ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи таъсиси Регистри аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Регистри аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, корбарии он ба зиммаи Кумитаи давлати омори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
  2. Муқаррар гардад, ки ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Регистри аҳоли ноҳияи маъмурӣ буда, дар хусуси дигар кардани маҳалли истиқомат ва дигар маълумотҳое, ки бояд аз назари юридикӣ ба расмият дароварда шаванд, хабар медиҳад.
  3. Аз 1 январи соли 1993 ба ҳар шахси маскуни доими ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки барои истиқомати муваққатӣ ё таъҷилӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома доранд, ба сифати ҳаммонандӣ аломати рақами он коди ягонаи шаҳрвандӣ дода шавад ва он ҳангоми таҳлили автоматикунонидашудаи маълумоти Регистри аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда шавад.
  4. Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июни соли 1992 тартиб додани коди шаҳрвандӣ ва ба ҳуҷҷатҳо дохил кардани онро тасдиқ намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Р. Набиев

11 марти соли 1992,

шаҳри Душанбе, № 563

ШАРИКОН: