ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО

(АМОҶТ с. 2001.№4, мод.194; с.2006, №4, мод.199; с.2007, №7,м.673; с.2008, №12, қ.2, мод.999; с. 2009, №9-10, мод.545; с.2011, №6, мод.454, с.2013, №12, мод.893; с.2014,№11, мод. 665)

Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода  ва  муомилоти онҳо (муомилоти гражданӣ) ба миён меоянд.

БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ

     

Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард,  истифода ва  муомилоти (муомилоти гражданӣ) онҳо ба миён меоянд, аз ҷумла:

соҳаи амалиёти инҳисории давлатиро муқаррар менамояд;

мақсад, усулу хусусияти танзими давлатии фаъолияти шахсҳои воқеи ва ҳуқуқиро муқаррар менамояд;

салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад;

мақоми давлатии Фонди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва конҳои захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;

шароити фаъолияти бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;

мақоми назорати маҳаки давлатӣ ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;

навъу шаклҳои асосии назорати давлатии тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва  муомилоти  онҳоро муайян мекунад.

Қонуни мазкур тартиби додугирифти шаҳрвандонро (шахсони воқеиро) бо маснуоти заргарӣ ва ашёи ороишӣ ва маишӣ, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанду моликияти шахсии онҳост, танзим намекунад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар ин қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

металлҳои қиматбаҳо – тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурўҳи платина (палладий, ирридий, родий, рутений ва осмий).  Рўйхати мазкурро танҳо бо қонун тағйир додан мумкин аст. Металлҳои қиматбаҳо метавонад дар ҳар шаклу ҳолат, аз ҷумла дар шакли худрўй, холис ва тоза кардашуда ва ҳамчунин дар шакли ашёи хом, хўла, нимтайёр, маҳсулоти саноатӣ, пайвасти химиявӣ, маснуоти заргарӣ, маснуоти дигар, танга, шикастапора ва партовҳои истеҳсолоту истеъмолот бошад;

сангҳои қиматбаҳо – алмос, зумуррад, ёқут, сапфир, лаъли асил ва  александрити табиӣ, ҳамчунин гавҳари табиӣ хом ва суфта. Рўйхати мазкурро танҳо бо қонун тағйир додан мумкин аст; «қҷт 05.10.09, №552»

сарват – металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

истихроҷи металлҳои қиматбаҳо —  ҷудо карда гирифтани металлҳои қиматбаҳо  аз конҳои асосӣ (маъданӣ), конҳои пошхўрдаю техногенӣ ва ҳосил кардани консентрат ва дигар ниммаҳсулоти дорои металлҳои қиматбаҳо;

истихроҷи сангҳои қиматбаҳо —  ҷудо карда гирифтани сангҳои қиматбаҳо аз конҳои асосӣ, пошхўрдаю техногенӣ ва ҳамчунин саракорӣ, навъҷудокунӣ,  нархгузории ибтидоии сангҳои қиматбаҳо;

тиллои ёфтшуда – металлҳои қиматбаҳо ба шакли пораҳои худрўй, ки ҳангоми бурдани корҳои ҷустуҷўии геологӣ ва истихроҷӣ дар карерҳо, конҳо, нақбҳои кўҳӣ, конҳои асосӣ ва пошхўрда ёфт шудаанд;

канданиҳои фоиданоки пошхўрда – пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхўрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кўҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;

усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ – тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад; (қҷт.аз 28.12.13,№1049)

заршўии худфаъол — усули ташкили истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳоро меноманд, ки дар ин ҳол кормандон ҷои зисти муқимиашонро ба муҳлати зиёда аз чор моҳ тарк мекунанд. Дар ин ҳолат барои бунёд ва таъмини иншоотҳои иҷтимоӣ дар маҳалли иҷрои корҳои мазкур аз буҷети дахлдор маблағ ҳарҷ  намешавад.

фаъолияти ихтиёрӣ овардан —  супурдани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ёфташуда, истихроҷшуда ва ихтиёран ба давлат таҳвилшуда.

маснуоти заргарӣ маснуоте, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд, тамғаи давлатӣ ва маҳак дошта барои истифодаи шахсии шаҳрвандон таъин гардидаанд.

ҷустуҷў – корҳои ҷустуҷўи геологӣ корҳое, ки аз кофтукови ҷойҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сар карда то ба ҳисоб гирифтан ва тасдиқ намудани захираҳои онҳо бурда мешаванд;

дафинаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо – металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуот аз онҳо , ки дар замин гўронда шудаанд, ё ба таври дигар пинҳон карда шудаанду молики онҳо аз рўи қонун ҳуқуқи моликдориашро гум кардааст ё муқаррар карданаш ғайри имкон аст;

саракорӣ ва таснифи ибтидоии сангҳои қиматбаҳо — марҳалаи охирини амали тоза кардани маъдан аст, ки имкон медиҳад сангҳои қиматбаҳо дар асоси коллексияҳои тасдиқшудаи  намудҳои намунавӣ ва асбобҳои таснифотӣ аз маъдани истихроҷгардида ҷудо карда, ҳамчунин онҳо ба навъҳои алоҳидае тақсим карда шаванд, ки ба навъҳои мақбули бозори ҷаҳонӣ мувофиқ бошанд;

баҳодиҳии ибтидоии сангҳои қиматбаҳо – марҳалаи охирини амали технологии тоза кардани маъдан буда, баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳоро дар асоси нархномаҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ қабул шудаанд барои баҳодиҳии ҳамин гуна навъҳои ашьёи хоми маъдан  кор фармуда мешаванд, таъмин менамоянд;

 истеҳсоли металлҳои қиматбаҳоҳосил кардани металлҳои қиматбаҳо аз маъданҳои истихроҷшуда, маҷмўи маъданҳо, хокаҳои ғанишуда (консентратҳо) ва дигар ниммаҳсулотҳо, инчунин шикастапораҳо ва партовҳое, ки дорои металлҳои қиматбаҳо мебошанд; (қҷт 20.04.06 №186)

холискории металлҳои қиматбаҳо – амали тоза кардани металлҳои қиматбаҳои истихроҷшуда аз омехтаҳо ва унсурҳои ҳамроҳбуда, хушсифат гардонидани металлҳои қиматбаҳо ба ҳадди  стандартҳои  давлатӣ ва шартҳои  техникие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд  ё  ба ҳадди стандартҳои байналмилали;

рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо – ҷудо карда гирифтани сангҳои қиматбаҳо аз асбобҳо ва дигар маснуоти таъиноти техникии аз корбаромада ё бо сабабҳои дигар аз истифода монда, ҳамчунин аз партовҳои дорои сангҳои қиматбаҳое, ки минбаъд онҳоро тоза карда ба ҳадде расонидан, ки сифаташон ба шартҳои техникӣ ё асбоби таснифоти алмос мутобиқ гардад;

истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо – истифода кардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсадҳои истеҳсолӣ, илмӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ;

ҳисобу китоби махсус – бурдани феҳристе, ки амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро бо ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда, барои дохил кардани ин ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи мазкур аз онҳо музд намеситонад;

муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо –фаъолияти вобаста ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуперсатсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рўзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурўши яклухт ва чакана, инчунин гузаронидани амалиёти бонкӣ бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо; (қҷт 20.04.06 №186)

амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

амале, ки  ихтиёрдориро ба ҳуқуқи моликияти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо  (муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо), аз ҷумла ба сифати замонат истифода кардани онҳо, гузаштани ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои амволиро ифода менамояд;

тағйир додани ҳолати физикӣ ё таркиби металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳама гуна моддаҳо ва маводҳо ҳангоми истихроҷ, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коркарду пардоздиҳӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо;

ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо, аз ҷумла интиқол додани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо ба анбор, фонду захира ва ҳамчунин нигаҳдорӣ ва ба намоиш гузоштани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо.

 

Моддаи 3. Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

1.Масъалаҳои соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ихтиёри давлат мебошанд.

2.Давлат ба қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истисноӣ дошта, масъалаҳои ҳуқуқдориашро бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон »Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», бо ҳамин қонун, шартномаҳои байналмилалӣ ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда ҳаллу фасл мекунад.

  1. Субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар моддаи 4-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, метавонанд қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро мутобиқи иҷозатномаи истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода шудаанд, барои истифода гиранд. (қҷт 20.04.06 №186)
  2. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз конҳо истихроҷшуда, ҳамчунин дигар маҳсулот ва даромаде, ки ҳангоми истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба таври қонунӣ ба даст омадаанд, моликияти субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд, агар дар шартномаҳои молфиристӣ, аз ҷумла шартномаҳои маҳсулотфиристӣ барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ, ки бо иштироки ин субъектҳо баста шудаанд ва инчунин дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти дигаре муқаррар нашуда бошад. (қҷт 20.04.06 №186)

Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ғайрқонунӣ истихроҷ шудаанд, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

  1. Металлҳои қиматбаҳои мувофиқи стандарт холисшуда, инчунин сангҳои қиматбаҳои аз конҳо истихроҷшуда ё рекупиратсия гардидаи ба навъҳо ҷудошуда ҳангоми фурўш аз тарафи субъектҳои истихроҷу истеҳсолкунанда ба тартиби афзалиётнок пешниҳод мегарданд:

ба мақоми махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мақомоту ташкилотҳои дорои ваколати махсус барои хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо танҳо ба шарти пешакӣ бастани қарордодҳои хариду фурўш бо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо (дар мўҳлати на камтар аз се моҳ то рўзи пешбинишудаи харид) ва бо субъектҳои истихроҷи сангҳои қиматбаҳо (дар мўҳлати на камтар аз панҷ моҳ то рўзи пешбинишудаи харид) ва додани пешпардохт (байона) аз ҳисоби пардохтпулии шартномавӣ аз ҳуқуқи имтиёзноки харид истифода бурда метавонанд. Ҳуқуқи хариди имтиёзнок ба мақомоту ташкилотҳои зикрёфта дар доираи маблағе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар сол муайян мекунад, дода мешавад. Иҷро накардани шартҳои  қарордоди басташудаи харидуфурўши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз тарафи як ё ҳарду тараф ба оқибатҳое мерасонад, ки бо моддаи 20 ҳамин қонун муқаррар шудаанд. (қҷт 20.04.06 №186)

  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, моликияти давлат, шахсони воқъеӣ ва ҳуқуқи буда метавонанд. Моликон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳуқуқи моликият доштани худро мутобиқи ҳамин қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз тарафи давлат баробари ҳуқуқи моликият ба дигар объектҳои моликият ҳифз карда мешавад.

Давлат барои бастани шартномаҳо ҷиҳати  харидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷу истеҳсолшуда бо субъектҳои  онҳоро истихроҷу истеҳсол бо мақсади пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бартарият дорад.

 

Моддаи 4. Субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

  1. Истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва истихроҷи сангҳои қиматбаҳоро танҳо ташкилотҳое ба амал бароварда метавонанд, ки сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии моликият бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият иҷозатнома гирифтаанд. (қҷт 20.04.06 №186)
  2. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие амалӣ карда метавонанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат гирифтаанд. Шартҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.»; (қҷт.аз 28.12.13,№1049)
  3. Металлҳои қиматбаҳоро танҳо ташкилотҳое, ки рўихаташонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, холискорӣ карда метавонанд.

4.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо аз рўзи гирифтани литсензияи дахлдор то беэътибор гардиданаш ҳуқуқдор мешаванд.

 

Моддаи 5. Биржаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

  1. Дар Тоҷикистон биржаҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое фаъолият мекунанд, ки ба амали доду гирифти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машғул буда бо амалиёти зерин алоқаманданд:

сабикаи стандартӣ ва ченакии металлҳои қиматбаҳои холискардашуда;

сангҳои қиматбаҳои сайқалнахўрда, ба навъҳо ҷудошуда;

сангҳои қиматбаҳои сайқалдодаи сертификатсияшуда;

металлҳои қиматбаҳои худрўй;

маснуоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба истиснои маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;

маснуоти нимтайёр, ки металлҳои қиматбаҳо доранд;

тангаҳое, ки металлҳои қиматбаҳо доранд.

  1. Тартиби фаъолияти биржаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон »Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон »Дар бораи биржаҳои молӣ ва савдои биржавӣ» ва дигар қонунҳо муқаррар мекунад.

 

БОБИ 2.  Фондҳо  ва захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

 

Моддаи 6. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

  1. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсади танзими ҳаҷми истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин ба мақсади минбаъд қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо барпо карда мешавад.

2.Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, конҳои ҷудогонаи кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоеро фаро мегирад, ки дар ҳисоби давлат буда, ба истифода дода нашудаанд ё  аз истифода бароварда шудаанд.

3.Қарори ба фонди давлатии захиравии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳамроҳ кардани конҳои ҷудогонаи кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул мекунад.

4.Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон »Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» идора мекунад. Шартҳои истифодаи конҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ба фонди конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дохил карда шудаанд, бо мақомоти  ҳокимияти иҷроия дар маҳал мувофиқа карда мешавад.

 

Моддаи 7. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи захираи тиллову асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмўи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳоро, ки аз манъбаҳои дар банди 3-юми ҳамин модда номбаршуда ба даст омадаанд, дар бар мегирад.

Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, молиявӣ, илмӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Сарватҳое, ки ба  Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, моликияти давлатӣ    мебошанд.

Биноҳои хизматӣ ва истеҳсолӣ, иншооту иморатҳое, ки барои нигаҳдорӣ қабул ва хизмати сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, моликияти давлатӣ мебошанд ва онҳоро ба шаклҳои дигар, аз ҷумла хусусӣ, гардонидан мумкин нест. Иншоотҳои мазкурро ба иҷора додан ва ё ба мақсади дигар истифода кардан танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Низомномаи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

  1. Қарори пурра сохтан ва харҷ кардани сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
  2. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби зайл пур мешавад:

металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки аз субъектҳои бозори металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба пули буҷети давлатӣ, аз ҷумла аз рўи шартномаҳои молфиристӣ, ки субъектҳои мазкур бо ташкилотҳои холискорикунандаи металлҳои қиматбаҳо бастаанд, харида шудаанд;

металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои нодири худрўй, ки аз субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба пули буҷети давлатӣ харидорӣ шудаанд;

бо тартиби муқарраркардаи қонун маҷбуран кашида гирифтани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти аз онҳо сохташуда ва шикастапораҳои чунин маснуот;

маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудае, ки аз ташкилотҳои ин маснуотро  харидорикунанда ба даст омадааст;

металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти аз онҳо сохташуда, шикастапораҳои чунин маснуот, ки аз шаҳрвандон харида шудаанд;

шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

дафинаҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуот;

металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои бесоҳиб, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуот;

металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуоте, ки ба давлат мерос мондаанд ва тўҳфа карда шудаанд;

инъомҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар фаъолияти давлатӣ гирифтаанд;

металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маснуоти онҳо, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Чумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

4.Сангҳои қиматбаҳоро ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъҳо ҷудо карда мехаранд.

Тартиби назорати давлатиро ба сифати ба навъҳо ҷудокунӣ ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

5.Маблағе, ки ба он сарват ба Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мешавад, бояд дар қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад.

6.Мақоми ваколати махсусдоштаи ҳокимияти иҷроия ба Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дахлу харҷи сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли молиявӣ ҳисобот пешниҳод мекунад.  Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи иҷрои буҷети давлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дахлу харҷи сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар соли молиявӣ ҳисобот ва нишондиҳандаҳои ҷамъбастиро дар бораи вазъи умумии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

 

Моддаи 8. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон – қисми таркибии Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, маҷмўи нодири сангҳои қиматбаҳои дорои аҳамияти таърихию бадеӣ, инчунин маҷмўи маснуоти нодири заргарӣ ва ашёи дигар аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.

Низомномаи Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамин Қонун тасдиқ менамояд.

  1. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва моликияти давлатӣ буда, онро ба ҳар шакли дигар бегона кардан ва дигар хел истифода бурдан, аз ҷумла ба иҷора додан мумкин нест. Сарвати Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст фақат ба мақсади намоиш ё тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон ва берун аз хоки Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шавад.
  2. Номнавис шудани сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ба Фонди алмоси Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
  3. Мақоми давлатии ваколатдори махсуси ҳокимияти иҷроия ташхиси (экспертиза) пешакии сарватҳоеро, ки ба Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис карданиянд, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва азнавсозии онҳоро, инчунин бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузоштани сарватҳои Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.

 

Моддаи 9. Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сабикаи тиллои холиси моликияти давлатӣ иборат буда, ҷузъи захираи тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, барои амалӣ сохтани сиёсати молиявии давлат ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти фаврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст.
  2. Қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуд аст, дар суратҳисобҳои он ба қайд гирифта мешавад. Қарорро дар бораи харҷ кардани ин қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби мувофиқакардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. Ҳисоботро дар бораи ҳолати дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифтани қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии маърўзаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  3. Қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар суратҳисоби мақоми давлатии ваколатдори махсуси давлатии ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб гирифта мешавад. Қарори харҷ кардани захираи тиллое, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мавҷуд аст, мутобиқи моддаи 22-юми ҳамин қонун қабул карда мешавад.

 

БОБИ 3. Танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии  конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва  муомилоти онҳо

 

Моддаи 10. Мақсад ва роҳҳои воситаҳои танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо

  1. Танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо, инчунин ҷамъоварии шикастапораю партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо мақсади амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ ба амал бароварда мешавад, ки мақсад аз ин ҳавасманд кардани истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ривоҷ додани бозори ин сарват ва самарабахш истифода кардани онҳо барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хосиятҳои махсуси металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.
  2. Танзими давлатии ин муносибатҳо бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

иҷозатдиҳии истифодаи қитъаҳои замини  дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

барои ташаккулёбии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ғанӣ гардонидани захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон  хариди афзалиётноки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

муқаррар намудани талабот нисбати ҳисобу китоб, саришта, ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳисобот дар бораи онҳо, инчунин нисбати тартиби додугирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

ба тартибандозии меъёрию ҳуқуқии амали ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо доду гирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд;

ҳисобу китоби махсуси ин ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ;

назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо;

иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста бо муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо; (қҷт 20.04.06 №186)

аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани тартиби дохил ва хориҷшавии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

ташкили назоратӣ давлатӣ ба нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо роҳи тасдиқ намудани таснифгардонии ҳатмӣ ва нархномае, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҷорист;

тартиби хоси назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он бурдани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин маснуоти аз онҳо сохташуда;

муайян кардани тартиби сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои мавриди коркард қароргирифта ва маснуоти аз онҳо сохташуда;

муқаррар намудани рўйхати ташкилотҳое, ки бо холискории металлҳои қиматбаҳо машғуланд:

ташкили назорати давлатӣ оиди сифати саракунӣ, классификатсия ва нархгузории сангҳои қиматбаҳои коркарданашудаи  ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда.

3.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муайян намудани маҳак ва тамғаи давлатӣ гузоштан ба металлҳои қиматбаҳо (сабикаи аҳамияти саноатӣ), тамғаи маҳакӣ задан ба маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишии металлҳои қиматбаҳо, инҳисори давлатӣ, муқаррар карда шудааст.

4.Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсоли онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар мавриди танзими давлатии муносибатҳои мазкур мувофиқан бо ҳамин Қонун, инчунин  ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 11. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи  геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин қонун ва қонунҳои дигар:

1) сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти  онҳо ва ҳамчунин ҷамъоварии шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро ба амал мебарорад;

2) мутобиқи қонунҳо нақшаи ташаккул додани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фурўхтани сарватҳои он, ҳамчунин ҳисоботи дар соли молиявӣ пурра ва харҷ кардани сарватҳои ин фондро тасдиқ менамояд;

3)  ваколати мақомоти идораи давлатиро дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро дар қаламрави дахлдор муайян мекунад;

4) қоидаҳои иҷозатро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифодаи усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ тасдиқ мекунад;». (қҷт.аз 28.12.13,№1049)

5) тартиботи зайлро муқаррар менамояд:

содироту воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо,  инчунин тартиби ҳисоботдиҳӣ дар бораи онҳо;

амалӣ гардонидани назорати давлатӣ ба сифати саракорӣ ва нархмонии сангҳои қиматбаҳо;

харидан ва ба қайди Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардани сарватҳо;

ташаккул додани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхтани сарватҳо ва тартиби пардохти пули онҳо;

тафтиш кардани ҳолати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

санҷидани маҳак ва тамға задани маснуоти металлҳои қиматбаҳо;

номгўи корҳое, ки барояшон музди (боҷи) санҷиш ситонида мешавад ва андозаи ин музд;

гузаронидани экспертизаи иқтисодию ҳуқуқии лоиҳаи шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳо ё бо воҳидҳои марзиву маъмурии давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

тартиби хариди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо, маснуот аз онҳо, инчунин сангҳои қиматбаҳои қаблан истифодашуда; (қҷт 20.04.06 №186)

6) ҳифзи конҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро таъмин менамояд;

7) дар бораи тартиби ба консессияҳо додан ва  эълони тендерҳои байналмилалӣ оиди ба кор андохтани конҳои ҷудогона қарор қабул менамояд;

8) ваколатҳои ба зиммааш гузоштаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад.

 

Моддаи 12. Назорати давлатии маҳак

  1. Назорати давлатии маҳак бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқи исттифодакунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи ҳуқуқи истеҳсолкунандагони ин маснуот аз рақобати беинсофона, ҳамчунин ҳимояи манфиати давлат гузаронида мешавад.

2.Назорати давлатии маҳак ин ҷиҳатҳоро дар бар мегирад:

1) санҷидан, таҳлил кардан ва тамғаи маҳаки давлатӣ задан ба ҳамаи маснуоти заргарии маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳои истеҳсолоти ватанӣ тайёр карда шудаанд ва ҳамчунин маснуоти мазкур, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурўш оварда шудаанд;

2) экспертизаи нусхаи тамғаҳои маҳаки давлатӣ;

3) таҳлили назоратӣ ва экспертизаи техникии металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, инчунин шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо;

4) экспертиза ва ташхиси назоратии сангҳои қиматбаҳо; (қҷт 20.04.06 №186)

5) экспертиза мутобиқи қарорҳои мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ва суд;

6) экспертизаи ашёҳои осорхонаҳо ва бойгониҳо, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёр карда шудаанд, инчунин назорат ба таъмини маҳфуздории ин ашьёҳо;

7) сертификатсияи ҳатмӣ ва баҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда; «қҷт 31.12.08 465»

8) баҳисобгирии махсуси ташкилотҳо (, ба ғайр аз корхонаҳои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо) ва соҳибкорони алоҳида, ки додугирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро анҷом медиҳанд; «қҷт 31.12.08 465»

9) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо; (қҷт 30.07.07, №311); «қҷт 31.12.08 465»

3.Пардохтпулии маҳак (боҷи маҳак) барои гузарондани санҷиш, таҳлил ва гузоштани  тамғаи маҳаки давлатӣ ба маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти рўзгор аз металлҳои қиматбаҳо, барои экспертиза, таҳлили материалҳо, экспертиза ва ташхиси сангҳои қиматбаҳо ситонида мешавад. Ҳаҷми пардохтпулии маҳакро (боҷи маҳак)  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

4.Як қисми пардохти ҳаққи маҳак (боҷи маҳак) барои таъмини фаъолият оиди назорати давлатии маҳак истифода шуда, қисми боқимондаи он (боҷ) ба ҳисоби даромади буҷети давлатӣ гузаронда мешавад. Ҳаҷми маблағе, ки барои таъмини фаъолият оиди назорати давлатии маҳак ҷудо карда мешавад, дар қонуни буҷети давлатӣ тасдиқ мегардад.

Моддаи 13. Сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда

1.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда сертификатсия карда мешаванд.

Сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда тасдиқи мутобиқати онҳо ба тавсифоти муқарраргардидаи сифатию миқдорӣ ва талаботи техникӣ мебошад.

2.Барои тасдиқи мутобиқати зикрёфта сертификат дода, ба маҳсулот бошад, дар ҳолатҳои муқарраркардаи системаи сертификатсия тамғаи мутобиқат зада мешавад.

3.Феҳристи намудҳои маҳсулот, шаклҳои сертификатсия, инчунин ҳолатҳои мавриди сертификатсия қарор ёфтани ин намудҳои маҳсулотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ташкили кор оиди гузарондани ин сертификатсия ба зиммаи мақоми давлатии махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия гузошта мешавад.

 

БОБИ 4. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ». (қҷт.аз 28.12.13,№1049)

Моддаи 14. Иҷозатномадиҳӣ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

Иҷозатномадиҳӣ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад. (қҷт 20.04.06 №186)

 

Моддаҳои 15, 16, 17, 18. хориҷ карда шудааст. (қҷт 20.04.06 №186)

 

БОБИ 5. Истифодаю муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва  сангҳои қиматбаҳо

 

Моддаи 19. Ихтиёрдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷ ва истеҳсолшуда

1.Металлҳои қиматбаҳои истихроҷ ва истеҳсолшуда, ба истиснои    металлҳои қиматбаҳои худрўй, баъди коркарди зарурӣ бояд барои холискорӣ ба ташкилотҳое, ки ба номгўи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, супорида шаванд. Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо баъди холискорӣ ба молики аввала боқӣ мемонад, агар чизи дигаре бо шартҳои  созишнома зикр наёфта бошад. Тартиби кори ташкилотҳоеро, ки холискории металлҳои қиматбаҳоро ба амал мебароранд, инчунин тартиби пардохти ҳаққи хизматрасонии ин ташкилотҳо ва мўҳлатҳои ниҳоии холискориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тартиби гузарондани амалиёт бо ашьёи хоми маъдании дорои металлҳои қиматбаҳоро то холискорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, истифода, нигоҳ доштан ва муомилот ҳатман аз ҷиҳати вазн ва сифат ба ҳисоб гирифта мешаванд. Тартиби чунин баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро,    аз    ҷумла    мунтазам    пешниҳод

намудани маълумотҳоро дар бораи ташкилотҳое, ки металлҳои қиматбаҳо истеҳсол мекунанд, инчунин оиди ҳаҷми металлҳои қиматбаҳои истеҳсолшуда ба мақоми давлатии омор, дар соҳаҳои нишондодашудаи фаъолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

  1. Металлҳои қиматбаҳои холисшуда, металлҳои худрўи қиматбаҳо, ки холис карда намешаванд, инчунин сангҳои қиматбаҳо дар тавозуни (баланси) соҳибони онҳо ба ҳисоб гирифта, тибқи ҳуқуқи соҳибон, ки шартномаҳои дахлдор муқаррар кардаанд, ба муомилоти гражданӣ ворид мешаванд. (қҷт 20.04.06 №186)
  2. Металлҳои худрўи қиматбаҳои нодир, ки коркард намешаванд, инчунин сангҳои қиматбаҳои нодир аз ҷониби субъектҳои истихроҷи онҳо барои харидан бо тартиби афзалиятнок бо нархҳои шартномавӣ ба мақоми махсуси давлатии ваколатдори ҳокимияти иҷроия пешниҳод карда мешаванд. Нархи шартномавии металлҳои худрўи қиматбаҳои нодир аз арзиши металлҳои қиматбаҳои дар ин металлҳои худрўи қиматбаҳо вуҷуд дошта паст буда наметавонад ва он аз рўи нархҳои амалкунандаи бозори ҷаҳонӣ, ки ҳангоми бастани шартномаи хариду фурўши ин металлҳои худрўй амал мекунанд, ҳисоб карда мешавад. Нархи шартномавии сангҳои қиматбаҳои нодирро комиссияҳои экспертӣ, ки дар асоси баробарии мутақобил аз намояндагони тарафҳои манфиатдор таъсис дода мешаванд, муқаррар менамоянд.

Тартибу меъёри ба гурўҳи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои  нодир нисбат додани худрўйҳоро назорати давлатии маҳаки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Металлҳои худрўи қиматбаҳо, ки ба гурўҳи нодир дохил намешаванд ва намунаҳои коллексиягии маъдани ин худрўйҳо мумкин аст аз ҷониби субъектҳои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи нархҳои шартномавӣ фурўхта шаванд.

Баҳодиҳӣ ва сертификатсияи металлҳои қиматбаҳои худрўй тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми махсуси давлатии ваколатдори ҳокимияти иҷроия сурат мегирад. Металлҳои қиматбаҳои худрўе, ки аз ҷониби Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ нашудаанд, ба субъектҳои истихроҷи онҳо баргардонда ё бо супориши субъектҳои мазкури истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо фурўхта мешаванд, аз он ҷумла дар музояда.

  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки бо тартиби афзалиятнок ба харидорони дар банди 5 моддаи 3 ҳамин Қонун ва банди 4 ҳамин модда номбаршуда фурўхта нашудаанд, аз ҷумла металлҳои худрўи қиматбаҳои нодир, ки аз харидани онҳо харидороне, ки аз харидани металлҳои қиматбаҳои худрўи нодир даст кашидаанд, мумкин аст аз ҷониби субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фўрухта шаванд, дар истеҳсолоти худӣ ё ба сифати ашьёи гарав ё дигар ўҳдадории молиявӣ истифода бурда шуда, инчунин барои фурўш дар бозори берунӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шаванд.

Он қисми металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки талабгорӣ ё аз рўи ўҳдадорӣ пардохт нашудаанд, аз ҷониби моликон ё соҳибони онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд. Он қисми металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки нархашон пардохт шуда ва дар давоми се моҳ талаб карда нашудаанд, ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва мумкин аст онҳо дар асоси пешниҳоди ҳуқуқи моликият дархост карда шаванд.

  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар натиҷаи фаъолият оиди тадқиқи геологии сарватҳои зеризаминӣ ба даст омадаанд, аз ҷониби ташкилотҳои ин намуди корҳоро баҷооварда бо тартиби мукаррарнамудаи мақоми давлатии идораи Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб ва ба қайд гирифта мешаванд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, ўҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1156)

 

Моддаи 20. Тартиби пардохти нархи металлҳои қиматбаҳо ва  сангҳои  қиматбаҳо

1.Ҳангоми хариду фурўши иҷозатдодаи қонунгузорӣ, пардохти арзиши металлҳои қиматбаҳо бо назардошти нархи бозори ҷаҳонӣ сурат мегирад. Ҳангоми чунин муомилот пардохти нархи сангҳои қиматбаҳо аз рўи нархи бо роҳи экспертӣ муайяншуда дар асоси нархномаҳое, ки бо нархномаҳои дар бозори ҷаҳонӣ амалкунанда айният доранд ва бо назардошти  тағйирёбии нархҳо дар рўзи фурўш сурат мегирад. Тартиби пардохти нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи шартномаҳо муқаррар карда мешавад.

2.Шартномаҳо бо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар бораи супоридани сарватҳои мазкур ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо пешпардохт ба ҳисоби пардохтҳои аз рўи шартнома гузаронидашаванда таъмин гарданд. Ҳаҷми пешпардохти шартнома дар бораи супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба фондҳои мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

  1. Пардохт ва ҳавасмандгардонӣ барои супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлат гирифтаанд, мувофиқи тартиботи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

4.Ба мақсади ҳавасмандгардонии инвеститсияҳо ба инкишофи истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоғазҳои қиматнок мумкин аст ба муомилот қоғазҳои қиматноки давлатӣ бароварда шаванд, ки нархи номиналии онҳо ба вазни металлҳои қиматбаҳо  мувофиқат кунанд.

5.Дар сурати аз тарафи фармоишгар иҷро нашудани шартҳои қарордод, ки дар бандҳои 1 ва 2-юми ҳамин модда зикр гардидаанд, субъектҳои истихроҷу истеҳсолкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳақ доранд маҳсулотеро, ки арзишаш аз рўи қарордод пардохта нашудааст дар ихтиёри худ нигоҳ доранд ва ҳамчунин бо тартиби муқарраршуда барои ҳимояи ҳуқуқи амволиашон ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 21. Истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, шикастапораҳо ва партови онҳо

1.Истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар асоси тартибот ва шароитҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ба амал бароварда мешавад.

2.Муомилоти металлҳои қиматбаҳо дар намуди қоғазҳои қиматноки (облигатсияҳои) давлатӣ, ки нархи номиналии онҳо ба вазни металлҳои қиматбаҳо мувофиқ ё бо металлҳои қиматбаҳо  таъмин буда, бо тартиби муқаррар кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ бароварда шудаанд, метавонанд сурат гирад. Ўҳдадориҳо аз рўи ин қоғазҳои қиматнок (облигатсияҳо) бояд бо ўҳдадориҳои облигатсионии маҷмўи эквивалентии эмитент миқдори металлҳои қиматбаҳо, ки бо ҳифозати масъул тибқи муқаррароти муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиронида шуда фаро гирифта шудаанд, бояд кафолат дода шаванд.

3.Сангҳои қиматбаҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ корношояманд, ҳамчун маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ бе маҳдудиятҳои муқаррар кардаи ин қонун истифода мешаванд.

Меъёр ва тартиби ҷудо кардани сангҳои қиматбаҳо ба гурўҳи истифоданашавандаи истеҳсолоти маҳсулоти заргарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4.Шикастапора ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳое, ки дар онҳо ин пораҳо ва партовҳо пайдо мешаванд, бояд ҷамъ оварда шаванд. Шикастапора ва партовҳои ҷамъоварда ҳатман ба ҳисоб гирифта мешаванд ва аз тарафи ташкилотҳои онҳоро ҷамъоваранда, аз ҷумла ба қисмҳои ҳарбӣ ва низомӣ, ки барои истифодаи дуюмбора (аз коркард гузаронидан) иҷозатнома доранд ва ё ба ташкилотҳое, ки ба ин навъи фаъолият иҷозатнома доранд, метавонанд барои истеҳсолоти минбаъда ва холискории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо фурўхта шаванд.

  1. Тартиби пардохт ва нархномаи барои шикастапора ва партовҳои дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз шикастапораҳо ва партовҳо ҳосилшуда вобаста ба намуду ҳолати онҳо мутобиқи ҳамин қонун истифода ва ба муомилот бароварда мешаванд.

 

Моддаи 22. Тартиби баровардани сарватҳо аз Фонди давлатии  металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, мувофиқи нақшаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, дар ҳаҷми арзиши дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии муқарраргардида истифода мешаванд. Ин нақшаҳо ҳар сол бо нишон додани мақсадҳои мушаххаси ба фурўш баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо қабул карда мешаванд.
  2. Фурўхтани тилло аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёт дар бозорҳои берунӣ ва дохилӣ, инчунин ба фурўш баровардани дигар металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз фонди мазкур зиёда аз андозаи нақшаи муқарраршудаи ба фурўш баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва барои мақсадҳое, ки дар ин нақша пешбинӣ нашудааст, танҳо бо қарордоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи пешниҳоди асосноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даровардани тағйироти дахлдор ба қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ анҷом мепазирад.

Пешниҳоди мазкур бояд маълумотро дар бораи миқдори умумӣ ва навъҳои сарватҳои дахлдоре, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи фиристодани пешниҳод маҳфузанд, оиди нақшаи воридшавии  ин сарватҳо, мавҷудияти қарзи давлатӣ аз субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, оиди мўҳлатҳои мушаххас ва соҳаҳои хароҷоти маблағ аз амалиёти пешбинишаванда бо сарватҳои иловатан фурўхташаванда, инчунин дар бораи иҷрои воқеии қарордодҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ин масъалаҳо маълумот дошта бошад.

  1. Маблағи аз фурўши сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада, ҳатман дар қисми даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Истифодаи захираи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарурати технологӣ бо мақсади гирифтани маҳсулот дар асосҳои муваққатӣ ва фақат шартномавӣ роҳ дода мешавад. Нархномаҳоро барои истифодаи захираҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

БОБИ 6. Фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

 

Моддаи 23. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

1.Лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои басташудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳои давлатҳои хориҷӣ ва ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Ин лоиҳаҳо ҳатман аз экспертизаи иқтисодию ҳуқуқӣ, ки аз тарафи мақоми давлатии махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия ташкил ёфтааст, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

2.Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол ва истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангхои қиматбаҳо тибқи тартиби муқарарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман ба тасдиқ расанд.

 

Моддаи 24. Шартномаҳои байналмилалӣ оиди коркарди маъдан  ва консентратҳо

  1. Молики металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба маъдану консентратҳо ҳамроҳ ва ё дар таркибашон мавҷудбуда, ки барои коркард ё фурўш ба хориҷа фиристода мешаванд, субъекти истихроҷи онҳо мебошад. (қҷт 20.04.06 №186)
  2. Аз ҳудуди давлат баровардани маъданҳо, консентратҳои ашёи хом ва маводе, ки дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд ба шарте сурат мегирад, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз онҳо ҷудокардашударо ҳатман баргардонида ба Фонди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида хароҷоташон ҷуброн карда шавад.

Аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани маъдан, хокаҳои ғанишудаи ашёи хом ва маводи дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо танҳо дар ҳолати набудани иқтидори саноатӣ ва технологияи коркарди фоидаовари онҳо дар дохили кишвар, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад, амалӣ мегардад. (қҷт 20.04.06 №186)

 

БОБИ 7. Назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо

 

Моддаи 25. Мақсад ва намудҳои назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо

1.Назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷўи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо бо мақсадҳои  зайл амалӣ карда мешавад:

1) риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо;

2) истифодаи самараноки захираҳои табиии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

3) истифодабарии схемаҳои  ташкилию технологии аз ҷиҳати экологӣ тозаи истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

4) бе осеб нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо тайёршуда.

  1. Ба тадқиқу ҷустуҷўи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо шаклҳои зерини назорати ягонаи давлатӣ ҷорӣ карда мешаванд:

1) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо; (қҷт 30.07.07, №311)

2)назорати давлатии маҳак, ки мутобиқи банди 2 моддаи 12 ҳамин қонун   ба амал бароварда мешавад;

3) назорати давлатӣ ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин ба маҳсулоти  онҳо, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда ва аз он бароварда мешаванд.

Моддаи 26. Салоҳияти мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо

  1. Назорати давлатӣ ва тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад. (қҷт 30.07.07, №311)

2.Мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо мутобиқи мақсадҳо ва намудҳои назорат салоҳияти зеринро доранд:

1) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун санҷишро дар субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба амал мебарорад;  (қҷт 20.04.06 №186)

2)шаклҳои ба ҳисобгирию ҳисоботдиҳиро ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳиро  муқаррар мекунанд;

3) ба шахсони мансабдори ташкилотҳои назоратшаванда дар бораи бартараф кардани камбудиҳо,   пешниҳодҳои барояшон хатмӣ, мефиристанд;  (қҷт 30.07.07, №311)

4) ҳангоми, санҷиш ва тадқиқот ошкор намудани нишонаҳои ҷиноят ё дигар ҳуқуквайронкуниҳо  маводи дахлдорро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд. (қҷт 30.07.07, №311; қҷт 20.04.06 №186)

  1. Мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо наметавонанд бо фаъолияти тиҷоратӣ мустақилона машғул шаванд, инчунин ба истиснои ташкилотҳои барои таъмини вазифаҳои мақомоти давлатӣ таъсисёфта, муассиси ташкилоти анҷомдиҳандаи фаъолияти  тиҷоратӣ, буда наметавонанд.

 

 

 

 Моддаи 27. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо мақсади риояи қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад. (қҷт 30.07.07, №311)

 

Моддаи 271. Ҷуброн кардани хароҷоти вобаста ба амалӣ намудани назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Хароҷоти субъектҳои хоҷагидор, ки ҳангоми гузаронидани назорати давлатӣ дар ҷараёни интихоби намунаҳо, гузаронидани санҷиш, экспертиза ва таҳлили маҳсулот (маснуот, мавод) аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин дар ҷараёни коркарди маснуоти заргарӣ ва маишӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба талаботи муқарраршуда номувофиқ, ҳамчунин қобили фурўш набуда ба миён омадаанд, ҷуброн карда намешавад.

Хароҷоти вобаста ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида мешавад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешаванд. (қҷт 30.07.07, №311)

БОБИ 8. Масъулияти ташкилотҳо ва шахсони мансабдор.

 

Моддаи 28. Таъмини муҳофизат ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин  маҳсулоти онҳо

1.Ташкилотҳое, ки тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро ба роҳ мондаанд ва бо амалиёти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сарукор доранд, муҳофизаи сарватҳои мазкур, инчунин маҳсулоти онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.

Бо ин мақсад ташкилотҳои мазкур оид ба мустаҳкамкардани объектҳое, ки дар онҳо амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо гузаронда мешаванд, яъне ҷиҳозонидан барои бо воситаҳои техникии махсуси ҳифз, асбобҳои махсуси садодиҳанда ва алоқа бояд тадбирҳо андешанд,   хадамоти худии посбонӣ таъсис диҳанд ва дар ҳолати имконнопазирии таъсис додани  онҳо бо ташкилотҳои махсусе, ки  соҳаи фаъолияташон ҳифзи объектҳост дар бораи қабули хизматрасонии шартномаҳо банданд. (қҷт 20.04.06 №186)

  1. Ҳисоби фаврии истихроҷ, истеҳсол, нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо дар корхонаҳо аз рўи ҳар як марҳалаи коркард ё ҳар як намуди кор бо назардошти хусусиятҳои технологии истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, пайдоиши пасмондаю талафшавии истеҳсолӣ, алоҳида ба роҳ монда мешавад.

3.Ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти  онҳо бо нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва автомобилии махсусе, ки бо воситаҳои дахлдори техникӣ ҷиҳозонида  шудаанд ва онҳоро муҳофизони мусаллаҳ ҳамроҳӣ мекунанд, ба амал бароварда мешавад. Таҷҳизоти нақлиёти махсуси автомобилӣ бояд бехатарии бори мазкурро таъмин намояд.

  1. Қоидаҳои таъмини ҳифзи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар корхонаҳои истихроҷи маъдани кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (қҷт. 28.06.2011 №743)

 

Моддаи 29. Масъулият барои вайрон кардани тартиботи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо

1.Шахсоне, ки барои вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо айбдоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

2.Маблағе, ки аз истихроҷ, истехсол, истифода ва муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба даст омадааст тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми даромади буҷети давлат ворид  мешавад. Дар айни замон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар мўҳлати се шабонарўз аз мавриди гирифтани онҳо ҳатман ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

3.Ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои коркарди конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки ба нобудшавии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо оварда расонидаанд, арзиши зарари расонидашударо ба давлат ҷуброн мекунанд.

 

Моддаи 30. Шикоят аз амали мақомоти давлатии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва ашхоси мансабдори ваколатдори онҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз амали мақомоти давлатии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷўи геологии конҳои  металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва назорати давлатии ин соҳа, инчунин аз амали ашхоси мансабдори ваколатдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд  шикоят карда метавонанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 12 майи соли 2001

      № 21

ШАРИКОН: