ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи нақлиёт

(АМОҶТ с. 2000, №11, м. 507; с. 2004, №7, м. 466; с. 2007, №7, м. 674, с.2013, №12, м.894)

Ин Қонун фаъолияти интиқолдиҳандагонро дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои кори системаи нақлиётӣ дар асоси механизмҳои бозорӣ ва мусоидат ба таъмин ва рушди хизматҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахши нақлиётӣ танзим менамояд.

Фасли I            Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои дар ин Қонун қабулгардида

Дар ин Қонун истилоҳҳои зерин мафҳумҳои зайлро ифода мекунанд:

интиқолдиҳанда — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки воситаи нақлиётро бо ҳуқуқи моликияти хусусӣ ё дигар навъи моликият истифода менамояд, дар бобати кашонидани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва/ё почта ба ивази музд ё ба тариқи кироя хизмат мерасонад ва барои анҷом додани ин кор иҷозатномаи (литсензия) дахлдор дорад, ки он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дода шудааст. Таҳти истилоҳи «интиқолдиҳанда»  ҳамчунин танзимгари (оператори)  ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти гуногун, сарфи назар аз он ки зимнан он ягон воситаи нақлиётро истифода мекунад ё не, фаҳмида мешавад.

мизоҷ — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки мутобиқи шартномаи бо интиқолдиҳанда басташуда нақлиётро истифода мебарад.

экспедитор — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки аз ҳисоби интиқолдиҳанда, борфиристонанда ё боргирандае, ки барои интиқоли бор шартнома мебандад ва шартномаи интиқоли борро иҷро мекунад ё иҷрои онро ташкил мекунад, фаъолият анҷом медиҳад.

нақлиёт — соҳаи истеҳсолоти моддиест, ки кашонидани борҳо, мусофирҳо ва бағоҷро амалӣ мегардонад.

ташкилоти нақлиётӣ — шахси ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти хоҷагию тиҷоратӣ оид ба интиқоли бор  ва мусофирон, хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт машғул мебошад.

ташкилоти нақлиётии давлатӣ — муассисае, ки дар он қисми зиёди саҳм (пакети саҳмияҳо) ба давлат тааллуқ дорад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ оид ба нақлиёт

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи ҳамин Қонун қабулгардида, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Дар бораи моликият дар нақлиёт

Нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият асос меёбад. Моликони ташкилотҳои нақлиётӣ дар назди қонун баробар буда, аз ҳимояи якхелаи қонун баҳраманд мебошанд.

Роҳҳои оҳани   магистралӣ, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин роҳҳое, ки аҳамияти мудофиавӣ доранд, бо иловаи   иншоотҳои инженерӣ, роҳҳои обии киштигард, дастгоҳҳо ва аломатҳои киштиронӣ, танзим ва кафолати бехатарии киштигардӣ, дастгоҳҳои системаи батанзимдарории харакатҳои ҳавоии аэронавигатсионӣ, шабакаҳои телекомуникатсионӣ, инженерӣ, ки ба таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавоӣ алоқаманданд, моликияти давлатӣ мебошанд.

 

Моддаи 4. Заминҳои барои мақсадҳои нақлиёт истифодашаванда

Истифода ва ҷудо намудани заминҳо барои мақсадҳои нақлиётӣ бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Ба мақсади таъмини боэтимоди истифодаи иншоотҳо ва дигар объектҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои фурўравӣ, кандашавӣ, обшўӣ, сел ва дигар таъсиррасонии хатарноки табиӣ минтақаҳои муҳофизатӣ муайян карда мешавад.

Ташкилотҳои нақлиётӣ ва интиқолдиҳандагон бояд заминҳои ба онҳо ҷудошударо мувофиқи таъиноти мақсаднок ва шартҳои пешниҳодшуда, технологияҳои истеҳсолии муҳофизати табиат истифода бурда ба бадшавии вазъияти экологӣ дар минтақа дар натиҷаи фаъолияти худ роҳ надиҳанд.

 

Фасли II. Идора ва танзим

 

Моддаи 5. Идоракунии ташкилотҳои нақлиётӣ

Ба ташкилотҳои нақлиётӣ дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсолӣ соҳибихтиёрӣ дода мешавад.

Тамоми навъҳои фаъолияти ташкилотҳои нақлиётӣ бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анҷом дода шавад.

 

Моддаи 6. Танзими фаъолияти нақлиёт

Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи нақлиёт бо роҳи таъмини ҳуқуқӣ,  иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ), андозбандӣ, кредитонӣ, маблағгузорӣ ва нархгузорӣ, ба роҳ мондани сиёсати сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ, назорати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба истифодаи ташкилотҳои нақлиётӣ сурат мегирад. (қҷт 30.07.07, №312)

Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии ташкилотҳои нақлиётӣ мудохила намоянд, инчунин кормандони  ташкилотҳои нақлиётиро ба корҳои дигар ҷалб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. (қҷт 30.07.07, №312)

 

Моддаи 7. Идоракунии давлатии нақлиёт

Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт  иборатанд аз:

— ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт;

— амалӣ гардонидани ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт; (қҷт 30.07.07, №312)

— коркарди лоиҳаҳои қонунгузорӣ ва асноди дигар, стандартҳо, нормаҳои муайянкунандаи тартиби ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти тамоми шаклҳои нақлиёт новобаста аз шакли моликияташон;

— таҳияи барномаҳои миллӣ ва консепсияи тарақии тамоми шаклҳои нақлиёт, ташаккул ва ҷорӣ намудани сиёсати инвеститсионӣ, илмию-техникӣ ва иҷтимоӣ , тайёр намудани кадрҳо;

— ба вуҷуд овардани шароит барои таъмини зарурияти иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои ба он вобаста;

— назорати  риояи  ҳуқуқҳои истифодабарандагони нақлиёт;

— коркарди дурнамо дар таъмини босифати  саривақтии эҳтиёҷоти давлатии ҷумҳурӣ ва аҳолӣ  ба ҳамлу нақл.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар соҳаи нақлиёт

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ваколатҳои худро дар соҳаи нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анҷом медиҳанд.

 

   Моддаи 9. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт

Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  нақлиёт (минбаъд –мақоми ваколатдор) барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт масъул мебошад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Фаъолият ва салоҳияти мақоми ваколатдор тибқи Низомнома муайян карда мешавад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. (қҷт 30.07.07, №312)

 

Моддаи 10. Салоҳияти мақоми ваколатдор

Салоҳияти мақоми ваколатдор аз инҳо иборат аст:

— банақшагирӣ ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифодаи рақобатӣ ва самараноки захираҳо ва баланд бардоштани самараи кори системаҳои нақлиётӣ, мониторинги тарифҳо ва боҷҳои аз ҷониби ташкилотҳои нақлиётии  давлатӣ ва хусусӣ ситонидашаванда мусоидат менамоянд;

— таҳияи нақшаҳои рушди соҳаи нақлиёт;

-таҳлили талаботи сармоягузории соҳаи нақлиёт ва имкониятҳои ташкилотҳои нақлиётӣ, таҳияи барномаи дарозмўҳлати сармоягузории давлатӣ;

-мусоидат намудан ба рақобат баҳри роҳ ёфтан ба бахшҳои нақлиётӣ;

-мусоидат ба иттиҳодиякунонӣ, тиҷоратикунонӣ ва хусусигардонии ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ;

-мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт;

-муқаррар ва таъмин намудани риояи меъёрҳои амният ва ҳифзи истеъмолкунанда, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ва стандартҳои усулҳои пешқадами идора;

-бастани шартномаҳо барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба сохтмон дар соҳаи нақлиёт, бо пудратчиёни бахши хусусӣ, ки дар асоси рақобат ва ошкоро муайян карда мешаванд;

-тасдиқи қоидаҳои мустақими ба амал баровардани боркашонӣ омехта.

— дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд. (қҷт 30.07.07, №312)

 

Моддаи 11. Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт

Бо максади баррасии пешниҳодҳои вобаста ба сиёсати соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани самара ва такмили усулҳои хоҷагидорй, ҳифзи манфиатҳои ташкилотҳои нақлиётӣ, интиколдиҳандагон, мизоҷон ва ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии машваратии оид ба нақлиётро таҳти раисии  роҳбари мақоми ваколатдор таъсис медиҳад. (қҷт 30.07.07, №312)

Ба ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт намояндагони  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои илмӣ, ташкилотҳои наклиётӣ, интиқолдиҳандагон ва мизоҷон  дохил мешаванд. (қҷт 30.07.07, №312)

Комиссияи  байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, анҷом медиҳад.

 

Фасли III. Фаъолият дар нақлиёт

 

Моддаи 12. Асосҳои фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагӣ

Асоси муносибатҳои иқтисодӣ ва хоҷагии нақлиётро бозори талабот ва пешниҳоди нақлиёти хизматрасонӣ ба вуҷуд меорад.

Мақомоти идоракунӣ, ки оиди ташкили интиқоли мусофирон қарор қабул кардаанд ва аз сабаби истифодаи нархномаҳои танзимшаванда даромаднокӣ таъмин намешавад, бояд аз буҷети дахлдор иловапулӣ диҳанд.

 

Моддаи 13. Тарифҳо

Барои интиқоли бор, мусофирон, бағоҷ ва хизматрасоние, ки ба интиқол вобастаанд, тарифҳои озоди шартномавӣ муайян мегарданд.

 

Моддаи 14. Ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ

Ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ фаъолияти худро дар асоси тиҷоратӣ ба сифати воҳидҳои хоҷагиҳои мустақил бо роҳи бастани созишномаҳо бо  мақоми ваколатдор анҷом медиҳанд. (қҷт 30.07.07, №312)

Чунин созишномаҳо нисбати ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ бояд  асноди зеринро дар бар гиранд иборат бошанд:

-статуси корпоративӣ ва тиҷоратӣ;

-нақша-ҷадвали корҳо ва мустақилияти идора;

-стандарту меъёрҳои корҳо ва тобеияти роҳбарият;

-принсипҳо ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳӣ, аз ҷумла таҳияи ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи фаъолият, муқаррар намудани арзиши амвол ва ҳиссаҷудокунӣ ба хўрдашавии он;

-муайян намудани корҳо ва хизматрасоние, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ иҷро карда мешаванд ва муайян намудани арзиши онҳо;

-нишондиҳандаҳои солонаи молиявӣ ва нақшавии истеҳсолӣ. (қҷт 30.07.07, №312)

 

Моддаи 15. Ҳамлу нақли борҳо, мусофирон ва бағоҷ

Кашонидани борҳо, мусофирон ва бағоҷ, аз ҷумла хизматрасониҳои экспедитсионӣ  дар асоси шартномаи байни мизоҷ ва интиқолдиҳанда анҷом дода мешавад.

Шартҳои кашонидан, татбиқи фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ, тартиби истифодаи воситаҳои нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат, риояи қоидаи ҳифзи меҳнат, бехатарии зидди сўхтор, нормаҳои техникию-технологӣ ва санитариро қонунҳо, оинномаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян мекунад.

 

Моддаи 16. Робитаи мустақими омехта бо иштироки намудҳои    гуногуни нақлиёт

Нақлиёти роҳи оҳан, обии дохилӣ, ҳавоӣ ва автомобилӣ системаи робитаи мустақими омехтаро ташкил медиҳанд.

Муносибатҳо байни ташкилотҳои наклиётӣ ҳангоми робитаҳои мустақими омехта, инчунин тартиби ташкили ҳамлу нақл ба воситаи созишномаҳое, ки байни ташкилотҳои намудҳои дахлдори нақлиёт бо қоидаҳои аз тарафи  мақоми ваколатдор тасдиқшуда баста мешаванд, муайян мегарданд. (қҷт 30.07.07, №312)

 

Моддаи 17. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мусофирон

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мусофироне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии нақлиётӣ истифода мекунанд, мутобиқи шартномаи байни мусофир ва интиқолдиҳанда, ки тибқи қонунҳо ва дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, муайян карда мешаванд.

Мусофир ҳуқуқ дорад:

— ҳамроҳ бо худ кудакони то сини 5-солаи худро, бе ҷудо кардани ҷои алоҳида дар нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти дохилии обӣ, дар автобусҳои байнишаҳрӣ, инчунин дар нақлиёти шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ ғайр аз таксӣ бепул  барад;

-барои хурдсолони синнашон аз 5 то 12 сола бо пардохти 50 фоизи арзиши он чипта харад.

Дар нақлиёти ҳавоӣ, автобусҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ кашондани бори дастӣ ва бағоҷ бепул то вазни на бештар аз 20 кг муқаррар карда мешавад.

Дар нақлиёти роҳи оҳан, дохилии обӣ, инчунин автобусҳои байнишаҳрӣ бепул кашондани бори дастӣ ва бағоҷи вазнаш на бештар аз 35 кг муқаррар мегардад.

Интиқолдиҳандагон ҳуқуқ доранд, ки вазни бори бепул кашондашударо  зиёд  кунанд ва дигар имтиёзҳоро муқаррар намоянд.

Мусофир ҳуқуқ дорад аз интиқолдиҳандае, ки аз давом додани интиқол даст кашидааст ё ба рўзи дигар мавқуф гузоштааст талаб намояд, ки ўро ба маконаш расонад ва ҳамаи зарареро, ки ба бекор кардани шартнома ба ў мерасад баргардонад.

Мусофир ба имтиёзҳои дигари дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда хуқуқ дорад.

 

Моддаи 18. Ҳамлу нақли байнидавлатӣ ва транзитӣ

Ҳамлу нақли транзитии борҳо ва мусофирон тавассути худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мутобиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом  дода мешавад. (қҷт 30.07.07, №312)

 

Фасли IV Бехатарӣ ва масъулият дар нақлиёт

 

 

 

Моддаи 19. Талабот ва масъулият дар нақлиёт

Воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию санитарӣ, ҳифзи меҳнат ва экология, ки бо стандартҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи нақлиёт муқаррар шудаанд, мутобиқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида шаванд. (қҷт.аз 28.12.13,№1050)

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётӣ

Талаботи дараҷаи касбӣ барои идораи воситаҳои нақлиётӣ ва меъёрҳои баҳодиҳии мувофиқати ҳолати саломатии ашхос доир ба идораи воситаҳои нақлиётӣ аз ҷониби  мақоми ваколатдор якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт 30.07.07, №312)

Ҳуқуқ ба идораи воситаи нақлиёт ба шахсе дода мешавад, ки тахассуси мувофиқ ба ин кор дошта бошад ва аз назорати тиббӣ доир ба ҳолати саломатӣ гузашта,  барои идора намудани воситаи нақлиёт асноди муқарраршуда гирифта бошад.

 

Моддаи 21. Масъулияти интиқолдиҳанда

Интиқолдиҳанда нигаҳдории борҳо ва бағоҷро аз лаҳзаи қабул   то супоридан ба соҳибаш таъмин менамояд.

Интиқолдиҳанда барои гум шудан, норасоӣ ва осеб дидани бор ё бағоч, агар исбот карда натавонад, ки ин камбудиҳо на бо айби ў рух додааст, ҷавобгар аст.

Зарари ҳангоми интиқоли бор ё бағоч расондашуда аз тарафи интиқолдиҳанда ҷуброн карда мешавад.

Дар ҳолати нобуд шудан, кам омадан, интиқолдиханда якҷоя бо пардохти қимати бор ё бағоҷ маблағи боркашониро ҷуброн мекунад.

Дар санадҳои қонунгузорӣ инчунин дигар намудҳои масъулият пешбинӣ шуданашон мумкин аст.

 

Моддаи 22. Масъулияти мусофир, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё бағоҷ

            Мусофирон, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё бағоҷ барои зараре, ки бо гуноҳи онҳо ба дигар шахсон, ба моли  интиқолдиҳанда ё ба моли дигар ашхосе, ки масъулияти онро интиқолдиҳанда дорад, ҷавобгаранд.

Ирсолкунанда барои зараре, ки ба сабаби маълумоти ноаниқ, нодуруст ё нопурраи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ба   интиқолдиҳанда ё дигар шахс расонидааст, ҷавобгар аст.

 

Моддаи 23. Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда ва объектҳо  дар нақлиёт

Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда, объектҳои нақлиёт ва анҷом додани корҳои профилактикии зидди сўхтор дар нақлиёт тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 24 Масъулият барои бехатарии ҳамлу нақл

Масъулият барои бехатарии интиқоли борҳо ва мусофирон ба дўши интиқолдиҳанда аст. Талаботи бехатарӣ бо конунҳо ва дигар санадхои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Интиқолдиҳанда барои зарари дар натиҷаи дучоршавӣ ба марг ё зарар дидани саломатии мусофир ҳангоми интиқол ба амал омада, агар исбот накунад, ки зарар дар натиҷаи қасди зарардида ё қувваи ногаҳонӣ ба амал омадааст, ҷавобгарии амволӣ дорад.

Ҷавобгарии интиқолдиҳанда аз рўи ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи марг ё зарар дидани саломатӣ ба амал меояд, аз рўи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

 

Моддаи 25. Ташкили кори нақлиёт ҳангоми ҳолати фавқулодда

Ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулодда (заминҷунбӣ, обхезӣ, сўхтор, тарма, паҳншавии касалиҳо ва дигар фалокатҳои табиӣ) муносибатҳои шартномавии ташкилотҳои нақлиётӣ дар ин вақт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои қабули тадбирҳои барҳам додани фалокатҳо ва оқибатҳои онҳо боздошта шуда метавонанд. (қҷт 30.07.07, №312)

Хароҷоти ташкилотҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода доир ба анҷом додани интиқоли бо таъмини тайёрии сафарбарӣ, тадбирҳои мудофиаи гражданӣ ва корҳои тасодумию наҷотдиҳӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи буҷет ҷуброн мешавад.

Ташкилотҳои нақлиётӣ вазифадоранд, ки оҷилан тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои фалокатҳо ва садамаҳо, инчунин дигар ҳолатҳоро андешанд, ки характери фавқулодда доранд. (қҷт 30.07.07, №312)

 

Моддаи 26. Масъулият барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ

            Интиқолдиҳандагон ва ташкилотҳои нақлиётӣ ўҳдадоранд барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ аз ҳама гуна таъсири манфӣ дар натиҷаи интиқоли бор дар дохили кишвар ё ба тариқи транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Моддаи 27. Суғурта кардан

Интиқолдиҳанда дар назди мусофирон ҳангоми сафар дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ,  обӣ, нақлиёти автомобилии байнидавлатӣ ва байнивилоятӣ масъулияти суғуртакунии ҳатмй ва масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилиро ба ўҳда мегирад.

 

Моддаи 28 Масъулият барои вайрон кардани конунгузорӣ  оид ба нақлиёт

Шахсони ҳуқуқӣ ё воқеие, ки барои вайрон кардани ин Қонун гунаҳгоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷавобгар мебошанд.

 

Фасли V. Қоидаҳои хотимавӣ

 

Моддаи 29.  Назорат аз болои кори нақлиёт

Назорат аз болои иҷрои қонунгузории нақлиёт, талаботи бехатарии ҳаракат, экология ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз тарафи  мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатии идоракунӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд,  бурда мешавад. (қҷт 30.07.07, №312)

Азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт танҳо дар ҳолатҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронида мешавад.

 

Моддаи 30. Муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи нақлиёт

Интиқолдиҳандагон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамкории иқтисодии хориҷиро бо ашхоси  ҳуқуқӣ ва воқеии дигар давлатҳо инкишоф диҳанд ва воридоту содироти маҳсулотро (корҳоро, хизматрасониҳоро) ба амал бароранд.

Дар сурати ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътирофшуда мутобиқат накардани меъёрҳои Қонуни мазкур, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал менамоянд. (қҷт 30.07.07, №312)

 

Моддаи 301. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 «Дар бораи нақлиёт» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997 №23-24, мод.340), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод.71) аз эътибор соқит дониста шавад. (қҷт аз 15.07.04,№59)

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,   29 ноябри соли 2000

№ 32

ШАРИКОН: