Қонуни ҶТ «Дар бораи хазинадорӣ»

(АМОҶТ  с. 2008, №6, м.454)

 

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии соҳаи хазинадориро муқаррар намуда, муносибатҳоеро, ки ҳангоми фаъолияти  хазинадорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд,   танзим менамояд.

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

— хазинадорӣ — фаъолияти молиявии давлатӣ буда,  ҳамоҳангсозии идоракунии захираҳои иқтисодии умумидавлатӣ, ташкили назорати даромаду хароҷот, ҷамъоварӣ ва истифодабарии маблаѓҳо, идоракунии иҷрои буҷети давлатӣ ва қарзҳои давлатӣ, барориши коѓазҳои қиматноки давлатиро амалӣ менамояд;

— суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ – суратҳисоб дар назди хазинадорӣ, ки дорои рамзи мушаххаси бонкӣ ва суратҳисоби муросилотӣ мебошад;

— суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ – суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии буҷетҳои маҳаллӣ кушода мешаванд;

суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблаѓҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ – суратҳисобе, ки дар назди хазинадорӣ  барои хизматрасонии маблаѓҳои махсуси  муассисаҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ кушода мешаванд;

суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ оид ба даромадҳо – суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои ҷамъоварӣ ва интиқоли ҳаррўзаи андозу даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд;

суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ оид ба хароҷот – суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти  маҳаллии хазинадорӣ барои ташкилотҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓгузорӣ мешаванд,  дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  кушода мешаванд;

суратҳисоби ягонаи хазинадории маҳаллӣ оид ба маблаѓҳои махсуси буҷетҳои  маҳаллӣ  –  суратҳисобе, ки  аз  ҷониби  мақомоти   маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии маблаѓҳои махсуси  муассисаҳои буҷетии маҳаллӣ кушода мешаванд;

суратҳисобҳои махсуси муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓгузорӣ мешаванд – суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти  маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии маблаѓҳои махсуси ин муассисаҳо кушода мешаванд;

суратҳисобҳои транзитии мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ – суратҳисобҳое, ки дар назди мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои маблаѓгузории маблаѓҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ дар муддати иҷрои ин вазифаҳо кушода мешаванд;

маблаѓҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ – маблаѓҳое, ки муассисаҳои буҷетӣ  ба ѓайр аз маблаѓҳои аз буҷет ҷудогардида дар натиҷаи иҷрои кор ва хизматрасониҳо ба даст меоранд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Боби 2.

Мақомот, идоракунӣ ва низоми хазинадорӣ

 

Моддаи 3. Мақомоти хазинадорӣ

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хазинадорӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- мақомоти марказии хазинадорӣ) ва мақомоти маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- мақомоти маҳаллии хазинадорӣ) буда, ташкили назорати даромаду хароҷот ва иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

 

Моддаи 4. Идоракунии хазинадорӣ

Хазинадории марказиро директор, раёсатҳо ва шўъбаҳои маҳаллии хазинадориро  сардорони раёсатҳо ва  шўъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ роҳбарӣ мекунанд. Директори хазинадории марказӣ ва сардорони раёсатҳо ва шўъбаҳои маҳаллии хазинадориро Вазири  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Ба вазифаи директори хазинадории марказӣ ва сардорони раёсатҳо ва шўъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ мутахассисоне пешбарӣ карда мешаванд,  ки дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ бошанд ва дар соҳаи молия на камтар аз се сол собиқаи корӣ дошта бошанд.

 

Моддаи 5. Низоми хазинадорӣ

Мақомоти маҳаллии хазинадории Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бевосита ба мақомоти марказии хазинадорӣ ва мақомоти  молияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.

Тартиби коргузории мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ, маблаѓгузорӣ, қабули ҳуҷҷатҳо, харҷномаҳо, намудҳои ҳисоботи иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тибқи дастурамали тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 3.

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ

 

Моддаи 6. Ҳуқуқҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ ҳуқуқ доранд:

— ҳангоми зарурат оид ба интиқоли саривақтии андозу даромадҳо ба буҷети давлатӣ тавассути суратҳисоби дахлдори хазинадорӣ дар асоси маълумоти бонкӣ таҳлилҳо ба анҷом расонанд;

— ҳуҷҷату маълумотеро, ки барои омўхтан ва иҷозат додани маблаѓгузорӣ заруранд‚ аз муассисаҳои буҷетӣ талаб намоянд ва баъди санҷиш, сабт ва назорати хазинадорӣ онҳоро ба муассисаҳои номбурда баргардонанд;

— аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ки маблаѓҳои буҷетиро истифода мебаранд, оид ба харҷи мақсадноки чунин маблаѓҳо  маълумот талаб намоянд;

— дастурамал, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба қоидаҳои ҷамъоварии пурраи даромадҳои давлатӣ (воридоти ѓайриандозии буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ), муттаҳидгардонии ҳамаи маблаѓҳои ѓайрибуҷетӣ таҳия намоянд;

— маблаѓҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ ва махсуси муассисаҳои буҷетиро назорат намоянд;

— дигар ваколатҳоеро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, анҷом диҳанд.

 

Моддаи 7. Ўҳдадориҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ ўҳдадоранд:

— назорати мунтазами иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, идоракунии суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ ва дигар суратҳисобҳоеро, ки ба буҷети давлатӣ дахл доранд, ба роҳ монанд;

— таъмин ва назорати маблаѓгузории саривақтии моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет ва қабули дархостҳоро аз ҷониби муассисаҳои буҷетӣ  оид ба маблаѓгузории  моддаҳои хароҷотӣ ба роҳ монанд;

— таҳияи ҳисоботи даврӣ оид ба даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, тартиб додани санадҳои муқоисавиро бо мақомоти андоз ва гумрук ташкил намоянд;

— ҳисоботи давриро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда,  ҳангоми ба охир расидани соли молиявӣ ҳисоботи заруриро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

— оид ба иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот нашр намоянд;

— маблаѓгузории муассисаҳои буҷетиро ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ вобаста намоянд;

— ҳисоботи даврии хазинадориро оид ба маблаѓҳои муассисаҳои буҷетӣ сари вақт ва пурра пешниҳод намоянд;

— хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатиро таъмин намоянд;

—  компютеркунонии амалиёти хазинадориро ташкил намуда, онро бо системаи иттилоотӣ анҷом диҳанд;

— ба анҷом додани амалиёти муҳосибавӣ оид ба хароҷоти маблаѓҳои буҷетӣ, ки ба талаботи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мухолиф мебошанд, роҳ надиҳанд.

Боби 4.

Низоми хизматрасонии бонкӣ дар мақомоти марказӣ

ва маҳаллии хазинадорӣ ва муносибати байни онҳо

 

Моддаи 8. Суратҳисобҳои хазинадорӣ

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ дорои чунин суратҳисобҳо мебошанд:

— суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ;

— суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ;

— суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблаѓҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ;

— суратҳисоби транзитии хазинадорӣ оид ба даромадҳо;

— суратҳисоби транзитии хазинадорӣ оид ба хароҷот;

— суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблаѓҳои махсуси буҷетҳои маҳаллӣ;

— суратҳисоби махсуси муассисаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓгузоришаванда;

— суратҳисоби транзитии мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ.

Дар ҳолати кам будани миқдори муассисаҳои буҷетӣ мақомоти маҳаллии хазинадорӣ маблаѓгузории маблаѓҳои махсуси муассисаҳои аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблаѓгузоришавандаро аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблаѓҳои махсуси буҷетҳои маҳаллӣ амалӣ намуда, ҳисоботи онҳоро алоҳида тартиб медиҳанд.

Мақомоти марказии хазинадорӣ  дар назди худ ва дигар бонкҳо суратҳисоби бонкӣ (бо асъори миллӣ, хориҷӣ) кушода, инчунин онро баста метавонад.

 

Моддаи 9. Депозитҳои буҷети давлатӣ

Мақомоти марказии хазинадорӣ ба депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, хизмат мерасонад. Ҳисобот оид ба гардиши маблаѓҳои ин суратҳисобҳо аз ҷониби мақоми марказии хазинадорӣ тартиб дода мешавад.

Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ба депозитҳои буҷетҳои маҳаллӣ, ки дар бонкҳои ваколатдор мавҷуданд, хизматрасонӣ мекунанд. Ҳисобот оид ба гардиши маблаѓҳои ин суратҳисобҳо аз ҷониби ин мақомот тартиб дода мешавад.

 

Моддаи 10. Механизми дохилии бонкии хазинадорӣ

Мақомоти марказии хазинадорӣ интиқоли электронии маблаѓҳои буҷети давлатиро таъмин намуда,  рўйхати ҳаррўзаи суратҳисобҳо ва ҳуҷҷатҳои электрониро бо қайди амалиёти анҷомдодаи маблаѓҳои суратҳисобҳо таҳия менамояд.

Бо мақсади танзими муносибатҳои байни мақомоти марказии хазинадорӣ, мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ва муассисаҳои буҷетӣ оид ба ташкил ва истифодаи имзои электронии рақамӣ, барои ташаккул ва  интиқоли ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ бо ёрии шабакаи автоматикии иттилоотии телекоммуникатсионии инъикосёфта ва  воситаҳои барномавии  техникӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маркази  ваколатдори корпоративиро таъсис медиҳад.

 

Моддаи 11. Механизмҳои берунаи бонкии хазинадорӣ

Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд бе иҷозати дахлдори мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  барои ягон муассисаи буҷетӣ суратҳисоби бонкӣ (бо асъори миллӣ ва хориҷӣ) кушоянд.

Тамоми даромадҳои буҷети давлатӣ ба суратҳисобҳои  хазинадорӣ ворид карда шуда, аз ҳамин суратҳисобҳо харҷ карда мешаванд.

Бонкҳои ваколатдор вазифадоранд мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли молиявӣ тақсими андозҳои танзимшавандаро байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) аз рўи меъёрҳои тасдиқгардида амалӣ намоянд.

Маблаѓгузории муассисаҳои буҷетӣ аз суратҳисоби ягонаи хазинадории буҷети давлатӣ ба воситаи алоқаи электронӣ сурат мегирад.

Маблаѓгузории муассисаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓгузоришаванда, ки дар маҳалҳо ҷойгиранд, аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ  ба воситаи равона намудани маблаѓҳо ба суратҳисоби транзитии хазинадорӣ оид ба хароҷот амалӣ карда мешаванд.

Бонкҳое, ки ба суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ хизмат мерасонанд, дар санаи сеюми ҳар моҳ ба мақомоти маҳаллии хазинадорӣ нусхаи рўйхати якмоҳаи рўз ба рўзи моҳи гузаштаро дар бораи даромад ва хароҷот аз рўи ин суратҳисобҳо пешниҳод менамоянд.

Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои ҷамъоварии даромадҳо ва амалӣ намудани хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар бонке, ки дар он суратҳисоби ягонаи маҳаллии хазинадорӣ вуҷуд дорад, суратҳисоби транзитии хазинадорӣ мекушоянд.

Бонкҳои ваколатдор даромадҳои ҳаррўзаи буҷети ҷумҳуриявиро, ки ба суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ ворид мешаванд, ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ мегузаронанд. Бақияи ҳаррўзаи суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бояд сифр (нул) бошад. Дар супоришномаҳои пардохтие, ки даромадҳои ҳаррўзаи буҷетӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ равона карда мешаванд, бонк гурўҳбандии ин маблаѓҳо ва ҳаҷми онҳоро аз рўи андозҳо ва даромадҳо бояд нишон диҳад.

Бонкҳо бе иҷозати мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  ҳуқуқи аз суратҳисобҳои хазинадорӣ баровардани маблаѓҳои пулӣ ва анҷом додани дигар амалиётро надоранд.

Бе воридшавии маблаѓҳо ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблаѓҳои махсуси буҷети давлатӣ  хароҷот аз ин суратҳисоб манъ аст.

 

 

Моддаи 12. Муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии  хазинадорӣ

Муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  ба муносибатҳои байнибуҷетӣ асос ёфта, аз тақсим намудани даромадҳои танзимшаванда мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида байни сатҳҳои буҷет ва интиқоли трансфертҳое, ки дар байни сатҳҳои гуногуни идоракунии давлатӣ хусусияти умумӣ доранд (мусоидати молиявӣ (субвенсия), маблаѓҳои ҳисоббаробаркунӣ байни буҷетҳо ва қарзҳои буҷетӣ (ссуда), иборат мебошад.

Мақомоти марказии хазинадорӣ дар ҳолати аз тарафи мақомоти маҳаллии он барнагардонидани қарзҳои буҷетӣ (ссуда) ё маблаѓҳои ҳисоббаробаркуниҳои байнибуҷетӣ аз ҳисоби маблаѓҳои барои буҷети дахлдор пешбинишуда бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ маблаѓи мазкурро боздошт менамояд.

Дар ҳолати пайдо шудани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет дар  мақомоти маҳаллии хазинадорӣ мақомоти марказии хазинадорӣ ба ин мақомот ва бонки хизматрасони онҳо барои боздоштани хароҷот ба ѓайр аз моддаҳои зикршуда супориш медиҳад.

Андозу даромадҳое, ки саҳван ба буҷет  дохил мешаванд, дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои асоснок баргардонида мешаванд.

Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ вазифадоранд, ки андозу даромадҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки саҳван ба буҷети маҳаллӣ дохил шудаанд, дар муддати 10 рўзи корӣ ба суратҳисоби  ягонаи хазинадории буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол диҳанд.

Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ҳуқуқ надоранд, ки аз суратҳисобҳои транзитии буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓҳои дохилшударо барои буҷети маҳаллӣ ё дигар чорабиниҳо истифода намоянд.

 

 

Боби 5.

муносибати мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  бо муассисаҳои буҷетӣ, қарор  ва варақаҳои иҷрои судӣ

 

Моддаи 13. Масъулияти  муассисаҳои буҷетӣ

Муассисаҳои буҷетӣ дар асоси маблаѓҳои аз буҷет ҷудокардашуда харҷномаи худро тартиб дода, баъди тасдиқ ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  барои маблаѓгузорӣ пешниҳод менамоянд.

Муассисаҳои буҷетӣ дархостро оид ба маблаѓгузории моддаҳои харҷнома ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  месупоранд.

Муассисаҳои буҷетӣ дар фаъолияти молиявиашон таҳти назорати мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  мебошанд.

Муассисаҳои буҷетӣ вазифадоранд, ки  талаботи мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадориро оид ба санҷиши ҳуҷҷатҳо ва пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ, ки барои иҷозат додани маблаѓгузорӣ заруранд, иҷро намоянд. Баъди санҷиши дурустии супоришномаҳои пардохтӣ ва ҳуҷҷатҳо нусхаи якум ва дуюми супоришномаи пардохтӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  нигоҳ дошта шуда, нусхаи сеюми супоришномаи пардохтӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо баъди бақайдгирии хазинадорӣ ба муассисаҳои буҷетӣ баргардонида мешаванд. Роҳбарону сармуҳосибони муассисаҳои буҷетӣ барои ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, маълумот ва ҳисоботи нодуруст ҷавобгар мебошанд.

Баъди маблаѓгузории музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи муассисаи буҷетӣ барои ѓайримақсаднок истифода бурдани маблаѓҳои боқимондаи нақдӣ дар муассисаи буҷетӣ роҳбарони аввал,  сармуҳосибон ва дигар шахсони масъули ин муассиса ҷавобгар мебошанд. Барои истифодаи ѓайримақсадноки маблаѓҳои буҷетӣ харҷномаи ин муассисаҳо тавассути хазинадорӣ кам карда мешавад. Дар ҳолати иваз шудани роҳбарони аввали муассисаи буҷетӣ ва сармуҳосиби он роҳбарияти муассисаи буҷетӣ вазифадор аст, ки дар ин хусус сари вақт  мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадориро хабардор намояд.

Муассисаҳои буҷетӣ вазифадоранд, ки воридоти даромадҳоро ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблаѓҳои махсуси буҷети давлатӣ таъмин намоянд.

 

Моддаи 14. Муносибати  мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ бо қарорҳои судӣ ва варақаҳои иҷрои судӣ

Иҷрои қарор ва санадҳои судӣ нисбати корхона, ташкилот ва муассисаҳои буҷетӣ тибқи варақаи иҷро ва дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Суд барои иҷрои қарор ва санадҳои судӣ варақаи иҷроро ба корхона, ташкилот ва муассисаи буҷетӣ мефиристад.

Муассисаи буҷетӣ дар асоси варақаи иҷро супоришномаи пардохтиро ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  барои иҷро пешниҳод менамояд. Дар ҳолати мавҷуд будани маблаѓ дар харҷномаи ин муассиса мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  маблаѓи умумии дар варақаи иҷро зикршударо мегузаронад.

Дар ҳолати дар харҷномаи муассисаи буҷетӣ набудани маблаѓ тартиби гузаронидани маблаѓ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолати пешниҳоди варақаи иҷро  ба бонке, ки барои мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ хизмат мерасонад, бонки мазкур ҳуқуқи аз ҳисоб баровардани маблаѓҳои пулиро аз суратҳисобҳои хазинадорӣ надорад.

 

Боби 6.

баҲисобгирӣ, Ҳисобот ва тартиби кор дар хазинадорӣ

 

Моддаи 15. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавии хазинадорӣ ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ

Маълумоти хазинадорӣ дар шакли варақаи бонкӣ ё тасдиқгардидаи мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ оид ба гардиши маблаѓҳо, ки ба муассисаҳои буҷетӣ дода мешавад, ҳамчун маълумоти ягона ва ҳақиқӣ шуморида шуда, дар асоси он муассисаҳои буҷетӣ ҳисоботи зарурӣ ва тавозун таҳия менамоянд. Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ вазифадоранд, ки мувофиқи шаклҳои ҳисоботии муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба мақомоти марказии хазинадорӣ ҳисоботи даврӣ (моҳона, семоҳа, нимсола, нўҳмоҳа ва солона) супоранд. Муассисаҳои буҷетӣ ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  ҳисоботи  даврӣ месупоранд. Дар ҳолати сари вақт  насупоридани ҳисобот мақомоти  марказии хазинадорӣ ҳуқуқ дорад роҳбарияти мақомоти молия ё  муассисаи буҷетиро хабардор намуда, то супоридани ҳисобот маблаѓгузориро боздорад. Мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ ҷамъоварии маҷмўи даромадҳои давлатӣ, инчунин ҳамаи намудҳои хароҷоти давлатиро, ки муассисаҳои буҷетӣ иҷро менамоянд, ташкил мекунанд ва ба ҳисоб мегиранд. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавиро, ки ба иҷрои буҷети давлатӣ тааллуқ доранд, мақомоти марказии хазинадорӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян  менамоянд. Иҷрои буҷети давлатӣ дар асоси усули ягонагии хазина   ҷараён мегирад.

Маълумот дар бораи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи даромад ва хароҷот, ки дар ҳисоботи молиявӣ зикр  ёфтааст, ҳамчун маълумоти ягона, ҳақиқӣ ва ниҳоӣ   шуморида мешавад.

Бо анҷом ёфтани соли молиявӣ мақомоти марказии хазинадорӣ дар бораи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳисоботи солонаро тартиб медиҳад.

 

Моддаи 16. Тартиби кории мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти давлатӣ, ки дорои ташкилотҳои тобеи худ буда, манбаи маблаѓгузории онҳо буҷети давлатӣ мебошад, вазифадоранд сари вақт дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои асосноккардашударо барои маблаѓгузорӣ ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ пешниҳод намоянд.

Маблаѓгузории ташкилотҳои тобеи вазорату идораҳо, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранд, дар асоси маблаѓгузории моҳона ва ё семоҳа сурат мегирад.

Аз як модда ба моддаи дигари харҷнома гузаронидани маблаѓҳои муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓгузорӣ мешаванд, дар асоси дархости ташкилоти болоии онҳо танҳо бо иҷозати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегирад.

 

Боби 7.

Тартиби тафтиши фаъолият ва махфӣ будани иттилоот

дар  мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ

 

Моддаи 17. Тартиби тафтиши фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ

Тафтиши фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода  мешавад.

 

Моддаи 18. Махфӣ будани иттилоот

Тамоми санадҳои пардохтии хазинадорӣ, аз ҷумла дафтарҳои қайд (дафтарҳои баҳисобгирии даромаду хароҷот ва системаҳои иттилоотӣ) ва ҳуҷҷатгузории хазинадорӣ махфӣ мебошанд. Ҳуҷҷатҳои номбурда тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гирифта мешаванд. Маълумот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

 

БОБИ 8

КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ХАЗИНАДОРӢ, ТАРТИБИ БАРОРИШ

ВА ХАРИДУ ФУРЎШИ ОНҲО

 

Моддаи 19. Тартиби барориш ва хариду фурўши коѓазҳои қиматнок

Мақомоти марказии хазинадорӣ  дорои векселҳои хазинадорӣ мебошанд, ки барориши онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли молиявӣ амалӣ менамояд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариду фурўши векселҳои хазинадорӣ бонки ваколатдорро муайян намуда, оид ба хариду фурўши векселҳои хазинадорӣ бо бонки мазкур шартнома мебандад.

Векселҳои хазинадорӣ ба мўҳлатҳои гуногун бароварда мешаванд.

Хароҷот ва даромади векселҳои хазинадорӣ аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Боби 9.

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 20. Мўҳри хазинадорӣ

Мақомоти марказии хазинадорӣ дорои мўҳр мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷоти «Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасвир  шудааст.

Мўҳри мақомоти марказии хазинадорӣ дар супоришномаҳои пардохтӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои хазинадорӣ гузошта мешавад.

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 майи соли 2001 «Дар бораи хазинадорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 4, моддаи 188) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал  қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ш.Душанбе, 18 июни соли 2008

№ 396

ШАРИКОН: