ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ

(АМОҶТ, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 287; с.2005, №7, мод. 409; с.2011, №6, м.447)

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гўронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити атроф, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд.

             БОБИ 1.  ҚОИДАҲОИ УМУМӢ (қҷт. 28.06.2011 №736)

Моддаи 1.  Мафҳумҳои асосӣ  (қҷт. 28.06.2011 №736)

            Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: (қҷт. 28.06.2011 №736)

партовҳо- моддаҳои гуногун, масолеҳ ва ҷисмҳое, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онҳоро нобуд карданианд ё худ ҳатман бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ  аз онҳо  халос шуданиянд;

партовҳои истеъмолӣ маҳсулот, масолеҳ, моддаҳое, ки дар натиҷаи истеъмолкунӣ хусусиятҳои  истеъмолии худро пурра ё қисман гум кардаанд;

ашёи хоми дуюмдараҷа- партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки барои истифодаи дубора ҷамъ (муҳайё) ва тайёр карда шудаанд;

партовҳои рўзгор – партовҳои истеъмолие, ки дар маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии аҳолӣ пайдо шудаанд;

партовҳои хатарнок- партовҳое, ки дар таркиби худ моддаҳои дорои хусусиятҳои хатаровар (ба монанди заҳрнокӣ, сирояткунанда, таркишӣ, хатари сўхторӣ, кобилияти баланди реаксиониро) доранд ва дар миқдору шаклҳое мавҷуданд, ки ҳар кадоми он чӣ мустақилона ва чӣ дар тамос бо моддаҳои дигар барои саломатии инсон ва муҳити атроф хатари бевосита ё имконпазир доранд;

муомилот бо партовҳо – тамоми шаклҳои фаъолият, ки ба ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, истифодабарӣ, безараргардонӣ, гўронидани партовҳо вобаста аст;

мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо – мақомоти махсусе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи муомилот бо партовҳо  ваколатдор гаштааст;

нигоҳдории партовҳо – нигоҳ доштани партовҳо дар захирагоҳҳои махсус таҷҳизонидашуда то лаҳзаи аз он ҷо барои гўронидан, безарар гардондан  ё ба истифода баровардани онҳо;

гўронидани партовҳо –ҷудогузории партовҳо, ки дар муҳити атроф паҳн гаштани моддаҳои ифлоскунандаро пешгирӣ намуда, ба истифодаи минбаъдаи ин партовҳо роҳ намедиҳад;

истифодаи партовҳо- истифодаи партовҳо барои истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) ё  ҳосил намудани  неру (энергия);

            — безараргардонии партовҳо – коркард (аз ҷумла сўзондан)-и партовҳо дар дастгоҳҳои махсус, ки таъсири хатарнокии онҳоро ба муҳити атроф ва инсон кам мекунад;

технологияи кампартов – ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, ки дар рафти он ҳангоми истеҳсоли як воҳиди маҳсулот назар ба истифодаи усулҳои мавҷудаи анъанавии истеҳсолии ҳамин маҳсулот миқдори ками партов ҳосил мешавад;

меъёрҳои муомилот бо партовҳо- маҳдудияти миқдорӣ ва сифатӣ  вобаста  ба ҳосилшавӣ, ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан ва гўронидани  партовҳо  бо назардошти таъсири онҳо ба муҳити атроф;

— меъёри ҷойгиркунонии партовҳо – миқдори интиҳоии партовҳо, ки ҷойгир карданаш бо назардошти вазъи экологии минтақа дар мўҳлати муқарраршуда ба шахсони  воқеӣ ва ҳукуқӣ иҷозат дода шудааст;

мавзеи ҷойгиркунонии партовҳо – машқгоҳҳо, партовгоҳҳои иҷозатшуда, анборҳои махсус, хоктўдаҳои ҷинсҳои кўҳӣ ва дигар мавзеъҳои таҷҳизонидашудаи махсус барои нигоҳдорӣ ва гўронидани партовҳо;

аз сарҳадгузаронӣҳар гуна ҷойивазкунӣ (бо нақлиёт гузарондан)-и партовҳо аз маҳалле, ки дар ҳудуди давлати дигар мебошад;

шиносномаи партовҳои хатарнок – ҳуҷҷате, ки аз хусусияти сифатӣ ва миқдории партовҳо бо нишондоди шаклу дараҷаи хатарнокии онҳо шаҳодат медиҳад;        

— мониторинги мавзеи гўркунӣ – назорати дарозмўҳлат ба ҳолати мавзеи гўркунии партовҳо, ифлосшавии муҳити атроф дар ҳудуди чунин мавзеъҳо ва муҳити зист дар натиҷаи ҳодисаҳои табиии дар он  баамалоянда,  инчунин баҳодиҳӣ ва пешгўии ифлосшавии муҳити зист аз ҳолатҳои воқеии чунин мавзеъҳо.

— партовҳои бесоҳиб – партовҳое, ки соҳиб надоранд ё ин ки соҳиби онҳо номаълум аст;

— коркарди партовҳо – фаъолияте, ки ба истифодаи партовҳо ба сифати захираҳои дуюмдараҷа вобастагӣ дорад;

— нест кардани партовҳо – фаъолият оид ба гўркунӣ, безарар кардан ва ё несту нобуд сохтани партовҳо. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

Моддаи 2.  Қонунгузорӣ дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ

1.Қонунгузорӣ дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  иборат  мебошад. (қҷт. 28.06.2011 №736)

  1. Муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба иншоотҳои обӣ партофтани моддаҳои зарарнокро қонунгузории махсус танзим мекунад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста  аз шакли моликияташон, ки фаъолияти худро дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд, тааллуқ дорад. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

Моддаи 4.  Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо инҳо мебошанд:

  • бартарии ҳифзи муҳити атроф бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон;
  • вобастагии илман асоснокшудаи манфиатҳои иқтисодию экологии ҷамъият;
  • таъсис додану татбиқ намудани равандҳои технологияҳои кампартов;
  • коркарди комплексии захираҳои моддию ашёи хом дар асоси силсилаи технологияҳои сарбаста;
  • истифодаи механизмҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, барои ба гардиши хоҷагию истеҳсолӣ ҷалб намудани партовҳо;
  • риояи талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиат, ногузирии таъини ҷавобгарӣ барои вайрон намудани он;
  • назорати давлатӣ ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо;
  • банақшагирии чорабиниҳо оид ба нигоҳдории бехатарии партовҳо ва маблағгузории онҳо;
  • озодона дастрас будани ахборот дар соҳаи муомилот бо партовҳо барои шахсоне, ки манфиаташон ҳангоми чунин фаъолият зарар дида метавонад;
  • қабул кардани қарорҳое, ки манфиати аҳолиро бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ифода менамояд ва иштирок намудан дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо.

 

Моддаи 41. Партовҳо ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият

  1. Партовҳо объекти ҳуқуқи моликият мебошанд. Ҳуқуқи моликият ба партовҳо метавонад бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як шахс ба шахси дигар гузарад.
  2. Истеҳсолкунандаи партовҳо ҳуқуқи моликият ба партовҳоро аз лаҳзаи ҳосилшавии онҳо ва то ба шахси дигар гузаштани ин ҳуқуқ ё ин, ки то коркард ё пурра несту нобуд сохтани партовҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ба даст меорад.
  3. Дар ҳолати хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо ҳаҷми муайяни партовҳо ҳосил шудааст, ҳуқуқи моликият ба партовҳо ва ўҳдадориҳои ҷуброн кардани товони зарари аз партов ба саломатии инсон, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муҳити зист расида ба соҳибони нав мегузаранд. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

Моддаи 42. Партовҳои бесоҳиб

  1. Тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳибро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад, ба шарте ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ошкор намудан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, истифодаи маҷмўии ин гуна партовҳо, риояи шартҳои муомилот бо онҳо ва пешгирии таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон масъул мебошанд.
  3. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки дар он қитъаҳо партовҳо ошкор карда шудаанд ва ин партовҳо ба онҳо тааллуқ надоранд, вазифадоранд оид ба ин ҳолат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдорро хабардор намоянд.
  4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиб, муайян кардани дараҷаи хавфнокии онҳо, ташкили баҳисобгирии партовҳои бесоҳиб чора андешанд ва нисбат ба муомилот бо онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намоянд.
  5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳибмулки партовҳое мебошанд, ки дар ҳудуди онҳо ҷойгиранд, соҳиб надоранд ё ин ки соҳиби онҳо муайян карда нашудааст.
  6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои доимоамалкунандаро оид ба масъалаҳои ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб таъсис медиҳанд.
  7. Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳибро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ

МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 

 соҳаи муомилот бо партовҳо

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳо мансубанд:

— ташкилу татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

— муқаррар кардани принсипҳои умумии ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

— муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

— таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

қабул ва тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқиро  дар соҳаи муомилот бо партовҳо танзим мекунанд ва назорати иҷрои онҳоро ба роҳ мемонанд. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

Моддаи 51. Ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи

            муомилот бо партовҳо

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо чунин ваколатҳо доранд:

— назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо, аз ҷумла оид ба риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ;

— ташкил ва гузаронидани назорату санҷишҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

— ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

— додани иҷозат, муайян кардани меъёри ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партовҳо;

— таҳия, тасдиқ ва татбиқи қоидаю меъёрҳои давлатӣ, ки муомилоти бехатари экологии партовҳоро  танзим менамоянд ва талаботи бехатарии партовҳоро барои муҳити зист ва инсон муқаррар мекунанд;

— дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибатҳои фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;

— ба мақомоти дахлдор ирсол намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба маҳдуд ё қатъ намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста ба шакли моликияташон, ба шарте ки дар фаъолияти онҳо вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ҷой дошта бошад;

— ташкили баҳисобгирии давлатӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба муомилот бо партовҳо;

— таъмини аҳолӣ бо иттилоот дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

— ташкил ва пешбурди кадастри партовҳо;

— ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ

                       дар соҳаи муомилот бо партовҳо

  1. Ба ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дохил мешаванд:

— дар ҳудудҳои худ амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

— ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибати фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;

— нест кардани партовҳо аз ҳисоби маблағи соҳибмулк бо ҷуброни товони зараре, ки ба муҳити зист расидааст;

ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои истифодаи пурраи партовҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— таъмини аҳолӣ бо иттилоот дар бораи  муомилот бо партовҳо;

— дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори манфиатдор муқаррар намудани тартиби муомилот бо партовҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва маҳалҳои дигар;

— ташкили ҷамъоварӣ ва нест кардани партовҳои рўзгор, аз ҷумла ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо;

— тасдиқи қоидаҳои муомилот бо партовҳои рўзгор;

— тасдиқи барномаҳои маҳаллии муомилот бо партовҳо ва назорати иҷрои онҳо;

— ошкор кардан ва барҳам додани партовгоҳи тасдиқнагардида;

— андешидани тадбирҳо оид ба ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиби ошкоркардашуда, муайян намудани дараҷаи хатарнокии онҳо;

— ба аҳолӣ фаҳмондани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо;

— муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ба ҷамъоварии партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа.

  1. Ваколати мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муомилот бо партовҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» амалӣ карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

БОБИ 3.  ТАЛАБОТ ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

Моддаи 7.  Талабот ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва  азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигар

Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигар, шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқӣ вазифадоранд:

  • стандарт, меъёр ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи сифатии муҳити атрофро, ки дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудаанд, риоя намоянд;
  • мувофиқа намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёри ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партовҳо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ; (қҷт. 28.06.2011 №736)
  • гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ оид ба лоиҳаҳои тайёркардашуда ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки фаъолияти онҳоро вобаста ба муомилот бо партовҳо муайян мекунад.

 

Моддаи 8.  Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок

Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои хатарнок мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (қҷт аз 25.07.05 №109)

 

Моддаи 9.  Талабот оиди истифодаи истеҳсолоти фаъолияткунанда

1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар рафти истифодабарии истеҳсолоти  фаъолияткунанда вазифадоранд:

  • стандарт, меъёр ва муқаррароти дигареро, ки оиди сифати муҳити табиат дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудааст, риоя намоянд;
  • барои муомилот бо партовҳо иҷозатнома дошта бошанд;
  • технологияи кампартовро ҷорӣ намоянд;
  • партовҳои ҳосилшударо ба рўйхат гирифта, ба мақомоти омор ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо маълумоти саҳеҳ пешниҳод кунанд;
  • назорати истеҳсолиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо амалӣ гардонанд;
  • ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи  муомилот бо партовҳо ахбороти заруриро диҳанд;
  • қоидаҳои пешгирии вазъи садамавиро риоя кунанд;
  • ҳангоми рўй додани садамаҳои оқибати манфии экологидошта ё ба миён омадани ҳолатҳое, ки ба чунин садамаҳо меоваранд, фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин ба мақомоти худидораи маҳаллӣ ва аҳолӣ хабар диҳанд;
  • ҳангоми аз сарҳад гузаронидани партовҳо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин қоидаҳои байналмилалии аз сарҳад гузаронидани партовҳои хатарнокро, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳбарӣ гиранд. (қҷт. 28.06.2011 №736)
  1. Истифодаи истеҳсолоте, ки дар он нобудсозии партовҳои зарарноки ҳосилшуда тавассути усулҳои безарари экологӣ ғайриимкон аст, манъ мебошад.

 

Моддаи 10.   Талабот ба ҷойгиркунонии партовҳо

1.Интихоби мавзеи сохтмони иншоот барои ҷойгиркунонӣ ва безараргардонии партовҳо дар асоси тадқиқоти махсус (заминшиносӣ, обшиносӣ ва ғайра) дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, дар ҳолати гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии  экологӣ, мақомоти санитарию эпидемиологӣ ва қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (дар мавриди зарурӣ қарор бо назардошти афкори умум қабул карда мешавад) муайян карда мешавад.

  1. Гўрондани партовҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои бешабоғ, истироҳатгоҳҳо, ҷойҳои табобатию беҳдоштӣ ва дамгирӣ, дар ҳудуди ҳавзҳо, чашмаҳои зеризаминӣ, ки барои корҳои хоҷагию нўшидан истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва ҷойҳои маъданковӣ ( дар мавриди таҳдидрасонӣ ба бехатарии корҳои маъданковӣ ва харобии конҳо) манъ аст.
  2. Ҷойгиркунонии партовҳо дар асоси иҷозатномаҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин  бо мувофиқаи  мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро амалӣ мегардонанд, имконпазир аст.
  3. Ҷойгиркунонии партовҳо мутобиқи коидаҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, амалӣ мегардад. (қҷт. 28.06.2011 №736)
  4. Мавзеъе, ки дар он партовҳо гўронида шудаанд, ба рўйхати (реестри) давлатии мавзеъҳои гўронидани партовҳо дохил карда мешавад. Тартиби бурдани  рўйхати (реестри) давлатии мавзеъҳои гўронидани партовҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян карда мешавад.
  5. Дар мавриди гўронидани партовҳо гузарондани мониторинги мавзеи гўркунӣ ҳатмист. Мониторинги мавзеи гўркунӣ аз тарафи молики объекти ҷойгиршавии партовҳо мутобиқи тартибе, ки бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба мувофиқа оварда шудааст, амалӣ мегардад.
  6. Моликони мавзеъҳои ҷойгиршавии партовҳо пас аз истифодаи ин мавзеъҳо (ё қитъаҳо) вазифадоранд корҳои барқароркунии қитъаҳои вайроншудаи заминро иҷро намоянд.

Моддаи 11.  Талабот  ба тозакунии маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои  истеъмолӣ ва рўзгор

  1. Ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бояд мунтазам аз партовҳои сахту моеъи истемолӣ тоза карда шавад.
  2. Ташкили оқилонаи ҷамъоварии партовҳо, ки ҷамъоварии алоҳидаи қисмҳои истифодашавандаи онҳо (партовҳои хўрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва ранга, маснуоти бофандагӣ, коғаз ва ғайра), нигоҳдории муваққатӣ, бурдан ва безараркунии мунтазами партовҳои истеъмолӣ, инчунин тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро пешбинӣ мекунад, аз тарафи мақомоти  ҳокимияти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад ва бояд ба талаботи қоидаҳои санитарӣ, гигиенӣ ва меъёрҳои экологӣ мутобиқ бошад.
  3. Риояи меъёру қоидаҳои нигоҳдории ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи табиатро амалӣ мегардонанд, назорат мекунанд.

 

Моддаи 12.  Талабот ҳангоми муомилот бо партовҳои хатарнок

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи фаъолияташон партовҳои хатарнок ҳосил мешаванд, вазифадоранд ҳангоми муомилот ба онҳо ҳифзи боэътимоди муҳити атроф ва аҳолиро аз таъсири зараровар таъмин намоянд.
  2. Тамоми партовҳои хатарнок аз рўи таъсири зарарнокиашон ба инсон ва муҳити атроф ба дараҷаҳо тақсим карда мешаванд.
  3. Дараҷаи хатарнокии партовро истеҳсолкунандаи он мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, назорати санитарию эпидемиологӣ, кўҳӣ ва техникӣ дар доираи салоҳияташон тасдиқ намудаанд, муаяйн мекунад.
  4. Партовҳои хатарнокро танҳо дар иншоотҳои барои ин мақсад махсус таҷҳизонидашуда дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқарраргардида  дода шудаанд,  ҷойгир кардан мумкин аст.
  5. Шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ, ки бо партовҳои хатарнок муомилот доранд, вазифадоранд партовҳои хатарнокро бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор  дар соҳаи муомилот бо  партовҳо ба қайд гиранд.

 

Моддаи 13. Талабот ба кашондани партовҳои хатарнок

  1. Партовҳои хатарнокро танҳо дар мавриди мавҷуд будани шиносномаи партовҳои хатарнок ва бо воситаҳои нақлиёти махсус таҷҳизонидашуда кашондан мумкин аст.
  2. Тартиби кашондани партовҳо дар намудҳои мушаххаси нақлиёт (автомобилӣ, роҳи оҳан, обӣ), талабот ба иҷрои корҳои боркунӣ ва борфурорӣ, қоидаҳои дигари зарурӣ оид ба таъмини бехатарии экологӣ, бо стандартҳо ё меъёру қоидаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатии назорат ба бехатарии нақлиёт тасдиқ шудаанд ва бо мақомоти ваколатдор  дар соҳаи муомилот бо партовҳо мувофиқа шудаанд,  муқаррар карда мешавад.
  3. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои бехатарии муомилот бо партовҳо аз лаҳзаи ба воситаи нақлиёт бор кардани партовҳо ва аз тарафи ташкилот ё шахси воқеӣ, ки кашондани партовҳоро  иҷро мекунанд, қабул намудан,  то лаҳзаи дар ҷойҳои муқарраршуда аз нақлиёт фаровардани онҳо ба дўши муассисаи нақлиётие мебошад, ки ба он нақлиёти додашуда тааллуқ дорад.

 

Моддаи 14.  Аз сарҳад гузаронидани партовҳо

  1. Бо мақсади гўрондан ва бехатар гардонидани партовҳо, ворид намудани онҳо ба қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст.
  2. Аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна партовҳо барои истифодабарии дуюмбораи онҳо ба сифати ашёи хом танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
  3. Тартиби танзими давлатии аз сарҳадгузаронӣ ва гузаронидани транзитии партовҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
  4. Назорати воридот ва содироти партовҳои хатарнокро мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки мутасаддии  назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, экологӣ, санитарӣ ва  карантинӣ мебошанд, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, таъмин менамоянд. (қҷт. 28.06.2011 №736)

БОБИ 4.  НАЗОРАТ БА МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

            Моддаи 15.  Назорати давлатӣ ба  муомилот бо партовҳо

  1. Назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал  амалӣ мегардонанд.
  2. Ба назорати давлатии муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:
  • назорат ба риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо, ошкор намудани вайронкунии ин талабот аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ва андешидани чораҳо оиди бартараф кардани онҳо;
  • назорат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  оид  ба риоя  намудани талаботи соҳаи муомилот бо партовҳо, аз ҷумла шартномаю созишномаҳои байналмиллалие, ки назорати аз сарҳадгузаронии партовҳои хатарноки ба сифати ашёи  хом истифодашавандаро пешбинӣ намудаанд;
  • назорат ба иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат, гигиена, зидди эпидемияҳо, қоидаҳои санитарию ҳифзи табиат, меъёрҳои гигиенӣ ва экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо;
  • назорат ба риояи қоидаҳои бехатарии сўхтор ҳангоми муомилот бо партовҳо;
  • назорати риояи тартиби баҳисобгирии ибтидоии партовҳо. (қҷт. 28.06.2011 №736)
  • ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот оид ба муомилот бо партовҳо, баҳодиҳии таъсири онҳо ба муҳити атроф;
  • назорат ба саҳеҳии ахбороту ҳисоботе, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба партовҳо пешниҳод мекунанд;
  • таҳлили истеҳсолоти фаъолияткунанда, ошкор намудани имконияту васоити пасткунии андозаю дараҷаи хатарнокии партовҳои ҳосилшуда, назорат ба ҳарчи пурратар истифода бурдани партовҳо дар истеҳсолот ба сифати ашёи хом;
  • назорати риояи дастрас будани ахборот оид ба муомилот бо партовҳо ба аҳолӣ;
  • ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани шахсони воқеию ҳуқуқии гунаҳкор тибқи  тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қабул намудани қарорҳо дар бораи маҳдудкунӣ, боздоштан ва қатъкунии фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳо, ки барои муҳити атроф ва инсон хатари эҳтимолӣ доранд.
  1. Нисбати қарори мақомоте, ки назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо амалӣ месозад, бо тартибе, ки қонунгузории амалкунанда муқаррар намудааст, шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 16.  Назорати истеҳсолӣ ба муомилот бо партовҳо

  1. Ташкилотҳое, ки фаъолияти хоҷагию истеҳсолияшон бо партовҳо вобаста аст, бо мақсади тафтиш намудани иҷрои талаботи экологӣ, санитарӣ ва талаботи дигари муомилот бо партовҳо назорати истеҳсолиро ба муомилот бо партовҳо амалӣ менамоянд.
  2. Тартиби ташкили назорати истеҳсолии муомилот бо партовҳо бо низомномаҳо доир ба назорати муомилот бо партовҳо, ки корхонаю ташкилотҳо дар асоси Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки ба муомилот бо партовҳо дахлдоранд, таҳия ва тасдиқ шудаанд ва бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо мувофиқа шудаанд, танзим карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

Моддаи 17.  Назорати ҷамъятии муомилот бо партовҳо

Назорати ҷамъиятии муомилот бо партовҳо аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи оинномаҳояшон  ва шаҳрвандон дар маҳалли истиқоматашон бо тартибе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ гардида, аз тарафи ҳамаи шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ  иҷро шудани талаботи Қонуни мазкурро дарбар мегирад. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

БОБИ 5.  БАМЕЪЁРДАРОРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ

ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

Моддаи 18.  Бамеъёрдарории муомилот бо партовҳо

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартибе, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо тасдиқ гардидааст, таъсири имконпазири партовҳоро ба муҳити атроф ва инсон риоя мекунанд.
  2. Меъёрҳои муомилот бо партовҳоро мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки вазифаҳои ҳифзи табиат, назорати санитарию эпидемиологӣ, кўҳӣ ва техникиро ба ҷо меоранд, дар доираи салоҳияташон ва бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд. (қҷт. 28.06.2011 №736)
  3. Партовҳое, ки объекти хариду фурўш ё содироту воридот мебошанд, бояд бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатонида шаванд. (қҷт. 28.06.2011 №736)

Моддаи 19.   Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо

  1. Ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо тартиби ягона дорад.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии ибтидоии партовҳои ҳосилшуда, истифодашуда, ба шахсони дигар дода ё фурўхташуда, инчунин ҷойгиршударо ба иҷро мерасонанд ва пуррагию саҳеҳии ахбороти пешниҳодшавандаро таъмин сохта, дар шаклу мўҳлати аз тарафи мақомоти  омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муқарраргардида ҳисобот пешниҳод мекунанд.
  3. Тартиби баҳисобгирии ибтидоиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, тартиби баҳисобгирии расмии омориро бошад мақоми давлатии омор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, муқаррар мекунанд.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигоҳдории маълумотҳои баҳисобгириро дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар давоми мўҳлате, ки мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муқаррар намудааст, таъмин менамоянд.

 

            Моддаи 20.  Кадастри давлатии партовҳо

  1. Кадастри давлатии партовҳо ташкил карда мешавад, ки он маҷмўи мураттаби маълумотро оид ба баҳисобгирии партовҳо дар бар мегирад.
  2. Кадастри давлатии партовҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо тавассути методологияи ягона дар асоси таснифоти давлатии ахборотҳои техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бурда мешавад.

3.Тартиби гузарондани кадастри давлатии партовҳоро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

БОБИ 6. ТАНЗИМИ ИКТИСОДӢ ВА ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ

МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

Моддаи 21.  Танзими иқтисодӣ дар соҳаи муомилот  бо партовҳо

  1. Барои ҷойгиркунонии партовҳо бо назардошти ҳаҷми ҷойгирии онҳо, таснифи хатарнокӣ ва меъёрҳои ҷойгиркунонӣ маблағ ситонида мешавад.

Маблағи аз пардохти ҷойгиркунонии партовҳо бадастомада ба буҷети дахлдор равона мегардад.

  1. Механизм ва тадбирҳои ҳавасмандкунии иқтисодӣ ва пардохтҳои имтиёзнокро дар соҳаи муомилот бо партовҳо, тартиби гирифтан, муайянсозии ҳаҷм ва тақсимоти пардохтҳои бадастомадаро аз ҷойгиркунии партовҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт. 28.06.2011 №736)

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 10 майи соли 2002

            № 44

ШАРИКОН: