Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ

(АМОҶТ с. 1999, №12, м. 337; с. 2004, №7, м. 462; с.2007, №5, мод.354; с.2014,№11, мод. 659)

Қонуни мазкур  бо назардошти амнияти давлатӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат, муносибатҳои ҷамъиятии ба фармоиши давлати мудофиавӣ вобастаро ба танзим медарорад. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1150)

Моддаи 1. Вазифаҳаи  Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур  иборат аз муайян кардани  принсипҳои умумии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, тартиби ташкил, ҷойгиронӣ, маблағгузорӣ ва иҷрои фармоиши  давлатии мудофиавӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

фармоиши давлатии мудофиавӣ (минбаъд-фармоиши мудофиавӣ) санади  ҳуқуқӣ буда, иҷрои корҳоро ҷиҳати тарҳрезӣ, истеҳсол ва  таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат аз қабили  силоҳи ҷангӣ, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, амволи дигари ҳарбӣ, маснуоти масолеҳи комплектонӣ (минбаъд- маҳсулот) иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ (минбаъд-корҳо, хизматрасонӣ), ки  ба мақсади таҳкими қобилияти  мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, ҳамчунин таҳия  ва таъмини маҳсулоти (корҳо, хизматрасонӣ) соҳаи  ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои  хориҷӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, дар назар доранд: (қҷт 12.05.07 №249)

фармоишдиҳандаи давлатии фармоиши мудофиавӣ (минбаъд-фармоишдиҳандаи давлатӣ) — Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки барои таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) аз рўи фармоиши мудофиавӣ фармоиш медиҳанд. Фармоишдиҳандаи давлатӣ нисбати  фармоишҳои мудофиавӣ, ки дар бандҳои 1-5, 7-8, 11-12 ва банди 6 қисми якуми моддаи 4 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, дар  қисмати молҳои ғайриозуқавӣ-иҷрокунандаи асосии фармоиши  мудофиавӣ низ шуда   метавонад; (қҷт аз 15.07.04, №55); (қҷт 12.05.07 №249; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1150)

иҷрокунандаи асосии фармоиши мудофиавӣ (минбаъд- иҷрокунандаи  асосиӣ)  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад, ки дар асоси фармоиши мудофиавӣ оид ба таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) бо  фармиоишдиҳандаи давлатӣ қарордоди давлатӣ мебандад ва тартибдиҳандаю таъминкунандаи фармоиши давлатии мудофиавӣ ба ҳисоб меравад; (қҷт аз 15.07.04, №55); (қҷт 12.05.07 №249)

иҷрокунандаи фармоиши мудофиавӣ (минбаъд-иҷрокунанда) корхонаҳои тобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар асоси қарордод бо фармоишдиҳандаи давлатӣ ё иҷрокунандаи асосӣ дар  иҷрои фармоиши мудофиавӣ иштирок мекунанд. Иҷрокунандаи  фармоиши мудофиавӣ корхонаҳое низ  буда метавонанд, ки тобеи дигар вазорату идораҳо мебошанд ё бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат доранд,  инчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар асоси қарордод бо  иҷрокунандаи асосӣ ё иҷрокунанда дар ичрои фармоиши мудофиавӣ иштирок  мекунанд; (қҷт аз 15.07.04, №55); (қҷт 12.05.07 №249; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1150)

қарордоди давлатӣ шартномаест, ки фармоишдиҳандаи давлатӣ бо  иҷрокунандаи асосӣ мебандад ва он  ўҳдадорию ҷавобгарии тарафайнро барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ пешбинӣ мекунад;

қарордод  шартномаест, ки фармоишдиҳандаи давлатӣ ё иҷрокунандаи асосӣ бо иҷрокунанда (иҷрокунандаи  дигар) бастааст ва ўҳдадарию ҷаобгарии тарафайнро барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ пешбинӣ менамояд. (қҷт аз 15.07.04, №55)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  фармоиши давлатии мудофиавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1150)

 

Моддаи 4. Таркиб ва тартиби маблағгузории фармоиши давлатии мудофиавӣ

Ба таркиби фармоиши мудофиавӣ метавонанд   инҳо дохил  шаванд:

  1. корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ барои тарҳрезӣ, такмил додан, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз истифода хориҷ мешаванд, инчунин бурдани корҳо доир ба азхудкунӣ ва ташкили истеҳсоли намуди дигари амволи ҳарбӣ дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли хоҷагидорӣ ва моликият (минбаъд ташкилот, агар ба тарзи дигар ифода нашуда бошад);
  2. корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ барои тараққӣ додани заминаи тадқиқотӣ, лоиҳавию конструкторӣ ва истеҳсолию технологии ташкилотҳо ба мақсади таъмини иҷрои фармоиши мудофиавӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи омодагии сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. истеҳсоли сериявӣ ва таҳвили аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, инчунин маснуоту масолеҳи комплектонӣ;
  4. корҳое, ки барои таъмиру такмил намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, назорати кафолатӣ ва муаллифии ҳолати онҳо, инчунин барои коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз истифода хориҷ карда мешаванд;
  5. корҳо барои сохтан, истеҳсолот ва таҳвил намудани маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) бо шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокичии онҳо  мебошад; (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1150)
  6. Истеҳсоли анҷому амволи ҳарбӣ, хўрокворӣ ва молҳои ғайриозуқавӣ;
  7. корҳои оиди омодагии сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ;
  9. тарҳрезӣ кардан, тайёр намудан, нав кардан ва интишор кардани нақшаю харитаҳои гуногунмасштаби топографӣ;
  10. ҷудо кардани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти мудофиа;
  11. сохтан, таҷдид намудан ва бо таҷҳизоти нави техникӣ таъмин кардани объектҳои иҷрокунандаи асосӣ, ки барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ, аз ҷумла, барои коркарди  партов ва нобуд сохтани  аслиҳа ва техникаи ҳарбии аз истифода  хориҷшаванда пешбинӣ шудаанд;
  12. корҳои дигар барои таъмини қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фармоиши мудофиавӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

  1. номгўӣ (номенклатура) ва миқдори маҳсулоти таҳвилшаванда (корҳо, хизматрасонӣ) ва муҳлати  таҳвили он;
  2. арзиши (нархи) пешбинишавандаи фармоиши мудофиавӣ умуман, инчунин аз рўи бахш ва марҳалаҳои алоҳидаи  татбиқи он;
  3. номгўи фармоишдиҳандаи давлатӣ;
  4. номгўи иҷрокунандаи асосӣ ё иҷрокунандагон. (қҷт аз 15.07.04, №55)

Корҳои доир ба тарҳрезӣ ва истеҳсоли маснуоти масолеҳи комплектонӣ барои таъмини иҷрои фармоиши мудофиавӣ ба корҳои фармоиши мудофиавӣ мансубанд.

Маблағгузори фармоиши мудофиавӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бо роҳи пулҷудокунӣ барои  фармоишдиҳандаи давлатӣ сурат мегирад. Дар ин маврид  маблағҳои  пулии ба иҷрокунандаи асосӣ барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ зарурбуда дар буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида нишон дода мешаванд.

Пардохти таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) аз рўи  фармоиши мудофиавӣ дар асоси  шартҳои қарордоди давлатӣ (қарордод) сурат мегирад.

Маблағе, ки фармоишдиҳандаи давлатӣ ба  иҷрокунандаи асосӣ  медиҳад, танҳо барои пардохти хароҷоти иҷрои фармоиши  мудофиавӣ ва пешпардохти ҳаққи корҳои дахлдор пешбинӣ карда мешавад. Иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) барои ба мақсадҳои дигар истифода будани  маблағҳои зикршуда ҷавобгар аст.

 

Моддаи 5. Тартибдиҳӣ ва ҷойгиронии фармоиши  мудофиавӣ

Фармоиши мудофиавӣ дар  доираи хароҷоти дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои ин мақсадҳо муқарраршуда ва дар назардошти зерин тартиб меёбад:

муқаррароти асосии доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи сесола ё панҷсолаи давлатии тараққиёти саноати  мудофиавӣ, ки тарҳрезӣ ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбиро пешбининамуда, фармоишҳоро барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ (аз ҷумла корҳои оиди  рушди технологияҳои асосии ҳарбӣ), истеҳсоли сериявӣ, таъмир  коркарди  партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз  истифода хориҷ карда мешаванд, сохтмони асосӣ, инчунин тадбирҳоеро, ки  барои таъминоти моддию техникии ин корҳо заруранд, дар бар мегиранд; (қҷт аз 15.07.04, №55)

дархостҳои фармоишдиҳандаҳои давлатӣ;

нақшаҳои сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

барномаҳои ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии онҳо мебошанд;

барномаҳои дигари давлатӣ.

Лоиҳаи фармоиши мудофиавӣ мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани буҷети давлатӣ барои соли дахлдор  ва назардошти  имкониятҳои захиравии  иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси лимитҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 6 моҳ пеш аз оғози давраи дахлдор таҳия карда  мешавад.

Нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиавиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1150)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати бист рўзи баъди мавриди амал қарор  гирифтани Қонун дар бораи  буҷети давлатӣ ва тасдиқи нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиавӣ фармоиши мудофиавиро дар ҳаҷми пурра бо назардошти хароҷоти барои ин мақсадҳо муқарраркардаи буҷети  ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд.

Ҷойгиркунии фармоиши мудофиавӣ аз тарафи иҷрокунандаи  асосӣ сурат мегирад.

Қабул кардани фармоиши мудофиавӣ аз тарафи ҳамаи  ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мақомоти бартариии онҳо дар бозори мол ё монополияи онҳо дар истеҳсоли маҳсулот  (корҳо, хизматрасонӣ) аз рўи фармоиши мудофиавӣ ҳатмӣ мебошад, ба шарте, ки фармоиши  мудофиавӣ дараҷаи фоиданокии муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми истеҳсоли ин намуди маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) таъмин намояд.

Фармоиши мудофиавӣ ва бастани қарордоди давлатӣ (қарордод) оиди корҳои нигоҳдошти иқтидорҳои сафарбарӣ барои ҳамаи ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад, ба шарте, ки ҷойгиркунонии фармоиши мудофиавӣ дар сурати иҷро шудани он зарари иқтисодӣ наорад.

Мувофиқи фармоиши мудофиавии тасдиқшуда супоришдиҳандаи давлатӣ бо иҷрокунандаи асосӣ қарордоди давлатӣ мебандад. Аз ҷониби фармоишдиҳандаи давлатӣ ба даст овардани  маҳсулоти хориҷие, ки  қиёси онро истеҳсолоти ватанӣ дорад, дар ҳолатҳои  мустасно, ҳангоми доштани хулосаи дахлдор аз тарафи иҷрокунандаи асосӣ ё иҷрокунанда бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳ дода мешавад. (қҷт аз 15.07.04, №55)

Моддаи 6. Функсияҳои асосии фармоишдиҳандаи давлатӣ

Фармоишдиҳандаи давлатӣ:

  1. нархи маҳсулотро (корҳо, хизматрасониро) мувофиқа мегардонад, оиди таҳвили маҳулот (корҳо, хизматрасонӣ) қарордоди давлатӣ ё қарордод мебандад; (қҷт аз 15.07.04, №55)
  2. маблағгузории фармоиши мудофиавиро таъмин менамояд;
  3. аз тарафи иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) истифода намудани маблағҳоеро, ки барои иҷрои фармоиши давлатӣ ҷудо карда шудаанд, назорат мекунад;
  4. иҷрои корҳоро чӣ дар давраҳои алоҳида  ва чӣ пурра назорат менамояд;
  5. дар санҷиши намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулотҳои сериявӣ ва инчунин маснуоту масолеҳи комплектонӣ иштирок мекунад:
  6. озмоишҳои давлатии намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ташкил мекунад ва  мегузаронад, барои қабули онҳо ҷиҳати ҷиҳозонӣ (таъминкунӣ) ҳуҷҷатҳои лозимиро тайёр мекунад;
  7. барои истеҳсоли сериявии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои конструкториро тасдиқ менамояд;
  8. маҳсулоти фармоишшударо (корҳо, хизматрасонӣ) қабул мекунад.

Фармоишдиҳандаи давлатӣ дар асоси қарордоди давлатӣ метавонад як қисми вазифаҳои худро ҷиҳати иҷрои фармоиши мудофиавӣ ба ўҳдаи иҷрокунандаи асосӣ вогузорад.

 

Моддаи 7. Функсияҳои асосии иҷрокунандаи асосӣҷрокунанда)

Иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда)

  1. дар тартиб додани фармоиши мудофиавӣ иштирок менамояд;

2.нархи маҳсулотро (корҳои пурра, қисман ва дар давраҳои  алоҳида иҷрошударо) асоснок мекунад;

  1. оиди ичрои фармоиши мудофиавӣ қарордоди давлатӣ (қарордод) мебандад:
  2. иҷрои корҳо, истеҳсоли намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, азхудкунӣ, истеҳсоли сериявӣ ва таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ), назорати муаллифию кафолатии ҳолати аслиҳа ва техникаи ҳарбиро  анҷом медиҳад;
  3. мувофиқати корҳои иҷрошуда, намунаҳои таҷрибавии тайёркардашудаи (комплексҳо, системаҳо)-и аслиҳа, техникаи ҳарбии тайёркардашуда ва маҳсулоти сериявиро ба талаботи стандартҳои давлатӣ, вазифаҳои гузошташудаи тактикию техникӣ (техникӣ)-и супоришдиҳандаи давлатӣ, ҳуҷҷатҳои техникӣ, ҳамчунин характеристикаҳои тактикию техникӣ ва қарордоди  давлатӣ таъмин мекунад;
  4. озмоиши намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳаю техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти сериявиро дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои техникӣ ташкил мекунад ва мегузаронад;
  5. дар рафти ихтироъ, истеҳсол ва таҳвили аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ барои назорати иҷрои корҳо чӣ дар давраҳои  ҷудогона ва чӣ пурра барои фармоишдиҳандаи давлатӣ шароити  мусоид фароҳам меорад;
  6. ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз ҷониби фармоишдиҳандаи давлатӣ ба даст овардани маҳсулоти хориҷие, ки қиёси онро истеҳсолоти ватанӣ дорад, хулосаи  дахлдор  медиҳад.

Дар сурати қатъ гардидани корҳо оиди иҷрои фармоиши  мудофиавӣ, иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) бе розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи барҳам додан ё дигаргун сохтани иқтидорҳои истеҳсолиеро, ки иҷрои фармоиши мудофиавиро таъмин мекунанд, надорад.

Зарареро, ки иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) бо қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабаби истифода набурдани  иқтидорҳои номбаршуда мебинад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳаҷми пуррааш товон менамояд.

 

Моддаи 8. Қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иҷрои  фармоиши мудофиавӣ

Қарордоди давлатӣ (қарордод) чӣ барои иҷрои тамоми маҷмўи корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, истеҳсол, таҳвил, истифода, таъмир, коркарди  партов ва нобуд  кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, чӣ барои  намудҳои алоҳидаи  ин гуна  корҳо баста мешавад.

Сифати маҳсулоте (корҳо, хизматрасонӣ), ки  мувофиқи  қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ таҳвил карда мешавад, бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои нормативию техникӣ ва шартҳои қарордоди давлатӣ (қарордод) мувофиқат намояд.

Шартҳои намунавии қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иҷрои  фармоиши мудофиавӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Қарордодҳо бо шахсони ҳуқуқи хориҷӣ барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ, инчунин барои таҳвили содиротию воридотии маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баста мешаванд.

 

Моддаи 9. Таъминоти  моддию техникии фармоиши  мудофиавӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ташкилотҳое, ки  муҳимтарин намуди захираҳои моддию техникиро таҳвил (истеҳсол) менамоянд, барои иҷрои  фармоиши  мудофиавӣ ҳиссаи  (квотаи ) хатмии ба иҷрокунандаи  асосӣ (иҷрокунанда) таҳвил намудани ин захираҳоро бо нархи ҷории бозори мол муайян  менамояд.

Захираҳои моддию техникӣ мувофиқи ҳиссаи (квота)  муайянгардида танҳо ба иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ таҳвил карда мешавад.

 

Моддаи 10.  Тадбирҳои дастгирии давлатии иҷрои фармоиши мудофиавӣ

Ба мақсади ҳавасмандгардонии ичрокунандаи  асосӣ (иҷрокунанда) мумкин аст пешбинӣ шавад:

ҳангоми иҷрои фармоиши мудофиавӣ додани кафолати дараҷаи фоиданокии бақайдгирифташуда бо истифодаи механизми тартибдиҳии нархи маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) ба намудҳои маҳсулоти (корҳо, хизматрасонӣ) мудофиавие, ки заминаи мустаҳками молиявиро барои таракқӣ додани истеҳсолот, илму техника ва иҷтимоиёти ташкилотҳои иҷрокунандагони  асосӣ (иҷрокунанда) таъмин менамояд;

пешпардохти кварталӣ ё марҳилавии корҳо барои иҷрои  фармоиши мудофиавӣ ба андозаи на камтар  аз чил фоизи арзиши онҳо аз ҳисоби  буҷети чумҳуриявӣ барои маблағгузории фармоиши мудофиавӣ;

ба мақсади бо таҷҳизоти нав таъмин намудан, таҷдид ва васеъ кардани истеҳсолот барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ ба фурўш ё ин ки ба иваз гузоштани молумулки ташкилот ба  истеъмолкунандаи берунӣ ё дохилӣ;

тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) аз пардохти боҷи гумрукӣ аз дастгоҳ ва дигар маҳулоте, ки саноати ватанӣ истеҳсол намекунад ва онҳо ба мақсади бо техникаи нав таҷҳизонидани ташкилотҳо, ки фармоиши мудофиавиро иҷро мекунанд, ворид шудааст.

Ба мақсади ҳалли масъалаҳои бо маблағ таъмин намудани  корхонаҳои мудофиавӣ ва ҳангоми ташкили истеҳсолоти нав, таҷдид, васеъ кардани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, азнавсозии техникӣ, пурра гардондани маблағҳои гардон, ки барои иҷрои ҳатмии фармоиши мудофиавӣ равона карда мешаванд, иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) мумкин аст  мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳои зерин озод бошад:

андози як қисми фоидае, ки  аз иҷрои фармоиши мудофиавӣ ба даст  меояд:

андози замин аз қитъаҳои замине, ки дар онҳо объектҳои  истеҳсолӣ, тадқиқотию илмӣ ва конструкторию технологӣ, объектҳои таъини сафарбарӣ, аз ҷумла комплексу стансияҳои озмоишӣ, машқгоҳҳо ва анборҳои захираҳои давлатию сафарбарӣ воқеанд;

андоз аз амволи барои татбиқи фармоиши мудофиавӣ, объектҳои таъини сафарбарӣ, аз ҷумла комплексу стансияҳои  озмоишӣ, машқгоҳҳо ва анборҳои захираҳои давлатӣ ва сафарбарӣ вобастабуда;

андоз аз арзиши иловашуда аз таҳвили маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) аз рўи фармоиши мудофиавӣ ба фармоишдиҳандаи  давлатӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба мақсади ҳавасмандгардонии иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои дигарро низ пешбинӣ намояд.

Навъу ҳаҷм ва тартиби дастгирии давлатии иҷрокунандаи асосиро (иҷрокунандаро) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  мекунад.

Фармоишдиҳандаи давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар қарордоди  давлатӣ (қарордод) намудҳои дигари ҳавасмандгардониро пешбинӣ намояд.

 

Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои иҷро накардани фармоиши давлатии мудофиавӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, ки Ҳуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, барои татбиқи сиёсати ҳарбию техникӣ, таъмини иҷрои барномаи давлатии тараққиёти саноати мудофиа, тарҳрезӣ ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи  ҳарбӣ, тартиб додани  барномаҳои дигари давлатӣ, мувофиқи  ҳиссаҳо (квотаҳо) бо захираҳои моддию техникӣ ва маблағ сари вақт таъмин намудани иҷрокунандаи  асоси (иҷрокунанда) барои додани пешпардохт ва пардохти  маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) ва иҷрои корҳои дигари фармоиши мудофиавӣ мутобиқи қонун ҷавобгаранд.

Фармоишдиҳандаи давлатӣ барои сари вақт дастраси иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) намудани фармоиши мудофиавӣ, мувофиқи мақсад истифода шудани маблағҳое, ки барои пешпардохти маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои вай ҷудо карда мешаванд, тибқи  қонун ҷавобгар аст.

Иҷрокунандаи  асосӣ  (иҷрокунанда) дар сурати иҷро накардан ё ба  таври бояду шояд иҷро кардани ўҳдадории худ, ки дар  қарордоди давлатӣ (қарордод) пешбинӣ шудааст, аз ҳуқуқҳои  ҳавасмандгардонии иқтисодии дар моддаи 10-и Қонуни мазкур пешбинишуда маҳрум мешавад.

Намудҳои дигари ҷавобгарӣ тавассусти дар қарордоди давлатӣ ва санадҳои қонунгузорӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ муайян карда мешаванд.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999

№ 897

ШАРИКОН: