ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ

(АМОҶТ  с. 1997, № 9, мод. 115; с. 2003, №4, мод. 149, 2004, №2, мод. 45; с.2005, №12, мод. 651; с.2009, №5, мод.339, с.2013, №7, мод.537, №12, мод. 901; с.2016,№3, мод.146)

 

Ин Қонун муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилотҳою иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳоро қатъи назар аз шакли моликияташон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва танзим мекунад. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

ФАСЛИ I.

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон   асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад. (қҷт 22.04. 03 №19)

 

Моддаи 2. Вазифахои Қонуни мазкур

Вазифаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» аз инҳо иборат аст:

— таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт 28.02. 04 №13)

— муайян кардани салоҳият ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои онҳо доир ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ;

— танзими ҳуқуқии фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо,  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин системаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

— муайян намудани ҳуқуқи касбӣ, вазифаҳо ва масъулияти кормандони тиббӣ ва фарматсефтӣ, муқаррар кардани кафолати ҳимояи иҷтимоии онҳо;

— муайян ва муқаррар кардани кафолати риояи ҳуқуқи, инчунин вазифаҳои шаҳрвандон, гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ;

— танзими ҳуқуқии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ.

 

Моддаи 3. Асосҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Ҳифзи саломатии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин амалӣ гардонда мешавад:

— риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар соҳаи ҳифзи саломатӣ  мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт 28.02. 04 №13)

— баланд бардоштани масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои онҳо, корхонаҳо муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликияташон ашхоси мансабдор борои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ; (қҷт 28.02. 04 №13)

— мунтазам тараққӣ додани бунёди иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолии ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳтар бо маблағ таъмин намудани системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ;

— инкишоф додан ва ҳавасманд гардондани асоси афзалиятноки чораҳои пешгирӣ аз бемориҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ, мубориза бо касалиҳо;

— тарғиботи васеи роҳҳои пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани дониши тиббию санитарии аҳолӣ;

— тарбияи ҷисмонӣ ва гигиении шаҳрвандон; (қҷт 28.02. 04 №13)

— амалӣ гардондани чорабиниҳои соҳавию байнисоҳавӣ дар соҳаи пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин корхонаҳо муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликияташон; (қҷт 28.02. 04 №13)

—  таъмини аҳолӣ бо кўмаки тиббию санитарии ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт 28.02. 04 №13)

— инкишоф додани самтҳо ва хадамоти афзалиятноки системаи  давлатии нигаҳдории тандурустӣ, таҳия кардан ва амалӣ гардондани барномаҳои мақсаднок доир ба масъалаҳои муҳимтарини ҳифзи саломатии аҳолӣ;

— гузариш ба системаи бисёршакли (давлатӣ ва ғайридавлатӣ) нигаҳдории тандурустӣ; (қҷт 28.02. 04 №13)

— инкишоф додани илм, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва баландихтисоси тиббӣ;

— истифодаи дастовардҳои илму техника ва амалияи тиббӣ дар фаъолияти муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ;

— инкишоф додани шабакаи муассисаҳои санитарию курортӣ, профилакторияҳо, хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, базаҳои туристӣ ва дигар муассисаҳо барои табобату истироҳати шаҳрвандон; (қҷт 28.02. 04 №13)

—  андешидани тадбирҳо барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм; (қҷт 28.02. 04 №13)

— иштироки ташкилоту ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ;

— иштироки аҳолӣ дар муҳофизат, нигаҳдорӣ ва мустаҳкам кардани саломатии худ ва саломатии атрофиён.

 

Моддаи 4. Салоҳияти мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ

Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт 22.04. 03 №19)

— қабул кардан, тағйир додан ва бекор намудани санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

— тасдиқ намудани ҳиссаи хароҷот барои нигаҳдории тандурустӣ дар сохтори буҷети давлатӣ;

— тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

—  мқаррар ва таъмин намудан, гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ даар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигоҳдории тандурустӣ,  дастгирии давлатии рушди соҳа; (қҷт 28.02. 04 №13)

— муқаррар кардани сохтори мақомоти идораи системаи давлати нигаҳдории тандурустӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти онхо;

— муайян кардани хиссаи хароҷот барои нигаҳдории тандурусти ҳангоми ташаккул додани буҷети давлатии ҷумҳурӣ ва фондҳои мақсадноке, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ таъин шудаанд;

— идораи амволи давлатӣ, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ истифода мешавад;

—  андешидани тадбирҳо барои солимгардонии муҳити зист, аз ҷумла барои таъмин намудани бехатарии экодогӣ ва радиатсионӣ, муҳофизати табиат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт 28.02. 04 №13)

— ташкили системаи муҳофизати санитарии ҳудуди ҷумҳурӣ, таъмини назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, таҳия ва тасдиқ намудани қоидаю меъёрҳои ҷумҳуриявии санитарӣ ва меъёрҳои гигиенӣ;

— амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки барои муҳофизати ҳаёти одамон ва ҳимояи саломатии онҳо ҳангоми вазъи фавқулодда равонакарда шудаанд;                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           —  таъмини сиёсати ягонаи техникии соҳаи саноати  ва тиббӣ, тасдиқи намунаҳои (стандартҳои) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои техникии маҳсулоти таъиноти тиббӣ, ташкили назорат ба риояи онҳо;

— муқаррар намудани системаи ягонаи давлатии ҳисоби оморӣ ва ҳисобот дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

— таҳияи системаи ягонаи давлатӣ, меъёрҳои ягона ва барномаҳои тайёр кардани кадрҳои тиббӣ ва фарматсефтӣ, муайян намудани феҳристи ихтисосҳо дар нигаҳдории тандурустӣ, муқаррар кардани имтиёзҳои асосии кормандони системаи нигаҳдории тандурустӣ;

— муайян кардани феҳрист ва тартиби асосии кори муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ, таҳия ва тасдиқи низомномаю меъёрҳои ягонаи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ;

таҳия, тасдиқ ва татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ кўмаки тиббию санитарии ройгон, инчунин барномаи асосии суғуртаи ҳатмии тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар намудани намунаҳои (стандартҳои) сифати ёрии тиббӣ ва назорат ба риояи онҳо; (қҷт 28.02. 04 №13)

— ҳамоҳангсозии  фаъолияти мақомоти хокимияти иҷроия инчунин системаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии нигаҳдории тандурустӣ дар масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ; (қҷт 28.02. 04 №13)

—  муқаррар намудани тартиби гузаронидани экспертизаҳои тиббӣ;

— муқаррар намудани Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда; (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1293)

— муқаррар кардани тартиби додани иҷозатнома ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсефтӣ;

—  ҳамоҳангсозии татқиқотҳои  илмӣ, бо маблағ таъмин кардани барномаҳои ҷумҳуриявии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ; (қҷт 28.02. 04 №13)

— ҳамкории  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ.

 

Моддаи 5.  Идоракунии мақомоти  ҳифзи саломатии аҳолӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қҷт 28.02. 04 №13)

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии аҳолиро мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатӣ дар мамлакат, фаъолияти муассисаҳои ҷумҳуриявии тиббӣ, таълимӣ ва тадқиқоти илмии тиббӣ ва донишкадаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ роҳбарӣ мекунад, вазъи ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаҳдории тандурустиро таҳлил карда, сиёсат ва стратегияи онро таҳия менамояд; якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо фаъолияти мақомот ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустиро назорат ва мутобиқ менамояд, сифати расондани  ёрии тибию санитарӣ  санитарӣ ва дорувориро аз тарафи муассисаҳои тобеи идоравӣ, муассисаҳои системаи хусусии нигаҳдории тандурустӣ назорат мекунад ва барои ҳолат ва инкишофи нигаҳдории тандурустӣ масъулият дорад. (қҷт. 19.05.2009  №532) (қҷт аз 22.07.13, №1009)

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оиди масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ

Вазифаҳои зерин оиди масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд:

— назорат ба риояи қонунҳои соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

— ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ;

— ташаккул додани буҷети худӣ барои нигаҳдории тандурустӣ, фондҳои мақсадноке, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҳудуди худӣ, аз ҷумла тайёр кардани кадрҳои тиббӣ ва ташкили тадқиқоти илмӣ оиди масъалаҳои муҳими саломатии аҳолии сокини ҳудуди тобеи идора, таъин шудаанд;

— ташаккул додани мақомоти идоракунӣ, инкишоф додани шабака ва мустаҳкам кардани бунёди моддию техникӣ, бо доруворӣ, техникаи-тиббӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ таъмин кардани муассисаҳои ҳудуди системаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ, муайян намудани хусусият ва ҳаҷми фаъолияти онҳо мутобиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигоҳдории тандурустӣ; (қҷт 28.02. 04 №13)

— ташкили ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, дигар намудҳои кўмаки тибию санитарӣ, таъмини дастрасии он ба аҳолӣ, назорат ба риояи намунаҳои сифати  кўмаки тибию санитарӣ, таъмини шаҳрвандон бо доруворӣ ва маснуоти тиббӣ дар ҳудуди тобеи идора; (қҷт 28.02. 04 №13)

—  муҳайё сохтани шароит барои инкишофи фаъолияти хусусии тиббӣ; (қҷт 28.02. 04 №13)

— таъмини  аманияти санитарию эпидемиологӣ, аҳолӣ ва шароит барои амалӣ гардондани назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳудуди тобеи идора; (қҷт 28.02. 04 №13)

— ошкор намудани омилҳое, ки ба саломатиии аҳолӣ таъсири бад мерасонанд ва гузаронидани чорабиниҳо барои бартараф сохтани онҳо, амалӣ гардонидани чорабиниҳои пешгирӣ аз бемориҳо, санитарию гигиенӣ, зиддиэпидемӣ ва ҳифзи табиат;

— ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ дар доираи ваколатҳояшон, назорати сифати ёрии тиббию санитарӣ дар системаи нигаҳдории тандурустии ғайридавлатӣ дар ҳудуди тобеи идора; (қҷт 28.02. 04 №13)

—  ҳифзи муҳити атроф ва таъмини бехатарии экологӣ: (қҷт 28.02. 04 №13)

— таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳудудии инкишофи нигаҳдории, тандурустӣ ва барномаҳои оиди масъалаҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла барномаҳое, ки ба мақсадҳо ва вазифаҳои барномаҳои миллӣ, ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва байнисоҳавии мубориза бо касалиҳо асос ёфтаанд;

— таҳия ва татбиқи барномаҳои баланд бардоштани дониши тиббию санитарӣ ва тарбияи санитарию гигиении аҳолӣ, истифода кардани ҳамаи шаклу усулҳо, инчунин воситаҳои ахборот;

— таъмини шароитҳои зарурии моддию техникӣ ва дигар шароитҳо, барои кори муассисаҳои ниагаҳдории тандурустии давлатии тобеи идора;

боз доштани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  қатъи назар аз шакли моликият, ки дар ҳудуди тобеи идора мавҷуд буда, талаботи ҳифзи саломатии аҳолиро риоя намекунанд;

иҷрои дигар вазифаҳои идоракунии системаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (қҷт 22.04.03 №19)    

 

Моддаи 7. Масъулияти мақомоти давлатӣ оиди ҳифзи саломатии аҳолӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои таъмини шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар шароитҳои фаъолияти ҳаёти аҳолӣ, ки ба ташаккул ёфтан ва ҳифзу мустаҳкам шудани саломатии аҳолӣ, беҳбудии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳо ва инкишофи нигаҳдории тандурустӣ мусоидат менамоянд, масъул мебошад. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 8. Масъулияти  корфармоён ва ашхоси мансабдор барои ҳифзи саломатии аҳолӣ

Корфармоён сарфи назар аз шаклҳои моликият ва ашхоси мансабдор барои чорабиниҳои зерин масъул мебошанд: (қҷт 28.02. 04 №13)

амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳит, пешгирии бемориҳо; (қҷт 28.02. 04 №13)

— фароҳам овардани шароити меҳнат, маишат ва истироҳати кормандон;

— риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои нигаҳдории биноҳои истеҳсолӣ ва ҳудуд;

— ба маълумоти коргарон ва аҳолӣ расондани ахборот дар бораи омилхои зарарноки истехсолот;

— муҳайё кардани шароит, таҳия ва истифодаи системаи ҳавасмандкунонии маънавӣ ва моддии кормандоне, ки тарзи солими ҳаёт ба сар мебаранд;

— зараре, ки ба саломатии шахсони алоҳида расонда шудааст;

— вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ҳамаи хароҷоти муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ вобаста ба табобат ва барҳам додани бемориҳо ва латхурӣ, ки бо гуноҳи ашхоси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон ва воқеӣ расонда шудааст, аз ҷониби онҳо дар ҳаҷми пурра ба фоидаи мақомот ва муассисаҳои дахлдори нигаҳдории тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 9. Корҳои пешгирӣ оиди ҳифзи саломатии аҳолӣ

Кори пешгирӣ оиди ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби давлат ва ҳамаи ашхоси ҳуқуқй, сарфи назар аз шакли моликияташон ва воқеӣ, бо роҳи амалӣ намудани чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар чорабиниҳо, ки барои рафъи омилу шароитҳои барои пайдоиши бемориҳои ба саломатии шаҳрвандон зараррасон мусоидаткунанда равона гардидаанд, ба ҷо оварда мешаванд. Барои пешгирии бемориҳо шахрвандон фаъолона ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Иштироки идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ  дар ҳифзи саломатии аҳолӣ         

Идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо дар таъмини ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ иштирок менамоянд, донишҳои тиббӣ ва гигиениро тарғиб мекунанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 11. Системаи давлатиии нигаҳдории тандурустӣ. Инкишофи шабакаи муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ

Ба системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ инҳо дохил мешаванд:

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дахлдори сохтори мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо;

—  муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи беморӣ, солимии репродуктивӣ ва табобатию барқарорсозӣ, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, илмию тадқиқотӣ ва таълимии тиббӣ корхонаҳо ва муассисаҳои фармасевтӣ, экспертизаи судию тиббӣ, техникаи тиббӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ, дигар корхона ва муассисаҳои таъминоти моддию техникӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳо барои нигаҳдории тандурустӣ, ки моликияти давлатӣ буда, ба мақомоти идораи системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ тобеъ мебошанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

— муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо ва дигар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии сохтори дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ихтиёри худ чунин муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ дошта метавонанд ва вазифадор ҳастанд, ки онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва санадҳои меъёрии ба назаргирифтаи хусусияти хоси фаъолияташон идора намоянд, мансуб мебошанд.

Инкишофи хадамоту шабакаҳои муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ дар асоси сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ сурат мегирад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Ҳангоми ба лоиҳа гирифтан ва сохтани маҳалои аҳолинишин, корхонаҳо ва дигар иншоотҳо бояд сохтмони муассисаҳо зарурии нигаҳдории тандурустӣ, биною иншоотҳои варзишӣ пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 12. Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ 

Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои ҷумҳуриявии давлатии табобатию пешгирии бемориҳо, дигар муассисаю корхонаҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тобеи идоравиро вазорату идораҳои дахлдор ва дар маҳалҳо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

ФАСЛИ II.

БА ФАЪОЛИЯТИ ТИББӢ ВА ФАРМАТСЕВТӢ  МАШҒУЛ  ШУДАН

 

Моддаи 13. Ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсефтӣ машғул шудан

Барои ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсефтӣ машғул шудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқ доранд, ки маълумоти олии тиббӣ ё миёнаи тиббӣ ва фарматсефтӣ гирифта, диплом ва унвони махсус доранд ва барои машғул шудан бо намуди муайяни фаъолияте, ки феҳристи онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, инчунин сертификати мутахассис ва иҷозатнома доранд.

Сертификати мутахассис дар асоси маълумоти тиббӣ, фармасевтӣ ва санҷиш, ки комиссияи марказии аттестатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад, дода мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Тартиб ва талаботи додани сертификат, тартиби гирифтани таҳсилоти касбии баъдаздипломӣ барои мутахассисони тиббию фармасевтӣ, инчунин тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фармасевтиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоя. (қҷт 28.02. 04 №13); (қҷт 28.12. 05 №138)

Шахсоне, ки таҳсилоти тиббӣ ё фармасевтӣ дошта, дар давлатҳои хориҷӣ диплом гирифтаанд, инчунин шахсони хориҷии ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба фаъолияти тиббӣ ё дорусозӣ дар системаҳои давлатӣ ё хусусии нигаҳдории тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Кормандони тиббӣ ва фармасевтӣе, ки аз рўи ихтисоси худ зиёда аз се сол кор накардаанд, ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсефтӣ танҳо баъди таҷрибаомузӣ ва тасдиқ намудани ихтисоси худ бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд.

Дахолат ба фаъолияти касбии кормандони тиббӣ ва  фарматсефтӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва дигар мақомот (ба истиснои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии идоракунии он), муассисаю ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон манъ аст, ба истиснои мавридҳои риоя накардани вазифаҳои касбиашон аз ҷониби кормандони тиббӣ ва фарматсефтӣ.

Шахсоне, ки ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсефтӣ гайриконунӣ машғул мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсефтӣ бо тартиби суди сурат мегирад.

Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи давлатии тандурустӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳо ва  мақомоти сертификатсионии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия карда мешаванд. Тартиби гузаронидани аккредитатсияи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи тандурустиро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (қҷт.аз  28.12.13,№1057)

Моддаи 14. Системаи хусусии нигахдории тандурустй. Фаъолияти хусусии тиббй. Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ

Ба системаи хусусии нагаҳдории тандурустӣ  ташкилотҳои табобатию пешгирии бемориҳо, дорухонаҳо, илми тадқиқотӣ ва таълимие дохил мешаванд, ки  бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъи таъсис дода мешаванд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Фаъолияти хусусии тиббӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» амалӣ мегардад. (қҷт 28.02. 04 №13).

Қисми сеюм хориҷ карда шудааст. (қҷт 28.12. 05 №138)

Сифати расонидани  кўмаки тибию санитарӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шуъбаҳои) нигаҳдории тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо назорат карда мешавад.

Қисмҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нўҳум хориҷ карда шудааст. (қҷт 28.12. 05 №138)

 

 Моддаи 15. Ҳуқуқи машғул шудан ба тибби халқӣ

Ҳуқуқи машғул шудан ба тибби халқӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби халқӣ» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ 28.12.05 №138)

 

Моддаи 16. Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Шахсоне, ки  муассисаи таълимии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, дипломи табибиро гирифтаанд, савганди табибӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёд мекунанд: (қҷт 28.02. 04 №13)

«Ман хатмкунандаи  муассисаи таълимии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дипломи табибиро гирифта, ба фаъолияти табибӣ шурўъ менамоям ва тамоми аҳамияти вазифаҳоеро, ки ин унвон ба зиммаи ман мегузорад, дарк намуда, савганд ёд мекунам, ки: (қҷт аз 28.02. 04 №13)

вориси сазовори олим ва табиби бузург Абуалӣ ибни Сино бошам;

тамоми донишу қувваамро ба ҳифз ва беҳтар кардани саломатии инсон, пешгирӣ ва табобати бемориҳо бахшам, дар ҳар ҷое, ки манфиатҳои одамон тақозо дорад, софдилона меҳнат кунам;

барои кўмак ба одамони мўҳточи табобат ҳамеша тайёр бошам, ба бемор бодиққат ва ғамхорона муносибат намоям, сирри табибиро муқаддас нигоҳ дорам ва маҳорати табибиро ба мақсади бад истифода накунам;

дониши тиббии худро мунтазам такмил диҳам, бо меҳнати худ ба инкишофи илму амалия мусоидат намоям;

агар манфиати бемор такозо кунад, барои маслиҳат ба ҳамкорон муроҷиат намоям ва худ низ маслиҳату кўмакамро ба онҳо дареғ надорам;

анъанаҳои тибби халқиро ҳифз кунам ва инкишоф диҳам, дар тамоми фаъолияти худ аз рўи меъёрҳои ахлоқи умумибашарӣ амал кунам, вазифаи олии ворисони Синоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорам;

қавл медиҳам, ки ба ин савганд умрбод содиқ бошам!»

Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантананок ёд карда мешавад. Дар диплом дар бораи ёд кардани савганд қайди махсус гузошта мешавад.

Табибон барои шикастани савганд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Ҳимояи иҷтимоии кормандони нигаҳдории тандурустӣ

Кормандони соҳаи тиб ва фармасевтӣи системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Қонун барои дар навбати аввал гирифтан ва беподош хусусӣ кардани манзил ҳуқуқ доранд.

Кормандони соҳаи тиб ва фармасевтӣ системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ ва аъзои оилаи онҳо бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизмати коммуналӣ бепул таъмин карда мешаванд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Ҳангоми ба нафақа баромадани кормандони мазкур имтиёзҳои дар ҳамин модда зикрёфта нигоҳ дошта мешаванд.

Ба кормандони системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ, ки фаъолияташон бо сафар кардан алоқаманд аст, аз ҳисоби маблағи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҳуқуқи рафту омади бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ (ғайр аз такси) дода мешавад, Феҳристи чунин кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ба кормандони тиб ва фармасевтӣи системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ, ки барои кор ба деҳот фиристода мешаванд ё ба хоҳиши худ аз рўи шартнома ба он ҷо ба кор мераванд, ҳуқуқи истифодаи манзил дар ҷои зисти доими дар давоми иҷрои кор  дар муассисаи нигаҳдории тандурустии деҳот боқи мемонад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Барои кормандони тиббии системаи давлатии нигаҳдории тандуристӣ, ки ҳангомӣ иҷрои вазифаи бевоситаи хизматиашон ҳалок шудаанд, ва хешу табор ё наздикони марҳум, ки дар таъминоти ў мебошанд, ба андозаи музди меҳнати панҷсола кўмакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби пардохти кўмакпулиро Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ҳодисаҳои беморшавӣ ва гум кардани қобилияти корӣ дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои касбӣ, ки боиси маъюбӣ гашта бошад, ки онро комиссияи экспертии тиббии меҳнат муқаррар намудааст, ба бемориҳои касбӣ баробар дониста мешаванд.

Ҳангоми ба кормандони системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ додани рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ барои онҳо ба андозаи як моҳонаи миёна ёрдампулии табобатӣ дода мешавад.

Ғайр аз имтиёзҳои барои кормандони системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроия (ҳукуматҳо) имтиёзоти дигар низ муқаррар шуда метавонанд.

Корхонаю муассиса, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчунин соҳибкорон ҳам метавонанд барои кормандони системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намоянд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Кормандони нигаҳдории тандурустӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои касбиашон хизмати шоиста кардаанд, вазифаашонро софдилона ва аниқ ба ҷо меоваранд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои сарфароз гардондан ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ карда мешаванд.

Шаъну шарафи кормандони тиббӣ ва фарматсефтӣ, ҳуқуқҳои касбӣ ва иҷтимоии онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Вазифаҳои касбии кормандони тиб ва фарматсефтӣ

Кормандони тиб ва фарматсефтӣ дар асоси меъёрҳои башардўстонаи одобу ахлоқи тиббие, ки муносибати кормандони тиббиро бо беморон, хешу табори онҳо ва байни худҳошон танзим мегардонанд, фаъолият мекунанд.

Кормандони тиб ва фарматсефтӣ вазифадоранд, ки донишу малакаҳои касбии худро мунтазам такмил диҳанд.

Кормандони тиб ва фарматсефтӣ ҳангоми зарурат ба шаҳрвандон бояд ёрии таъҷилии тиббӣ расонанд ва барои нарасонидани чунин ёрӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҷавобгарӣ қарор мегиранд.

Кормандони тиббӣ ва  фарматсефтӣ  вазифадоранд, ки:

— дар фаъолияти худ комёбиҳои имрўзаи илму техникаи тиббӣ ва фармасевтӣро ба манфиати беморон истифода намоянд;

ба амале, ки бар зарари саломатии шаҳрванд бошад, роҳ надиҳанд;

— меъёрҳои одобу ахлоқи тиббиро риоя намоянд, нисбати беморон бораҳму шафқат бошанд, аз амале, ки ба иҷрои вазифаҳои меҳнатии кормандони дигар халал мерасонад худдорӣ кунанд;

— ба шаҳрвандон дар кўча ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ ва дар хона, дар ҳама ҳолатҳое, ки имкони расондани ёрии саривақти муқаррарӣ (ёрии таъҷилӣ, ёрӣ ба бемори хона ва ғайра) вуҷуд надорад, ёрии аввалияи тиббӣ расонанд;

— сирри тиббӣ, маълумоти аобаста ба аҳволи саломатӣ, беморӣ, ҳаёти оилавӣ ё худ дигар маълумоти хусусиро ошкор накунанд. Масъалаи аз худи бемор пинҳон доштани сирри тиббиро дар ҳар ҳолати мушаххас табиб ба манфиати бемор ҳал мекунад. Масъулиятро барои нигоҳ доштани сирри тиббӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

— ба мақомоти нигаҳдории тандурустӣ, агар ҳифзи саломатии аҳолӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда инро талаб кунад, инчунин бо қарори мақомоти тафтишот ва таъиноти суд барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон маълумот диҳанд;

— дар амалияи тиб усулҳои пешгирӣ, ташхис ва табобат, доруворӣ ва воситаҳои дигарро, ки бо тартиби муқарраргардида ба истифодаи онҳо иҷозат дода шудааст, истифода намоянд;

— ба аҳолӣ дар сатҳи тараққиёти ҳамон соҳаи тиб, ки дар он таълими махсус гирифтаанд, бо истифодаи воситаву имкониятҳояшон  кўмаки тибию санитарӣ  расонанд;

— таъсири суханони табибро ба рўҳияи бемор то ҳадди имкон бештар истифода намоянд, ба рафторе (ба тариқи имову ишорае бо сухан ва ғайра), ки ба бемор ва наздикони ў таъсири манфӣ мерасонад, роҳ надиҳанд, ҳангоми ҳамсўҳбат шудан бо бемор ва хешу ақрабои ў меъёрҳои деонтологияи тиббӣ (вазифаҳои касбӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ)-ро қатъиян риоя намоянд.

 

Моддаи 19. Такмил додани дониши касбии кормандони тиб ва фамасевтӣ

Кормандони тиб ва фамасевтӣ вазифадоранд, ки дониши касбии худро мунтазам такмил диҳанд.

Ба зиммаи мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ таҳия ва гузаронидани тадбирҳо оид ба таёйрии баъдаздипломии кормандони тиб ва фармасевтӣ гузошта мешавад.

Тартиби таълими муттасили баъдаздипломии кормандони тиб ва фармасевтиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 20. Масъулияти кормандони тиб ва фарматсефтӣ

Кормандони тиб ва фарматсефтӣ барои зараре, ки ба саломатии шаҳрванд расонидаанд, вазифаҳои касбиашонро вайрон кардаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маънавии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд, ба шарте, ки барои ин вайронкуниҳо аз рўи қонун ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар нашуда бошад.

 

Моддаи 21. Ҷамъиятҳои касбии тиббӣ

Кормандони тиб ва фарматсефтӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани ҷамъиятҳои касбии тиббӣ ҳуқуқ доранд.

 

ФАСЛИ III.

ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

 

Моддаи 22 . Ҳуқуқи шаҳрвандон ба  ҳифзи саломатӣ, таъмини  иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ва гум кардани қобилияти корӣ (қҷт аз 28.02. 04 №13)

 Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ доранд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ кўмаки тиббию санитарии ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад. Дар дигар ҳолатҳо ба шаҳрвандон кўмаки тиббию санитарӣ дар корхонаҳо ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ бо тартиби муқаррнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи шахсони воқеъӣ ва ё ҳуқуқӣ расонида мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Шаҳрвандон ба интихоби озоди муассисаи тиббй ва табиб ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандон бо ёрии таъҷилии тиббии ҳар муассисаи наздиктарини табобатию пешгирии беморӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ, ҳудудӣ ва ҳамчунин шакли моликият, мутобиқи ҳамн Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Тартиби расондани ёрии табобатию пешгирии бемориро дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо салоҳдиду майли худ аз хизматӣ музднокӣ муассисаҳои хусусии тиббӣ ва табибони таҷрибакори ҷусусӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекуканд, истифода мебаранд.

 Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобиляти корӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 23. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба беҳбудии экологӣ, амнияти санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ (қҷт 28.02. 04 №13)

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудии экологӣ, амнияти санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ ҳуқуқ доранд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Ин ҳуқуқро давлат бо роҳи беҳдошти муҳити мусоиди зист, ки ба аҳволи саломатии наслҳои имрўзаю оянда таъсири манфӣ намерасонад, таъмин менамояд.

Моддаи 24. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини  доруворӣ, кўмаки ортопедӣ ва протезӣ (қҷт 28.02. 04 №13)

Шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон ба гирифтани  доруворӣ, кўмаки ортопедӣ ва протезӣ ҳуқуқ доранд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Гурўҳи шахсонеро, ки ба таъминоти имтиёзноки доругӣ, ортопедӣ ва узвҳои сунъӣ, маснуоти имдодӣ, асбобҳои шунавоӣ, воситаҳои арзиши табобатӣ ва воситаҳои махсуси ҳаракаткунӣ ҳуқуқ доранд, инчунин шарту шароит ва тартиби таъминоти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддай 25.  Хориҷ шуд. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1293)

 

Моддай 26. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобатӣ санаторию курортӣ, ба истифодаи муассисаҳои солимгардонӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода кардани муассисаҳои санитарию курортӣ, хонаҳои истироҳат, муассисаҳои муоличавӣ ва пешгирии беморӣ, пансионатҳо, базаҳои туристӣ, иншоотҳои варзиш ва муассисаҳои дигари солимгардонӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Барои табобат мувофиқ будан ё набуданро дар ҳамаи курорту санаторияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Тартиби интихоби тиббии беморон ва равон кардани онҳоро ба табобати курортию санаторӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мувофиқаи Шўрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон муқаррар менамояд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддай 27. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани маълумот оиди аҳволи саломатӣ ва омилҳое, ки ба саломатӣ таъсир мерасонанд

Шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти зарурӣ оиди аҳволи саломатии худ ва фарзандонашон ҳуқуқ доранд. Агар ин маълумот ба бемор сахт зарар мерасонида бошад, он аз бемор махфӣ нигоҳ, дошта мешавад

Маълумот дар бораи аҳволи саломатии бемор аз тарафи табиби муоина ва муолиҷакунанда, ҳамчунин мудири шуъба ва сартабиби муассисаи табобатӣ ва пешгирии беморӣ, ки дардмандро муоина ва муолиҷа мекунанд, пешниҳод карда мешавад.

Шаҳрвандон, оиди пешгирӣ, ташхису муолиҷаи беморӣ, дараҷаи бемории аҳолӣ, оиди омилҳое, ки ба саломатии онҳо таъсир мерасонанд, аз ҷумла оиди ҳолати муҳити зист, шароити кору маишат ва истироҳат ба гирифтани маълумот аз мақомот, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ҳақ доранд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 28. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани товони зараре, ки ба саломатии онҳо расидааст

Шаҳрвандон ба гирифтани товони зарар, аз ҷумла зарари маънавие, ки давлат, шахсони  воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ё шахсони дигар ба саломатии онҳо расондаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Ҷуброни товони зарар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гуннаҳкоронро аз ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноӣ озод намекунад.

 

Моддаи 29. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани  кўмаки тибию санитарӣортопедию протезӣ дар мамлакатҳои дигар

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кўмаки тибию санитарӣ,   ортопедию протезӣ дар мамлакатҳои дигар ҳуқуқ доранд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Мақомоти давлатӣ вазифадоранд аз рўи хулосаи муассисаҳои махсусуси тиббӣ оиди зарурати чунин ёрӣ барои гирифтани он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёҷмандон мусоидат кунанд.

 

Моддаи 30. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои  даст кашидан аз муоина ва табобат (қҷт  28.02. 04 №13)

Шаҳрвадон ва намояндагони қонунии онҳо ҳақ доранд, дар ҳар марҳила аз муоина ва табобат, ба истиснои занони ҳомила ва ноболиғон, ҳамчунин беморҳое, ки номгўи онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, даст кашидан кунанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Барои саркашӣ кардан аз муоинаву табобат забонхат гирифта мешавад.

 

Моддаи 31. Ҳуқуқҳои бемор

Бемор ҳангоми муроҷиат кардан ба  кўмаки тибию санитарӣ ва гирифтани он ба инҳо ҳуқуқ дорад;

— ба муносибати эҳтиромона ва башардустонаи кормандони тиб ва хизматгузорон;

— ба интихоби табиб, аз ҷумла табиби оилавӣ ва табобаткунанда, бо ризояти ў;

— барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қонунии ў;

ба меъёрҳои дигари нисбати шаҳрвандон (беморон) пешбиникардаи ҳамин Қонун.

 

Моддаи 32. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа ва гурезагон дар соҳаи ҳифзи саломати дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа ва гурезагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ тибқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу ўҳдадориҳо доранд.

 

Моддаи 33. Ҳуқуқи модар ба ҳифзи саломатӣ

Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи махсуси давлат мебошад. Барои занон шароит муҳайё карда мешавад, ки дар баробари кор кардан модар ҳам бошанд, ҳифзи ҳуқуқӣ, дастгирии моддӣ ва маънавии модар таъмин карда мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Ҳифзи сиҳатии модар бо:

— ташкили шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ;

— манъи татбиқи меҳнати зан дар корҳои зеризаминӣ ва ҳамчунин дар корхонаҳои корашон вазнин ва барои саломатӣ зараровар;

— кор ёфта додан ба занони ҳомила дар шароите, ки ба хусусиятҳои физиологӣ ва аҳволи саломатии онҳо мувофиқ аст; (қҷт 28.02. 04 №13)

— беҳтару гуворо кардани шароити меҳнату маишат;

— андешидани тадбирҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ ва додани имтиёзоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;

— амалӣ гардонидани чораҳои беҳдошти муҳити зист, барҳам додани омилҳои манфии экологӣ, ки ба (ҳуҷайраҳои ҷинсии) аҳолӣ  таъсир расонда, боиси таваллуди кўдакони дардманд ва сусту заиф, бемории рўзафзуни замон мегарданд;

— кўмаки давлатӣ ва ҷамъиятй ба оила ва тадбирҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Ба ҳар зан дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ  кўмаки тиббӣ расонида мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Занон дар давраи ҳомиладорӣ ва баъди таваллуди кўдак бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кўмакпулӣ ва рухсатии бамузд ҳуқуқ доранд.

Тавсияномаҳо барои бо кори муносиб таъмин кардани занони ҳомила, ки вазорату идораҳо ҳамроҳи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи дахлдор ва бо мувофиқаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хулосаҳои бо тартиби муқарраргардида додаи муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ барои маъмурияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, қатъи назар аз шакли моликият, ҳатмӣ мебошанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Ба зан ҳуқуқ дода мешавад, ки масъалаи модар шуданашро худаш ҳал кунад.

Бо хоҳиши зан ҷиҳати ҳифзи саломатиаш усулу воситаҳои ҳозиразамони зидди ҳомиладорӣ истифода бурдан мумкин аст, ки онҳо ҳомилашавии номатлуби ўро пешгирӣ менамоянд. Тартиби татбиқи усулу воситаҳои зидди ҳомилашавиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Барои зан бо роҳи тиббӣ (ҷарроҳӣ) безурриёткунӣ мувофиқи ризояти хаттии ҳамсарон ҳамчун усули пешгирии доимии ҳомилашавӣ ва барои зани бешавҳар, ихтиёрӣ дар асоси забонхаташ сурат гирифта метавонад.

Рўйхати нишондиҳандаҳо ва тартиби бо роҳи тиббӣ (ҷарроҳӣ) безурриётгардониро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ғайриқонунӣ бо роҳи тиббӣ (ҷарроҳӣ) безурриёткунӣ мавриди ҷавобгарии ҷиноии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода мешавад.

Қатъи сунъии ҳомиладорӣ, аз ҷумла аз рўи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, бо хоҳиши зан дар давраи ҳомиладорие, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ гардонида мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Рўйхати нишондиҳандаҳои тиббӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўйхати нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ бо низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Тартиби гузаронидани ҷарроҳии қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.                                                      

Гузаронидани қатъи ғайриқонунии ҳомиладорӣ мавридӣ ҷавобгарии ҷиноӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, қарор мегирад.

Масъалаҳои вобаста ба солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» танзим карда мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 34. Ҳуқуқи кўдакон ба ҳифзи саломатӣ

Давлат ҳуқуқу манфиатҳои кўдаконро ҳифз менамояд, ҳуқуқи онҳоро ба шароити зиндагӣ, ки барои такомули ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, ахлоқию иҷтимоӣ заруранд, таъмин мекунад.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ ва кўдаконаро инкишоф медиҳанд, барои офияту саломатии кўдакони ин муассисаҳо масъуланд.

Кўдакон бояд давра ба давра ҳатман муоинаи тиббӣ шаванд ва таҳти мушоҳидаи доимии диспансерӣ бошанд. Бар зидди бемориҳое, ки бо доруҳои (ваксинаҳои) бо тартиби муқарраргардида иҷозат дода шуда пешгирӣ карда мешаванд, эм карда шаванд. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ, мушоҳидаи доимии диспансерӣ ва вақти эмкуниро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, мақомоту муассисаҳои нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Кўдакони мубталои иллатҳои ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ ба ёрии тиббию иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ва онҳо бо хоҳиши падару модарон, васиёну сарпарастон дар кўдакистонҳои махсус, мактаб-интернат, хонаи бачагон ва хонаи-итернатҳои кўдакон аз ҳисоби давлат тарбия ёфта метавонанд. Рўйхати нишондиҳандаҳо ва зиддинишондиҳандаҳои тиббию иҷтимоиро барои ҷойгир кардани ин кўдакон ба муассисаҳои мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя муқаррар менамоянд. (қҷт аз 22.04. 03 №19); (қҷт 28.02. 04 №13)

Агар кўдакони бемор дар беморхона табобат ёбанд, ба модар (падар) ё шахси дигари бевосита ба кўдак нигоҳубинкунанда имконият дода мешввад, ки ҳамроҳи кўдак дар ин муассисаи табобатӣ буда, ба ў нигоҳубин намояд ва ба ин шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмакпулии дахлдор дода мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Тартиби дар муассисаҳои табобатӣ барои нигоҳубини кўдакони бемор мондани ин шахсонро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Дар сурати набудани нишондиҳандаҳое, ки кўдаки бемор бояд дар беморхона табобат ёбад ё набудани имконияти ба беморхона хобондани ин кўдак модар (дигар аъзои оила) ё шахси дигаре, ки ба кўдак бевосита нигоҳубин мекунад, дар давраи табобат ёфтани кўдак дар амбулатория бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод карда, барои нигоҳубини кўдаки бемор ба  кўмакпулӣ дода мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Гурўҳи кўдакони вобаста ба синну сол ва дараҷаи касалӣ, ки дар шароити амбулаториявӣ табобат мегиранд, аз руи нусхаи (ретсепти) табиб бо тартиби мукарраркардаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дорую дармони бепул ё бо имтиёз таъмин карда мешаванд.

Кўдакон ба табобат санаторию курорти ҳуқуқ доранд. Ҷоиз ва ноҷоизии нишондиҳандаҳо, тартиби интихоб ва ба табобатӣ санаторию курортӣ фиристодани кўдаконро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Кўдакон бо роҳхати табобати санаторию курортӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Барои саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои нигоҳубин, тарбия ва ҳифзи саломатии кўдакон дар оила муомилаи сангдилона бо онҳо, ки ба саломатиашон зарар мерасонад, кас ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешавад.

 

Моддаи 35. Додани хун ва ҷузъҳои он

Асоси ҳуқуқии хундиҳӣ ва ҷузъҳои он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он» муайян карда шудааст.

 

Моддаи 36. Шарту шароит ва тартиби бурида гирифтану пайвастани узву бофтаҳои бадани одам

Узву бофтаҳои бадани одами зинда ё ҷасадро танҳо аз рўи хулосаи комиссияи мутахассисон ва бо розигии бемор (васиён, падару модари ноболиғон) ва донор барои пайвастан бурида гирифтан (трансплантатсия) мумкин аст.

Узву бофтаҳои бадани донори зиндаро танҳо дар ҳолате бурида гирифтан мумкин аст, ки аз ин ба ў мувофиқи хулосаи машварати табибони мутахассис зарари калон нарасад.  

Узву бофтаҳои баданро фақат бо розигии донори зинда ё хешу табори марҳум (ҷасад) ва бо забонхати бемор, аз они ноболиғонро бошад, бо розигии падару модар ё васиёну сарпарасторони онҳо кор фармудан мумкин аст.

Ҳар шаҳрванди синнааш ба 18 расида, донори узву бофтаҳои бадеӣ шуда метавонад.

Зуран бурида гирифтани узву бофтаҳои бадан ва кор фармудани онҳо манъ аст. Тартиби бурида гирифтани узви бофтаҳои бадани кас ва ба бадани каси дигар пайвастани онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Мояи хариду фурўш ва муомилоти тиҷоратӣ будани узву бофтаҳои бадани одам манъ аст. Шахсоне, ки дар ин муомилоти тиҷоратӣ, хариду фурўши узву бофтаҳои бадани одам ширкат меварзанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

 

 

Моддаи 37. Ҳуқуқи донор ба ҷуброни товон ва кўмаки иҷтимоӣ

Агар ба донор аз иҷрои вазифааш зарар расад, ў ба ҷуброни товони зарар ва кўмаки иҷтимоӣ ва агар ҳалок шавад, ҳамсару фарзандон, падару модар ё шахсе, ки дар таъминоти ўст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуброни товон ва кўмаки иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 38. Ҳомиладоркунии сунъӣ (экстрокорпоралӣ) ва кўчонидани ҷанин (қҷт 28.02. 04 №13)

Занро бо розигии ҳамсарони баникоҳ сунъӣ ҳомиладор кардан, ҷанинро ба бачадонаш кўчонидан мумкин аст. (қҷт 28.02. 04 №13)

Муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ риояи махфияти донорӣ ва ошкор накардани махфияти ҷарроҳии  ҳомиладоркунии сунъӣ ё кўчонидани ҷанинро таъмин мекунанд ва барои он  мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

Тартибу шарти донорӣ, бордоркунии сунъӣ кўчонидани ҷанинро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Ҳуқуқи вазифаҳои падару модар нисбати фарзандоне, ки баъди ҷарроҳии  ҳомиладоршавии сунъӣ ё  кўчонидани ҷанин таваллуд ёфтаанд, Кодекси оила ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон   танзим гардонида мешаванд. (қҷт 22.04. 03 №19); (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 39. Вазифаи шаҳрвандон оиди риояи қонуни ҳифзи саломатии аҳолӣ

Шаҳрвандон вазифадоранд, ки қонуни ҳифзи саломатии аҳолиро риоя кунанд, саломатии худ, саломатии аҳоли оила ва одамони гирду атрофро эҳтиёт намоянд.

 

Моддаи 391. Ўҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ақди никоҳ мебанданд, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ ба таври ройгон мегузаранд. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.  (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1293)

 

 

Моддаи 40. Вазифаи шаҳрвандон оиди риояи дастурҳои тиббӣ

Шаҳрвандон вазифадоранд барои пешгирии касалиҳои сирояткунанда дастури тиббиро оиди муоинаи флюрографӣ, эмкунӣ ва муоинаи тиббӣ дар мўҳлати муқаррарнамудаи мақомоту муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ ба ҷо оваранд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Шахсоне, ки дар беморхона табобат мешаванд, бояд тартиботи ҷории муассисаҳои тиббиро риоя намоянд.

Шахсоне, ки дар шароити амбулаториявӣ муолиҷа мешаванд, бояд дастури табиби табобаткунандаро ба ҷо оваранд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Иҷро накардани дастуру таъиноти табиби табобаткунанда маънои аз муолиҷа саркашӣ намуданро дорад ва барои ин беморон (парасторон, васиён ва падару модари ноболиғон) мувофиқи қонунтузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 41. Вазифаи шаҳрвандон барои ғамхорӣ кардан дар бораи саломатии кўдакон

Шаҳрвандон вазифадоранд дар бораи саломатии кўдакон, такомули ҷисмонию рўҳӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд, кўдаконро дар рўҳи хулку одати тарзи ҳаёти солим тарбия кунанд.

 Занони ҳомила вазифадоранд, ки сари вақт дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитари ва ё маслиҳатхонаҳои занона дар қайди тиббӣ истода, тавсияҳои мутахассисони тиббиро оид ба ташхису табобат ва таваллуди бехатар риоя намоянд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Падару модарон вазифадоранд қоидаҳоеро, ки ба таваллуди кўдаки солим мусоидат менамоянд, риоя кунанд, баъди таваллуди кўдак дастури табибро ба ҷо оваранд.

 

Моддаи 42. Вазифаҳои шаҳрвандони мубталои касалиҳои сил, ҷузом (лепра), Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ), таносулӣ ва дигар касалиҳои хавфнок

Шаҳрвандони мубталои касалиҳои сил, ҷузом (лепра), Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ), таносулӣ ва дигар касалиҳои хавфнок вазифадоранд, бо талаби муассисаҳои тиббӣ муоина шаванд ва худро табобат кунанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Агар шаҳрвандон аз муоина ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо ба касалхона маҷбуран оваронда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва табобат карда мешаванд.

Асос ва тартиби ба табобати маҷбурӣ равона намудани шаҳрвандон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардонида мешавад.

 

Моддаи 43. Вазифаи шахсони мансабдор, шаҳрвандон барои мусоидат ба кормандони тиб дар расонидани ёрии муолиҷавию пешгирии бемориҳо

Барои таъсис додани муассисаҳои тиббӣ дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо маъмурият вазифадор аст бинову нақлиёти зарурӣ ҷудо намояд ва ҳамчунин ба кормандони тиб дар иҷрои вазифаҳои касбиашон ёрӣ расонад.

Роҳбарон, шахсони дигари мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд, ки ба кормандони тиб нақлиёту воситаҳои алоқа ва дигар чизҳои зарурӣ дода барои ба шаҳрвандон ёрии таъҷилии тиббӣ расонидани онҳо мусоидат намоянд.

Шаҳрвандон вазифадоранд дар ҳолатҳо ба ҳаёти бемор таҳдид кардани  хатар барои бо нақлиёт ба касалхона бурдан ва мадади тиббӣ расондан кўмак намоянд.

ФАСЛИ IV.

БА МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ СИСТЕМАИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ ҶУДО КАРДАНИ МАБЛАҒ

 

Моддаи 44. Манбаъҳои ба муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ ҷудо кардани маблағ

Манбаъҳои ҷудо кардани маблағ барои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ ниҳоанд:

маблағи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳое, ки аз рўи меъёру ҳисобҳои иқтисодӣ ҷудо карда мешавад;  (қҷт 28.02. 04 №13)

— маблағи фондҳои мақсаднок, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон пешбинӣ шудааст;

— маблағгузории асъорӣ аз фондҳои асъори ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва дигар фондҳои асъор;

— маблағҳое, ки дар натиҷаи қонеъгардонии даъвои мақомоти тандурустӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияти воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷуброни хароҷот барои тадбирҳои табобатию солимгардонӣ дар ҳолатҳои садама ё вайронкунии равишҳои технологӣ, олудашавии муҳити атроф, вайронкунии меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ, ки боиси бадшавӣ ё аз байн рафтани саломатии шаҳрвандон гардидаанд, ба даст оварда шудаанд;

— маблағҳое, ки муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ дар натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигари ғайрибуҷетӣ, ки мухолифӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ба даст овардаанд;

— кредитҳои бонкӣ;

маблағҷудокунӣ аз фоидаи корхонаҳо, ташкилотҳое, ки дар ихтиёри онҳо боқи мемонад. Пардохтҳои эҳсонкорӣ ва хайрияҳои ташкилотҳо, корхонаҳо сарфи назар аз моликият, шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони давлатҳои дигар; (қҷт 28.02. 04 №13)

— дигар манбаъҳое, ки истифодаи онҳо хилофи қонун Тоҷикистон намебошад.

Моддаи 45. Истифодаи захираҳои молиявии системаи нигаҳдории давлатии тандурустӣ

Захираҳои молиявии системаи нигаҳдории давлатии тандурустӣ ба ин мақсадҳо равона карда мешаванд:

— таъминот ва тараққии муассисаҳои нигаҳдории давлатии тандурустӣ;

— амалӣ намудани чораҳои пешгирӣ аз бемориҳо, зидди эпидемикӣ, ташхису табобат;

— барномаҳои мақсадноки тандурустӣ;

— сохтмон ва тараққии бунёди моддию техникии тандурустии давлатӣ;

— тайёр намудани кадрҳои амалӣ ва илмию педагогӣ системаи нигаҳдории давлатии тандурустӣ ва баланд бардоштани ихтисоси онҳо;

— илми тиббӣ;

— пешгирӣ ва аз байн бурдани эпидемияҳо, касалиҳои сирояткунанда ва дигар касалиҳои оммавӣ;

— дигар мақсадхое, ки бо хароҷоти ба тандурустӣ пешбинишуда вобастагӣ доранд.

Моддаи 46. Андозаи пулҷудокунӣ аз буҷет барои нигаҳдории давлатии тандурустӣ

Андозаи пулҷудокунӣ барои муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, дар савияҳои вилоят, шаҳр ва ноҳия мувофиқан аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳангоми тасдиқ намудани буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ муайян карда мешавад. (қҷт 22.04.03 №19)

 

Моддаи 47. Суғуртаи тиббии шаҳрвандон

Суғуртаи тиббӣ як шакли ҳимояи иҷтимоии манфиатҳои аҳолӣ дар ҳифзи саломатӣ мебошад. Тартиби суғуртаи тиббии шаҳрвандон тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 48. Ғайридавлатигардонӣ ва хусусикунонии объектҳои нигаҳдории тандурустӣ

Ғайридавлатигардонӣ ва хусусикунонии объектҳои нигаҳдории тандурустӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

ФАСЛИ V

ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲО ВА МАҚОМОТИ СИСТЕМАИ ДАВЛАТИИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ

 

Моддаи 49. Таъмини беҳдошти экологӣ, амнияти санитарию зпидемиологӣ ва радиатсионӣ аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон

Беҳдошти экологӣ, амнияти санитарию зпидемиологӣ ва радиатсионӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳои санитарию гигиенӣ, санитарию зиддиэпидемиологӣ, зиддирадиатсионӣ ва системаи назоратӣ давлатӣ, ки тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд, таъмин карда мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 50. Ёрии тиббию санитарӣ. Системаи муассисаҳое, ки ёрии тиббию санитарӣ мерасонанд.

Ёрии тиббию санитарӣ — маҷмўи чорабиниҳои тиббию санитарӣ мебошад, ки барои ҳифз, мустаҳкам ва барқарор намудани саломатии шаҳрвандон равона карда, шудаанд.

Кўмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ  ба воситаи корхона ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ, инчунин ба воситаи ташкилотҳои хусуссии тиббӣ ва шахсони воқеъии машғули амалияи хусуссии тиббӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номгўи онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, расонида мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13) 

Иқтидор ва навъи муассисаҳои ҷумҳуриявии табобатию пешгирии касалиҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқтидору навъи муассисаҳои табобатию пешгирии касалиҳои маҳаллиро мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ бо пешниҳоди мақомоти (муассисаҳои) дахлдори нигаҳдории тандурустӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 51. Ҳуқуқи муассисаҳои давлатии табобатию пешгирии бемориҳо

Муассисаҳои давлатии табобатию пешгирии бемориҳо ҳуқуқ доранд:

— сохтори ташкилӣ ва штати худро мутобиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ таҳия ва тасдиқ кунанд, шакли хоҷагидорӣ ва ташкили пардохти музди меҳнатро дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат мустақилона интихоб намоянд; (қҷт 28.02. 04 №13)

— аз ҳамаи ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

шаҳрвандонро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарии ройгон таъмин намоянд; (қҷт 28.02. 04 №13)

метавонанд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии тиббию санитарии пулакиро ташкил намоянд, инчунин бо дигар фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, машғул шаванд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 52. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирии касалиҳо

Муассисаҳои давлатии табобатию пешгирии бемориҳо вазифадоранд инҳоро таъмин намоянд;

 — дастрасии кўмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мутобиқӣ меъёрҳои ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигоҳдории тандурустӣ; (қҷт 28.02. 04 №13)

— омодагӣ барои кор дар шароити ғайриоддӣ;

— расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ;

— амалӣ намудани тадбирҳои махсуси тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳое, ки барои атрофиён хатарнок аст;

— риоя намудани тартиботи санитарию гитиенӣ, зиддиэпидемӣ;

— ҳамкорӣ ва идомат бо дигар муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ;

— таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи санитарию гигиении аҳолӣ;

— ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, мақомоти таъминоти иҷтимоӣ, комиссияҳои экспертии табобатию меҳнатӣ, муассисаҳои саноатӣ, таълимӣ, савдо, кишоварзӣ ва дигар муассисаҳою корхонаҳо ва ташкилотҳо.

Ин вазифаҳо ба муассисаҳои ғайридавлатии табобатию пешгирии бемориҳо, ки фаъолияти худро дар асоси шаклҳои пардохти мустақим, шартномавӣ, қарордодӣ ва дигар шаклҳои пардохти хизматрасонӣ амалӣ менамоянд, низ дахл доранд.

 

Моддаи 53. Тадбирҳои махсуси пешгирии касалиҳое, ки барои атрофиён хатарнок аст

Мақомот ва муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, инчунин кормандони тиббӣ тадбирҳои махсуси пешгирӣ, ки ошкорсозии (аз ҷумла сирри) бемориҳоеро, ки барои атрофиён хатарнок аст (касалиҳои сил рўҳӣ ва венерикӣ, махав, Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ), карантинӣ ва дигар касалиҳои сирояткунанда), амалӣ менамоянд.

Тартиби амалӣ намудани тадбирҳои махсуси пешгирии ин касалиҳо, ки барои атрофиён хатарноканд, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 54. Тартиби дахолати ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он ва истифодаи усулҳои мураккаби ташхис

Амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, усулҳои мураккаби ташхис бо розигии хаттии беморон, дар мавриди беморони дар ҳолати беҳушбуда, ба синни ҳаждаҳсолагӣ норасида, беморони рўҳӣ бошанд, бо розигии, волидайн, васӣ, парасторон ва хешовандони наздики онҳо истифода бурда мешавад. Розигӣ метавонад бозхонда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки табибон аллакай ба дахолати тиббӣ оғоз карда бошанд ва қатъи он бинобар хатар ба ҳаёт ва саломатии шахси мазкур ғайри имкон бошад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Дар ҳолатҳое, ки таъхири дахолати ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, истифодаи усули мураккаби ташхис ба ҳаёти бемор хатар дошта ва аз шахсони номбурда гирифтани розигӣ имкон надошта бошад, қарор аз тарафи табиб ё комиссияи тиббӣ қабул карда мешавад. Феҳристи усулҳои мураккаби ташхисро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 55. Гузаронидани таҷрибаҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави ташхис ва табобат

Таҷрибаҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, чун қоида, ба ҳайвонот татбиқ мегарданд, нисбати инсон бошад — бо розигии хаттии вай ва иҷозати махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Таҷриба дар ҳар марҳила бо талаби шахсе, ки мавриди таҷриба аст ва дар ҳолатҳои ба амал омадани хатар ба саломатии вай қатъ шуда метавонад.

Дар амалияи нигаҳдории тандурустӣ усулҳои пешгирӣ, ташхис, табобат, воситаҳои дору, давоҳои масунияти биологӣ ва воситаҳои дезинфексия, технолотияи тиббӣ, ки истифодаи онҳо ба тартиби муқарраршуда иҷозат дода шудааст, ба кор бурда мешаванд. Тартиби гузаронидани таҷрибаҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави ташхис ва табобатро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 56. Баҳодиҳии сифати  кўмаки тибию санитарӣ ба аҳолӣ

Баҳодиҳии сифати кўмаки тибию санитарӣ   ба аҳолӣ дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ дар асоси меъёрҳои сифат, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар марҳалаи ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолӣ ба таври мушаххас муқаррар карда метавонанд, сурат мегирад. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 57. Муайянкунии лаҳзаи фавт. Манъи эвтаназия

Муайянкунии фавт аз тарафи табиб, дар набудани табиб аз тарафи кормандони миёнаи тиббӣ гузаронида мешавад.

Меъёр ва тартиби муайянкунии лаҳзаи фавти инсон, қатъи чораҳои реаниматсионӣ тавассути муқаррароте, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муқаррар карда мешавад.

Ба кормандони тиббӣ амалӣ намудани эвтаназия — қонеъукунонии хоҳиши бемор дар бобати тезонидани марги вай бо ягон амал ё восита, аз ҷумла, бо қатъ намудани чораҳои сунъии нигоҳдории ҳаёташ манъ аст.

Шахсе, ки касдан беморро ба эвтаназия водор месозад ва (ё) эвтаназияро амалӣ менамояд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҷавобгарии  ҷинояӣ қарор мегирад.

Моддаи 58. Тартиби кушодани ҷасад

Тартиби кушодани ҷасад аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 59. Инъоми анатомӣ 

Инъоми анатомӣ ба воситаи васияти инъомкунанда сурат гирифта метавонад ва баъди марги вай амалӣ мегардад. Васият дар бораи инъоми анатомӣ аз тарафи инъомкунанда бекор карда шуда метавонад. Хешовандон метавонанд нисбати васиятнома ба воситаи суд даъво кунанд.

Маълумотро дар бораи инъоми анатомӣ фош кардан мумким нест.

 

Моддаи 60. Расонидани ёрии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки бо тарбияи ҷисмонию варзиш машғуланд

Расонидани ёрии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки бо тарбияи  ҷисмонию варзиш машғуланд, ба воситаи муассисаҳои махсус гардонидашуда ва дигар муассисаҳои табобатию пешгирии касалиҳо ба тартибе, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

Мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба ҳолати биноҳо ва ҷойҳое, ки барои  машғулият бо тарбияи ҷисмонию варзиш истифода бурда мешаванд, назорат мекунанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 61. Таъмини занони ҳомиладор ва навзодон бо  кўмаки тибию санитарӣ

Кўмаки тибию санитарӣ  ба занони ҳомиладор ва навзодон тавассути муассисаҳо ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо ва муассисаҳои махсуси тиббӣ ва дигар муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ таъмин карда мешавад.

Муассисаҳои тандурустӣ занонро дар давраи ҳомиладорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мушоҳидаи тиббӣ қарор медиҳанд ба шумули додани машварати тиббию генетикӣ ва додани машварат дар соҳаи  танзими оила, ёрии тиббӣ ҳангоми таваллуд ва ёрии тиббию пешгирии беморӣ ба модар ва кўдаки навзод. Занони ҳомиладор, волидайни навзод ё шахсони онҳоро ивазкунанда бояд сари вақт барои  кўмаки тибию санитарӣ  муроҷиат кунанд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 62. Таъмини кўдакон ва наврасон бо кўмаки тиббию санитарӣ (қҷт 28.02. 04 №13)

Кўмаки тиббию санитарӣ ба кўдакон ва наврасон тавассути муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва хадамоти бистарикунонӣ, дигар муассисаҳои дахлдори нигоҳдории тандурустӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. Тартиби назорати диспансерии кўдакон ва наврасонро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Кормандони тиббӣ вазифадоранд ба волидайн (шахсони онҳоро ивазкунанда) доир ба масъалаҳои пешгирии бемориҳо, касалиҳои кўдакон, тарзу усулҳои табобат ахборот диҳанд.

Ба кўдаконе, ки дар тарбияи муассисаҳои бачагон қарор доранд ва дар мактабҳо мехонанд, барои нигоҳдорӣ ва мустаҳкам намудани саломатиашон ва тарбияи гигиенӣ шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад. Машғулиятҳои таълиму меҳнатӣ, инчунин тартиботи намунавии машғулиятҳои кўдакон ва наврасон бо маслиҳати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Назорат ба ҳифзи саломатии кўдакон ва наврасон, гузаронидани  чорабиниҳои солимгардонӣ дар муассисаҳои бачагон ва мактабҳо аз тарафи мақомот ва муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ ҳамроҳи мақомот ва муассисаҳои маориф ба роҳ монда мешавад. Тартиби ташкили ёрии тиббию пешгирии бемориҳо дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии бачагон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 63. Назорат ба таълими меҳнатию истеҳсолӣ ва шароити меҳнатию истеҳсолӣ ва шароити меҳнатӣ наврасон

Таълими меҳнатии наврасон аз рўи он ихтисосҳое иҷозат дода мешавад, ки ба синну сол, инкишофи ҷисмонӣ, ақлӣ ва аҳволи саломатии онҳо мувофиқат мекунанд. Таълими меҳнатӣ ва истеҳсолии наврасон таҳти назорати тиббии доими сурат мегирад, назорат ба шароити меҳнатии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи наврасон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои пешгирии садама ва бемории наврасон равона карда шудаанд, аз тарафи мақомоти (муассисаҳои) назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва муассисаҳои табобатию пвшгирии касалиҳо якҷоя бо мақомоти маориф, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 64. Муоинаи тиббии ҳатмии наврасон

Ба мақсади амалӣ намудани назорати мунтазами вазъи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии наврасон ба кор қабул намудани онҳо баъди муоинаи пешакии тиббӣ сурат мегирад.

Баъдан то ба синни 18 солагӣ расидан наврасон бояд ҳар сол камаш як бор аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. Наврасон бояд аз касалиҳои ба воситаи эмкунӣ пешгиришаванда бо тартибе, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳифз карда шаванд. (қҷт 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 65. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи саломатии рўҳию ҷисмонии шаҳрвандон (қҷт 28.02. 04 №13)

Ба мақсади ҳифзи саломатии рўҳию ҷисмонии шаҳрвандон, пешгирии авҷи бемориҳои рўҳӣ ва ҷисмонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани машғулиятҳои оммавии рўҳию терапевтӣ дар толорҳо (лексияҳо, сўҳбатҳо) инчунин ба ин мақсадҳо истифода бурдани воситаҳои ахбори омма мумкин нест.

 

Моддаи 66. Расонидани  кўмаки тибию санитарӣ  ба шахсоне, ки дастгир шудаанд, дар ҳабсхона мебошанд, дар маҳалҳои маҳрумӣ аз озодӣ ё ҳабси маъмурӣ адои ҷазо менамоянд

Шахсоне, ки боздошт шудаанд, дар ҳабсхона мебошанд, дар маҳалҳои маҳрумият аз озодӣ ё дар ҳабси маъмурӣ адои ҷазо менамоянд аз ҷумла дар мавридҳои зарурӣ, дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ барои гирифтани  кўмаки тибию санитарӣ  ҳуқуқ доранд.

Занони ҳомиладор, занон ҳангоми таваллуд ва дар давраи баъди таваллуд ба ёрии махсус, аз ҷумла дар таваллудхонаҳо, ҳуқуқ доранд.

Тартиби расонидани  кўмаки тибию санитарӣ  ба шахсоне, ки дар ҳабс мебошанд, дар маҳалҳои маҳрумият аз озодӣ ҷазоро адо мекунанд ё ҳабси маъмурӣ қарор доранд, тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт аз 28.02. 04 №13)

 

Моддаи 67. Расонидани ёрии тиббию санитарӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои венерикӣ ва Аломати норасоии маснуияти бадан (АНБМ)

Бо пешниҳоди мақомот ва муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ барои сари вақт ошкор ва табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои венерикӣ ва  Аломати норасоии маснуияти бадан (АНБМ)  аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) лабораторияҳои махсус, кабинетҳо, аз ҷумла барои табобати маҳрамона, беморхона ва диспансерҳо ташкил карда мешаванд. Дар сурати саркашии шахс аз табобати ихтиёрӣ чораҳои маҷбурӣ татбиқ карда мешавад. Шахсоне, ки аз омадан барои муоина ва табобат саркашӣ менамоянд, инчунин бемориҳои венерикӣ ва Аломати норасоии маснуияти бадан (АНБМ)-ро паҳн мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҷавобгарӣ қарор мегиранд.

Ҳуқуқҳои шаҳрвандони бемори  Аломати норасоии маснуияти бадан (АНБМ) тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.

 

Моддаи 68. Расонидани ёрии тиббию санитарӣ ба беморони сил

Беморони сил мавриди мушоҳидаи диспансерӣ ва табобати ҳатмӣ қарор дода мешаванд, бо дорую давои бепули зидди сил, табобати санаторию курортӣ ва рафту омади бепул ба маҳалли табобат таъмин мегарданд, аз имтиёзоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст, истифода мебаранд.

Табобат дар шароити муассисаҳои махсуси бемориҳо барои шахсоне, ки пеш ба бемории сил гирифтор шуда, барангезандаи бемориро ба атроф паҳн мекунанд, ҳатмӣ мебошанд.

Беморони сил, ки барангезандаи бемориро ба атроф паҳн мекунанд, мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзил таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 69. Расондани ёрии тиббию санитарӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ

Асос ва тартиби расонидани ёрии тиббию санитарӣ ба шахсони гирифтори бемории рўҳӣ ва барқароркунии офияти онҳо тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 70. Расонидани ёрии тиббию иҷтимоӣ ба аҳолӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатӣ оид ба расонидани ёрии тиббию иҷтимоӣ ба аҳолӣ амалӣ карда мешавад.

Ёрии тиббию иҷтимоӣ ва системаи тадбирҳо оид ба таъсис ва тараққӣ додани шабакаи муассисаҳои навъи тиббию иҷтимоӣ, додани имтиёзоти манзилию маишӣ, аз тарафи ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият иҷро кардани тавсияҳо оид ба солимгардонии аҳолӣ кор, ташкили тартиби оқилонаи меҳнат ва ғизохўрӣ иборат аст.

Ёрии тиббию иҷтимоӣ ба шаҳрвандони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, расонида мешавад.

Намудҳо ва андозаи ёрии тиббию иҷтимоӣ, ки ба шаҳрвандони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта расонида мешавад, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳо ва идораҳои манфиатдор муқаррар карда мешаванд,

Феҳрист ва намудҳои имтиёзот оид ба расонидани ёрии тиббию иҷтимоӣ ба шаҳрвандони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимоиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 71. Расонидани ёрии тиббию санитарӣ ба нашъамандон, заҳрмандӣ ва майзадагон

Шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ, заҳрмандӣ ва майзадагӣ вазифадоранд, дар муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳои нигаҳдории тандурустӣ табобат шаванд. Бемороне, ки аз табобат саркаши мекунанд, бо қарори суд ба муассисаҳои махсусгардонидашуда барои табобати маҷбурӣ фиристода мешаванд. (қҷт 28.02. 04 №13)

Тартиби ба профилакторияхои табобатии мехнатӣ фиристодан, инчунин низоми нигахдорӣ дар онхо тавассути Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар карда мешавад.

Ҳуқуқи шаҳрвандони гирифтори бемории нашъамандӣ, заҳрмандӣ ва майзадагӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.

 

Моддаи 72. Бурдану овардани коргарон ва хизматчиёне, ки дар ҷои кор бемор шудаанд

Ба муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо бурдану овардани коргарон ва хизматчиёне, ки дар ҷои кор бемор шудаанд, дар мавридҳои зарурӣ бо воситаҳои нақлиёт ва аз ҳисоби корхона, хоҷагӣ, муассиса ё ташкилоҳое сурат мегирад, ки коргар ё хизматчӣ дар онҷо кор мекунад.

 

Моддаи 73. Ҳуқуқи корманди тиббӣ барои истифодаи ҳар гуна нақлиёт

Дар ҳолатҳои барои ҳаёти бемор хатарнок табиб ва дигар кормандони тиббӣ бо тартиби муқарраршуда метавонанд аз намудҳои нақлиёте, ки дар ҳамон вақт мавҷуданд, барои рафтан ба маҳалле, ки бемор дар онҷост ё барои ба наздиктарин муассисаи тиббию пешгирии касалиҳо бурдани вай бепул истифода кунад. Ҷавобгарӣ барои бо ин мақсад надодани нақлиёт тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 74. Экспертизаи корношоямии муваққатӣ, тўлонӣ  ё доимӣ

Экспертизаи корношоямии муваккатии шахрвандон дар муассисахои табобатию пешгирии бемориҳо тавассути табиб ё комиссияи тиббию машваратӣ (КТМ) ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Шўрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, сурат мегирад. (қҷт 28.02. 04 №13)

Факти корношоямии муваққатӣ бо ҳуҷҷат дар бораи корношоямии муваққатӣ тасдиқ, карда мешавад. Ҳуҷҷат дар бораи корношоямии муваққатӣ барои аз кор озод кардан ва додани ёрдампулӣ бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Шўрои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст ҳуқуқ медиҳад.

Эксперткзаи корношоямии тўлонӣ ё доимии шаҳрвандон аз тарафи Комиссияи экспертии тиббию меҳнатии (КТЭМ) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (қҷт 22.04. 03 №19)

 

Моддаи 75. Экспертизаи судии рўҳӣ вз судии тиббӣ

Экспертизаи судии рўҳии шаҳрвандон тавассути комиссяи табибони касалиҳои рўҳӣ гузаронида мешавад.

Шахсоне, ки гирифтори бемориҳои рўҳӣ мебошанд, ба беморхонаҳои махсуси рўҳӣ (диспансер, шуъбаҳои беморхонаҳо) барои табобати маҷбурӣ фақат бо таъиноти суд ҷой дода шуда метавонанд.

Экспертизаи судии тиббии шаҳрвандон, ҷасадҳо, далелҳои шайъӣ аз рўи маводи парвандаҳои ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ аз тарафи эксперти идораи экспертизаи тиббӣ гузаронида мешавад.

Тартиби таъминкунӣ ва гузаронидани экспертизаи судии тиббӣ бо Кодекси мурофиаи ҷиноӣ, Кодекси мурофиаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

ФАСЛИ VI.

БА  АҲОЛӢ  РАСОНИДАНИ  ЁРӢ  БО  ДОРУВОРӢ

 

Моддаи 76. Таъмини аҳолӣ бо воситаҳои доруворӣ ва назорат ба истеҳсол ва истеъмоли он

Ба аҳолӣ расонидани ёрӣ бо воситаҳои доруворӣ ба зиммаи муассисаҳои давлатии дорухонаҳо ва табобатию пешгирии бемориҳо, инчунин ба зиммаи муассисаҳои хусусии дорухонаҳо ва табобатию пешгирии бемориҳо, ки барои машғул шудан ба фаъолияти дорусозӣ ҳуқуқ доранд, гузошта мешавад.

Дорухонаҳо, муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ, табобатию пешгирии бемориҳо, сарфи назар аз шакли моликият, фақат ба фурўхтанӣ (истифода бурдани) воситаҳои доруворӣ ва пешгирии бемориҳое ҳуқуқ доранд, ки барои истифодаи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

Назорат ба сифати воситахои доруворие, ки муассисахои дорухонахои  системаи давлатӣ ва хусусӣ мефурушанд, аз муомилот баровардани воситахои доруворӣ ва воситахои кўҳнашудаи пешгирии беморихо ва камфоида ба тартибе сурат мегирад, ки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофики конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар кардааст.

Иҷозатнома (литсензия) ба шахсони ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба фаъолияти фармасевтӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   дода мешавад. (қҷт 22.04. 03 №19)

 

Моддаи 77. Назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (қҷт 22.04. 03 №19)

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон   воридот, содирот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо фақат бо мақсадҳои тиббӣ, байторӣ ва илмӣ иҷозат дода мешаванд. (қҷт 22.04. 03 №19)

Барои истеҳсол, коркард, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурўши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   иҷозатнома (литсензия) гирифтаанд. (қҷт 22.04. 03 №19)

Тартиби нигохдорӣ, хисобу китоб, додан тақсимот ва фурўш ва воситахои нашъадор моддаҳои психотропӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофикаи Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   мукаррар карда мешавад. (қҷт 22.04. 03 №19)

Истеҳсол ва истифодаи воситахои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мувофики конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои  байналмилалӣ  сурат мегирад. (қҷт 22.04. 03 №19)

 

ФАСЛИ VII.

ҚОИДАҲОИ НИҲОӢ

 

Моддаи 78. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»

Барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ фаро мерасад.

 

Моддаи 79. Асоси ҳуқуқии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон

Ҳамкории байналмилалӣ ва робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар асоси баробарӣ ва ба манфиатҳои тарафҳои иштироккунанда сурат мегирад.

Асоси ҳуқуқии ҳамкории  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон мувофиқатнома ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки бо назардошти санадҳои қонунгузории тарафҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ баста мешаванд, ташкил медиҳад.

 

Моддаи 80. Иштирокчиёни ҳамкории байналмилалӣ

Шартномаҳои байналмилалӣ мақсадҳои ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ, феҳристи масъалаҳои мавриди ҳаллу фасл ва тарафҳои иштироккунанда, манбаъҳои бо маблағтаъминкунӣ, мўҳлат ва шартҳои иҷрои шартномаҳоро муайян карда, таъмини ҳифзи ҳуқуқи моликияти ақлӣ ва ҳимояи патентиро пешбинӣ менамоянд.

Мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва идора, инчунин ташкилотҳо ва муассисаҳои ҷудогонаи нигаҳдории тандурустӣ иштирокчиёни ҳамкории байналмилалӣ буда метавонанд ва метавонанд бо ташкилотҳои дахлдор ва муассисаҳои тиббии  мамлакатҳои хориҷӣ дар асоси мувофиқатномаҳои байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон имзо намудааст, мустақиман шартномаҳо банданд.

Ташкилотҳои (иттиҳодҳо ва ҷамъиятҳои) тиббии касбии ҷамъиятӣ дар фаъолияти ташкилотҳо ва ҷамъиятҳои байналмилалӣ иштирок карда метавонанд. Ҳамаи масъалаҳои вобаста бо аъзогии онҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар форумҳои байналмилалӣ, бо маблағҷудокунӣ ва ҳамкорӣ аз тарафи худашон мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ мустақилона ҳал карда мешаванд.

Тартиби бастани шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, амал, назорат ба иҷрои онҳо тавассутӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

 

        Президенти                                                                                                 Э. РАҲМОНОВ

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                          

ш. Душанбе, 15 маи соли 1997.

№ 419   

ШАРИКОН: