣ ҷудо карда мешавад.

Баъди қабули қарор оиди муқаррар кардани минтақаҳои захиравӣ нисбати қитъаҳои замини ба ҳудудҳои онҳо дохилшаванда ҷорӣ гардидани низоми махсуси истифодабарӣ имкон дорад, ки он иборат аст аз манъ кардани сохтмони иморатҳо ва иншоотҳои доимӣ, оиди он бояд соҳибони замин заминистифодабарандагону иҷоракорон ба таври хаттӣ  дар мўҳлати як моҳ огоҳ карда шаванд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Андозаи минтақаҳо барои захираи замин дар асоси асосноккунии иқтисодӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми дар шакли моликият истифодабарӣ ва иҷора ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани қитъаҳои замине, ки дар ҳудуди минтақаҳои захиравӣ қарор доранд, бояд моликон ва соҳибони ин заминҳо ворисони худро аз шартҳои махсуси истифодабарӣ огоҳ созанд ва ин маълумотҳо бояд дар ҳуҷҷатҳои дахдлдори ҳуқуқӣ дарҷ карда шаванд.

Тартиби истифодабарии замини роҳҳои автомобилгард, ҳудудҳои ҳамшафат ва захиравӣ дар асоси асноди лоиҳавӣ, талабот, стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва талаботи дигаре, ки қонун  ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 36. Ҳудудҳои ҳамшафати роҳ

Ҳудудҳои ҳамшафати роҳ барои таъмини бехатарии аҳолӣ ва ба вуҷуд овардани шароити истифодабарии роҳҳои автомобилгард бо баҳисобгирии талаботи бехатарии ҳаракати роҳ, инчунин имконияти  таҷдид,  таъмиру нигоҳдорӣ ва ҷойгиркунии объектҳои инфраструктураи  роҳ пешбинӣ мешаванд.

Бари ҳудудҳои ҳамшафати роҳ аз сарҳади хатти ҷудокунандаи роҳи автомобилгард ҳисоб карда шуда, вобаста ба категорияи техникӣ дар асоси меъёрҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Дар сарҳадҳои ҳудуди ҳамшафати роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи махсуси истифодабарии замин муқаррар мешавад, яъне метавонад дар он ҷойҳо сохтани иморатҳои асосӣ ва иншоотҳо, гузоштани рекламаҳо ва ба ҷо овардани фаъолияти дигари хоҷагидорӣ, ки ҳаракатро дар роҳ хатарнок мегардонад ва шароити истифодаи роҳҳои автомобилгард ва иморатҳои дар он ҷойгиршударо (бо назардошти тараққии онҳо дар оянда) халалдор месозанд, инчунин амнияти аҳолӣ ва иштирокчиёни ҳаракатро таҳти хатар мегузоранд, манъ намояд.

Қарор оиди дар ҳудуди ҳамшафати роҳ ҷойгир кардани иморатҳо, иншоот ва сохтмонҳои дигар аз тарафи мақомоти иҷроия дар маҳалҳо бо мувофиқаи соҳибони роҳҳои автомобилгард ва ҷузъҳои дахлдори мақомоте, ки назорати бехатарии ҳаракатро дар роҳ ба амал мебароранд, қабул карда мешавад.

Дар ҳолатҳои алоҳида мутобиқи қарори мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ, дар сарҳадҳои ҳудудҳои ҳамшафати роҳ барои  пешбурди фаъолияти  кишоварзӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Ба расмият даровардан ва дар маҳал муайян кардани ҳудудҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард  тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Қитъаҳои замине, ки дар ҳудуди ин минтақаҳо ҷойгиранд аз заминистифодабарандагон гирифта намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарурати гирифтани он аз тартиби истифодабарии ин ҳудуд бармеояд.

Заминистифодабарандагоне, ки қитъаҳои заминашон дар сарҳади минтақаҳои назди роҳ қарор доранд, бояд ба таври хаттӣ аз тартиботи махсусе, ки нисбати ин заминҳо истифода мешаванд ва имконияти гирифтани онҳо ба мақсади дар оянда васеъ кардан ва ё таҷдиди роҳҳои автомобилгард мавҷуданд, бояд дар мўҳлати як моҳ аз рўзи қабули қарор оиди муқаррар кардани андозаи ҳудудҳои ҳамшафати роҳ огоҳ карда шаванд.

Ба ташкилотҳои роҳдорӣ заминҳои дигаре, ки ба ҳудуди ҷудошуда пайваст нестанд, вале барои мақсадҳои сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард заруранд, барои истифодабарии доимӣ ва муваққатӣ ҷудо карда мешаванд.

Моддаи 37. Минтақаҳои захиравии роҳҳои автомобилгард

Муқаррар кардани захираи замин барои  сохтмон ва ё таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар асоси тартиботи тасдиқшуда ва муқарраркардашудаи сохтмон ва таҷдиди аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда сурат мегирад. Қарор ҷиҳати муқаррар кардани захираи замин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ё мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, вобаста ба мансубияти роҳ бо пешниҳоди мақомоти роҳдорӣ қабул мегардад.

 

БОБИ 5. ИСТИФОДАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

 

Моддаи 38. Шартҳои ташкили истифодаи роҳи  автомобилгарди пулакӣ

Рафтуомад дар роҳҳои автомобилгард ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бепул мебошад.

Ба роҳҳои автомобилгарди пулакӣ  кўпрукҳои пулакӣ ва нақбҳо, инчунин қисмҳои алоҳидаи пулакии роҳҳои автомобилгард, гузаргоҳҳои паромӣ мансуб мебошанд. Ҳаққи гузаштан аз роҳи автомобилгард мутобики тартиботе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ситонида мешавад. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Роҳҳои автомобилгарди пулакиро метавонанд бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидани инкишофи шабакаи роҳҳои автомобилгард бо роҳи ҷалб намудани маблағгузориҳои иловагӣ, ҷиҳати амалӣ сохтани сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд биёранд.

Заминҳое, ки барои сохтмони роҳҳои автомобилгарди пулакӣ ҷудо карда мешаванд, бояд танҳо барои мақсадҳои асосӣ – сохтмон ва истифодабарии роҳи автомобилгард, инчунин ҷойгиркунии иншоотҳои хизматрасонӣ барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард истифода шаванд.

 

Моддаи 39. Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард

Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешавад ва онҳо барои ҳамаи соҳибон ва истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ягона ва ҳатмӣ мебошанд.

Тартиби истифодаи роҳҳои автомобилгард дар давраи тайёрӣ ба сафарбарӣ ва ҳолати ҷанг,  ҳангоми аз байн бурдани оқибати офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои дигари фавқулодда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 40. Ҳуқуқи истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳуқуқ доранд:

-дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба таври озод ва бепул ҳаракат намоянд ва молашонро интиқол диҳанд, аз хизматрасониҳо истифода баранд, ба истинои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст;

-ҷуброни зарареро, ки аз сабаби  ғайриқаноатбахш будани шароити роҳ ва фаъолияти ғайриқонунии мақомоти роҳдорӣ ба саломатӣ ва молу мулки онҳо расидааст, талаб намоянд;

-оиди хатҳои самти ҳаракат, шароити роҳ, маҳдудиятҳои муваққатӣ ва баста шудани ҳаракат, вазн ва суръати ҳаракати иҷозат додашуда, андозаи ҳудуди ҳамшафат ва захиравии роҳҳои автомобилгард маълумот ба даст оранд.

 

Моддаи 41. Ўҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

Истифобарандагони  роҳҳои автомобилгард набояд:

-чарондани чорво, худсарона даравидани алаф, шудгор ва кандани замин, намудҳои дигари корҳоро бе розигии соҳибони роҳҳои автомобилгард дар ҳудуди роҳ  ба ҷо оранд;

-муҳити зистро олуда намоянд;

-роҳҳои автомобилгардро вайрон кунанд ва ё амалҳои дигареро иҷро намоянд, ки ба молу мулки роҳҳои автомобилгард зарар расонда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва роҳгузарҳо халал мерасонанд; (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

-меъёрҳои дигареро, ки ҳамин Қонун оиди маҳдуд намудани истифодаи роҳҳои автомобилгард ва ё ба вуҷуд овардани монеаҳо  барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва роҳгузарҳо муқаррар кардааст, вайрон намоянд.

Зараре, ки ба саломатӣ, молумулки истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард расонида шудааст, инчунин зараре, ки дар фалокати нақлиётӣ дар натиҷаи фаъолияти (беъфаъолиятии) мақомоти роҳдорӣ ба амал омадааст, бояд ба таври пурра ҷуброн карда шавад.

Тартиби ҷуброни зарар мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Баҳсҳое, ки дар ҷараёни нигоҳдорӣ, таъмир, таҷдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд, ба тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёти тасмачарх, чархдор ва ҷузъҳои дигари конструксияҳое, ки роҳи автомобилгардро вайрон карда метавонанд, инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ва ё фишор ба меҳвари онҳо  аз  меъёрҳои муқарраркардаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёданд, бе рухсати махсус мумкин нест.

Шахсони мутасаддии мақомоте, ки масъули назорати бехатарии ҳаракати роҳ мебошанд, ҳуқуқ доранд воситаҳои нақлиёти дар боло номбаршударо нигоҳ доранд ва барои ҳаракат ба онҳо танҳо баъди гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ иҷозат диҳанд. Зарари дар холатҳои мазкур расонидашуда ба соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт, ки ба вайронкунии қонунгузорӣ роҳ додаанд, тааллуқ дорад.

 

Моддаи 42. Ўҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки масъули сохтмон, таҷдид, таъмир, истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан мебошанд

Шахсони мансабдоре, ки масъули сохтмон, таҷдид, таъмир, истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, кўпрукҳо, иншоотҳои дигар мебошанд, ўҳдадоранд:

-нигоҳдории онҳоро дар ҳолате таъмин намоянд, ки ба талаботи муқарраршуда ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷавобгў бошанд;

-ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамояд, ҷиҳати манъ ва ё маҳдуд кардани ҳаракат сари вақт чора андешанд;

-ҳангоми иҷрои сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳо, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба таври пурра чораҳои бехатарии ҳаракатро ҷорӣ намоянд;

-ҷойҳои иҷрои кор, ҷойҳоеро, ки дар роҳ, кўча, гузаргоҳи роҳи оҳан машина ва механизмҳо, маводи сохтмонӣ ва ғайра гузошта шудаанд, бо аломатҳои роҳ, воситаҳои иҳотакунанда ва ҳидояткунанда ишора карда, дар торикии шаб ё туман бо шўълаи чароғҳои сигналдиҳӣ, ки мутобиқи меъёрҳои ҷорӣ пешбинӣ шудаанд,  муайян намоянд;

-баъди анҷом додани кор роҳ, кўча, гузаргоҳи роҳи оҳанро фавран ба ҳолате оранд, ки ҳаракати бемонеа ва бехатари воситаҳои нақлиёт ва роҳгузаронро таъмин  намуда, минтақаи ҳамшафатро бехатар гардонанд;

-дар ҳолати олудашудани қисми мошингузари роҳ, кўча ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба таври оперативӣ барои тоза кардани онҳо ва саривақт огоҳ намудани иштирокчиёни ҳаракат оиди хавфе, ки барои бехатарии ҳаракат ба вуҷуд омадааст, чораҳо андешанд, онҳоро бо  воситаҳои  техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ муҷаҳҳаз намоянд;

-қитъаҳои хатарнок ва ҷойҳоеро, ки фалокати роҳу нақлиёт зиёд рўй медиҳад, ошкор намуда, дар чунин ҷойҳо оид ба беҳсозии шароит ва ташкили ҳаракати бехатар чораҳои лозимӣ андешанд;

-монеаҳои ҳаракатро дар роҳ саривақт ошкор намуда, бартараф кардани онҳоро таъмин карда, ҳангоми номумкин будан онро бо аломатҳои роҳ, воситаҳои иҳотакунанда ва роҳнамоикунанда муайян намоянд;

-ҳар моҳ таҳлили самтҳои фалокатҳои автомобилиро гузаронда имконияти тавассути нақлиёти автомобили партофтани хок, санг ва маводҳои дигарро дар роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан пешгири кунанд;

-ба соҳибони воситаҳои нақлиёт хароҷоти онҳоро ба тариқи судӣ ҷуброн намояд, агар фалокати роҳу нақлиёт бо сабаби ғайриқанотбахш нигоҳ доштани вазъи истифодабарии роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо, гузаргоҳҳои роҳҳои оҳан рўй дода бошанд.

Моддаи 43. Вазн, андоза (габарит) ва суръати ҳаракати воситаҳои  нақлиёт

Роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазн, андоза ва суръати ҳаракате пешбинӣ шудаанд, ки мутобиқи стандартҳо ва меъёрҳои давлатӣ, вобаста ба категорияҳои роҳҳои автомобилгард ва дигар шартҳо муқаррар гардидааст.

Ҳадди ниҳоии суръати ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард бо назардошти навъи воситаи нақлиёт ва хусусиятҳои бори интиқолшаванда, шиддатнокии ҳаракат, шароити роҳ ва обу ҳаво, категорияҳои техникии  роҳҳои автомобилгард бо қоидаҳои ҳаракати роҳ ва меъёрҳое, ки вазни ниҳоӣ ва андозаи воситаҳои нақлиётро бо шумули андозаи борҳои интиқолшаванда муайян мекунанд, муқаррар карда мешавад.

Тартиботи суръат ва андозаи воситаҳои нақлиёт, ки  мутобиқи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар гардидааст, дар ҳар роҳи автомобилгард тавассути аломатҳои роҳ, нишон дода мешавад.

Ба мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ соҳибони роҳҳои автомобилгард бо мувофиқаи мақомоти масъули назорати оиди бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд ба таври муваққатӣ дар асоси санадҳои таҳқиқи роҳҳои автомобилгард ва ё ҳангоми гузаронидани корҳои роҳсозӣ барои фишор ба роҳ ва суръати ҳаракат маҳдудиятҳо ҷорӣ намоянд. Ҳангоми ҷорӣ кардани ин маҳдудиятҳо соҳибони роҳҳои автомобилгард аломатҳои дахлдор мегузоранд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

 

 

Моддаи 44. Маҳдудиятҳо ва манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои  автомобилгард

Маҳдудиятҳо дар истифодаи қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла маҳдудиятҳое, ки ба мансуб донистани роҳҳои автомобилгарди истифодаи махсус вобаста нестанд, мутобиқи қонуни мазкур муқаррар карда мешаванд.

Соҳиби роҳи автомобилгарди истифодаи умумӣ барои муқаррар кардани муҳдудиятҳое, ки ба вазъи роҳи автомобилгард, ҳамчунин ба роҳи автомобилгарди истифодаи умумӣ мутобиқ нестанд, ҳуқуқ надорад. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Маҳдудияти муваққатӣ ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:

-ҳангоми иҷрои корҳои роҳсозӣ;

-ҳангоми фалокатҳои табиӣ, тасодуфҳо ва ҳолатҳои фавқулодда;

-ҳангоми ба вуҷуд омадани хавф барои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ё бехатарии ҳаёти одамон ва молу мулки роҳдорӣ;

-ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оммавӣ, ки бо муқаррароти қонунӣ иҷозатдодашудааст.

Қарор оиди мувақкатан маҳдуд ва ё қатъ намудани ҳаракат, вобаста ба мансубияти роҳи автомобилгард аз тарафи мақоми роҳдорӣ ва ё мақоми ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо қабул карда мешавад.

Мақоми салоҳиятдори назорат ба беҳатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ дорад ба соҳибони роҳҳои автомобилгард оиди манъ кардани ҳаракат дар роҳ дар ҳолатҳое, ки агар шароити роҳ барои бехатарии ҳаракат хавфнок бошад,  ҳидоятҳо диҳанд.

Ҳангоми қабули қарори маҳдудкунӣ ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳи автомобилгард соҳибони он бо мувофиқаи мақоми салоҳиятдори назорат ба бехатарии ҳаракат дар роҳ оиди танзими ҳаракат дар роҳ,  аз ҷумла ба воситаи сохтани роҳҳои иловагӣ чораҳо меандешанд. Истифода роҳҳои автомобилгарди соҳибони дигар ба сифати роҳҳои иловагӣ бояд бо онҳо мувофиқа карда шавад.

Мақомоти роҳдорӣ ба истиснои воқеаҳое, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ба вуҷуд меоянд, саривақт истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, мақоми давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва дигар мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияро оиди маҳдудкунӣ ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард огоҳ месозад ва оиди муддати ҷорӣ намудани чунин маҳдудиятҳо ва самти роҳи давродавр маълумот пешниҳод менамояд. (қҷт.аз 28.12.13,№1051)

Ҳангоми баста шудан ва ё маҳдуд кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ маълумот дар ин бора ба Ҳукумати мамлакатҳои хориҷӣ расонида мешавад.

 

Моддаи 45. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, танҳо дар ҳолатҳои истисно ҳангоми мавҷуд будани иҷозатномаҳои махсус сурат мегирад.

Додани иҷозатномаҳои махсус аз тарафи мақомоти роҳдорӣ пулакӣ мебошад, андозаи он мутобиқи ҷуброни хароҷоте, ки ба барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои дар онҳо мавҷудбуда сарф мешавад, вобаста аст.

Андозаи пардохт ва тартиби аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёти вазнин бо андозаҳои аз меъёр зиёд, дар ҳудуди салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо муқаррар карда мешавад.

Маблағе, ки аз ҳисоби ҷуброн кардани хароҷоти вобаста ба гузаронидани чунин воситаҳои нақлиёт гирифта мешавад, ба ҳисоби  фондҳои дахлдори роҳдорӣ гузаронда шуда, танҳо барои барқарор кардани роҳҳои автомобилгард сарф карда мешавад.

Хатти ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд бояд бо соҳибони роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои роҳдории дар ин хатти ҳаракат  қарордошта, инчунин бо мақомоти салоҳиятдори назорат ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, мувофиқа  кунонида шавад.

Ҳангоме, ки ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёт зарурияти чорабиниҳои махсусеро ҷиҳати мустаҳкам ва обод кардани роҳҳои автомобилгард, таҷҳизот ва иншоотҳои муҳандисии аз роҳ гузаронидашуда дар хатти ҳаракати  мазкур талаб менамояд, ризоияти соҳибони ин иншоотҳо ва коммуникатсияҳо гирифта мешаванд. (ЗРТ от 15.03.2016,№1302)

Ҳангоми мавҷуд набудани иҷозатномаи махсус дар дасти ронандаи воситаи нақлиёте, ки вазни умумӣ, вазни меҳварӣ, андозаҳои он аз меъёри муқарраршуда зиёда аст, ҳангоми тағйир додани хатти ҳаракати мувофиқашуда, соҳиб ва ё истифодабарандаи воситаи нақлиёт тибқи муқаррарот, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима месупорад ва танҳо баъди гирифтани иҷозатномае, ки тибқи муқаррарот расмӣ гардонда шудааст, ҳаракатро давом дода метавонад.

 

Моддаи 46. Гузаронидани воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнокро мекашонанд

Мақомоти роҳдорӣ метавонанд дар сурати аз тарафи соҳибони ин борҳо пешниҳод намудани кафолати бехатарии кашондани бор ва бартараф кардани оқибатҳои он барои аз роҳҳои автомобилӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёте, ки сўхтору таркиш ба вуҷуд оварда метавонанд ва ё боиси заҳролудшавии радиоактивии роҳҳои автомобилгард ва ё оқибатҳои хатарноки дигар мегарданд, иҷозат диҳанд. Кашондани ин борҳо мутобиқи тартиботи муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 47. Ташкили ҳаракати велосипедҳо, аспу ароба ва рондани чорво

Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки мутобиқи характеристикаи техникӣ суръаташон аз 40 км/соат кам аст, велосипедҳо, аспу ароба, ҳайвоноти саворӣ ва боркаш, инчунин рондани ҳайвоноти хонагӣ дар роҳи автомобилгарди суръатнок манъ аст.

Дар роҳҳои автомобилгарди дигар ҳаракати ин воситаҳо ва рондани чорво мутобиқи талаботи қоидаҳои харакати роҳ ва қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешавад.

Рондани чорво бо мувофиқаи мақомоти роҳдорӣ ба воситаи роҳҳои автомобилгард дар ҷойҳои махсусе, ки ба ин мақсад пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 48. Гузарондани чорабиниҳои оммавӣ дар роҳҳои автомобилгард

Намоишу роҳпаймоиҳо дар роҳҳои  автомобилгард мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронда мешаванд.

Мусобиқаҳои варзишӣ (кросс, мусобиқаҳои автомобилрониву велосипедронӣ ва чорабиниҳои дигар) бо иҷозати мақомоти роҳдорӣ ва мақомоте, ки бехатарии ҳаракатро дар роҳ назорат менамоянд, ташкил карда мешавад.

Қарор оиди гузарондани ин чорабиниҳо дар роҳҳои автомобилгард бояд бо мақомоти роҳдорӣ мувофиқ кунонда шавад ва бо назардошти таъмини кори бетаваққуфи шабакаи роҳ ва имконияти мавҷуд будани роҳҳои гузариши иловагӣ, қабул карда шавад.

Ҳалли ихтилофҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, изҳори талаботи сиёсӣ бо роҳи бастани роҳҳои автомобилгард манъ аст.

БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 49. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи роҳҳои  автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ ва ҳалли проблемаҳои муқаррар намудани усулҳои умумии танзими ҳуқуқи истифодабарӣ ва ҳамгароии онҳо ба системаи байналмилалии алоқаи нақлиётӣ, мусоидат менамояд.

Мақоми ваколатдори давлатии идораи роҳдорӣ аъзои ташкилотҳои байналмилалии роҳдорӣ шуда метавонад, мутобиқи муқаррарот ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти роҳдории мамлакатҳои хориҷӣ амалӣ месозад, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки истифодаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси хатҳои сайри роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва масъалаҳои дигари ба салоҳияташон вобаста, муаррифӣ мекунад.

Истифодаи роҳҳои автомобилгард барои алоқаҳои автомобилии байналмилалӣ бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешавад.

 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1302)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 10 майи соли 2002

                  № 47

 

ШАРИКОН: