ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НОМГЎИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

(АМОҶТ соли 2002, №4, қ.2, м. 326; соли 2003, №12, м. 694; с. 2007, №7, м. 656; с.2011, №3, м.158; с.2011, №7-8, м. 607)

 

Қонуни мазкур асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, мўҳлатҳои махфӣ доштани ин маълумот, инчунин салоҳияти мақомоти ваколатдори соҳаи сирри давлатиро муайян менамояд. (қҷт. 02.08.2011 №752)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ (қҷт. 02.08.2011 №752)

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур Номгўи маълумоти дорои сирри давлатии соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои  берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро,ки ошкоркунии онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, инчунин мўҳлати махфӣ доштани ин маълумотро  муқаррар менамояд. (қҷт. 02.08.2011 №752)

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ (қҷт. 02.08.2011 №752)

Дар Қонуни мазкур чунин мафҳумҳои асосӣ истифода бурда мешаванд:

— “иншооти махсус” – нуқтаҳои идоракунии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар иншооте, ки фаъолияти мақомоти давлатиро ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар шароити ҷанг таъмин менамоянд;

— “иншооти ҳарбӣ” – мавзеи ҳарбии қўшунҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, полигонҳо, шўъбаҳои алоқа, пойгоҳҳо, амборҳо ва дигар иншоотҳои таъиноти ҳарбӣ;

— “иншооти таҳти низом (режим) ” – иншоотҳои ҳарбӣ ва махсус, қисмҳои ҳарбӣ, корхона, ташкилот  ва муассисаҳое, ки барои фаъолияти онҳо чораҳои иловагии амният муқаррар гардидаанд;

— “корхона  ва ташкилотҳо” – шахсони ҳуқуқие, ки сарфи назар аз шакли моликият, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, инчунин баҳшҳо ва намояндагиҳои онҳо;

— “қўшунҳо” – Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ  ва воҳидҳои махсусе, ки дар замони ҷанг ташкил меёбанд;

— “яроқ” — воситаҳое, ки барои маҳви қувваи зинда, техника, иншоот ва дигар объектҳои душман пешбинӣ шудаанд, ҷузъҳои асосии ин воситаҳо ва қисмҳои такмилӣ;

— “техникаи ҳарбӣ” – воситаҳои техникие, ки барои таъминоти ҳарбӣ, техникӣ ва ақибгоҳии фаъолияти қўшунҳо пешбинӣ гардидааст, инчунин таҷҳизот ва дастгоҳ барои назорат ва озмоиши ин воситаҳо, ҷузъҳои асосии ин воситаҳо ва қисмҳои такмилӣ;

— “иншооти саноати мудофиа” – корхонаҳои коркард, истеҳсол   ва таъмири силоҳу техника ё лавозимоти ҳарбӣ;

— “яроқи қатли ом” – яроқи ҳаставӣ, кимиёвӣ, биологӣ ё дигар яроқи дорои иқтидори калони маҳвкунанда, ки истифодаи он боиси талафоти оммавӣ ва (ё) харобӣ мегардад. (қҷт. 02.08.2011 №752)

Моддаи 3. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мўҳри махфияти манбаъҳои ин маълумот

Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд ба дараҷаи вазнинии зараре, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар натиҷаи паҳн намудани маълумоти зикршуда расонида шудааст ё расонида мешавад, мувофиқ бошад.

Ҳамаи ҳомилҳои моддии маълумоти тибқи Номгўи маълумоти дорои сирри давлатӣ ба сирри давлатӣ мансуббуда дорои мўҳрҳои махфияти «Фавқулодда муҳим», «Комилан махфӣ» ва «Махфӣ» мебошанд, ки дар онҳо мўҳлати махфӣ доштани ин маълумот нишон дода мешавад:

1) Ба маълумоти фавқулодда муҳим маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкорсозии он ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд.

2) Ба маълумоти комилан махфӣ маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкорсозии он ба амнияти вазоратҳо (идораҳо) ё бахши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд.

3) Ба маълумоти махфӣ ҳама гуна маълумоти дигари дорои сирри давлатӣ, ки ошкорсозии он ба манфиати корхонаву ташкилотҳои соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд. 

Ҳама гуна маълумоти дигари дар Номгўи маълумоти дорои сирри давлатӣ пешбининашуда, агар он маълумоти дар Номгўй мавҷудбударо ошкор созад, бояд ҳамон дараҷаи махфиятро дошта бошад.

Истифодаи мўҳрҳои махфияти номбаршуда барои махфӣ доштани маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб нестанд, инчунин ба маълумоти зикршуда додани мўҳри дигари маҳдудкунанда, мумкин нест.

Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мўҳрҳои махфияти манбаъҳои ин маълумот метавонанд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шаванд. (қҷт. 02.08.2011 №752)

БОБИ 2.  МАЪЛУМОТИ БА СИРРИ  ДАВЛАТӢ МАНСУББУДА

Моддаи 4. Маълумоти   дорои сирри давлатии  соҳаи мудофиа

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиа инҳоянд: (қҷт. 02.08.2011 №752)

1) Маълумоте, ки нақшаҳои стратегии истифодаи қўшунҳо, нақшаҳои оперативӣ, ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, ҳуҷҷатҳои ба дараҷаҳои гуногуни омодагии ҷангӣ гузаронидани қўшунҳоро ошкор месозад.

2) Маълумот дар хусуси ба таври стратегӣ ва оперативӣ рў ба ҷабҳа овардани қўшунҳо.

3) Маълумот дар бораи нақшаи сохтмон, рушд, шумора, ҳайати ҷангӣ ё теъдоди қўшунҳо, омодагии ҷангии онҳо, инчунин дар бораи ҳолатҳои ҳарбию сиёсӣ ва (ё) оперативӣ.

4) Маълумоте, ки ҳолатҳои омодагии оперативии (ҷангии) қўшунҳо, таъмини фаъолияти онҳо, ҳайат ва (ё) ҳолати системаи идоракунии қўшунҳоро ошкор месозад.

5) Маълумот оид ба  ҷойгиршавӣ, номи ҳақиқӣ, сохтори ташкилӣ, силоҳ, теъдоди қўшунҳо, ки мутобиқи ўҳдадориҳои байналмилалии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд эълон нашавад.

6) Маълумот оид ба сафарбарии рў ба ҷабҳа овардани қўшунҳо, омодагии сафарбарии онҳо, оид ба таъсис ва истифодаи захираҳои сафарбарӣ, системаи идоракунии сафарбарии рў ба ҷабҳа овардан ва (ё) оид ба имконпазирии такмили қўшунҳо бо ҳайати шахсӣ, таъминот бо   аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддию молиявӣ, инчунин боркашониҳои ҳарбӣ.

Маълумоте, ки ҳолати таҷҳизот, бо мақсадҳои ҳарбӣ омода сохтани шабакаҳои нақлиёт, воситаҳои нақлиёт, ҳаҷми    боркашониҳои ҳарбӣ ва самти интиқоли аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

7) Маълумоте, ки самт, дурнамои дарозмуддат ё нақшаи инкишофи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, мўҳтаво ё натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро вобаста ба таҳия ё навсозии (модернизатсияи) намунаҳои силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, инчунин таснифоти тактикию техникии онҳоро ошкор месозад.

8) Маълумоте, ки самтҳои коркардҳо, конструксияҳо, технологияҳои омодасозӣ, таркиби изотопӣ, хосиятҳои физикӣ, кимиёвӣ ё ҳаставӣ, тартиби истифода ё баҳрабардории аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад.

9) Маълумоте, ки иқтидори истеҳсолӣ, маълумоти нақшавӣ ё воқеии истеҳсол ва  (ё) боррасонии воситаҳои ҳимояи бактериологӣ ё тиббиро (дар шакли асл) ошкор месозад.

10) Маълумоте, ки дастовардҳои илм ва техникаи ҳаставии дорои аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё сатҳи сифатан нави имконияти таҳияи  аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ва (ё) маҳсулот  ва технологияи усулан навро ошкор месозад.

11) Маълумоте, ки хосият, ретсепт ё технологияи истеҳсоли сўзишвории ракета, инчунин борути баллиститӣ, маводи тарканда ё  воситаҳои таркиши таъиноти ҳарбӣ,  инчунин хўлаҳои нав, моеъҳои махсус, сўзишвориҳои нави аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад.

12) Маълумот оид ба ҷойгиршавӣ, таъинот, дараҷаи омодагӣ ё ҳифзи иншооти таҳти низом, ки тибқи шартномаҳои байналхалқӣ ба ўҳдадориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил нашудаанд, дар бораи интихоб, ҷудо кардани қитъаҳои замин, қаъри замин,   қитъаи баҳр ё дарё (акватория) барои сохтмони иншооти зикргардида, инчунин оид ба корҳои  иктишофии банақшагирифташуда ё гузаронидашуда, корҳои лоиҳавӣ ва дигар корҳои вобаста ба таъсиси чунин иншоот.

13) Маълумот оид ба истифода ё рушди дурнамои шабакаҳои алоқаи ба ҳам пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат.

14) Маълумот оид ба тавозуни иқтидори электрикӣ ва қувваи барқи системаҳои таъминоти иншооти ҳарбӣ, иншооти саноати мудофиа ва воситаҳои идоракунии энергия дар замони ҷанг. (қҷт. 02.08.2011 №752)

15) Маълумоте, ки тақсимот ё истифодаи хати мавҷҳои радиоро тавассути воситаҳои радиоэлектронии таъиноти ҳарбӣ ё махсус ошкор месозад.

16) Маълумоте, ки ташкил ва фаъолияти ҳамаи навъҳои алоқа, таъминоти радиолокатсионӣ ва радиотехникии қўшунҳоро ошкор месозад.

17) Маълумоте, ки сохтори ҳифзи сарҳади давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад.

18) Маълумоте, ки самти рушди воситаҳо ва технологияи таъиноти дугона, мўҳтаво, натиҷаҳои  иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию тадқиқотӣ ва (ё) таҷрибавию конструкториро оид ба кор карда баромадан ё навсозии ин воситаҳо ва технологияҳо ошкор месозад.  Маълумот дар мавриди бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурдани воситаҳо ва технологияи таъиноти дугона.

19) Маълумот дар хусуси мўҳтавои барномаҳои пўшидаи таълимӣ дар муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ.

20) Маълумоти маҷмўӣ дар хусуси ҷойгиршавӣ, системаи муҳофизат ва иқтидори истеҳсолии қўрхонаҳо (арсеналҳо), пойгоҳҳо ва анборҳои дорои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва техникаи махсус ё қисмҳо ва муассисаҳои барои таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъингардида.

21) Маълумот оид ба  дурнамои рушд ва (ё)  истифодаи инфраструктураи кайҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти кишвар.

22) Маълумоте, ки  корҳои бо мақсади таҳияи маводи индикатсия, дегазатсия, ҳимояи кимиёвӣ ё биологӣ аз  яроқи қатли ом иҷрошавандаро   ошкор месозад.

23) Маълумоте,  ки фаъолияти геодезӣ, гравиметрӣ,   картографӣ,   топографӣ, гидрографӣ ва гидрометеорологии дорои  аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодиро   ошкор месозад.

24) Маълумоти маҷмўӣ оид ба сохтмони муассисаҳои саноати мудофиа, ки иқтидорҳои истеҳсолии онҳоро вобаста ба ҳаҷми  истеҳсоли техникаи мудофиавӣ ва ҳарбӣ ошкор месозад.

25) Маълумот оид ба рўйдодҳои физикию химиявӣ ( майдон), ки ба таҳия, истеҳсол  ва (ё) истифодаи яроқ, техникаи ҳарбӣ мусоидат намуда, параметрҳои ҳифзшавандаи онҳоро ошкор месозанд.

26) Маълумот дар бораи номгўй, теъдод ва мўҳлати  ба воҳидҳои ҳарбӣ расонидани навъҳои асосии сўзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, амволи моддӣ, тиббӣ ва озуқаворӣ.

27) Маълумоте, ки нақшаҳо (супоришҳои) фармоиши давлатии мудофиа, ҳаҷм ва мўҳлати расонидани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иқтидорҳои истеҳсолии  баровардани онҳо, инчунин маълумот дар бораи робитаҳои кооператсионии корхонаҳо, ихтироъкунандагон ё истеҳсолкунандагони аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, агар ин иттилоот маълумотро дар бораи иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсол ва (ё) таснифоти асосии тактикию техникии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор созад. Маълумот дар бораи иҷрои супоришҳои   истеҳсол ва интиқоли аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар шароити  ҷанг.

28) Маълумоте, ки ҳолати таъминоти метрологии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таснифоти техникӣ ё метрологии эталонҳои ҳарбӣ ё воситаҳои таъминоти метрологии муайянкунандаи сатҳи сифатан нави аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад; Маълумоте, ки самтҳои асосӣ ё барномаи рушди стандартикунонӣ, инчунин мўҳтавои стандартҳоро дар соҳаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор месозад.

29) Маълумоте, ки хароҷоти вобаста ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро ҷиҳати кор карда баромадани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор месозад.

Чунин маълумот вобаста ба корҳое, ки ба манфиати иншооти махсус гузаронида мешаванд;

30) Маълумоте, ки маблағгузорӣ ё хароҷоти воқеиро барои фармоишҳо, кор карда баромадан, истеҳсол ё таъмири аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва иншооти таҳти низом қарордошта ошкор месозад.

Чунин маълумот вобаста ба объектҳои махсус;

31) Маълумоти ошкоркунандаи ҳаҷми боррасонӣ ва захираҳои сўзишвории  навъи стратегӣ. (қҷт. 02.08.2011 №752)

Моддаи 5.   Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиаи гражданӣ

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиаи гражданӣ инҳоянд: (қҷт. 02.08.2011 №752)

1) Дар бораи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконияти нуқтаҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва иншооти алоҳида барои ҳифз, тахлия ва ҷамъ кардани аҳолӣ.

2) Маълумот дар бораи ташкили огоҳонӣ ва идора ҳангоми аз шароити осоишта ба вазъияти давраи ҷанг гузаронидани системаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати гузаронидани он аз низоми фаъолияти доимӣ ба кор дар шароити ҳолатҳои фавқулодда.

3) Маълумоте, ки нақша ва манбаъҳои обрасонӣ, воситаҳои ҳифзи онро дар маҳалҳои дорои  беш аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ, дар узелҳои роҳи оҳан ва (ё) ҷойгиршавии иншооти асосии обрасонӣ, хатҳои обгузар ва иншооти таъминкунандаи  кори онҳоро   ошкор месозад.

4) Маълумоти маҷмўӣ дар бораи иншооти махсусан муҳиме, ки дар шароити ҷанг таҳти муҳофизати хадамоти оташнишони   ҳарбикунонидашуда қарор дода мешаванд. (қҷт. 02.08.2011 №752)

    Моддаи 6. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи сафарбарӣ ва омодагии сафарбарӣ

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ инҳоянд: (қҷт. 02.08.2011 №752)

1) Маълумоте, ки моҳият ё ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ дар давраи махсус, инчунин ҳамкориҳои муштараки мақомоти ҳарбию сафарбарии ташкилотҳои робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро оид ба ин масъалаҳо ошкор месозад.

2) Маълумот вобаста ба иқтидорҳои сафарбарӣ ҷиҳати истеҳсоли (таъмири)  аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, дар бораи таъсис ва (ё) рушди (ҳифзи) ин иқтидорҳо.

3) Маълумоте,  ки  имконият ва (ё) захираҳои  сафарбарии роҳи оҳани ҷумҳуриро оид ба таъмини боркашонӣ тавассути роҳи оҳан,  ташкил ва ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ, ҳаҷми боркашонӣ ва интиқоли навъҳои  стратегии  маҳсулоти энергетикӣ, минералӣ, кишоварзӣ, сўзишворӣ, мавод, навъҳои алоҳидаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ташкил ва (ё) фаъолияти системаи алоқа ё идоракунӣ, инчунин тадбирҳои махсусро ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи оҳан ё ҳифзи борҳо ошкор месозад.

4) Маълумоте, ки ҷойгиршавӣ, махсусгардонӣ, иқтидор ва (ё) имконияти  борбардорӣ ва борфарории   пунктҳои саворшавӣ ва  фурудоии қувваҳо, маълумот дар бораи таъминоти озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббию санитариро ошкор месозад.

5) Маълумоте,  ки  эҳтиёҷоти сафарбарӣ ба воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла оид ба навъҳои алоҳидаи нақлиёт ва (ё) таъмин будани сафарбариро   ба он  ошкор месозад.

6) Маълумоте, ки ташкили сохторӣ ё нишондиҳандаҳои нақшаи сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи омодагии мақомоти ҳокимияти иҷроия ё корхонаҳои алоҳидаро ошкор месозад.

7) Маълумоте, ки ҷойгиршавӣ, захираҳои воқеии давлатӣ ва (ё) захираҳои сафарбарӣ ва истифодаи онро ошкор   месозад.

8) Маълумоте, ки нақша, мўҳтаво ё натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотиро дар соҳаи омодагии сафарбарии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

9) Маълумоте, ки баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҷанг   ошкор месозад.

10) Маълумоти маҷмўӣ дар бораи  иқтидорҳои сафарбарии саноат вобаста ба истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмини  эҳтиёҷоти мудофиа бо маҳсулоти саноатӣ, захираҳои моддию техникӣ ва озуқаворӣ.

11) Мавҷудияти  захираҳои сафарбарӣ ва давлатии маҳсулоти нафти Ҷумҳурии   Тоҷикистон.

12) Маълумоте, ки мўҳтавои чорабиниҳои оид ба таъмини муттақобилаи расонидани ашё, мавод, сўзишворӣ, таҷҳизот, дорувориро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли ҳисоббаробаркунӣ ё тадбирҳоро оид ба мусоидати техникӣ аз ҷониби  давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтмони муассиса  ва иншоот дар соли ҳисоббаробаркунӣ   ба   Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

13) Маълумот оид ба нишондиҳандаҳое, ки омодагии иқтисоди  Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти устувор дар шароити ҷанг муайян месозад.

14) Маълумоте, ки ҳаҷми интиқоли борҳои воридотию содиротиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмўъ дар     Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҳисоббаробаркунӣ ошкор  месозад.

15) Маълумот оид ба системаи таъминоти берунии бо энергияи барқ ва гармӣ таъмин намудани корхонаҳое, ки  маҳсулоти таъиноти мудофиавӣ мебароранд, маҳалли ҷойгиршавӣ ва таъиноти стансияҳои электрикии муҳофизатшаванда дар давраи сохтмон  ва истифодаи онҳо. (қҷт. 02.08.2011 №752)

Моддаи 7. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника инҳоянд: (қҷт. 02.08.2011 №752)

1) Маълумот дар бораи воридот ва содироти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмир ва истифодаи онҳо, дар бораи мусоидати техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кор карда баромадани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иншооти ҳарбӣ, объектҳои саноати мудофиа, инчунин маълумот дар бораи   расонидани кўмаки ҳарбию техникӣ аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, агар ошкор кардани ин маълумот барои яке аз тарафҳо мушкилоти дипломатӣ пеш оварад.

Маълумоти ошкоркунандаи нақшаҳои (вазифаҳои) фармоиши мудофиавӣ дар қисмати боррасониҳои воридотию содиротӣ дар соҳаи ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ;

2) Маълумоти маҷмўӣ дар бораи номгўй, ҳаҷм ва маблағгузории амалиёт оид ба воридот ва содироти аслиҳа, инчунин маълумот дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ, илмию техникӣ бо давлатҳои хориҷӣ, ба истиснои маълумоте, ки бояд мутобиқи ўҳдадориҳои байналмилалии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шаванд.

3) Маълумоте, ки ҳолати фонди суғуртаи ҳуҷҷатҳоро   ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, навъҳои асосии маҳсулоти граждании ба нақшаи сафарбарӣ дохилкардашуда,ба  иншооти дорои таваккали баланд ва (ё) системаи таъмини фаъолияти аҳолӣ ба  иншооти  дорои арзишҳои миллӣ тасниф медиҳад, инчунин маълумот оид ба ҷойгиршавии объектҳои (пойгоҳҳои) нигаҳдошти фонди суғуртаи аснод дар  маҷмўъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4) Маълумот оид ба масъалаҳои тиҷорати хориҷӣ: фақат ба навъи молҳои махсус  (ҳаҷм, номгўй, маблағгузории воридот ва содирот вобаста ба як ё якчанд давлатҳо), инчунин оид ба ташаккули сатҳи поёни (назоратии) нархҳои индекативӣ, воридоти асъор, ки паҳн намудани онҳо стратегия ва тактикаи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ошкор месозад.

5) Маълумоти  маҷмўӣ  оид ба захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо   бо ифодаи  аслӣ ва пулӣ дар маҷмўъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6) Маълумоте, ки  рақамҳои дурнаморо оид ба истеҳсоли тилло, дар давраи аз  як сол ва бештар аз он бо ифодаи  аслӣ дар маҷмўъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ошкор месозад.

7) Маълумоте, ки ҳаҷмҳои дурнамо ё воқеии истеҳсоли платина, металлҳои гурўҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий) ва нуқраро бо ифодаи аслӣ дар маҷмўъ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

8) Маълумоти маҷмўӣ оид ба воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо  ба Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи  аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ ё арзиши  пулӣ дар маҷмўъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9) Маълумоти маҷмўӣ дар бораи ҳаҷми истеъмол ё фурўши  металлҳои қиматбаҳо  дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмўъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10) Маълумот дар бораи ҳаҷми истеъмоли платина, металлҳои гурўҳи платина (палладий, иридий, родий, рутиний, осмий) ва нуқра дар алоҳидагӣ бо ифодаи аслӣ  дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсолоти металлҳои зикргардида дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмўъ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

11) Маълумоте, ки иқтидори захиравӣ ва захираҳои  балансии канданиҳои фоиданоки қаъри замини кишвар, афзоиши захираҳои кашфшуда ва истихроҷи ин канданиҳои фоиданокро дар маҷмўъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тавсифи конҳоро ошкор месозад, доир ба ҳар як иншооти мушаххас аз ҷониби  Саридораи  геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт аз 08.12.03, №66; ҚҶТ 30.07.07, №289)

12) Маълумот оид ба арзиши аслии   платина, металлҳои гурўҳи платина (палладий, иридий, родий, рутиний, осмий), тилло  ва нуқра дар маҷмўъ дар    Ҷумҳурии Тоҷикистон;.

13) Маълумот оид ба ҳисоббаробаркуниҳои танзимнагардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ба истиснои нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ оид ба қарзи хориҷӣ).

14) Маълумот дар бораи маблағдиҳӣ  ва (ё) фаъолияти пулию кредитие, ки пешакӣ паҳн кардани онҳо метавонад ба амнияти давлат зарар оварад.

15) Маълумоте, ки хароҷоти воситаҳои пулиро барои таъминоти қўшунҳо вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

16) Маълумот оид ба банкнотҳои пулӣ ё тангаҳои  намунаи нав (ба истиснои тангаҳои ҷашнӣ ё хотиравӣ).

17) Маълумот дар мавриди барориши банкнотҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо ифодаи аслӣ ё пулӣ, усули таъминкунандаи ҳифзи ин банкнот ва дигар    маҳсулоти Нишонаҳои давлатӣ   аз сохтакорӣ, инчунин усулҳои муайян намудани аслӣ будани онҳо.

18) Маълумоте, ки ҳаҷми истеҳсол ё расонидани навъҳои стратегии маҳсулоти хоми кишоварзиро ошкор месозад.

19) Маълумоти  маҷмўӣ дар хусуси воридот ва содироти тиллои ғайрипулӣ, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо дар маҷмўъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

20) Маълумоти маҷмўӣ оид ба талабот ба маблағгузорӣ ва хароҷоти воқеии молиявӣ вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети мақомоти амният, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  «Гвардияи  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ 30.07.07, №289)

21) Маълумот дар бораи ҳаҷми умумии маъдани уран, маъданҳои тоза , оксидҳо, намакҳо бо нишон додани мавҷудияти фоизи уран дар онҳо, ки дар корхонаҳо, идораҳои маъдан,  завод, кон ва  соҳаи истеҳсолкунанда нигоҳ дошта мешаванд.

22) Маълумоте, ки захираҳои асъори миллӣ ва хориҷиро дар хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ошкор месозад.

23) Маълумоти маҷмўӣ оид ба эҳтиёҷоти хоҷагии халқи Тоҷикистон бо металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо.

24) Маълумот оид ба ҳаҷмҳои нақшавии воридот ва содироти   тилло, нуқра, ва  сангҳои қиматбаҳо дар маҷмўъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ.

25) Маълумоти маҷмўӣ дар бораи ҳаҷмҳои нақшавии фурўши тилло бо асъори қобили табдили озод ё теъдоди тиллое, ки барои харидории мол аз хориҷа дода шудааст  дар давраи аз як сол ва бештар аз он.

26) Маълумоти маҷмўӣ оид ба иқтидори таҳвилдиҳии узелҳои  роҳи оҳан дар самтҳои асосӣ  (номгўйро роҳи оҳани Тоҷикистон муайян мекунад).

27)  Маълумот дар бораи нақша  ва иқтидори манбаъҳои таъмини барқи амалкунанда ва эҳтиётии роҳи оҳан.

28) Маълумот дар бораи аз ҷониби саноати металлургӣ истеҳсол намудани металлҳои ранга, нодир ва дигар маводи дорои аҳамияти стратегӣ.

29) Маълумоти ошкоркунандаи моҳияти дастовардҳои навин дар соҳаи илму техника, ки  метавонад барои  кор карда баромадани  маҳсулоти усулан нави ҷараёнҳои технологӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод истифода шаванд,  инчунин маълумоте, ки сатҳи сифатан нави имконоти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, баланд бардоштани   самарабахшии ҷангиро муайян мекунад.

30) Маълумоте, ки мўҳтаво ва (ё) самти корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ё лоиҳакашии ба манфиати мудофиа ва таъмини амнияти давлат гузаронидашавандаро ошкор  месозад.

31) Маълумоте, ки натиҷаҳои корҳои дар соҳаи гидрометеорология, гидрография ё гелиогеофизика, инчунин натиҷаҳои тадқиқоти махсуси геологию геофизикии ба манфиати таъмини амнияти давлат гузаронидашавандаро ошкор месозад.

32) Маълумоте, ки арзёбии дурнамои рушди илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онро вобаста ба самтҳои муайянкунандаи   иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат ошкор месозад. (қҷт. 02.08.2011 №752)

Моддаи 8. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи робитаҳои берунӣ

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи робитаҳои беруни инҳоян: (қҷт. 02.08.2011 №752)

1) Маълумот оид ба масъалаҳои робитаҳои берунӣ, тиҷорати хориҷӣ, робитаҳои илмию техникие, ки стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд ва пешакӣ паҳн кардани он метавонад ба манфиати давлат зарар оварад. (қҷт. 02.08.2011 №752)

2) Маълумот оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, илмию техникӣ ё иқтисодӣ нисбат ба як ё якчанд кишварҳои хориҷӣ, ки дар асоси боварӣ     дастрас шудааст, агар паҳн кардани онҳо боиси ошкор сохтани манбаи чунин маълумот  гардад.

3) Маълумот оид ба гуфтушунид байни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо дар бораи таҳияи мавқеи ягонаи усулӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, агар ба ақидаи иштирокчиёни гуфтушунид ошкор кардани ин маълумот метавонад барои яке аз тарафҳо мушкилиҳои дипломатӣ пеш оварад,

4) Маълумот дар бораи тайёрӣ, ба имзо расонидан, қабул, тасдиқ, омодасозии денонсатсия (беэътиборшуморӣ), мўҳтаво ё иҷрои шартномаҳо, конвенсия ё созишномаҳо бо  давлатҳои хориҷӣ, ки пешакӣ ошкор намудани онҳо метавонад ба иқтидори мудофиавӣ, амният, манфиатҳои сиёсӣ ё иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад.

5) Маълумоти мавҷудаи дастурҳо, нақшаҳо ва супоришҳо ба аъзои ҳайат ва ашхоси мансабдор додашуда оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва  сиёсати иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6) Маълумоте, ки дар пешниҳодот оид ба ҳалли масъалаҳои стратегии муносибатҳои сиёсии хориҷӣ, инчунин оид ба татбиқи ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо мавҷуданд ва паҳн кардани онҳо стратегия ва тактикаи  сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад. (қҷт. 02.08.2011 №752)

   Моддаи 9. Маълумоти дорои сирри давлатӣ дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ

Маълумоти дорои сирри давлатӣ дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ инҳоянд: (қҷт. 02.08.2011 №752)

1) Маълумот дар соҳаи фаъолияти  разведка, контрразведка ва ҳифзи иттилооте, ки  ташкил ё вазъи воқеии ҳолати ҳифзи сирри давлатиро ошкор месозад.

2) Маълумоте, ки усул ва воситаҳои ҳифзи иттилооти дорои маълумоти сирри давлатӣ, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ва (ё) гузаронидашавандаро оид ба ҳифзи иттилоот аз дастрас намудани ғайриқонунӣ, аз техникаи кашфи хориҷӣ ё дастрас шудан тавассути каналҳои техникӣ ошкор месозад.

3) Маълумот дар бораи системаи алоқаи шифрии президентӣ, ҳукуматӣ, аз ҷумла шифрҳои дорои код ва махфӣ, дар бораи шифрҳо, кор карда баромадани онҳо, таҳия ва бо онҳо таъмин намудан, дар бораи усул ва воситаҳои таҳлили воситаҳои шифр ва воситаҳои ҳифзи махсус, оид ба системаи иттилоотию аналитикии таъиноти махсус.

4) Маълумоте, ки ташкил, қувва, воситаҳо ё усули таъмини амнияти объектҳои ҳифзи давлатиро ошкор месозад, инчунин маълумот  оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар онҳо маълумоти зикргардидаро ошкор созанд.

5) Маълумоте, ки қувва, восита, усул, нақша, вазъ ва натиҷаи фаъолияти разведка, контрразведка ё оперативӣҷўстуҷўиро ошкор месозад, инчунин оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад. (қҷт. 25.03.2011 №691)

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти контрразведка ё оперативӣҷустуҷўӣ ҳамкорӣ мекунанд ё ҳамкорӣ кардаанд, дар бораи кормандони  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хадамоти махсус ва ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ, дар гурўҳҳои ҷинояткор вазифаҳои махсусро иҷро мекунанд  (иҷро кардаанд). (ҚҶТ 30.07.07, №289); (қҷт. 25.03.2011 №691)

Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати кадрии мақомоти контрразведкаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозанд.

Маълумоте, ки ҳолат, натиҷаи корҳо ва чорабиниҳои оперативию сафарбариро ошкор месозанд.

6) Маълумоте, ки қувва, восита, манбаъ, усул, нақша, вазъ ташкил ва натиҷаи фаъолияти разведка    ё оперативӣҷўстуҷўиро ошкор месозанд. (қҷт. 25.03.2011 №691)

Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати кадрии мақомоти разведкаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозанд.

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти  разведакаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд. (ҳамкорӣ кардаанд); (қҷт. 25.03.2011 №691)

7) Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати ҷузъу томҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилона, инчунин чорабиниҳои оперативӣ – кофтуковӣ ва оперативӣ – техникиеро, ки онҳо мегузаронанд  ошкор месозанд. (қҷт. 25.03.2011 №691)

8) Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати кадрии ҷузъу томҳои оперативии мақомоти гумрук  ошкор месозад.

9) Маълумоте, ки қувва, восита ва усули пешбурди тафтишро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои давлатӣ ошкор месозад.

10) Маълумоте, ки қувва, восита, усул, нақша ва натиҷаи фаъолияти разведкаи радиоэлектронии воситаҳои алоқаро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият,    агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад.

11) Маълумоте, ки қувва, восита, усул, нақша ва натиҷаи фаъолияти разведка, контрразведка, оперативӣҷўстуҷўӣ ва мақомоти хадамоти сарҳадии ҷумҳуриро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад. (қҷт. 25.03.2011 №691)

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки  дар асоси махфӣ бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти разведка, контрразведка ё оперативию ҷустуҷўии хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ё ҳамкорӣ кардаанд. (қҷт. 25.03.2011 №691)

12) Маълумоти омории маҷмўӣ оид ба  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ашхоси    объекти фаъолияти оперативӣҷустуҷўӣ бударо ошкор месозад. (ҚҶТ 30.07.07, №289); (қҷт. 25.03.2011 №691)

Маълумот нисбат ба ашхоси алоҳидае, ки дар амали онҳо аломатҳои ҷиноятҳои махсусан хатарнок ба муқобили давлат вуҷуд дорад:  хиёнат ба давлат,  ҷосусӣ, фаъолияти терррористӣ, тахрибкорӣ, суиқасд ё гузаронидани амалиёт бо мақсади ба таври зўроварӣ аз байн бурдан ё иваз кардани сохти конститутсионӣ ё ғасби ҳокимият.

Маълумот нисбат ба ашхоси алоҳидае, ки дар амали онҳо аломатҳои  дигар ҷиноятҳо ба муқобили давлат вуҷуд дорад.

13) Маълумот дар бораи номгўй,  ҳаҷми расонидан, эҳтиёҷот, теъдоди  аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус дар вазорату идораҳое, ки фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷўиро анҷом медиҳанд. (қҷт. 25.03.2011 №691)

14) Маълумоте, ки ташкил ва усули истифодаи воситаҳои техникии махсусро ҳангоми ҳалли масъалаҳои оперативӣ — ҷустуҷўӣ ё усули ташкили чорабиниҳои мушаххаси оперативӣ — техникӣ ё маълумотро оид ба маҳалли ҷойгиршавии (ҷойгиронӣ) воситаҳои техникии махсус дар иншоот  ошкор месозад; (қҷт. 25.03.2011 №691)

15) Маълумоти ошкоркунандаи  иттилооти тактикию техникӣ, инженерию техникии воситаҳои ҳифз ё системаи огоҳонӣ, мўҳтавои тадбирҳои низоми гузаргоҳӣ ва дохилииншоотии объекти (объектҳои) алоҳидаи  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо бо мақсади ҳифзи сирри давлатӣ  низоми махсуси фаъолият  муқаррар шудааст. (ҚҶТ 30.07.07, №289)

16) Маълумот оид ба самти ҳамкориҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳангоми   гузаронидани   амалиёти вобаста ба мубориза алайҳи қочоқ».  (ҚҶТ аз 08.12.03, №66; ҚҶТ 30.07.07, №289)

17) Маълумоти ифшокунандаи кормандони амаликунандаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷўӣ,  хешу ақрабои онҳо, агар дар мавриди таҳдид ба озодӣ, ҳаёт ва саломатии онҳо, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматии ин кормандон ба миён омадааст,   иттилоот мавҷуд бошад. (қҷт. 25.03.2011 №691)

18) Маълумоти маҷмўӣ оид ба ташкили хадамот ва тактикаи амали  «Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми барои боздошти вайронкунандагони сарҳад истифода бурдани  техникаи махсус. (ҚҶТ 30.07.07, №289)

19) Маълумот оид ба ҳолати махсуси ғайриошкорои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, маҳалли ҷойгиршавии ташкилоту корхонаҳои вобаста ба  мақсади пинҳонкорӣ таъсисгардида.

20) Маълумоти ошкоркунандаи маҳалли ҷойгиршавии иншооте, ки ба манфиати ҳалли фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷўӣ пинҳонӣ истифода бурда мешаванд. (қҷт. 25.03.2011 №691)

21) Маълумоте, ки масъалаҳои ҳолати муҳофизат, воситаҳои техникии ҳифзро дар муассисаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ошкор месозанд: мўҳлат, самти ҳаракат, системаи ҳифзи интиқоли пул ва тангаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳо аз Анбори марказӣ ва фондҳои эҳтиётии Бонки миллии Тоҷикистон.

22) Маълумот оид ба иҷрои ҳукмҳо нисбат ба ашхосе, ки ба чораи истисноии ҷазо маҳкум шудаанд:  ташкили иҷрои ҳукмҳо ва дафн; маҳалли иҷрои ҳукм; ашхосе, ки ҳукмро ба ҷо меоранд; маҳалли дафни маҳкумшуда, ки нисбат ба ў ҳукми ҷазои истисноӣ иҷро  гардидааст.

23) Маълумоте, ки восита ва чораҳои мушаххаси ҳифзи сирри давлатиро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

24) Маълумот дар бораи ташкил ва тартиби амалӣ намудани муҳофизати мақомоти олии ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, муассисаҳои бонкҳои давлатӣ, шахсони олимақоми давлатиро ошкор месозад.

25) Маълумот оид ба натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии вобаста ба такмили тадбирҳои ҳифзи сирри давлатӣ. (қҷт. 02.08.2011 №752)

БОБИ 3. МЎҲЛАТҲОИ МАХФӢ ДОШТАНИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 10. Мўҳлатҳои махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ

Бо мақсади махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ мўҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд: (қҷт. 02.08.2011 №752)

1) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 1, 2, 6, 7,  10, 13, 14, 16, 20, 23, 24 моддаи 4, бандҳои 3, 4 моддаи 5, бандҳои 1, 8, 15 моддаи 6,  бандҳои 3, 8, 9, 10, 11, 24, 27, 28. 31 моддаи 7, бандҳои 2, 3, 6  моддаи 8, бандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8,  10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 20, 22, 23, 24, 25 моддаи 9 зикргардида доимӣ мебошад.

2) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 11, 12, 17, 21, 28, 29 моддаи 4, банди 10 моддаи 6, бандҳои 1, 30, моддаи 7, банди 4 моддаи 8, банди 9 моддаи 9 зикргардида 25 сол мебошад.

2) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 27 моддаи 4 зикргардида  20 сол мебошад.

3) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 5, 8, 15, 18, 19, 25, 26 моддаи 4, бандҳои 1, 2 моддаи 5, бандҳои 3, 4, 7, 9, 12, 13 моддаи 6, бандҳои 2, 5, 6, 7, 12, 13, 15, 18, 20, 23, 29, 32, 33 моддаи 7, банди 21 моддаи 9 зикргардида  10 сол мебошад.

4) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 9 моддаи 4 зикргардида  7 сол мебошад.

5) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 3, 30 моддаи 4, бандҳои 2, 5, 6, 11 моддаи 6, бандҳои 14, 19, 21, 26 моддаи 7, бандҳои 1, 5 моддаи 8 зикргардида  5 сол мебошад.

6) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 4 моддаи 4, банди 14 моддаи 6 зикргардида  3 сол мебошад.

7) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 22 моддаи 4 зикргардида то нав кардани маводи дахлдори топографӣ, геодезӣ ва картографӣ нигоҳ дошта мешавад.

9) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 4, 16, 17 моддаи 7 зикргардида то лаҳзаи интишори расмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. (қҷт. 02.08.2011 №752)

10) Мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 25 моддаи 7 зикргардида то анҷоми мўҳлати амали нақша ба ҳисоб гирифта мешавад. (қҷт аз 08.12.03, №66); (қҷт. 02.08.2011 №752); (қҷт. 02.08.2011 №752)

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ (қҷт. 02.08.2011 №752)

Моддаи 11. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таҳияи Номгўи маълумоти дорои сирри давлатӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи маълумотеро, ки вобаста ба соҳаҳояш бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад, таҳия намуда, дараҷаи махфияташро бо тасдиқи шахсони мансабдори дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатии дорои ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот муқаррар менамоянд. (қҷт. 02.08.2011 №752)

Моддаи 12. Назорати ҳуҷҷатгузорӣ оид ба маълумоти дорои сирри давлатӣ

Назорати дуруст муайян кардан ва иваз намудани мўҳри махфият, мўҳлати махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, нигоҳ доштан ва кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ аз ҷониби   Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода мешавад. (қҷт аз 08.12.03, №66; ҚҶТ 30.07.07, №289); (қҷт. 02.08.2011 №752)

Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт. 02.08.2011 №752)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         Э. Раҳмонов

ш.Душанбе, 10 майи соли 2002

  № 57

ШАРИКОН: