ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АШОҶТ, с.1992, № 7, мод.105; АМОҶТ, с.1995, №22, мод.268, с.2002 , №11, мод.702; с. 2008, №1,қ.2, м.13) 

 

Ҳамин Қонун шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иҷтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоҷикистон муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақили кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоҷагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо равона карда шудааст.

 

Боби I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кооператсяи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатии ҷамъиятию хоҷагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онҳо бо мақсади пурратар қонеъ намудани талаботи худ ба молҳо ва хизматрасонӣ дар асоси ихтиёрӣ муттаҳид мегарданд. Дар ҳайати он ба сифати аъзои коллективӣ корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимие, ки мақсаду манфиатҳои оинномавии онро тарафдорӣ мекунанд, дохил шуда метавонанд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Кооператсияи матлубот фаъолиятро оид ба қонеъ намудани манфиат ва талаботи саҳмдорон, муҳайё ва инкишофи инфраструктура вусъат додани кооператсияи матлубот, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъсиррасонӣ ба сиёсати соҳаи истеъмол ва дигар масъалаҳоро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Кооператсияи матлубот савдои чакана, яклухт ва комиссионӣ, хўроки умумӣ, хариди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва дигар маҳсулот, инкишофи бозор ва хоҷагиҳои ёрирасон, истеҳсоли молҳои сермасриф, намудҳои гуногуни хизматрасонӣ, гузаронидани чорабиниҳои маданӣ ва варзишӣ, таъсис, инкишоф ва нигоҳ доштани муассисаҳои таълимии кооператсияи матлубот, тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, фаъолияти иқтисодии хориҷиро ташкил менамояд. Ба ислоҳоти иҷтимоии деҳот, ташаккул ва инкишофи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагиҳои шахсӣ, афзоиши захираҳои хўрокворӣ ва дигар молҳои истеъмолии халқ, беҳтар шудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ фаъолона мусоидат мекунад. (қҷт аз 02.12.02, №73)

 

Моддаи 2. Асосҳои фаъолияти кооператсияи матлубот

Фаъолияти кооператсияи матлубот мутобиқ бо асосҳои узвияти ихтиёрӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳавасмандии моддӣ ва адолати иҷтимоӣ, иштироки мустақили аъзои кооператсия дар идораи корҳои он дар асоси демократия ва қонуният қарор мегирад. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Ҳар гуна мудохилае, ки қодир аст ҳуқуқи кооператсияи матлуботро маҳдуд намояд ё монеи ба амал баровардани ин ҳуқуқ мегардад, манъ аст.

 

 Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (қҷт аз 02.12.02, №73; қҷт 05.01.08, №348)

 

Моддаи 4. Системаи кооператсияи матлубот

Системаи кооператсияи матлуботро ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ки аз тарафи шаҳрвандон дар деҳот, ноҳияҳо, шаҳрҳо, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ таъсис меёбанд, ташкил медиҳанд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд ваколатҳои роҳбарии фаъолияти кооператсияи матлубот, эҷоди инфраструктураи умумии истеҳсолию иҷтимоӣ, муҳофизати манфиатҳои аъзои кооператсияи матлубот ва кормандони онро байни худ аз нав тақсим намоянд. (қҷт аз 02.12.02, №73; қҷт 05.01.08, №348)

 

Моддаи 5. Мақомоти роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот

Мақоми олии роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот дар ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоят анҷуманҳо мебошанд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Мақоми олии роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот дар ноҳия конференсияи иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот мебошад.

Мақоми олии роҳбарикунандаи ҷамъияти матлубот маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлиси намояндаҳо) мебошад.

Анҷуманҳою конференсияҳо Шўроро интихоб менамоянд, ки он дар давраи байни анҷуману конференсияҳо вазифаҳои онҳоро иҷро карда, ба онҳо ҳисоботдеҳ мебошад.

Маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлиси намояндаҳо), конференсия ва анҷуман мақомоти идора ва мақомоти назоратро интихоб менамояд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Ташкилоти ибтидоии идораи корҳои кооператсияи матлубот участкаи кооперативӣ мебошад, ки аз рўи аломати ҳудудӣ ё истеҳсолотӣ ташкил мегардад.

Мақомоти иҷроияву амрдиҳандаи ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо раёсатҳои ҷамъияти матлубот, иттифоқҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд. Тартиби интихоби раёсат ва ваколатҳои он мувофиқи оинномаи ҷамъияти матлубот ва иттифоқи он ба амал бароварда мешавад. (қҷт аз 02.12.02, №73; қҷт 05.01.08, №348)

 

 Моддаи 6. Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон ва ваколатҳои он

Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон — Иттифоқи Тоҷикматлуботро ташкил мекунанд. (қҷт аз 02.12.02, №73; қҷт 05.01.08, №348)

Ба ҳайати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамчунин дигар ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар ҷамъиятҳо (ширкатҳо) дар асоси комилан ихтиёрӣ дохил шуда метавонанд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Иттифоқи Тоҷикматлубот ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

— манфиатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлуботро дар суд ва дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ ва ҳимоя мекунад;

— стратегия ва барномаи рушди кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ,  роҳҳои татбиқи қарорҳои қабулнамудаи анҷуманро таҳия ва амалӣ менамояд;

— бо мақсади татбиқи барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳа фаъолияти маблағгузориро дар ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот амалӣ месозад;

— иҷрои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои қабулкардаи худро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои кооператсияи матлубот – аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил ва назорат менамояд;

— бо ташкилотҳои кооператсияи матлуботи дигар давлатҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалии кооператсияи матлубот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робита барқарор месозад;

— дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  ки ба фаъолияти кооператсияи матлубот дахл доранд, иштирок менамояд;

— барои ташкилотҳои кооператсияи матлубот – аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот оиди сохтори ташкилӣ, меъёрӣ,  пардохти музди меҳнат,  таъсис ва истифодаи фондҳо,  ки хоси соҳаи кооператсияи матлубот мебошанд, дастуру тавсияҳо ба нашр мерасонад;

— назорати иқтисодӣ ва молиявиро амалӣ месозад,  фаъолияти шахсони ҳуқуқиро дар доираи кооператсияи матлубот назорат карда, ба онҳо кўмакҳои техникӣ, иқтисодӣ ва кўмакҳои дигар мерасонад;

— дар дигар давлатҳо намояндагиҳои тиҷоратӣ таъсис медиҳад, ки онҳо манфиатҳои кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро вобаста ба  фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳимоя менамоянд;

— омўзиши тамоюлҳои рушди бозори дохилӣ ва хориҷиро ташкил намуда, тавсияҳо медиҳад;

— омўзиш ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии ҳайати кормандони кооператсияи матлуботро ташкил ва ҳамоҳанг месозад. (қҷт 05.01.08, №348)

 

 

Боби II. ДАВЛАТ ВА КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ

 

Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқи кооператсияи матлубот

Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медиҳад.

Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти он дахлнопазир аст. (қҷт аз 04.11.95, №126)

Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофу таҳкими мустақилияти иқтисодии ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба ҳеҷ як маҳдудкунии фаъолияти хоҷагӣ ва ташаббуси кооператсияи матлубот, маҳдудкунии амали озод ва баробарҳуқуқи он дар бозори молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ роҳ намедиҳанд.

  1. Давлат ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки:

 — барои иҷрои мақсад ва вазифаҳояшон корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил намояд; (қҷт 05.01.08, №348)

амволи корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки ба шаклҳои дигари моликият асос ёфтаанд, дигар амвол ва ҳуқуқи амволӣ гиранд;

ба тартиби муқарраршуда қитъаҳои заминро ба ихтиёр, ба истифода гиранд;

бо истифодаи асъори хориҷӣ амалиёт гузаронанд ва ҳамчун иштироккунандаи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ баромад кунанд;

бо масъулияти молумулкии худ фаъолияти соҳибкорӣ ва миёнаравии тиҷоратиро инкишоф диҳанд; (қҷт аз 02.12.02, №73; қҷт 05.01.08, №348)

— дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсис  додани бозорҳо, фурўшгоҳҳо, ва иншоотҳои дигари савдо ва хўроки умумӣ савдои наздисарҳадиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд. (қҷт 05.01.08, №348)

  1. Ба маҳдудиятҳо дар ҷудо кардани молҳои истеъмоли халқ ва маҳсулоти таъиноти истеҳсолотӣ аз манбаҳои давлатӣ ба андозаи аз тарафи кооператсияи матлубот вусъат доданн ҳаҷми захираҳое, ки аз ҳисоби харидорӣ ва истеҳсоли худ ба муомилот ҷалб мегарданд, роҳ дода намешавад.
  2. Давлат ба назорати фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ва молиявии кооператсияи матлубот ва аз тарафи ташкилотҳои корхонаҳои он риоя шудани мавқеи оинномаҳояшон, қоидаҳои муқарраршудаи савдо ва аз адои хизмати аҳолӣ ҳақ доштани мақомоти назоратию тафтишотиро эътироф мекунад. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Мақомоти давлатӣ мутобиқи вазифаҳои муқарраркардаи қонунгузории ҷорӣ ҳақ доранд ба фаъолияти кооператсияи матлубот назорат кунанд.

  1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо тадбирҳои масъулияти интизомии шахсони интихобӣ ва дигар кормандонро мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои худ мустақилона муқаррар мекунанд. (қҷт 05.01.08, №348)

Мақомоти давлатӣ дар мавриди зарурат ҳақ доранд ба раёсати ташкилоти болоӣ ариза дода, ба он таклиф намоянд, ки ба раисони раёсатҳо ва дигар кормандони интихобии ҷамъиятҳо ва иттифоқҳои матлубот ҷазои интизомӣ дода шавад.

 

Моддаи 8. Муносибатҳои кооператсияи матлубот бо Маҷлисҳои вакилони халқ

Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар фаъолияти худ бо Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар масъалаҳои ташкили хизматрасонии савдо ба аҳолӣ, равнақи харидории маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ, адои хизматҳои гуногуни аҳолӣ ҳамкорӣ мекунанд, ихтиёрӣ дар кори тараққии комплексии иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо, ки Маҷлисҳои вакилони халқ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ширкат меварзанд. (қҷт аз 04.11.95, №126)

Мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар фаъолияти хоҷагӣ, молиявӣ ва дигар фаъолияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба ғайр аз мавридҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ҳуқуқи дахолат карданро надоранд. Муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар асоси созишнома муайян карда мешаванд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Масъалаҳои бунёд кардани иншоотҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба кор бурдани захираҳои табиӣ дар минтақаи дахлдор аз тарафи ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот бо ризояти Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳал карда мешаванд. (қҷт аз 04.11.95, №126)

Давлат барои ўҳдадориҳои ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо ва ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо барои ўҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.

Подоши зараре, ки мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар натиҷаи дахолати ғайриқонуниашон ба фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти онҳо расонидаанд, аз ин мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ ба воситаи суди иқтисодӣ ситонда мешавад. (қҷт аз 04.11.95, №126)

 

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои  ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

  1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:

 ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаҳои кооператсияи матлубот ва коркунони ин соҳаро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва дигар ташкилоту муассисаҳо  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз намояд; (қҷт 05.01.08, №348)

дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора иштирок намоянд;

дар бораи мақсадҳо ва фаъолияташон озодона хабар паҳн кунанд. Воситаҳои ахбори омма таъсис диҳанд ва фаъолияти табъу нашрро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;

 аз рўи масъалаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ ташаббус нишон диҳанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодҳо намоянд, ваколатҳои дигарро,  ки Қонуни мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фаъолияти кооператсияи матлубот пешбинӣ кардаанд, татбиқ намоянд;

— ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда маълумотеро,  ки ба фаъолияти оинномавӣ алоқаманд мебошад, пешниҳод намоянд.». (қҷт 05.01.08, №348)

 

 

 

Боби III. МОЛИКИЯТИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ

 

Моддаи 10. Моликияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо

Моликияти кооператcияи матлубот аз моликияти Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва моликияти муштараки онҳо иборат аст.

Моликияти (амволи) кооператсияи матлуботро мақомоти он мутобиқи салоҳияти муайянкардаи оинномаҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо розигии иттифоқҳои ҷумҳуриявии онҳо ихтиёрдорӣ ва амалӣ мекунанд.

Манбаъҳои амволи кооператсияи матлубот аз ҳисоби ҳаққи узвияти саҳмдорон, даромад аз фаъолияти соҳибкории ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва ташкилотҳои аз тарафи онҳо таъсис шуда, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбанд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

 

Мусодира ва интизоъ кардани иморатҳо, иншоот, биноҳои истиқоматӣ, молҳо, дигар амвол ва маблағҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун моликияти кооператсияи матлубот аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқ, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот манъ аст. (қҷт аз 04.11.95, №126)

Моликияти кооператсияи матлубот ба ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои аз тарафи ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот таъсис дода, вобаста карда мешавад. (қҷт аз 02.12.02, №73)

 

Моддаи 11. Ҳамкории тарафайни ташкилотҳои кооператсияи матлубот бо ташкилоту корхонаҳои шаклҳои дигари моликият

  1. Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои онҳо ба сифати аъзо ё иштирокчӣ дар асоси саҳмдорӣ ба ассотсиатсияҳои хоҷагӣ, консернҳо, консорсиумҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд ва дигар ҷамъиятҳои (ширкатҳои) хоҷагӣ метавонанд дохил шаванд, ки ин боиси тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ҳуқуқӣ онҳо чун шахсони ҳуқуқӣ намегардад. (қҷт аз 02.12.02, №73)

 

Боби IV. АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ

 

Моддаи 12. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар деҳот

Реҷаи кории корхонаҳои кооператсияи матлубот, ки савдо ва дигар намудҳои хизматрасониро ба аҳолӣ амалӣ месозанд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад. (қҷт 05.01.08, №348)

Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба тараққии соҳаи иҷтимоии деҳот мусоидат намуда, дар ҳамкории мутақобил бо ташкилоту корхонаҳои комплекси агросаноатӣ шабакаи васеи корхонаҳои таҳияю коркарди маҳсулоти ба маҳалли зисти аҳолӣ басо наздикро ташкил мекунанд. Ин корхонаҳо маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзиро харида, коркарди оддӣ ва фурўши он, ҳамчунин хизматрасониро анҷом медиҳанд. (қҷт аз 02.12.02, №73)

Ташкилотҳои кооператсияи матлубот фаъолияти хоҷагии худро дар деҳот дар ҳамкории наздик бо иттифоқҳою ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба роҳ мемонанд, алоқаҳои ҷамъиятию хоҷагиро ба аъзояшон барои мусоидат ба муҳофизати манфиатҳои аҳолии деҳот, пурратар таъмин намудани он аз молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ ва истеъмоли халқ истифода мекунанд.

Ташкилотҳои кооператсияи матлубот якҷоя бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар қаламрави ноҳияҳои деҳотӣ системаи комплексии хизматрасонӣ барпо мекунанд, ки он ба аҳолӣ имкон медиҳад, то ҳама чизи лозимаро дар маҳал пайдо намуда, барои буд кардани кори худ ба шаҳр наравад. (қҷт аз 04.11.95, №126)

Бо қарори маҷлисҳои умумӣ (маҷлисҳои намояндагон) ҷамъиятҳои матлубот дар ташкили марказҳои савдою маишӣ ва ҷамъиятию фарҳангӣ, сохтмони манзил, муассисаҳои томактабӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ дар деҳот иштирок мекунанд. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавсимиро ташкил намуда, барои таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон нигаҳдорӣ менамоянд. (қҷт аз 04.11.95, №126; қҷт 05.01.08, №348)

 

Моддаи 13. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар шаҳрҳо

Кооператсияи матлубот фаъолияти худро дар шаҳрҳо бо роҳи ташкил намудани ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрӣ, анборҳои фурўши яклухти молу маҳсулот, таъминкунӣ аз маҳсулот ва маҳсулоттайёркунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ, нақлиётӣ, таъмирӣ ва дигар корхонаҳо, шабакаи савдои чаканаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли тару тоза ё коркардашудаи дигар молҳо, инчунии комплекси меҳмонхонаҳо, қароргоҳ барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ривоҷ медиҳад. (қҷт аз 04.11.95, №126)

 

Моддаи 14. Ташкили захираҳои молӣ ва моддию техникӣ

  1. Барои қонеъ намудани талаботи аъзои худ ва аҳолие, ки ба он хизмат расонида мешавад, ташкилотҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби харидории захираҳои молӣ дар асоси шартномавӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, истеҳсоли молҳои хўрокворӣ ва ғайрихўрокворӣ дар корхонаҳои шахсии худ, аз ҳисоби инчунин ворид намудан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои молӣ ташкил мекунанд. (қҷт 05.01.08, №348)
  2. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бозорҳои мол мустақилона ва баробарҳуқуқона амал мекунанд, савдои яклухтро инкишоф медиҳанд, бидуни ҳеҷ як маҳдудият бо корхонаҳои саноат ва дигар таҳиякунандагони молу маҳсулот алоқаҳои мустақим барқарор мекунанд, дар кори биржаҳои молу ашёи хом иштирок менамоянд, ярмарка ва музоядаҳо (ауксионҳо) ташкил мекунанд. (қҷт 05.01.08, №348)
  3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот хариди захираҳои моддию техникиро бевосита аз истеҳсолкунандагон, дар савдои яклухт, дар биржаҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, аз ташкилотҳои миёнарав ва дигар ташкилотҳо, инчунин бо роҳи гирифтан аз манбаъҳои марказонидаи давлатӣ дар таркиби комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.

 

Моддаи 15. Даромадҳо, нархгузорӣ, андозгирӣ, қарзҳо ва ҳиссббаробаркунӣ

  1. Фоидаи ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби натиҷаҳои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки қонун манъ накардааст ташкил мегардад. (қҷт аз 04.11.95, №126; қҷт 05.01.08, №348)
  2. Раёсати ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо мустақилона ё тавассути шартнома дар асоси нархгузорӣ бо назардошти арзиши воқеии ашёи хом ва материалҳо, масорифи муомилот ва истеҳсолот ва андозаи миёнаи фоидаоварии нархи (тарифи) молҳо, маҳсулот, ашёи хом, кору хизматҳоро, ки ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот ба аъзои худ, ба аҳолӣ ва дигар харидорон мефурўшанд ва кору хизматҳои онҳоро иҷро менамоянд, муқаррар мекунад. (қҷт аз 04.11.95, №126)
  3. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар ташкили буҷети давлатӣ бо роҳи пардохти андоз аз фоида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ба ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бобати андоз мутобиқи қонуни ҷории ҷумҳурӣ имтиёзҳо дода мешаванд.

Меъёри андоз аз даромад барои ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот дар асоси шартҳои имтиёзнок бо назардошти хислату хосияти фаъолияти кооператсияи матлубот муайян карда мешавад.

  1. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, метавонанд дар ҳар як банк барои нигоҳ доштани пул ва иҷрои ҳама гуна амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, қарзӣ ва хазинавӣ ҳисобҳои пардохт ва ҳисобҳои дигар кушоянд, аз кредитҳои банкӣ ба шартҳои барои ташкилотҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣ муқарраршуда истифода намоянд.

Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ҳақ доранд, ки банкҳои ҳисоби хоҷагии кооперативӣ ташкил намоянд. Ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои кооператсияи матлубот ба ин банкҳо ихтёран дохил мешаванд.

Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот метавонанд ҳамчунин марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ташкил кунанд, ки онҳо ба сифати қарздиҳандагони ягона, инчунин пардохткунандагони ўҳдадориҳои пулии ҷамъиятҳои матлубот дар назди буҷет, банкҳо ва дигар корхонаҳою ташкилотҳо баромад кунанд. Дар муомилоти хоҷагии кооператсияи матлубот векселҳо истифода шуда метавонанд. (қҷт аз 04.11.95, №126)

 

 Моддаи 16. Фаъолияти амонатгузорӣ ва суғурта

  1. Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркуние, ки дар кооператсияи матлубот амал мекунанд, метавонанд аз аъзои он ва дигар шаҳрвандон амонатҳоро қабул кунанд, мустақилона шартҳоеро муқаррар намоянд, ки мутобиқи онҳо амалиёти қабули амонатҳо сурат мегирад. (қҷт аз 04.11.95, №126)

Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ҳифзи маблағҳои ҷалбшуда, истифодаи самарабахши онҳо ва дар назди амонатгузорон дар вақташ иҷро шудани ўҳдадориҳоро кафолат медиҳанд. (қҷт аз 04.11.95, №126)

  1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мустақилона бидуни иҷозатномаҳои мақомоти давлатӣ суғуртаи дохилисистемавии амвол ва манфиатҳои амволиро ба амал бароранд, дигар навъҳои суғуртаро ривоҷ диҳанд ҷамъиятҳои кооперативии суғурта таъсис кунанд, шароити суғуртапулиро муайян созанд.

Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот, корхонаҳои онҳо метавонанд амволашон ва манфиатҳои амволиашонро дар мақомоти суғуртаи давлатӣ дар асоси ихтиёрӣ суғурта намоянд.

  1. Ба мақсади сафарбар намудани маблағҳои озоде, ки аъзои ҷамъиятҳои матлубот ва шахсони дар ташкилотҳою муассисаҳои кооператсияи матлубот аз рўи шартномаи меҳнатӣ коркунанда, дигар шаҳрвандон доранд, дар системаи кооператсияи матлубот метавонанд қабули иловагии аъзоҳаққиро дар ҳаҷми номаҳдуд дар асоси созишномаҳо бо саҳмдорон ташкил намоянд. (қҷт 05.01.08, №348)

 

Моддаи 17. Дастгирии иҷтимоии аъзо ва кормандони кооператсияи матлубот

  1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба таъмини шуғли аҳолӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷойҳои кор, васеъ намудани шабакаи корхонаҳои хурд, татбиқи реҷаи ўҳдабароёнаи меҳнат, омўзиш ва бозомўзии касб ва такмили ихтисоси кормандоне, ки дар навбати аввал аъзои ҷамъиятҳои матлубот мебошанд, мусоидат мекунанд. (қҷт аз 04.11.95, №126)

Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи матлубот муассисаҳои таълимоти кооперативӣ, оид ба тайёр намудани мутахассисони таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, курсҳои кўтоҳмуддати тайёр намудани кормандони касбҳои оммавӣ амал мекунанд.

Сохтори омўзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, ҳаҷми омўзиш дар муассисаҳои таълимиро Иттифоқи Тоҷикматлубот муайян мекунад. (қҷт 05.01.08, №348)

Сохтори омўзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, ҳаҷми омўзиш ба муассисаҳои таълимиро Иттифоқи Тоҷикматлубот муайян мекунад. (қҷт аз 04.11.95, №126; қҷт 05.01.08, №348)

  1. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот истифодаи самарабахшу дурусти қитъаҳои замини дар истифода ё дар ихтиёрашон бударо таъмин мекунанд, ҳангоми ҷо ба ҷо кардан ва сохтани иншоотҳои базаи моддию техникӣ тадбирҳои муҳофизати табиатро амалӣ менамоянд, ҳангоми анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ, маҳсулоттайёркунӣ ва дигар фаъолияти хоҷагӣ талаботи муҳофизати муҳити зистро ба назар мегиранд. (қҷт аз 04.11.95, №126)

 

Боби V. АЛОҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ

 

Моддаи 18. Алоқаҳои байналмилалии кооператсияи матлубот

Иттифоқи Тоҷикматлубот кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро дар Ассотсиатсияи Лигаи ташкилотҳои миллии (ҷумҳуриявии) кооператсияи матлуботи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мустақилона намояндагӣ мекунад. (қҷт аз 04.11.95,  №126; қҷт 05.01.08, №348)

Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориҷии кооператсияи матлубот

  1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона татбиқ намоянд. Онҳо аз қарзҳои банкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзҳои тиҷоратӣ дар шакли асъори хориҷӣ ва пардохти ин қарзҳо аз ҳисоби маблағҳои асъории аз фурўши молу маҳсулоти воридотӣ ба дастомада, ё дигар маблағҳои худӣ истифода мекунанд. (қҷт аз 04.11.95, №126)

Маблағҳо дар шакли асъори хориҷӣ, ки ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот аз содироти молу маҳсулот, молҳо (хизматрасонӣ) ба даст меоваранд, баъд аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ба ихтиёри онҳо дохил мешаванд ва воҷиби ситондан намебошанд. (қҷт аз 04.11.95, №126)

  1. Ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ дода мешавад, то туризми байналхалқии кооперативиро равнақ диҳанд ва дар Тоҷикистон ба воситаи шабакаи савдои махсусгардонидашуда молҳоро ба асъори хориҷӣ фурўшанд.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                          Р. НАБИЕВ

   13 марти соли 1992, шаҳри Душанбе

              № 583

ШАРИКОН: