Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд «

 (АМОҶТ с.2007, №3, мод.175; с.2008, №10, мод.820)

 

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсоне мебошад, ки дар минтақаҳои таъсири омилҳои номусоиди бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил 26 апрели соли 1986 бавуҷудомада зарар дидаанд ва ё дар  рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд, инчунин кўдаконе, ки падар ё модарашон ба таъсири шуоъхўрии радиатсионӣ ва таъсири ирсӣ дучор гардидаанд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

дастгирии давлатии шаҳрвандони бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида (минбаъд — шаҳрвандони зарардида) – низоми чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва ташкилию техникии аз тарафи давлат кафолат додашудае, ки оқибатҳои манфии таъсири радиатсиониро ҷуброн карда, ҳифзи саломатии шаҳрвандони зарардида ва шароити мусоиди зиндагии онҳоро таъмин менамоянд;

минтақаи ҷудокунӣ — минтақае, ки солҳои 1986-1987 минтақаи 30-километра номида шуда, аз соли 1988 бошад, минтақаи  зарардидаи ҳудудҳои Федератсияи Россия, Украина ва Белоруссия ном гирифт, ки аз он ҷо аҳолӣ тибқи меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ соли 1986  кўчонида  шуда буд;

-андозаи шуоъафканӣ — андозаи қувваи афканишоти иондор, ки бо назардошти ҳассосияти узву бофтаҳои гуногун  ба  бадан  таъсир  расонидааст;

— бемории шуоъ — беморие, ки ҳангоми шуоъхўрии организми инсон таҳти таъсири аз ҳадди имконпазир зиёди радиатсия ба вуҷуд меояд;

— кўчонидани аҳолӣ — аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои бехавф кўчонидани аҳолӣ.

 

Моддаи 3. Қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Гурўҳҳои шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

Ба гурўҳҳои шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати  нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсони зерин дохил мешаванд:

а) шахсоне, ки дар вақти фалокати  нерўгоҳи барқи атомии Чернобил дар минтақаи ҷудокунӣ истиқомат мекарданд, дар минтақаи ҷудокунӣ сафари хизматӣ  доштанд, хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсии фармондеҳиву қатории мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ин минтақа хизмат кардаанд, инчунин шахсоне, ки соли 1986 ва солҳои минбаъда аз минтақаи ҷудокунӣ, ки ҷои зисти доимиашон буд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран кўчида омадаанд ё кўчонида шудаанд, аз ҷумла кўдаконе, ки ҳангоми кўчидан дар батни модар буданд;

б) шаҳрвандоне, ки дар рафъи оқибатҳои фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил иштирок кардаанд, аз ҷумла:

— шаҳрвандони муваққатан ба сафари хизматӣ фиристода, ки дар  рафъи оқибатҳои фалокати  нерўгоҳи барқи  атомии Чернобил иштирок кардаанд ва (ё) дар ин давра дар ҳудуди минтақаи ҷудокунӣ бо дигар корҳо машғул буданд;

— хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла низомиёни шомили ҷузъу томҳои махсуси наҷотбахш ва шахсони ўҳдадори ҳарбӣ, ки махсус барои ҳамин мақсад  даъват шуда, сарфи назар аз маҳалли ҷойгиршавӣ ва  иҷрои корҳои вобаста ба  рафъи оқибатҳои фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ҷалб гардида буданд, инчунин шахсони роҳбарикунанда ва ҳайати қатории мақомоти корҳои дохилӣ, ки солҳои 1986-1991 дар минтақаи ҷудокунӣ хизмат мекарданд ва (ё) дар нерўгоҳи барқи атомии Чернобил бо дигар корҳо машғул буданд;

в) шахсони дар бандҳои «а» ва «б» ҳамин модда нишондодашуда, ки ба бемории шуоъзада ва бемориҳои дигари вобаста ба фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ё корҳои  рафъи оқибатҳои ин фалокат гирифтор шудаанд;

г) шахсони дар бандҳои «а» ва «б» ҳамин модда нишондодашуда, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ё корҳои  рафъи оқибатҳои ин фалокат маъюб шудаанд;

д) кўдаконе, ки аз падар ё модари зарардида, инчунин наврасоне, ки тибқи хулосаи мақомоти салоҳиятдори тиббӣ аз наслҳои минбаъдаи гирифтори бемориҳои ирсии вобаста ба фалокати нерўгоҳи барқи атомии  Чернобил таваллуд ёфтаанд;

е) оилаҳои бесаробонмондаи шахсоне, ки бар асари фалокати  нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд.

Моддаи 5. Дастгирии давлатии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

Дастгирии давлатии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони зарардида дар асоси тадбирҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни товони зараре, ки ба саломатии шаҳрвандони  ҷудогона расидааст;

— ба қайд гирифтани шахсони зарардида ва тартиб додани феҳристи  давлатии тиббии ченкунии андозаи шуоъафканӣ;

— таҳия ва амалӣ гардонидани механизмҳои муайянкунии сабабҳои беморӣ ва маъюбӣ бар асари оқибати ин фалокат;

—  таҳия ва амалигардонии усули илман асосноки ҳисоби ҷудогонаи андозаи шуоъхўрии шаҳрвандон аз лаҳзаи сар задани ин  фалокат;

— муайян намудани мақоми шахсоне, ки гирифтори  таъсири фалокати  нерўгоҳи барқи атомии Чернобил шудаанд, инчунин таҳия ва амалӣ намудани чораҳо барои ҳифзи иҷтимоии онҳо вобаста ба гурўҳҳои муқарраршудаи зарардидагон;

— ташкили механизми имтиёзноки фаъолияти муассисаҳои тиббии давлатӣ , санаторию курортӣ, ки масъалаҳои ҳифзи саломатии шаҳрвандони зарардидаро бевосита ҳаллу фасл мекунад;

— бо мақсади маблағгузории иловагӣ барои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони зарардида ташкил намудани фондҳои махсус;

— амалӣ намудани дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

 

БОБИ II. ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАР АСАРИ ФАЛОКАТИ

НЕРЎГОҲИ   БАРҚИ   АТОМИИ  ЧЕРНОБИЛ  ЗАРАР ДИДААНД

 

Моддаи 6.  Ҳуқуқи шаҳрвандони  бар  асари  фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида ба ҳифзи саломатӣ

Шаҳрвандони зарардида дар муассисаҳои тиббии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ доранд.

Иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил, ки саломатиашон осеб надидааст, ҳар сол аз муоинаи тиббӣ ба таври ройгон дар муассисаҳои тиббии давлатӣ мегузаранд.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандони бар асари фалокати нерўгоҳи зарардида ба ҷубронпулӣ ва имтиёзҳо

Давлат ба шаҳрвандони зарардида ҷубронпулӣ ва имтиёзҳои дар Қонуни мазкур пешбинишударо кафолат медиҳад.

Агар шаҳрвандони зарардида бо якчанд асос ба гирифтани ҷубронпулӣ ва имтиёзҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҳуқуқ дошта бошанд, ба онҳо ҳуқуқи интихоби  яке аз ин ҷубронпулӣ ва ё имтиёзҳо дода мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди зарардида, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд,  аз ҷубронпулӣ ва имтиёзҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, истифода мебаранд.

 

Моддаи 8. Ҷубронпулӣ ва имтиёзҳо ба шаҳрвандоне, ки бар асари  фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

Ба шаҳрвандони зарардида ҷубронпулӣ ва имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

— кўмаки тиббии ройгон дар доираи барномаи кафолатҳои давлатии кўмаки тиббию санитарии ройгон ба аҳолӣ, гирифтани дорувории ройгон (аз рўи дастури духтур), табобат ва шинонидани дандонҳои сунъии ройгон ба зарардидагон (ба истиснои қолабҳо аз фулузоти қиматбаҳо);

— табобати ройгони ҳарсолаи санаторию курортӣ ё пардохти ҷубронпулӣ ба андозаи арзиши миёнаи роҳхат дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дар бандҳои «а», «б» ва «в» моддаи 4 Қонуни мазкур нишон додашуда аз ҷои кор ва барои шахсони дар бандҳои «г», «д» ва «е» моддаи 4 Қонуни мазкур аз мақомоти ҳифзи иҷтимоии маҳалли зист;

— пардохти ҳаққи хизмати алоқа (ғайр аз гуфтугўҳои телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ), хизмати коммуналӣ (оби гарм ва гармкунӣ, оби хунук), баровардани партовҳо ва хизматрасонии фонди манзилӣ (50 фоиз);

— нигоҳ доштани андозаи маоши пешина ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— хизматрасонӣ аз тарафи шўъбаи ҳифзи иҷтимоӣ дар хона ба шахсони барҷомонда ва маъюб дар сурати набудани хешу табори наздики онҳо;

— истифодаи ройгони нақлиёти мусофиркашонӣ (ба ғайр аз такси) дар дохили ҷумҳурӣ, рафтуо кардан барои табобат бо нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ барои шахсони дар бандҳои «а», «б» ва «в» моддаи 4 Қонуни мазкур дар ҳаҷми 50 фоиз, барои шахсони дар банди «г» моддаи 4 Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

— истифодаи рухсатии навбатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар вақти барои онҳо мусоид, инчунин гирифтани рухсатии иловагии музднок ба муддати 14 рўзи тақвимӣ;

— додани ҷубронпулии ҳарсола ба оилаҳои бесаробонмондаи     шахсони бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида дар ҳаҷми арзиши миёнаи роҳхати санаторию курортӣ;

пардохти хароҷоти рўзмарра ҳангоми сафар барои муоинаи тиббӣ ҷиҳати муайян намудани таъсири шуоъафканӣ;

— пардохти кўмакпулии яквақтаи ҳарсола дар ҳаҷми се  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба шахсони дар бандҳои «а», «б» ва «в» моддаи 4 муайяншудаи Қонуни мазкур; (қҷт 06.10.08 №439)

— ба муассисаҳои давлатии таълимии миёнаи махсус ва олӣ тибқи квотаҳои муқарраргардида дохил шудани фарзандони шаҳрвандони зарардида;

— дар хона – интернатҳои кўҳансолон, маъюбон ва интернатҳои махсусгардонидашуда бе навбат ҷойгир намудани шаҳрвандони зарардида;

— истифода аз қарзҳои имтиёзнок бо мақсади харидан ва ё сохтмони хонаи истиқоматӣ (аз ҷумла қарзи ипотекӣ);

таъмини нафақаи имтиёзнок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— истифода аз дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Тартиби пардохти ҷубронпулӣ ва имтиёзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 9. Хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

Шаҳрвандони дар моддаи 4 Қонуни мазкур зикршуда, инчунин кўдакони баъди фалокати  нерўгоҳи барқи атомии Чернобил  таваллудшудаи онҳо, ки дар он маврид шуоъафкании радиоактивӣ метавонист ба онҳо  низ таъсир расонад, бояд ҳатман таҳти мушоҳидаи тиббии доимӣ қарор гиранд. Барои ба қайд гирифтани ин шахсон феҳристи давлатӣ тартиб дода мешавад.

Хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони зарардида ва мушоҳидаи диспансерии онҳо аз тарафи муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ дар ҷои истиқомат ё кори онҳо амалӣ гардонида мешавад. Хизматрасонии махсуси тиббии ин гурўҳи шаҳрвандонро муассисаҳое таъмин месозанд, ки номгўи онҳо, тартиби хизматрасонии тиббӣ, инчунин гузаронидани мушоҳидаи тиббии доимии онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Сабабҳои бемории шаҳрвандони зарардидаи дар моддаи 4 Қонуни мазкур зикршударо, ки  бар асари фалокати  нерўгоҳи барқи атомии Чернобил бемор ва маъюб гардидаанд, комиссияҳои экспертии тиббию меҳнатие (КЭТМ) муқаррар менамоянд, ки онҳоро мақомоти ваколатдори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис додааст.

Шаҳрвандоне, ки бо қарори шўрои экспертӣ ва комиссияҳои экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) розӣ нестанд, ҳуқуқ доранд ҷиҳати баррасии такрории парванда ба Комиссияи экспертии тиббию меҳнатии ҷумҳуриявӣ муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 10. Ҳифзи иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонии кўдакону наврасон

Ба кўдакону наврасони бар асари фалокати  нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида, ки дар банди «д» моддаи 4 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешавад:

— гузаронидани мушоҳидаи ҳатмии тиббии ҳарсолаи ройгон дар муассисаҳои тиббии давлатӣ;

— таъмини ройгони доруворӣ (аз рўи дастури духтур) барои табобати дармонгоҳии кўдакон ва занҳои ҳомиладори бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида;

— табобати ройгон тибқи дастури тиббӣ дар муассисаҳои санаторию курортии соҳаи дахлдор;

— рафтуои ройгони кўдакон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи падар ё модар, васӣ ё парастор бо нақлиёти роҳи оҳан, дар ноҳияҳое, ки роҳи оҳан надоранд, бо нақлиёти ҳавоӣ ё нақлиёти байнишаҳрӣ то муассисаи табобатӣ ва санаторию курортӣ;

— ҳузури модар бо кўдаки бемор дар муассисаҳои табобатӣ бо пешниҳоди духтур дар давраи табобат;

— таъмин кардани кўдакони зарардида бо озуқа, аз ҷумла дар мактабҳо ва кўдакистонҳо бо арзиши миёнаи аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншуда.

Кўдаконе, ки осеби ба падар ё модарашон расида ба онҳо гузаштааст, аз имтиёзҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд.

Ба падар ё модари кўдакони то 16-солаи бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

— пардохти варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини кўдаки бемор ба андозаи 100 фоизи маоши миёнаи падар ё модар;

— пардохти 100 фоизаи варақаи корношоямӣ ба падар ё модаре, ки ба кўдаки бемор дар муассисаи табобатӣ дар давоми табобат ҳамроҳӣ менамояд.

Тартиби хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонии кўдакону наврасонро, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 11. Кафолатҳои иловагӣ ба шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

Кафолатҳои иловагиро ба шаҳрвандони зарардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият дар доираи салоҳияташон оид ба беҳбудии шароити моддию маишӣ, маънавӣ, хизматрасонии тиббӣ, инчунин амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар ҳолатҳо нисбати шаҳрвандони зарардида чораҳои иловагӣ меандешанд.

 

Моддаи 12. Маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

Чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони зарардида аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ мешаванд:

— аз маблағи буҷети давлатӣ;

— аз маблағи фондҳои мақсаднок;

— аз хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— аз дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 13. Танзими муносибатҳо вобаста ба таъмини нафақа

Муносибатҳо вобаста ба таъмини нафақаи шаҳрвандони зарардида ва аъзои оилаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

 

БОБИ III. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 242

 

ШАРИКОН: