Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҳаракат дар роҳ

(АМОҶТ с.1995, № 22, м. 336; с. 1997, № 23-24, м.333, Ф. I I I ; с. 2000, №11, м.527; с.2008, №3, мод.189; с.2009, №12, мод.822; с.2010, №1, мод.4; с.2015, №11, мод.974)

 

Мақсади Қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаракат дар роҳ ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, системаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, тартиби банақшагирӣ ва маблағгузории чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

 Бобби 1

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур»; (қҷт 20.03.08 №370)   

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он танзим намуда, ҳуқуқу вазифаҳо ва масъулияти субъектҳо — иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ (минбаъд вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо) муайян мекунад. (қҷт 20.03.08 №370)     

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз ҳифз намудани ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани окибатҳои вазнини онҳо иборатанд.(қҷт 29.11.00 №28); (қҷт 20.03.08 №370)    

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ (қҷт 20.03.08 №370)   

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд: (қҷт 20.03.08 №370)   

Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ— шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигар, ки барои аз як ҷой ба ҷои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борҳо тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва ғайра бевосита иштирок менамоянд. (қҷт 20.03.08 №370)   

Роҳи автомобилгард — маҷмўи иншооти муҳандисӣ мебошад, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо пешбинӣ шудааст.

Воситаҳои нақлиёт — ҳамаи навъҳои автомобилҳо, тракторҳо ва воситаҳои механикӣ мебошад, ки ҳаҷми кори муҳаррикашон — двигателашон беш аз 50 см. мукаб (ва ҳадди аксари суръати конструктивиашон беш аз 50 см. мукааб (ва ҳадди аксари суръати конструктивиашон беш аз 40 км дар як соат) аст.

ҳаракат дар роҳ – маҷмўи муносибатҳое мебошанд, ки дар раванди ҳаракати одамон ва борҳо бо ёрии воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд; (қҷт 29.11.00 №28); (қҷт 20.03.08 №370)   

бехатарии ҳаракат дар роҳҳолати раванди мазкур буда, инъикоскунандаи дараҷаи муҳофизати иштирокчиёни он аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибатҳои онҳо аст; (қҷт 29.11.00 №28); (қҷт 20.03.08 №370)    

таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ – фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини он нигаронида шудааст. (қҷт 29.11.00 №28)

 

 

Моддаи 4. Қоидаҳои  ҳаракат дар роҳ (қҷт 20.03.08 №370)    

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нақлиёт ҳаракат ва аз тарафи дасти рост муқаррар карда шудааст.

Тартиби оғози ҳаракат, тағйири самти ҳаракат, ҷойгирии воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо, интихоби суръати ҳаракат ва фосила, гузаштани чорраҳаҳо, гузаргоҳҳои пиёдагардҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти истифодаи умумӣ, истифодаи асбобҳои нурафшони берунӣ, қоидаҳои ҳаракати пиёдагардҳо, ҳаракати велосипедсаворон, инчунин масъалаҳои ташкили ҳаракат ва бехатарии он тавассути Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд.

 

Бобби 2

СИСТЕМАИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТИ ДАР РОҲ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН

 

Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ

Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор сурат мегирад. (қҷт 20.03.08 №370)

 

Моддаи 6. Иштироки вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар таъмини бехатарии  ҳаракат дар роҳ

Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар доираи салоҳияти худ бехатарии  ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд, барои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва соҳавии ҳаракат дар роҳ масъулият доранд, доир ба ҳаракат дар роҳ санадҳое мебароранд, ки хилофи қонунгузорӣ намебошанд, иҷрои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳайати онҳо дохиланд, таъмин мекунанд.

Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе вазифаҳои идоракунии байнисоҳавиро вобаста ба ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он иҷро карда метавонанд.

Дар вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, дар корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки воситаҳои нақлиёт доранд, вазифаи мутахассис оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ё хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад.

Низомнома оид ба хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

 

Моддаи 7. Иштироки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидориашон, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ чорабиниҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ месозанд. Дар коллективҳои меҳнатӣ оид ба риояи талаботи  Қонуни мазкур дар бораи ҳаракат дар роҳ  тадбирҳои пешгириву фаҳмондадиҳиро ба амал мебароранд. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

Моддаи 8. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалӣ гардонидани чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон бояд ба мақомоти давлатӣ дар амалӣ гардонидани чорабиниҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат намоянд. Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо вазифадор ҳастанд, ки таклифҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро оиди масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ба назар гиранд.

Давлат сиёсати андози имтиёзнокро нисбати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсади асосиашон амалӣ гардонидани чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад, татбиқ менамояд.

 

Бобби 3

САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

 

Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз инҳо иборатанд:

муайян кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт 29.11.00 №28)

муқаррар намудани низоми ягонаи қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ; (қҷт 29.11.00 №28)

таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он, инчунин ҷавобгарӣ барои риоя накардани онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муайян кардани ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳаракат дар роҳ; (қҷт 20.03.08 №370)   

ташкил додани мақомоти давлатии ваколатдор дар соҳаи ҳаракат дар роҳ, роҳбарӣ ба фаъолияти онҳо; (қҷт 20.03.08 №370)   

таҳия ва тасдиқ намудани барномаҳои давлатии тараққии ҳаракат дар роҳ ва бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;

бо маблағ таъмин, роҳбарӣ ва назорат кардан ба иҷрои барномаҳои давлатии тараққии ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;

ташкил додани фондҳои ҷумҳуриявии таъминоти моддӣ ва молиявии тараққии ҳаракат дар роҳ ва мустаҳкам намудани бехатарии он дар қалам­рави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ; (қҷт 20.03.08 №370)   

назорати ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии он»; (қҷт 29.11.00 №28); (қҷт 20.03.08 №370)

муайян намудани тартиботи ягонаи ташкили  ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;

муқаррар намудани талаботи ягона оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон, тармим, таъмир, нигоҳубин ва ҳифзи роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, тасдиқ кардани барномаҳои сохтмони онҳо: (қҷт 20.03.08 №370)   

муқаррар намудани талаботи ягонаи таҳия ва ҷорӣ намудани нақшаҳои умумӣ, лоиҳаҳои баплангирии тафсилӣ ва хонасозӣ дар маҳала аҳолинишин, нақшаҳои комплексии нақлиёт ва нақшаҳои хонасозии алоҳида;

муқаррар намудани талаботи ягона оид ба тармим ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд;

муайян намудани тартиби додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва сертификатҳо барои фаъолияти вобаста бо сохтмон, таъмир ва истифода кардани воситаҳои нақлиёт, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тайёр намудани ронандаҳо, сохтмон, тармим, таъмир ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар навъҳои фаъолият, ки ба бехатарии ҳаракат таъсир мерасонад;

муайяи намудани принсипҳои умумии суғуртакунии ҳатмии воситаҳои нақлиёт, ронандаҳо ва мусофирон; (қҷт 20.03.08 №370)   

барпо намудани системаи ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои асосии омории ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он; (қҷт 20.03.08 №370)   

ташкили корҳои тадқиқоти илмӣ ва конструктории технологӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;

таъсиси системаи ягонаи иттилоотию кофтуковӣ ва бонки маълумоти баҳисобгирии ронандаҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва оқибатҳои онҳо, инчунин нишондиҳандаҳои дигар;

иштирок дар фаъолияти байналмилалӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба масъалаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он. (қҷт 20.03.08 №370)   

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар масъалаҳои дорои аҳамияти давлатӣ оид ба соҳаи ҳаракат дар роҳ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, низ дохил мешаванд.

 

Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ»

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дохил мешавад:

-таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, танзим ва назорати иҷрои онҳо;

-таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди минтақаи дахлдор;

-ташкили иҷрои корҳо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситаҳои техникӣ дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми таъиноти маҳаллӣ, кўчаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;

-дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

Моддаи 11. Салоҳияти соҳибони роҳҳои автамобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

Салоҳияти соҳибони роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ё мақомоти ваколатдори онҳо дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз инҳо иборат аст:

таҳияи барномаҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба тараққӣ, такмил, таъмир ва барои ҳаракат дар ҳолати бехатар нигоҳ доштани роҳҳо, кўчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва қитъаҳои барои онҳо ҷудокардашуда;

муайян кардани сохтори идора, лоиҳакашӣ, сохтан ва нигоҳубин кардани роҳҳо, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;

иштирок дар таҳияи низомномаҳо дар бораи сохторҳои махсуси идоракунии ҳаракат дар роҳ;

ҷуброни ҳароҷоти соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин пардохти кўмакпулии якдафъагй ба осебдидагон, агар ҳодисаҳои наклиёти роҳ аз сабаби нигоҳубини ғайриқаноатбахши роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо гузаргоҳҳои роҳи оҳан рўй дода бошад;

таъмини шароити бехатар, босарфа ва ҳаловатбахши ҳаракат дар роҳ;

ташкили чорабнниҳо ва амалӣ намудани онҳо барои ҳифзи муҳити табиат;

таъмини иштирокчиёни  ҳаракат дар роҳ бо ахбор дар бораи масъалаҳои ҳолати садамаовар ва пўшиши роҳ ва шароити дигар;

ҳалли масъалаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан дар вазъиятҳои фавқулодда;

муайян кардани меъёрҳо ва ҷудо намудани маблағи лозима барои сохтмон, тармим, таъмир ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;

вогузор кардани ҳуқуқ барои сохгмони иншооти коммуналӣ ва иншооти дигар, кашидани хатти алоқа, барои корҳои муҳофизатӣ ва иншоот, иншооти хизматрасонӣ ва таҷҳизонидани онҳо мувофиқи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт 20.03.08 №370)   

ташкили корҳо оид ба аҳолшинонӣ ва нигоҳубини ниҳолҳои назди роҳҳо ва ғайра;

фавран бартараф намудани харобиҳои роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;

таъмини кори хадамоти махсус оид ба амалӣ намудани чорабиниҳои ташкили ҳаракат дар роҳ;

сари вақт ошкор намудани монеаҳои ҳаракат дар роҳ ва бартарафкунии онҳо ва дар сурати ғайриимкон будани ин кор фавран бо аломатҳои роҳ  воситаҳои манъкунанда ва роҳнишондиҳанда нишонагузорӣ наму­дани он ҷойҳо;

ташкили иҷрои талаботи муқарраршуда оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;

ҳалли дигар масъалахои ҳаракат дар роҳ мувофики санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

Моддаи 12. Салоҳияти соҳибони воситаҳои нақлиёт

Салоҳияти соҳибони воситаҳои нақлиёт (ба истиснои шахсони воқеӣ) аз инҳо иборат аст:

дидани чораҳо оид ба ривоҷу равнақи истифодабарӣ ва нигоҳубини воситаҳои нақлиёт;

васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр наму­дани ронандагони воситаҳои нақлиёт ва такмили ихтисоси онҳо;

ташкил ва татбиқи чораҳои таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ;

ташкил ва татбиқи чораҳои муҳит аз таъсири бади нақлиёт;

баҳисобгирии ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таҳлили сабабҳо ва шароити ба амал омадани онҳо; (қҷт 20.03.08 №370)   

ташкил ва бо маблағтаъминкунии чораҳои пешгирӣ намудани маъюбшавии вобаста бо ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳ;

ҷуброни зарари дар натиҷаи ҳодисаи нақлиёти роҳ бо айби онҳо расонидашуда, инчунин пардохти ёрдампулии яквақта ба шахсони дар ин гуна ҳодисаҳо зарардида бо қарори мақомоти судӣ;

ҳалли масъалаҳои истифодаи нақлиёт дар вазъияти фавқулодда.

 

Бобби 4

ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

 

Моддаи 13. Ҳуқуқу вазифаҳои асосии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ

Иштирокчиёни ҳаракати роҳ дорои ҳуқуқи зайл мебошанд:

ба шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҷуброни зиёне, ки бинобар ба талаботи бехатарии ҳаракат мутобиқат накардани ҳолати роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан расонида шудааст;

ба ҷуброни зиён ва додани ёрдампулии яквақта аз ҳисоби онҳое, ки ба ҳодисаи нақлиёти роҳ айбдоранд;

ба суд шикоят кардан нисбати амалҳои шахсони мансабдор ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар сурати аз тарафи онҳо вайрон намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

омeхтани меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

гирифтани ахбор аз ташкилотҳои роҳ, коммуналӣ ва ғайра дар бораи шароити ҳаракат дар роҳ.

Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ вазифадоранд:

талаботи Қонуни мазкур Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ то ҷое, ки барояшон дахл дорад, донанд;

барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амалҳо ё беамалии худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ зиён нарасонанд;

товони зиёнеро, ки бо айби онҳо бинобар риоя накардани талабо­ти қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ расонида шудааст, ҷуброн кунанд;

амри мақомоти назорат ва бозрасии давлатиро оид ба риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳаракат дар роҳ иҷро намоянд.

Ҳуқуқу вазифаҳои ронандаи воситаи нақлиёт, пиёдагард, мусофир (пассажир), велосипедрон ва чорворон бо Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Қоидаҳои асосӣ барои додани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёт

Агар синну соли шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синну соли муқарраркардаи ҳамин Қонун мувофиқ буда, камбудии ҷисмонӣ ё беморие надошта бошад, ки монеи идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт ва ҳосил кардани малакаи кофии идоракунии воситаҳои нақлиёт гардад ё ҳақ дорад барои идоракунии воситаҳои нақлиёт иҷозат гирад.

Тартиби ба идоракунии воситаҳои нақлиёт иҷозат доданро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Номгўи ноқисиҳои ҷисмонӣ ва ё бемориҳое, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо ба шахс бобати гирифтани шаҳодатнома барои идораи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт 20.03.08 №370)   

Ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёти категорӣ ё хелҳои дахлдор бо шаҳодатномае, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ дода мешавад тасдиқ карда мешавад, ки онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. (қҷт 29.11.00 №28)

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ва байналмилалие амал мекунанд, ки ба Конвенсияи ҳаракат дар роҳ мувофиқанд. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

Моддаи 15. Асосҳо барои қатъи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт

Қатъи истифодаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт (маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт) ба сабаби бад шудани саломатии ронанда, ки барои идоракунии бехатарии воситаҳои нақлиёт монеь мешавад, ҳамчунин барои иҷро накардани вазифаҳои тавассути Қонуни мазкур муқарраргардида дар мавридҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, сурат мегирад.

Қатъи истифодаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт бинобар бад шудани саломатӣ дар асоси хулосаи муассисаи тиббӣ, ки ба идора­кунии воситаҳои нақлиёт қобил буданро муайян мекунад, сурат мегирад.

Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт бинобар ўҳдадориҳои бо қонунгузорӣ муқарраргардидаро ба ҷо наовардани ронанда дар асоси материалҳои парвандаи қонунвайронкунии маъмурии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар мавридҳое, Қонуни мазкур пешбинӣ намуааст, қатъ мегардад.

Аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт маҳрум намудани ронанда то замони пурра аз байн рафтани сабабҳое, ки барои бехавфу хатар идора кардани воситаи нақлиёт монеъ мегарданд, идома меёбад ва дар мавриди ўҳдадориҳои муқарраргардидаро ба ҷо наоварданаш ба мўҳлате, ки дар Қонуни мазкур муайян шудааст, давом мекунад.

Агар ронанда Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро, ки рўйхати онҳо дар қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад, риоя накунад, ўро шахсони мансабдори боваколати Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши донишаш ба комиссия мефиристанд.

 

Моддаи 16. Омўзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ (қҷт 20.03.08 №370)   

Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликият барои таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шаҳрвандоне, ки ба тариқи кироя кор мекунанд, тадбирҳо андешида, амалӣ мегардонанд.

Мақомоти маориф таълими Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар ҳамаи кўдакистонҳо, мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ ва олӣ, дар омeзишгоҳҳои касбию техникӣ, ҳамчунин таълими мутахассисони даркориро ба роҳ мемонанд.

Ба бачагон омeхтани малакаҳои дар роҳ бехавфу хатар рафтор кар­дан дар кўдакистонҳо аз якунимсолагӣ оғоз мешавад. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба талабагон аз рўи барномае таълим дода мешавад, ки онҳо дар давраи хонданашон дар мактабу омўзишгоҳ барои идора кардани мотосикл ҳуқуқдор гашта, шаҳодатнома мегиранд.

Мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳое меандешанд, ки мақсад аз онҳо ба мўйсафедон ва маъюбон таълим додани ҳаракати бехавфу хатар дар роҳ, инчунин муҳофизати онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ аст.

Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ мувофиқи барномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тасдиқ намудаанд, бо пешниҳоди мақомоти маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таълим дода мешаванд.

Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатӣ, ва ғайридавлатӣ таълим дода мешаванд.  Ҳамчунин шаҳрвандон ин Қоидаҳоро мустақилона меомeзанд. Шаҳрвандон имтиҳоноти давлатиро барои соҳиб гаштан ба ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт танҳо дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд. (қҷт 20.03.08 №370)   

Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, воситаҳои ахбори омма ба мақомоти дахлдор барои амалӣ намудани чораҳои профилактикӣ ва ба гурўҳҳои иҷтимоии аз ҷиҳати синну сол гуногуни аҳолӣ таълим додани Қоидаҳои  ҳаракат дар роҳ ёрӣ мерасонанд. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

Бобби 5

РОҲҲОИ (КЎЧАҲОИ) АВТОМОБИЛГАРД

 

Моддаи 17. Роҳҳои (кўчаҳои) автомобилгард, тақсиму тафриқа ва истифодаи онҳо

Тартиби тақсиму тафриқа ва истифодаи роҳҳои (кўчаҳои) автомобилгардро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 18. Талаботи асоси оиди кашидани лоиҳаи роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан(қҷт 20.03.08 №370)   

Ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳое, ки лоиҳаҳои типӣ ё инфиродии сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳанро мекашанд, бояд маҷмўи тадбирҳои таъмини бехатарии  ҳаракат дар роҳ, талабҳои экологиро бо назардошти эҳтиёҷоти хос маъюбон пешбинӣ намоянд.

Аз ҳисоби ихтисори тадбирҳое, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсир мерасонанд, кам кардани ҳарҷи маблағ манъ аст. Лоиҳаҳои сохтмони, тармим ва таъмири роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд мавриди экспертиза қарор дода шаванд. Мувофиқаи назорати давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ, қоидаҳо, меъёру стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро роҷеъ ба мутобиқати ин лоиҳаҳо ба талабҳои қоида, меъёру стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва экспертизаи экологӣ гирифта, бояд ба ҳеҷ гуна каҷравӣ аз талаботи онҳо роҳ дода нашавад.

 

Моддаи 19. Талаботи асосӣ оид ба сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан (қҷт 20.03.08 №370)   

Тамоми корҳои сохтан, тармим ва таъмири роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд мувофиқи лоиҳа ва талабҳои қоидаю меъёрҳо ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ба ҷо оварда шаванд.

Агар барои амалӣ сохтани баъзе лоиҳаҳо шароит имкон надиҳад иҷрокунандаи кор бояд аз ин ба лоиҳакаш ва фармоишгар бо мақсади андешидани чораи бехатарии ҳаракат дар роҳ хабар диҳад.

Сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иштироки мақомоти назорати давлатӣ оид бо риояи қонунгузорӣ, қоидаю меъёр ва стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ баъд аз иҷрои чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ қабул карда мешаванд.

Қоидаҳои ягонаи таъмир ва нигоҳубини роҳҳо, куўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, Қоидаҳои истифодаи онҳо ва муҳофизати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

 

Моддаи 20. Бо иншоотҳои хизматрасонӣ таҷҳизонидани роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳамроҳи мақомоти роҳсозию роҳдорӣ барои ҷиҳозонидани роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иншооти хизматрасонии автомобилӣ мувофиқи меъёрҳои тасдиқкардаи лоиҳакашӣ, нақшаҳои сохтмон ва схемаҳое генералии ҷойгиронии чунин иншоотҳо тадбирҳо андешанд. Ҳамчунин кори онҳоро бо мақсади пурратар қонеъ гардонидани талаботи иштироккунандагони ҳаракат дар роҳ ташкил кунанд. Роҳҳою кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ки серҳаракатанд, барои даъвати мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ташкилотҳои роҳсозӣ ва истифодаи он бо воситаҳои кўмакрасонии алоқа таҷҳизонида мешаванд. (қҷт 20.03.08 №370)    

 

Моддаи 21. Маҳдуд ва манъ кардани ҳаракат ҳангоми иҷрои кор дар роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

Ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба мақсади пешгирии фалокати нақлиёт ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ шуда метавонад.

 

Моддаи 22. Ташкили ҳаракат дар роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

Ташкили ҳаракат дар роҳ аз тарафи хадамоти махсус сурат мегирад, ки низомномаҳои онҳоро мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тасдиқ менамояд.

Дар мавриди ба амал омадани таҳдид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ шахсони мансабдори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти роҳсозию роҳдорӣ ва коммуналӣ ҳуқуқ доранд ба ташкили ҳаракат дар роҳ фаврӣ тағйирот дохил намоянд.

 

Моддаи 23. Вазифаҳои шахсони мансабдоре, ки ба сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан масъуланд

Шахсони мансабдоре, ки барои сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан кўпрукҳо ва иншоотҳои дигар масъул мебошанд, вазифадоранд, ки;

иншоотҳои мазкурро тавре нигоҳубин намоянд, ки ба талабҳои муқарраркардаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мувофиқ ва ҷавобгў бошанд;

агар ҳолате пеш ояд, ки ба бехатарии ҳаракати роҳ хавф таҳдид набояд, барои сари вақт манъ ё маҳдуд кардани ҳаракат, ҳамчунин барои муҳайё намудани шароити бехатарии ҳаракат тадбирҳо андешида, амалӣ гардонанд;

ҳангоми сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кўчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан оиди бехатарии ҳаракат ҳаматарафа чора бинанд;

ҷойҳои иҷрои кор, ҷойҳоеро, ки он ҷо дар роҳ, кўча, гузаргоҳи роҳи оҳан мошину механизмҳо масолеҳи бинокорӣ ва ғайра монда шудаанд, бо аломатҳои махсуси роҳ, панҷараҳо ва воситаҳои роҳнишондиҳанда ва дар торикӣ ва туман — бо чароғҳои огоҳкунанда, ки меъёрҳои мавҷуда пешбинӣ менамоянд, аломатгузарӣ кунанд;

ҳангоми ба анҷом расонидани кор дар роҳ, кўча ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд ҷойҳоро фавран ба ҳолате биёранд, ки ҳаракати бемонеа ва бехатарӣ воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо таъмин гардад ва минтақаҳои ба ин мақсад ҷудокардашударо бехатар созанд;

дар сурати ифлос шудани қисми мошингарди роҳҳо, кўчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан барои тоза кардани онҳо ва сари вақт хабардор кардани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз пайдо шудани хатари ҳаракат дар роҳ чораҳои таъхирнопазир андешанд;

онҳоро бо воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ таҷҳизонанд;

қитъаҳои харобу хатарнок ва ҷойҳои зиёд шудани ҳодисаҳои нақлиёти роҳро ошкор намоянд ва дар чунин ҷойҳо ҷиҳати бехатар сохтани шароит ва ташкили ҳаракат дар роҳ барои таъмини бехатарии он тадбирҳои дахлдор андешанд;

монеаҳои ҳаракат дар роҳро сари вақт ошкор намуда, бартарафшавии онро таъмин намоянд, дар сурате ки ин кор ғайриимкон бошад, бо аломатҳои роҳ, панҷараҳо ва воситаҳои роҳнишондиҳанда фавран нишонагузорӣ кунанд;

ҳар моҳ фалокатҳои роҳро таҳлил намоянд;

ба имкони ҳодисаҳои тавассути воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан рехтани хок, санг ва ё дигар мавод роҳ надиҳанд;

хароҷоти соҳибони воситаҳои нақлиётро ҷуброн кунанд, агар мувофиқи қарори мақомоти судӣ ҳодисаҳо бо айби ғайриқаноатбахш будани истифодабарии роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан рўй дода бошанд.

Соҳибони роҳҳо, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, мансабдорони ташкилотҳои истифодабарии роҳ, дар сурати бо айби онҳо рўй додани ҳодисахои нақлиётӣ, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ба ҷавобгари кашида мешаванд.

 

Бобби 6

ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

 

Моддаи 24. Иҷозат додани воситаҳои нақлиёт барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ

Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба ҳамон воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, ки конструксия (сохт) ва ҳолати механикиашон ба Қоидаҳои муқарраршудаи байнидавлатии соҳавӣ, меъёрҳо ва стандартҳо ҷавоб диҳад ва аз санҷиш, қайд ва муоинаи техникии давлатӣ гузашта, мувофиқи тартиби муқарраршуда суғурта шуда бошанд.

Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба воситаҳои нақлиёти маҷмўи идоракуниашон аз тарафи рост иҷозат дода намешавад. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

Моддаи 25. Талаботи асосӣ оид ба истеҳсоли воситаҳои нақлиёт

Конструксияи (сохти) воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи қоидаҳо, меъёру стандартҳои муосир, ки барои дараҷаи партови маводи ифлоскунандаи ҳаво муқаррар гардидааст, ҷавоб дода тавонад ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии онҳо бояд бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқа шуда бошанд.

 

Моддаи 26. Талабҳои асосӣ  оид ба дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт

Дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, яъне тағйир додани навъ ё марка (тамға), таъинот ё андозаҳои сохти воситаҳои нақлиёте, ки мавриди истифода қарор доранд, тавассути насби кабина, кузов ва ё қисмҳои онҳо, таҷҳизоти махсус ва рақамҳои агрегатҳо, ки тибқи ҳуҷҷатҳо барои ҳамин воситаи нақлиёт пешбинӣ нашудаанд, бояд ба қоидаҳо ва меъёрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.

Дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, ки ба тағйири маълумотҳои тавсифии воситаҳои нақлиёт боис гаштааст, бояд дар ҳуҷҷатҳои қайди он сабт гардад.

 

Моддаи 27. Талабҳои асосӣ оид ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ки мавриди истифода қарор доранд

Ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ки мавриди истифода қарор доранд, дар бобате, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист дахл дорад, бояд ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳое мувофиқ бошанд, ки аз рўй тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд.

Барои таъмини ҳолати лозимаи техникии воситаҳои нақлиёт соҳибони онҳо ё дигар шахсони мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо истифодакунанда вазифадор мебошанд. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

Моддаи 28. Ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт

Ҳамаи воситаҳои нақлиёти механикӣ, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок мекунанд, ҳамчунин присепҳояшон бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба худашон тааллуқдоштаро дар давоми даҳ шабонарeз, аз лаҳзаи харидан (гирифтан), сарфи назар аз ҳолати техникии онҳо ё сар задани ҳолатҳое, ки дар натиҷаашон бояд воситаҳои нақлиёт дубора аз қайд гузаранд (дохил кардани тағйирот дар маълумотҳои баҳисобгирӣ), аз қайд гузаронанд.

Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва аломатҳои бақайдгирии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 29. Муоинаи техникии давлатии воситаҳои нақлиёт

Воситаҳои механикии нақлиёте, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок доранд, ҳамчунин присепҳои (нимприсепҳои) онҳо аз рўй тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бояд ҳатман аз муоинаи техникӣ гузаранд.

Ба воситаҳои механикии нақлиёте, ки аз муоинаи ҳатмии навбатии техникӣ нагузаштаанд, минбаъд барои истифода иҷозат дода намешад.

 

Моддаи 30. Талабҳои асосӣ оид ба хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт

Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё шахсоне, ки аз онҳо истифода мебаранд, барои сари вақт ва дар ҳаҷми пурра, мутобиқи меъёрҳои аз тарафи истеҳсолкунандагони воситаҳои дахлдори нақлиёт муқарраршуда гузаронидани корҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмир вазифадор мебонанд.

Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ҷиҳати хизматрасонӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт кўмак мерасонанд, бояд барои гузаронидани чунин корҳо иҷозатнома дошта бошанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бояд корро ба роҳ монда, баҳри ташкили шабакаи хадомоти ёрии фаврии техникӣ ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мустақиман дар роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз ҳар ҷиҳат кўмак намоянд. (қҷт 20.03.08 №370)   

Моддаи 31. Манъи истифодабарии воситаҳои нақлиёт.

Истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад:

а) бо кушода гирифтани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ дар чунин ҳолатҳо:

дар сурати ҷой доштани носозиҳо ва шартҳое, ки феҳристи онҳо дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар карда шудааст;

аз нав таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бе иҷозати дахлдор;

нагузаштани муоинаи техникии давлатӣ;

надоштани санади суғуртаи масъулияти граждании соҳиби нақлиёт;

б) бо боздошт намудани воситаи нақлиёт бо нигоҳдории он дар истгоҳи махсус дар мавридҳои:

идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар  ҳолати мастӣ, ҳамчунин надоштани  ҳуҷҷатҳо оиди ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии воситаи нақлиёт ё гузаштани мўҳлати амали онҳо; (ҚҶТ аз 23.11.2015, №1253)

идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлўӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки  нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ  (ГОСТ)  мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, инчунин мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рўйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад; (қҷт  09.01.2010с, №579)

идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисму агрегатҳояшон ё аломатҳои бақайдгирии давлатиашон пинҳон, сохтакорӣ ё бо ягон усул тағйир дода шудаанд, ҳамчунин бо навиштаҳои дар ҳуҷҷати бақайдгирӣ зикргардида мувофиқат накардани рақамҳои қисму агрегатҳои воситаҳои нақлиёт;

идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё аломатҳои бақайдгирӣ надоранд; (қҷт 29.11.00 №28)

 

Моддаи 32. Суғуртаи ҳатмии давлатии воситаҳои нақлиёт

Ҳамаи воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракат дар роҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанду дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта мешаванд, бояд аз бобати масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани осеб ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё расонидани зиёни моддӣ дар рафти истифодаи ин воситаҳои нақлиёт, суғурта карда шаванд.

Тартиби суғуртаи ҳатмӣ ва андозаи пардохтҳои суғуртавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Суғуртапулй аз рўй суғуртаи ҳатмии давлатӣ новобаста из маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва аз рўй тартиби ҷуброни зарар, пардохта мешавад.

 

Моддаи 33. Вазифаҳои шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва ҳолатӣ техникии воситаҳои нақлиёт масъуланд

Шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт масъул мебошанд, вазифадоранд:

хостагирӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии ронандагонро таъмин карда, вазъи саломатии онҳо ва риоя шудани низоми кор ва истироҳатро таҳти назорат қарор диҳанд;

ба идоракунии воситаҳои нақлиёт шахсонеро роҳ надиҳанд, ки шаҳодатномаи идора кардани ин ё он навъи нақлиётро надоранд, дар мўҳлати муқарраршуда аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, дар ҳолати мас­тӣ, заҳролуд ё нашъамандӣ, ҳолати беморӣ ё таҳти таъсири доруҳое қарор доранд, ки хушёрӣ ё диққати онҳоро суст менамояд; (қҷт 29.11.00 №28)

бе роҳхати ҳаракат ба роҳ баромадани воситаҳои нақлиётеро иҷозат надиҳанд, ки ҳолати техникӣ ва таҷҳизоташон ба талаботи Қоидҳои ҳаракат дар роҳ ҷавобгe нест, ҳамчунин аз рўи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, ё аз муоинаи техникии давлатӣ нагузаштаанд;

ҳолати зарурии техникии воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд;

ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва вайронкуниҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба ҳисоб гиранд, сабабу ҳолатҳои рўй додани онҳоро таҳлил кунанд, барои аз байн бурдани онҳо чораҳо андешанд; (қҷт 29.11.00 №28)

бо Бозрасии давлатии автомобили хатҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, хатҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнок мекашонанд, кашондани борҳои вазнин ва калонҳаҷм, тартиби кашида бурдани ду ва беш аз васоити механикии нақлиёт ва тағйир додани таҷҳизоти васоили нақлиётро мувофиқа намоянд.

 

Бобби 7

Банақшагирӣ ва маблағгузории тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ  

 

Моддаи 34. Банақшагирии тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии таъмини бехатарии  ҳаракат дар роҳро таҳия, тасдиқ ва иҷро менамоянд. Таҳияи ин барномаҳо дар асоси мутобиқати дурусти онҳо бо банақшагирии минтақавӣ ва соҳавӣ, ташкили нишондиҳандаҳои ба ҳамдигар алоқаманду ҳамоҳанг бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақаи мушаххас, дараҷаи тараққии шабаки роҳҳо, ҳодисаҳои роҳ ва дигар нишондиҳандаҳои системаи ягонаи баҳисобгирии давлатии ҳаракат дар роҳ сурат мегирад. (қҷт 20.03.08 №370)   

Моддаи 35. Маблағгузорӣ барои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

Маблағгузорӣ барои тадбирҳои дар барномаҳо пешбинишуда, ҳачунин дигар тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағҷудокунии вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, маблағу фондҳои ғайрибуҷетӣ сурат мегирад. (қҷт 20.03.08 №370)    

Ба мақсади маблағдиҳӣ барои корҳои лоиҳасозӣ, сохтмон, тармим ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгард фондҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии роҳ ташкил карда мешаванд.

Принсипҳои ташкилдиҳӣ ва истифодаи фондҳои роҳро Ҳукуматм Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 36. Принсипҳои умумии ташкили системаи давлатии баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи баҳисобгирии давлатии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он барои воситаҳои нақлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кўчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, маъюбшавии вобаста ба нақлиёти рох, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва ғайра муқаррар карда мешавад.

Феҳристи нишондиҳандаҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирй ва ҳисоботдиҳӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Бобби 8

ТАЪМИНИ ТИББИИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ (қҷт 20.03.08 №370)

 

Моддаи 37. Таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ

Таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ инҳоро дарбар мегирад:

ҳатман аз муоинаи тиббӣ ва муоинаи такрории тиббӣ гузаштани ронандашавандаҳо ва ронандагони воситаҳои нақлиёт, пеш аз сафар гузаронидани муоинаи тиббии ронандагон, расонидани ёрии тиббии аввалӣ ва осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохили ва дигар воҳидҳои махсус, инчунин ба аҳолӣ ёд додани тарзу усулҳои расонидани ёрии пешакии тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ то расидани духтурон.

Давраҳои муоинаи тиббӣ ва тартиби ташкили ёрии тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто муайян карда мешавад.

 

Бобби 9

НАЗОРАТ ВА ДАР СОҲАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН

Моддаи 38. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ

Назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ барои аз тарафи вазоратҳо, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва иттиҳодияҳо, ҳамчунин шаҳрвандон риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад. (қҷт 29.11.00 №28); (қҷт 20.03.08 №370)

 

Моддаи 39. Мақомоте, ки дар соҳаи ҳаракат дар роҳ назорат мекунанд

Назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии ба ин кор махсус ваколатдоршуда (Назорати давлатӣ), ҳамчунин аз тарафи вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо (назорати идоравӣ) сурат мегирад. (қҷт 20.03.08 №370)

Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои махсуси контролӣ, назоратӣ ва иҷозатдиҳиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ иҷро менамояд. (қҷт 29.11.00 №28); (қҷт 20.03.08 №370)

Ба системаи Бозрасии давлатии автомобилӣ мақоми ҷумҳуриявии идоракунии Бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти идоракунии Бозрасии давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дохил мешаванд. (қҷт 29.11.00 №28)

Ба Бозрасии давлатии автомобилӣ Сарбозраси давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бошад, сарбозрасҳои давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбарӣ мекунанд. (қҷт 29.11.00 №28)

 

Моддаи 40. Ҳифзи муҳити зист

Вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораю иттиҳодияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки машғули лоиҳасозӣ, истеҳсол ва истифодаи васоили нақлиёт мебошанд, вазифадор ҳастанд, ки маҷмўи тадбирҳоро оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт ба муҳит таҳия намуда, риояи қонунҳои ҳифзи табиатро таъмин кунанд.

 

Бобби 10

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур      

 

 Моддаи 41. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт 20.03.08 №370)   

 

 

Моддаи 42. Масъулияти сохибони воситаҳои нақлиёт барои зарар расонидашуда

Соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд зарареро, ки воситаҳои нақлиёти онҳо расонидаанд, мувофиқи қарори мақомоти суд ҷуброн намоянд.

Дар сурати ҳалокати иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки бо айби онҳо ҳодисаи нақлиёти роҳ рўй додааст, ба оилаи шахси ҳалокшуда ё нонхўрони ё ба андозаи маоши сесолаи шахси ҳалокшуда ёрдампулии яквақта мепардозанд, ки ин маблағ аз шахсони гунаҳкор ситонда мешавад.

Дар ҳолати маҷрўҳ шудани иштирокчии ҳаракат дар роҳ соҳибони воситаҳои нақлиёт ба вай аз маоши яксола то дусола ёрдампулии яквақта мепардозанд, ки ин маблағ аз шахсони гунаҳкор ситонда мешавад.

 

Бобби 11

 шартномаҳои байналмилалии

 

Моддаи 43. шартномаҳои байналмилалии

Агар дар мувофиқатномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз қоидаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ фарқ кунанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалии татбиқ мегарданд. (қҷт 20.03.08 №370)   

       

  Президеити

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э.  РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  4 ноябри соли 1995

№196

 

ШАРИКОН: