Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ»

(АМОҶТ  с. 2006, №7, мод. 350)

 

 Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, тартиби амали системаи шарикии иҷтимоиро ҳамчун муҳимтарин шакли танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо алоқаманди иқтисодӣ, ки ба таҳкими ҳамкории иҷтимоӣ ва ризоияти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад, муайян месозад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-шарикии иҷтимоӣ-ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатие, ки ба таъмини мувофиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд;

-системаи шарикии иҷтимоӣ-принсипҳо ва қоидаҳое, ки тавассути онҳо дар сатҳу сохторҳои гуногун, бо мақсади ҳосил шудани ризоияти тарафҳо, қабули қарорҳои муштарак, татбиқи амалиёти якҷоя ва пешгирии ихтилофот, ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ созмон дода мешавад;

-муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ –маҷмўи муносибатҳо байни кормандон ва корфармоён;

-тарафҳои шарикии иҷтимоӣ (минбаъд –Тарафҳо) –мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандон ва корфармоён дар шахси намояндагони ваколатдори онҳо тибқи тартиби муқарраргардида;

-мақомоти системаи шарикии иҷтимоӣ-комиссияҳои ба танзимдарории муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии сатҳи дахлдор, ки аз тарафи шарикони иҷтимоӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва усулҳои ҳамкории баробар ташкил карда мешаванд;

-корфармо- мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин намояндагӣ ва бахшҳои он ва шахси воқеие, ки тибқи қонунгузорӣ дорои хуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебошанд;

-намояндагони кормандон – мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо (ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), ки мувофиқи оинномаҳои онҳо ҳамчун намоянда ваколатдор шудаанд, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии дар маҷлиси умумии (конференсия) кормандони ташкилот таъсисёфта ва аз ҷониби онҳо ваколатдоршуда;

-корманд-шахсе, ки бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад;

-иттиҳодияҳои корфармоён – шакли ташкилоти ѓайритиҷоратиест, ки ба узвияти корфармоён асос ёфтааст;

-созишнома дар бораи шарикии иҷтимоӣ- санади хуқуқиест, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии байни кормандон, корфармоён, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳо ва касбҳоро ба танзим медарорад;

-шартномаи коллективӣ-санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатиро дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо (минбаъд –ташкилот) ба танзим медарорад ва аз тарафи намояндагони ваколатдорашон байни корфармоён ва кормандон баста мешавад;

-музокироти коллективӣ – тарзи таҳия ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳое, ки мавзўи шарикии иҷтимоиро фаро мегиранд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсади шарикии иҷтимоӣ

Мақсади шарикии иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:

-татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мусоидат ба танзими масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, аз ҷумла масъалаи муқаррар намудани андозаи музди меҳнат;

-зиёд намудани даромади кормандон дар асоси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот;

-таъсиси механизми самараноки танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

-гузаронидани музокироти коллективӣ, машваратҳои мутақобила, таҳия ва бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-пешгирии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва мусоидат ба ҳалли низоъҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

-таҳким ва инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар асоси принсипҳои демократӣ;

-фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи бозори меҳнат.

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ

Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:

-ҳатман бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар сурати манфиатдор будани кормандон ва (ё) корфармо дар шахси намояндагони ваколатдор бо тартиби муқарраргардидаи намояндагони онҳо;

-баробарҳуқуқии Тарафҳо;

-ваколатдории намояндагони Тарафҳо;

-эҳтироми манфиати Тарафҳо;

-интихоби озод дар баррасии масъалаҳое, ки мазмуни созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро ташкил медиҳанд;

-аз ҷониби Тарафҳо ихтиёрӣ қабул намудани ўҳдадориҳо;

-иҷрои ҳатмии муқаррароти созишномаҳо ва шартномаҳои коллективии аз ҷониби Тарафҳо қабулгардида;

-ҷавобгарии Тарафҳо барои иҷро накардани ўҳдадориҳо, қарорҳо, созишномаҳо ва шартномаҳо;

-назорати мутақобила ва самимият (ошкоро) дар назди шарикон;

-дурустӣ ва мунтазамии иттилоот оид ба масъалаҳои фаъолияти Тарафҳо.

 

Моддаи 5. Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ

Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:

-музокирот ва машваратҳо;

-таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои муштарак;

-бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;

-иттилоотонии мутақобилаи Тарафҳо оид ба иҷрои ўҳдадориҳои қабулгардида.

 

Моддаи 6. Мақомоти системаи шарикии иҷтимоӣ

Мақомоти асосии системаи шарикии иҷтимоӣ дар тамоми сатҳҳо комиссияҳои сетарафа (дутарафа) ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби комиссияҳо музокироти коллективӣ гузаронида, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ таҳия ва баста мешаванд, ҳамчунин рафти иҷрои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи иттиҳодияҳои намояндагони кормандон ва иттиҳодияи корфармоён тасдиқ мегардад, фаъолият мекунанд.

Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ-комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, мақомоти оид ба таъмини мутобиқгардонии манфиатҳои давлат ва тарафҳои муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо карда мешаванд. Комиссияҳои сетарафа (дутарафа) аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои корфармоён иборатанд.

Дар сатҳи соҳавӣ-комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати комиссияҳои соҳавӣ, ки ба он намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён шомиланд, аз ҷониби Тарафҳо ташкил карда мешавад.

Дар сатҳи минтақавӣ комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корфармоён ва кормандон ташкил карда мешаванд.

Дар сатҳи ташкилотҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, таҳия ва бастани шартномаҳои коллективӣ комиссияҳои дутарафа таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати комиссия намояндагони корфармоён ва кормандон шомил мешаванд.

Дар сатҳи гурўҳҳои молиявӣ-саноатӣ ва корпоратсияҳои трансмиллӣ комиссияҳои дутарафа (сетарафа) оид ба гузаронидани музокироти (машваратҳои) коллективӣ, таҳия ва бастани созишнома дар иттиҳодияҳои хоҷагиҳои мазкур, аз ҷумла ташкилотҳои берун аз ҳудуди давлат ҷойгирбуда ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони корфармо ва кормандон дохил мебошанд.

 

Моддаи 7. Музокироти коллективӣ

Аз номи кормандон ҳуқуқи гузаронидани музокироти коллективӣ ба мақомоти намояндагии онҳо дода мешавад.

Дар музокироти (машваратҳои) коллективӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандон ва корфармоён иштирок менамоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, инчунин корфармо (соҳибмулк) вазифадоранд оид ба масъалаҳое, ки барои баррасӣ аз тарафи иттифоқҳои касаба ва ё мақомоти дигари намояндагии ваколатдори махсуси кормандон пешниҳод карда мешаванд, музокирот доир намоянд.

Ҳар кадоме аз Тарафҳо дар муддати на дертар аз се моҳи то ба охир расидани мўҳлати амали созишномаҳо ва шартномаҳои коллективии қаблӣ ё дар мўҳлатҳои муайяннамудаи ин ҳуҷҷатҳо ҳақ дорад ба тарафи дигар оид ба оѓози музокирот огоҳии хаттӣ ирсол намояд.

Дар ҳамаи ҳолатҳои зикргардида Тарафе, ки аз Тарафи дигар огоҳии хаттӣ гирифтааст, вазифадор аст дар муддати 7 рўз дар сатҳи ташкилот ва дар муддати 15 рўз дар дигар сатҳҳо музокирот оѓоз намояд.

 

Моддаи 8. Тартиби гузаронидани музокирот

Барои гузаронидани музокироти коллективӣ Тарафҳо бо шумораи баробари намояндагон, ки дорои ваколатҳои зарурӣ мебошанд, барои таҳияи лоиҳаи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ комиссия таъсис медиҳанд.

Ҳайати комиссия, мўҳлат, макони баргузорӣ ва рўзномаи музокирот бо қарори Тарафҳо муайян карда мешавад.

Тарафҳое, ки дар музокирот иштирок менамоянд, ҷиҳати интихобу муҳокимаи масъалаҳое, ки ба ҳалли ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо тааллуқ доранд, комилҳуқуқанд.

Тарафҳои  шарикии иҷтимоӣ барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар доираи шарикии иҷтимоӣ ба гирифтани иттилооти эътимодбахш ба тариқи ройгон ва бемонеа ҳуқуқ доранд. Иттилооти мазкурро Тарафҳо вазифадоранд ба якдигар на дертар аз ду ҳафта аз рўзи гирифтани дархости дахлдор пешниҳод намоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, инчунин корфармо (соҳибмулк) вазифадоранд, ки ба мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдори махсуси кормандон барои салоҳиятнок гузаронидани музокирот иттилооти зарурӣ пешниҳод намоянд. Иштирокчиёни музокирот, шахсони дигари ба музокирот алоқаманд, набояд маълумоти дорои сирри давлатӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратиро ошкор созанд.

Агар дар анҷоми музокирот созишнома ба имзо расонида нашавад, протокол тартиб дода мешавад, ки ба он пешниҳодҳои ниҳоии ифодаёфтаи Тарафҳо ва тадбирҳое, ки мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, корфармо (соҳибмулк) бо тартиби яктарафа ҷиҳати ҳалли ихтилофот бояд андешанд, дохил карда мешавад.

 

Моддаи 9. Кафолат ва ҷуброн барои вақти музокирот

Шахсоне, ки ба сифати намояндагони Тарафҳо дар музокирот иштирок менамоянд, инчунин мутахассисони дар давоми музокирот ба кори комиссия даъватгардида аз ҷойҳои кори асосиашон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат муваққатан озод карда мешаванд. Тамоми хароҷоти вобаста ба иштирок дар музокирот тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Музди меҳнати коршиносон ва мутахассисоне, ки бо мувофиқаи Тарафҳо даъват карда мешаванд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён (соҳибмулкон) пардохта мешавад.

 

Моддаи 10. Баррасии ихтилофот

Тарафҳо вазифадоранд барои танзими ихтилофот, ки дар ҷараёни музокирот оид ба бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ба вуҷуд меоянд, аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Ихтилофоти дар рафти музокирот бавуҷудомада бояд дар протоколи аз ҷониби Тарафҳо ба имзорасида ба расмият дароварда шавад.

Дар давоми се рўзи корӣ баъди тартиб додани протокол оид ба ихтилофот Тарафҳо машваратҳо гузаронида, аз ҳайатҳои худ комиссияи созиш таъсис медиҳанд.

Комиссияи созиш аз намояндагони Тарафҳо дар асоси баробарҳуқуқӣ ташкил карда мешавад. Ягон Тараф хуқуқ надорад, ки аз таъсиси комиссияи созиш ва иштирок дар кори он саркашӣ намояд.

Ихтилофот аз тарафи комиссияҳои созиш бояд дар мўҳлати то панҷ рўзи корӣ, аз лаҳзаи қабули қарор оид ба ташкили он мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Қарори комиссияи созиш бо мувофиқаи Тарафҳо қабул карда мешавад, ки баъд аз ин иҷрои он дар мўҳлат ва бо тартиби аз ҷониби Тарафҳо муқарраргардида эътибори ҳатмӣ пайдо мекунад.

Ҳангоми дар рафти музокироти коллективӣ сар задани ихтилофот Тарафҳо барои ҳалли он расмиёт ва дигар имкониятҳои муросокоронаи дар ихтиёрашон бударо истифода мебаранд.

 

БОБИ 2. СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 11. Намудҳои созишнома ва иштирокчиёни он

Намудҳои созишномаҳо-созишномаҳои Генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ.

Созишномаи Генералӣ-санади ҳуқуқиест, ки принсипҳои умумии сиёсати шарикии иҷтимоию иқтисодиро муқаррар намуда, равандҳои асосии ҳамкорӣ ва ўҳдадориҳои тарафайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва иттиҳодияҳои умумиҷумҳуриявии корфармоёнро дар соҳаи шуѓли аҳолӣ, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурўҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд кардани даромади меҳнаткашонро бо мурури мўътадил гардидани вазъи иқтисодиёт муайян мекунад.

Созишномаи соҳавӣ санади ҳуқуқиест, ки равандҳои иҷтимоиву иқтисодии инкишофи соҳа, шароити меҳнат, сатҳи шуѓл, музди меҳнат, кафолатҳои иҷтимоиро барои кормандони соҳа муқаррар ва масъалаҳои тарафайни сатҳи соҳавиро муайян менамояд.

Созишномаи минтақавӣ санади ҳуқуқиест, ки дар минтақаи воҳиди дахлдори маъмурии ҳудудӣ шароити умумии меҳнат, кафолат ва имтиёзҳои меҳнатиро ба танзим медарорад, ки барои ҳамаи Тарафҳо ҳатмист ва ҳангоми бастани шартномаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Созишнома бо мувофиқаи Тарафҳо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоравӣ, ки дар музокироти сетарафа ширкат меварзанд, дар сурати ба он исрор намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдорӣ кунанд.

Созишномаҳо дар сатҳҳои зерин баста мешаванд:

-дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи корфармоён ва намояндагони кормандони Тоҷикистон;

-дар сатҳи соҳавӣ – байни мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён ва мақомоти соҳавии намояндагии кормандон;

-дар сатҳи вилоятӣ – байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои корфармоён ва иттиҳодияҳои вилоятии намояндагони кормандон;

-дар сатҳи шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ноҳияҳои шаҳрҳо-байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён (соҳибмулкон), намояндагони кормандон.

 

Моддаи 12. Тартиб ва мўҳлати бастани созишнома

Тартиб, мўҳлати таҳияву бастани созишнома ва ҳайати комиссия аз ҷониби Тарафҳо муайян гардида, тавассути протокол ба расмият дароварда мешаванд.

Лоиҳаи созишнома аз ҷониби комиссия таҳия гардида, аз тарафи мақомоти дахлдори идораи давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдори махсуси кормандон ба имзо расонида мешавад.

Тартиби мушаххаси бастани созишномаҳоро Низомномаи тартиби таҳия ва бастани Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти намояндагии кормандон ва иттиҳодияҳои корфармоён тасдиқ кардааст, муайян менамояд.

 

Моддаи 13. Мазмуни созишнома

Мазмуни созишномаро Тарафҳо муайян мекунанд.

Дар созишнома инҳо пешбинӣ мегарданд:

-ўҳдадориҳо дар соҳаи пардохти музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, киро кардан ва аз кор озод намудани кормандон;

-иҷрои маҷмўи тадбирҳои махсус оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, чорабиниҳо оид ба инкишофи бозори меҳнат, таъминоти муфиди шуѓли аҳолӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, аз ҷумла молҳои ниёзи мардум ва кишоварзӣ;

-муқаррар намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;

-муқаррар намудани имтиёзот ва афзалиятҳои иловагӣ ба ташкилотҳо, корфармоёне (соҳибмулконе), ки ҷойҳои кории иловагӣ ташкил намуда, аз меҳнати маъюбон, ҷавонон, аз ҷумла наврасон истифода менамоянд;

-иштироки кормандон дар истифодабарии даромадҳое, ки аз фурўши амволи ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта ба даст меоянд;

-ҳифзи манфиати кормандон ҳангоми хусусигардонии фонди манзилӣ;

-зиёд намудани ҳаҷми иловапулиҳои хусусияти ҷубронидошта, ки андозаи ҳадди ақаллашон дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидааст;

-таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатӣ;

-масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва суѓуртаи иҷтимоӣ;

-беҳтар намудани шароити хизматрасонии иҷтимоии шахсоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, дигар масъалаҳои ба соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ вобаста, инчунин ўҳдадориҳо оид ба пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ ва эътирозҳо, таҳкими интизоми меҳнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни созишнома, таъмини назорат оид ба ҷараёни иҷрои созишнома.

 

Моддаи 14. Амали созишнома

Созишнома аз рўзи ба он имзо гузоштани Тарафҳо ва ё аз рўзи дар созишнома муқарраршуда эътибор пайдо мекунад. Давраи амал ва мўҳлати бастани созишномаро Тарафҳо муайян мекунанд.

Созишнома доираи кормандонеро, ки дар созишнома муайян карда шудааст, фаро мегирад.

 

 

Моддаи 15. Таѓйиру иловаҳо ба созишнома

Таѓйиру иловаҳо ба созишнома тибқи тартиби барои бастани он муқарраргардида бо мувофиқаи тарафайн ворид карда мешаванд.

 

Моддаи 16. Ўҳдадории шахсони мансабдор дар музокироти коллективӣ

Мансабдорон вазифадоранд дар музокироти коллективӣ иштирок намоянд.

Мансабдороне, ки аз иштирок дар музокироти коллективӣ, аз даъвати комиссияи гузаронидани музокирот бо мақсади бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ саркашӣ мекунанд, гунаҳгоранд ё ўҳдадориҳои тибқи созишнома, шартномаҳои коллективӣ пешбинишударо иҷро накардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

БОБИ 3. ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВӢ

 

Моддаи 17. Қарор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективӣ

Қарорро дар бораи зарурати бастани шартномаҳои коллективӣ дар ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва навъи фаъолияташон, иттифоқи касаба аз тарафи мақомоти дахлдори интихобӣ, дигар мақомоти намояндагии ваколатдори махсуси кормандон ва корфармо қабул менамояд.

 

Моддаи 18. Тарафҳои шартномаи коллективӣ

Шартномаи коллективӣ дар ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои моликият ва намуди хоҷагидориашон, дар муассисаҳои таҳсилоти олии миёнаи касбӣ ва ибтидоии касбӣ, ҳамчунин дар воҳидҳои таркибии ташкилотҳо оид ба масъалаҳое, ки марбут ба салоҳияти ин қисматҳои сохторӣ мебошанд, баста мешаванд.

Тарафҳои шартномаи коллективӣ мақомоти намояндагии кормандон, корфармо, (соҳибмулк) ё мақомоти аз тарафи онҳо ваколатдоршуда ба ҳисоб мераванд.

Дар сурати дар ташкилот мавҷуд будани якчанд мақомоти намояндагии кормандон, бо мувофиқаи байни онҳо, ба сифати тарафи шартномаи коллективӣ мақомоти намояндагие, ки аксарияти кормандони ташкилотро муттаҳид менамояд ё мақоме, ки дар он ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот мутаносибан аз рўи шумораи аъзояшон намояндагӣ мекунанд, тарафи шартномаи коллективӣ шуморида мешавад.

 

Моддаи 19. Тартиб ва мўҳлати бастани шартномаи коллективӣ

Тартиб ва мўҳлати бастани шартномаи коллективӣ, ҳайати комиссияи барои пешбурди музокирот таъиншавандаро Тарафҳо муаяйн мекунанд, ки он бо фармони корфармо ба расмият дароварда мешавад.

Лоиҳаи шартномаи коллективӣ бояд ба таври ҳатмӣ дар коллективҳои меҳнатӣ муҳокима карда шавад. Лоиҳаи такмилдодашуда аз тарафи маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

Маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатии ташкилот бо протокол (қарор) намояндаи худро вазифадор менамояд, ки бо корфармо шартномаи коллективӣ бандад (имзо кунад).

Намояндаи кормандон ҳуқуқ дорад, ки бо тартиб ва шартҳои барои бастани шартномаи коллективӣ муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи ба имзо расонидани замима ба шартномаи коллективӣ, ки аз номи коллективи меҳнатӣ баста шудааст, музокирот намояд. Замима ҷузъи ҷудонашавандаи шартномаи коллективӣ буда, баробари он эътибори ҳуқуқӣ дорад.

 

Моддаи 20. Мазмуни шартномаи коллективӣ

Мазмуни шартномаи коллективиро Тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд.

Шартномаи коллективӣ муқаррароти зеринро дар бар мегирад:

-дар бораи ташкили меҳнат;

-дар бораи шаклҳо, системаи пардохти музди меҳнат, мукофотпулиҳо, кўмакпулиҳо, ҷубронпулиҳо ва пардохтҳои иловагӣ;

-дар бораи андозаҳои тарифии маош ва маошҳои вазифавӣ вобаста ба касб, дараҷаи тахассуси кормандон, мушкилот ва шароити корӣ, ки онҳо иҷро менамоянд;

-дар бораи давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳат;

-дар бораи ташкил намудани шароити бехатарии меҳнат, беҳтар намудани ҳифзи саломатӣ, кафолатҳои суѓуртаи тиббии аъзои коллективи меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, дигар намудҳои суѓурта;

-дар бораи таъмини шуѓл, омодасозии кадрҳо, бо кор таъминкунии кормандони аз кор озодшуда;

-дар бораи танзими тартиботи дохилии меҳнат;

-дар бораи тартиботи таъсис ва фаъолияти комиссияҳои созиш оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;

-дар бораи тартиботи огоҳонидани мақомоти намояндагии кормандон ва гузаронидани машварат ҳангоми ба таври оммавӣ озод намудани коргарон бо сабаби такмил додани ташкили кор, барҳам додани ташкилот, пурра ва ё қисман аз кор бозмондани истеҳсолот.

Дар шартномаи коллективӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодии ташкилот метавонанд шартҳои дигар, аз ҷумла шартҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии имтиёзнок дар муқоиса бо меъёрҳо ва муқаррароти бо қонунгузорӣ ва созишномаҳои муқаррарнамуда (рухсатиҳои иловагӣ, иловапулиҳо ба нафақа, ҷуброни хароҷоти нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ, таъмини хўроки ройгон ё қисман пардохтшавандаи кормандон дар истеҳсолот ва фарзандони онҳо дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои иловагии дигар) ҷой дошта бошанд.

 

Моддаи 21. Мўҳлати эътибори шартномаи коллективӣ

Мўҳлати эътибори шартномаи коллективиро Тарафҳо муайян мекунанд.

Шартномаи коллективӣ аз рўзи аз ҷониби Тарафҳо имзо шуданаш ё аз рўзи дар шартномаи коллективӣ муқарраргардида эътибор пайдо мекунад.

Дар мавриди таѓйир ёфтани ҳайати мақомоти идоравии ташкилот, иваз шудани соҳибмулки амвол, шартномаи коллективӣ то вақти қабули шартномаи нав амал мекунад.

Дар ҳолати барҳам додани ташкилот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шартномаи коллективӣ дар тамоми мўҳлати раванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.

 

Моддаи 22.Таѓйиру иловаҳо ба шартномаи коллективӣ

Ба шартномаи коллективӣ дар давоми мўҳлати амали он бо мувофиқаи Тарафҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи шартнома таѓйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст.

 

Моддаи 23. Кафолатҳо дар ҳолати пеш аз мўҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ

Агар иҷрои шартномаи коллективӣ мушкил гардад ё бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додани) ташкилот ё таѓйир ёфтани навъи фаъолияташ идома додани амали он ѓайриимкон бошад, соҳибмулки амвол бояд ҳамаи имтиёзҳои инфиродии кормандони дар шартнома муайянгардидаро нигоҳ дорад.

Дар муддати се моҳи аз рўзи гузаштани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилот ба соҳибмулки нав дар байни ў ва мақомоти намояндагии кормандон шартномаи нави коллективӣ баста мешавад ва то баста шудани он ҳамаи ҳолатҳои шартномаи коллективии қаблан амалкунанда риоя карда мешавад.

Дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилот то ба охир расидани мўҳлати амали шартномаи коллективӣ соҳибмулк ё мақомоти ваколатдори таъсисдиҳандаи ташкилот вазифадоранд, ки ба кормандон дар давоми мўҳлати барҳамдиҳӣ маблаѓи барои ҳалли масъалаҳои инкишофи иҷтимоии коллектив, имтиёзҳои инфиродии дар шартномаи коллективӣ пешбинишударо пардохт намоянд.

 

 

 

 

 

БОБИ 4. НАЗОРАТ ВА БАҚАЙДГИРИИ СОЗИШНОМАҲО

ВА ШАРТНОМАҲОИ  КОЛЛЕКТИВӢ

 

Моддаи 24. Назорати татбиқи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ

Назорати татбиқи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро комиссияҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, Тарафҳо (намояндагони онҳо), инчунин мақомоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда амалӣ менамоянд.

Назорати рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ дар асоси Низомномаи комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявӣ оид ба шарикии иҷтимоӣ ва танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 25. Бақайдгирии созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ

Созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ дар давоми даҳ рўзи баъд аз имзо шуданаш бо намояндаи корфармо (корфармоён) барои бақайдгирии огоҳонӣ ба мақоми дахлдор оид ба меҳнат фиристода мешавад.

Бақайдгирӣ ба эътибори қонунӣ пайдо кардани созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ таъсир намерасонад.

Шартҳои созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ, ки ҳолати кормандонро нисбат ба қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бад мекунанд, беэътиборанд ва набояд татбиқ карда шаванд.

 

Моддаи 26. Масъулияти Тарафҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар сурати саркашӣ намудан аз музокирот ва бо иштибоҳи яке аз Тарафҳо иҷро нагардидани шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ Тарафи дигар ҳуқуқ дорад дар бораи ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ин амал расонидашуда тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвоӣ пешниҳод намояд.

 

Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1992 «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, №1-2, мод. 3; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №9, мод. 117, фасли ХХVII) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 28 июли соли 2006

№ 202

ШАРИКОН: